Латифи Пидром: «Хостам чанд рӯзе бо Устод Қаноат бошам»

Фарҳанг ва адаб 08.12.2010 11:17

latif-pidrom_2Ҳафтаи равон шоир ва сиёсатмадори шинохтаи Афғонистон, раиси Ҳизби Конгресси миллӣ ва намояндаи мардум дар Порлумони ин кишвар устод Латифи Пидром дар Душанбе қарор дошт.

Зимни ин сафари хеш сиёсатмадори шинохтаи тоҷиктабори Афғонистон дар Душанбе бо ҷамъе аз афроди саршиноси Тоҷикистон дидору мулоқотҳои дӯстона анҷом дод. Ба хусус сӯҳбату мулоқоти эшон бо суханварони шаҳири тоҷик устодон Мӯъминшоҳ Қаноат ва Бозор Собир хеле дилнишин ва хотирмон буд. Устод Латифи Пидром чун як тоҷик ва шоир аз ҳамлаи расонаии тайи рӯзҳои ахир бар алайҳи Шоири мардумӣ Мӯъминшоҳ Қаноат дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда изҳори таассуф ва нигаронӣ намуда, изҳор дошт, ки Созмони байнулмиллалии «Қалам» тасмим гирифтааст дар шаҳри Кобул шаби назми устодони шеъри форсӣ Мӯъминшоҳ Қаноат ва Бозор Собирро баргузор намояд.

latif-pidrom_1Мавсуф як сабаби ба Тоҷикистон омаданашро дарёфти ризояти ин ду шоири маъруфи тоҷик барои ширкаташон дар маҳфили фарҳангии дар Кобул баргузоршаванда арзёбӣ намуда гуфт: «Дар Афғонистон эҳсос кардам, ки Устод Қаноат то ҷое дилшикаста шуда, аз ин рӯ зарур донистам чанд рӯзе дар паҳлӯи Ӯ бошам. Вале чун ин ҷо омадам ва Ӯро дидам, шукри Аллоҳ Устод хеле бардаму болидарӯҳ ва аз пештар ҳам ба назарам ҷавонтар ҷилва мекард. Ҳамеша сӯҳбати Устод Қаноат маро хуш меояд, зери таассурот қарор мегирам.

Боз ин ҷо устодон Бозор Собир, профессур Парвона Ҷамшед, доктур Дӯстмуҳаммади Дӯст, ҳунарманди тиётур ва синамо оғои Абдураззоқ, дӯсти рӯзноманигорам Раҳматкарими Давлат ва боз чанде аз дӯстону бародаронамро дидаму сӯҳбатҳое доштам, ки фикр мекунам хеле сафари хубе буд.» Бояд гуфт, ки устод Латифи Пидром аз вилояти Дарвози Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз миёни 7 тан номзад намояндаи мардум дар Порлумони ин кишвар интихоб шудааст. Устод Латифи Пидром 44 сол умр дошта, хатмкардаи Донишгоҳи Теҳрон ва Донишгоҳи Сорбони Фаронса мебошад, рисолаи докториро низ дар Сорбон ҳимоя намудааст.

latif-pidrom_3Порлумони ҷадиди Афғонистон, ки ба қавли устод Пидром афроди хеле шинохта аз шумули тоҷикони ин кишвар ба он роҳ ёфтаанд, то соли нави масеҳӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Дар интихоботи порлумонии Афгонистон, ки рӯзи 18 уми сентябр баргузор шуд, 97 нафар тоҷик, 80 нафар паштун, 57 нафар ҳазораҳо вориди порлумон шудаанд. Порлумони Афғонистон аз 249 вакил иборат аст.

Ёдовар мешавем, ки дар тобистони соли 2008 ҳизби тундгарои   «Афғон- миллат» ва як идда ҷавонони ақидаҳои шовинистӣ доштаи вилояти Пактико барои куштани Латифи Пидром 200 ҳазор доллар ҷойиза муқаррар намуда буданд, ки ин амали ифротгароёна дар миёни фарҳангиёнги Тоҷикистон вокуниши ҷиддиеро ба бор оварда буд. Аҳли зиёи кишвар он замон бо оростани як маҷлис иқдоми шовинистони афғониро шадидан маҳкум намуда, Кумитаи дифоъ аз Латифи Пидромро созмон дода буданд.

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97