Шӯхиҳои навбатии Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 23.10.2010 10:09

 karikatura-01

Меҳмонӣ

- Гиред, гиред, таом хунук мешавад! - таъкид кард Хоркаш.

- Аз шириниҳо низ чашидан гиред меҳмон, - луқма партофт занаш.

- Худатонро дар хонаи худ эҳсос кунед.

Асадбек аз ин суханон дарун ба дарун бар ғазаб мешуд, аммо тоқат мекард. Вале дар рӯзи сеюм меҳмон аз ин суханон хурсанд шуд. Хоркаш ӯро аз ин боб пурсид:

 

- Айнан дар хонаи худам барин. Занам гиред, нон гиред! Рафта гӯшт гиред. Дар хонаи ман ҳеч чиз нест. Ана ҳоло хонаи худам барин шуд. Худро дар хонаи худам барин ҳис мекунам….

Болғача

Хайрият қонуни танзими тӯйҳо бори гарони мардумро сабук кард. Аммо дар маҳаллаи мо гурӯҳи танзим хеле ҷиддӣ ва сангин рафти тӯйро назорат мекунад. Сафарбойи соҳиби тӯйро барои беш аз як сомонӣ додани ҳақи раққоса 30 сомонӣ ҷарима карданд. Инак имрӯз тӯйи Асадбек ба охир расид. Се писараш корашро осон карданд. Ба Русия рафта, ба ҷои пул се арӯс оварданд. Арӯсҳои Маскав каммасраф ҳастанд. Хоркаш арӯсҳои Маскавро «Запорожец» мегӯяд. Асадбек писари хурдиашро хонадор кард. Меҳмонҳо ҳама пароканда шуданд. Шабона арӯсу домод ба хонаи хоб рафтанд. Арӯсу домод нав изҳори муҳаббат сар карданд, ки дари меҳмонхона кушода шуд.

- Узр, болғачаро ин ҷо монда будам, - гуфт падар.

- Ҳеч гап не, дадо.

Домоду арӯс боз ба арзи муҳаббат сар карданд. Ногаҳон бе тақ- тақ дар боз шуд.

- Каримҷон бачам, намедонам мехҳоро дар куҷо монда будам? - пурсид Асадбек.

- Мех дар тоқча, лекин нафаҳмидам падар, шабона мех барои чӣ лозим? - каме асабиёна эътироз кард писар.

- Даркор! Даркор бачам!

-Аврупоиҳо одати хуб доранд, баъди тӯй домоду арӯс ба саёҳат мебароянд. Моҳи асал ишқро кафшер мекунад. Мо ҳоло ҳам, дар асри инқилоби компютерӣ бо расми бобоӣ оиладор мешавем, - гуфт домод.

Арӯсу домод навакак даст ба оғӯш кушоданд, ки Асадбек боз чароғро рӯшан карда бепарвоёна пурсид:

- Амбӯри калонро дар куҷое монда будам.

- Дадо, дар ин шаб амбӯр чӣ даркор?

- Даркор писарам, 23 сол пеш аз хидмати аскарӣ омада, нав модаратро ба оғӯш гирифтам, ки ту аз хоб хеста то субҳ «болғачаамро биёред» гуфта, дод задӣ. Ба зӯр туро хомӯш карда будем. Баъди чанд лаҳза доду вой бардошта; «мехчаамро биёред» гуфтӣ. Ману модарат то рӯз барои ту мехчаю болғача кофтем. Ана ҳамон рӯз такрор шуд, писарам.

Масали интернетӣ

Хар аз зулму шиканҷаи инсонҳо ба дод омад. Дод аз дасти одамизод гуфта, ба оғил даромад. Худашро овехтанӣ буд. Аммо ягон арғамчину ресмон тоқати вазни ӯро надошт. Гирёну нолон зери бори вазнин мерафт. Ногоҳ гурба аз пешаш баромад.

Хар хост ба ин ҷонвараки оҷиз дарди дил кунад.

- Ягон аҷдодат аз насли одам набуд?

- Чаро?

- Одам барин шикоят мекунӣ. Кӯшиш кун, ки ба занҳо тақлид бикунӣ. Ана ман мисли занакҳо силакуниро дӯст медорам. Ҷеғ зананд, давида намеравам. Шикамро сер карда, ба ҳузур хоб меравам.

- Ту ақлата хурдӣ, ман ин хел шудан наметавонам.

- Натавонӣ, боратро бикаш!

Хар аз Худованд илтиҷо кард, ки ӯро Одам офарад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Хар рӯзи аввал дар сурату тинати одам худро нороҳат ҳис мекард. Хар замон нафаҳмида ҳангос мезад. Лекин ҳангоси ӯ ба одамон маъқул буд. ҳар аз ин бо завқ механдид. Чунки ягона гапи рости одамон ҳамин буд, ки ба ӯ бо таъна мегуфтанд: «Хар барин ҳангос назан!».

«Як хона таркид, Замин ларзид. Тайёра ба садама дучор шуд. Дар террор 200 кас кушта шуд». Ин хабарҳо Харро асабӣ мекард. Баъди як моҳ Хар боз аз Худованд илтиҷо кард:

- Худоё! Ҳазор бор боркашӣ беҳтар аз ин зиндагии одамон аст. Маро боз Хар гардон!

Ҳоло Хар шабу рӯз бор кашонда, бо фароғати худ зиндагӣ мекунад. Ва ӯ ҳоло мефаҳмад, одамоне, ки ӯро боркаш кардаанд, бадбахтанд…

Забони модарӣ

- Шаҳло, барои чӣ китоби «Забони модарӣ»-ро нахаридед?-пурсид муаллима.

- Падарам аз модарам ҷудо шудагӣ. Гуфтанд, ки ин китобро модарат мехарад, - бепарвоёна ҷавоб дод Шаҳло.

- Шумо нодонҳо, ҳоло намедонед, ки барои чӣ забони модарӣ мегӯянд - пурсид муаллима.

- Ман медонам, - даст бардошт Комилҷон.

- Офарин, канӣ бигӯ. Бигузор дигарон фаҳманд.

- Барои он забони модарӣ мегӯянд, ки ҳанӯз кӣ будани падарро бо мурури вақт собит мекунанд…

Хасис

- Табаралӣ додарам, як дона сигор диҳед!

- Надорам…

- Тошбой як дона аз ҷайби шумо кашем!

- Тамом шуд…

- Ҳой Раҷаббек, ба қуттии сигорат ҳамдуд шавем!

- Нест…

- Мулло Азимҷон, аз барои савоб як дона сигор диҳед, - бо илтиҷо гуфтам.

- Тамом шуд…

- Расо замон ба даврони охират наздик шудааст. Мумсикҳо! Хасисҳо!

- Ҳеҷ боке нест, аз сигори худам мекашам, - гуфта Зумрадшоҳ аз кисааш қуттии сигорро бароварда, дуд сар дод.

Ҷарроҳӣ барои мансаб

Профессор Карим Абдулов одамони аз мансабрафтаро ҳамаҷониба дастгирӣ мекард. Баробари шунидани Фармони тибқи модаи 69 зуд телефон карда, дилбардорӣ менамуд. Ба наздашон рафта, бо суханони хуш табъашонро чоқ мекард. Боре ин бархурди устод мавриди интиқоди дӯстон қарор гирифт. Ва яке аз дӯстон гуфт:

- Ин кас дар вақти роҳбар будан Шуморо салом намедоду ҳоло шумо ба аёдаташ меравед?

- Шумо азоби ятимӣ накашидаед. Шахси аз мансабрафта аз ятим ҳам нозуктару оҷизтар аст. Худам 5 бор аз болохонаи мансаб ғалтида, азоби танҳоӣ кашидаам. Хеле ҳам душвор аст. Дар лаҳзаҳои аввал гӯё тамоми мардум шуморо лаънат мехонанд.

Дар ҳамин асно аз телевизион хабари аз вазифа сабукдӯш шудани муовини раиси вилоят шунида шуд. Ҳама тахмин мекарданд, ки ба ин вазифа кӣ пешбарӣ мешавад. Ин вазифа одатан ба занҳо дода мешуд. Чунин бархӯрд аз замони Шӯравӣ мерос мондааст. Шояд яке аз сабабҳои шикасти ин империя дар вилояту ҷумҳуриҳо сиёсатро ба занон вогузор кардан буд.

Дар як лаҳза ҳамаи занҳои баруманди вилоятро номбар кардем. Вале аз рӯи овозаҳо дар орзуи ин вазифа мардҳо низ будаанд. Зеро ҳамон вақт иҷрокунандаи ин вазифа мард буд. Аз ҳама бештар яке аз одамони ба доираи калонҳо наздик довталаб буд. Аммо ҷинсаш мард аст. Баъди ду рӯз касе ба профессор хабар дод, ки ҳамин довталаб дар шифохона аст. Устод хандида гуфт:

- Ҷарроҳӣ мекунад.

- Чиро ҷарроҳӣ мекунад? -пурсидам ман.

- Имрӯз ҳазорҳо мард дар Аврупо бо роҳи ҷарроҳӣ ҷинсашонро таъғир медиҳад.

 

Андешапораҳои Озарахш

Аз шеърҳояш шарм карду тахаллус гирифт...

 Гул дар гулзор ҳам фурсати хандидан меёбад, дар бозор ҳам. Аз дасти пажмурдан.

Кӣ медонад? Шояд булбул аз гул не, аз хор нола кунад...

Дафтарҳо китоб шуданду нависандааш шоир не...

Ситораҳои осмон «ситора»-ҳои заминиро дида ба якдигар чашмак мезананд...

Номи бузургонро баҳона намуда, худнамоӣ кардан ҳам мероси адабист.

Панҷоҳ сол, панҷоҳу шасту... садсолагии дигаронро ҷашн мегирӣ. Баъд насиб бошад, навбати туву дигарон...

Ҳаво дар биҳишт Одамро ба гандумхӯрӣ розӣ кард. Дар замин ба нонёбӣ.

Калид гум шудан мегирад. Медонад, ки ҳамеша соҳибаш гунаҳкор аст.

Ҷоизаҳои давлатиро надоданд, «Шоири халқӣ» шуд.

Ҳазор сол аст, баҳс меравад: Хушомадгӯӣ жанри адабист, ё беадабӣ?!

Рӯймолча мехост ҳамеша «рӯймолча» монад. «Чашммолча» ё «бинимолча» шуданаш нафорид...

Агар ҳунарманд набошад, беҳунарон киро ғайбат мекунанд?!

Роҳҳо мошинҳои боркашро сабукрав ва сабукравро боркаш мекунанд.

Одамон аҷибанд: Шаб таваллуд шаванд ҳам, дар ҳуҷҷат рӯз менависанд...

Шукр, ки суханҳои одамон бӯй надорад,- гуфт бинӣ ба гӯш.

Фарзанде, ки дар хона аз муаллим шикоят мекунад, ба мактаб аз волидон шиква хоҳад бурд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97