Шӯхиҳои навбатии Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 02.10.2010 18:17
19

СЎҳбати

телефонии муҳоҷир.

- Раҷабгул бо писараш, ки дар Маскав 5 сол боз муҳоҷири меҳнатӣ аст, телефонӣ гап мезад:

- Бачам, мо ҳама тинҷ. Ба гапи газетаҳо ва телевизион бовар накун. Ягон маҳбас кушода нашудааст. 25 нафар ҳамту рухсатӣ баромада, ҳоло боз як-як баргашта истодаанд.

Бачам, ту аз занат ҷудо шудӣ. Дирӯз қарори суд баромад.

- Оча, ду кӯдаки ман ятим мемонад?

- Дуто не, аблаҳ! Ту 4 кӯдак дорӣ. Дар вақти набуданат боз ду кӯдак таваллуд шуд. Ҳеч хавотиру ғамгин нашав. Ин ҳафта тӯи нави туро мегузаронем. Духтари Шарифамоҳро ба ту медиҳем. Тавонӣ туйба биё.

- Не оча, омадан наметавонам.

- Бачам, туро се бор хонадор кардему ягон бор наомадӣ, одамон моро механданд…

Гарму хунук

- Писарам, худатро азоб надеҳ, медонам занатро хеле нағз мебинӣ. Вай ҳаромӣ туро хеле бад мебинад. Ин ҳафта ба назди Муло Хокироҳ меравам. Вай муллои зӯр, гарму хунук мекунад.

- Оча, вай мулло конденсионер- мӣ?

- Забонат хушк шавад, Мулло Хокироҳ зану мардро ба ҳам наздик мекунад. Салими пучуқро занаш чашми дидан надошт. Хокироҳ тумору дуо кард, ҳоло як дақиқа бе шавҳараш наметавонад.

Мулло Хокироҳ Сафдару модарашро бе навбат қабул карда, арзашонро шунид.

- Ҳмм, кори расо мушкил, хеле ҳам мушкил. Ҳар ду ситораи мухолиф доранд. Байни ситораҳо дев истодааст.

- Хоки поят шавам, илтимос ҳамон девро нест кунед, - гуфт Рафидамоҳ.

- Хоҳарам, ман мулло ҳастам, на «Спетсназ». Гуфтам-ку, дуруст карда мешавад, аммо хеле қиммат. Сонӣ тумору дуои ман ду сол таъсир дорад.

- Майлаш, як моҳ ҳам бошад, ин ҷавонҳоро якҷо кунед.

- Ин тавр бошад, 4800 доллари амрикоӣ дар чодари сафед бо ду дона нони ҷав печонда шабона биёред. Баъди як ҳафта агар Лайлӣ ва Маҷнун нашаванд, ман ду баробар пулатонро мегардонам.

- Ман барои писарам тамоми сарватамро медиҳам, гуфта модар пулҳоро ба дасти мулло дод. Мулло Хокироҳ тӯмор навишта, таъкид карданд, ки дар ҷои ифлосӣ намонанд.

Рафидамоҳ аз мӯъҷизаи тӯмори Хокироҳ чашми ҳайратро пӯшондан наметавонист. Фариштамоҳ акнун дар ҳақикат як дақика бе Сафдар наметавонист. Субҳ бо меҳрубонӣ ба кор гусел карда, шом бо лабони пурсурур истиқбол гирифта, бо хӯрокҳои лазиз дастурхон меорост. Муҳаббат ҳосил дод. Писарчаи дӯстрӯяк таваллуд шуд. Аз пасаш соли дигар духтарча ба дунё омад. Баъди ду сол як моҳ гузашта бошад ҳам, дар муомилаи Фариштамоҳ сардӣ пайдо нашуд. Рафидамоҳ хавотир буд. Давон - давон ба назди Хокироҳ рафта гуфт:

- Муллоҷон, шумо гуфтед, ки таъсири тӯмори шумо ду сол аст. Акнун чӣ мешавад?

- Агар хато накунам ду сол шуд, - пурсид Хокироҳ.

- Як моҳ гузашт, - оби дида рехт Рафидамоҳ.

- Холаҷон, хавотир нашавед. Келинатон тамоми умр акнун аз писарат ва кӯдаконаш ҷудо намешавад…

Асадбек дӯсти наздики Хокироҳ буд. Ва хуб медонист, ки Хокироҳ мактабро то хатми «Алифбо» хонда партофта рафт. Ба муллои номӣ шуданаш ҳайрон буд.

- Ҷӯра ҳамаро гӯл занӣ ихтиёрат. Лекин ба ман сирри мӯъҷизаатро мегӯӣ, - бо ғазаб гуфт Асадбек.

- Ягон мӯъҷиза нест, ман аз онҳо 4800 доллар гирифта, пинҳонӣ ҳар моҳ дусад долларӣ ба келинашон медодам. Агар келини хонанишини тоҷик ҳар моҳ дусад доллар пул дар даст гирад, бо Аҳриман низ забон ёфта зиндагӣ мекунад…

Супориш

Асадбек ба Афғонистон афтид. Ихтиёрӣ ба гурӯҳи Толибон пайваст. Қумандони Толибон ба ӯ гуфт:

- Мо бояд аввал шуморо санҷида бинем, чунки ҳамаи ихтиёриён аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ моро фиреб карданд. Шумо 500 варақа гирифта, ба Кобул рафта, паҳн кунед. Вақт барои шумо ду рӯз.

Асадбек баъди як ҳафта баргашт. Ӯро назди қумандон бурданд.

- Ҷаноби қумандон, дигар ин хел вазифаи мушкилро насупоред. Мана пулро гиред. Мол камхаридор буд. Ҳамчунин амрикоиҳо ва ҳукуматиҳо маро таъқиб мекарданд. Маҷбур шудам, ки нисфи молро арзон фурӯшам…

 

Боварӣ

Иттиҳодияи ҷамъиятии «Мубориза бо рашк» дар шаҳри мо шӯҳрати беандоза дорад. Қариб ҳамаи оилаҳои шаҳр аз хидматаш истифода мебаранд. Дар се моҳи охир 156 нафар мардҳо аз дунболагирӣ ва бадрашкии занон халос шуданд. Ҳатто Рафидамоҳи соҳибқудрат шавҳарашро ба ҳоли худ гузошт. Чанд рӯз пеш ҷомеашиносони амрикоӣ барои омӯхтани таҷрибаи ин иттиҳодия ба шаҳри мо омаданд. Инак боз курси навбатии қабули шавҳарон барои раҳоӣ аз рашк эълон шуд. Мухбири «ЁУМ» ба раиси иттиҳодия ҳамсӯҳбат шуд.

- Мӯҳтарам Асадбек, чаро ба курс фақат мардҳоро қабул мекунед?

- Аввалан ҷаноби Асадбек, бе гуфти шумо низ ҳама маро эҳтиром мекунанд. Касалии рашк, яъне манбаи ӯ шавҳар аст. Мо маризиро дар батнаш нобуд мекунем.

- Мухтасар усули табобатро нақл кунед?

- Хеле сода ва оддӣ аст. Масалан, ҳоло 12 нафар ба табобат меоянд. Мо онҳоро дар толор ҷамъ оварда, дар мавзӯи «Қоидаҳои ҳаракати роҳ дар фасли зимистон» лексия ташкил мекунем. Шавҳарон ба хонаашон телефон карда, ҷои машғулиятро мегӯянд. Ҳамзамон агентҳои мо суроғаи 12 тарабхона ва дискоклубҳоро гирифта, ба занҳои онҳо занг зада мегӯянд: «Ман одами хайрхоҳ. Ҳоло шавҳаратон бо котибааш дар тарабхонаи «Дарё» машғули ишқварзӣ аст.»

Зан албатта тирвор ба тарабхона медавад. Дар он ҷо шавҳарашро пайдо накарда, ба ӯ телефон мекунад. Ҳатмӣ бовар накарда ба толори машғулият меояду шавҳарашро дар он ҷо мебинад. Ин амал шаш бор такрор мешавад. Зан дигар ба ягон зангу овозаи ҳақиқӣ бошад ҳам, бовар намекунад.

Дар аснои мусоҳиба завҷаам занг зад.

- Дадеш, ту дар куҷо?

- Ман барои саҳифа сӯҳбат мекунам.

Баъди даҳ дақиқа завҷаам давон ба наздам расида, бо овози гирифта гуфт:

- Лаънат ба тӯҳматгарон. Акнун дилам пур шуд. Ним соат пеш ба ман занг заданд, ки…

Ман бо ҳайрат ба Асадбек нигоҳ кардам.

- Ҳеҷ боке не! Зани шумо ҳам бадрашк аст. Бе пул табобат мекунем. Ҳар рӯз аз кор дер меоед. Мо ба занатон гуфтем, ки шумо дар таҳхонаи идораатон бо Лизахонум ишқварзӣ мекунед.

Дигар як умр занатон ба овозаҳо ва занги телефонҳо бовар намекунад. Барои завҷаи шумо фақат як сеанс бас аст…

 

ДЎкони шЎҳрат

- Илтимос, муштариёни азиз! Навбатро риоя кунед. Ба ҳама мерасад. Мо имрӯз то нисфи шаб кор мекунем. Хоҳари азиз, шумо пештар гузаред. Занҳоро бояд эҳтиром кунем.

- Марҳамат, ба шумо чӣ лозим?

- Як дипломи сурх, ду дипломи муқаррарии иқтисодшинос.

- Ихтисоси иқтисодшинос адо шуд, баъди ду рӯз мешавад. Агар хоҳед, дипломи молияшинос аст.

- Майлаш, шудан мегирад.

- Се ҳазор пули воҳиди шартӣ (тахаллуси нави доллар).

- Камтар арзон намешавад, -илтимос кард муштарӣ.

- Ако, худатон медонед, ки ҳама чиз қиммат шудагӣ. Намешавад.

- Чӣ хидмат,- пурсид фурӯшанда аз муштарии навбатӣ.

- Як дипломи номзади илми математика ва як дипломи Донишгоҳи педагогӣ.

- Марҳамат, ана дипломи номзадӣ. Барои дипломи номзадӣ тасдиқнома дар хусуси он, ки Шумо китоби «Алифбо»-ро хатм кардаед, даркор аст. Лекин ҳоло мо дипломи донишгоҳи педагогиро донабайъ намефурӯшем. Чанд кило даркор?

- Хайр чӣ илоҷ, майлаш 500 гром диҳед.

- Канӣ дӯстам, ба шумо чи даркор?

- Ду шаҳодатномаи ветерани ҷанг, се шаҳодатномаи нафақа.

Марди пиронсоле ба дӯкон даромада пурсид:

- Шумо ҳама чизро мефурӯшед?

- Бале, ғайр аз Ватан!

- Раҳмат писарам! Ҳаққонӣ ватандӯсти асил будаед! Ватанро намефурӯшед!

- Не бобо, Ватанро соли 1924 «оптом» фурӯхтанд.

- Ҳамту гӯед. Майлаш, ба ман як кило инсоф ва 500 гром ақл баркашед,-илтимос кард, пирамард.

- Бобо, мо виҷдон ва ақл медоштем, дар ин ҷо наменишастем.

Ташвиш

- Мӯҳтарам духтур, ман хӯроки кам мехӯрам, иштиҳо нест. Пойҳоям бемадор аст. Шабона маро хоб намебарад. Агар ним соат хоб равам, хобҳои даҳшатнок мебинам. Ҳама ба ман бо шубҳа нигоҳ мекунанд.

- Маълум. Ба шумо оромӣ, хӯроки болаззати серғизо зарур аст. Бештар дар ҳавои кушод сайр кунед, -маслиҳат дод табиб.

-Мутаассифона дар ҳавои кушод сайр карда наметавонам. Ман дирӯз аз маҳбас гурехтаам.

Гурда

Рафидамоҳ дар маҳаллаи мо бо лақаби «Комиссар» машҳур аст. Вазорати мудофиаро аз 7 писараш халос намуд.Ин мӯъҷиза аст. Оилаи камбизоат, аммо ягонта фарзандаш хидмати аскарӣ накардааст. Инак навбат ба писари охиринаш Тулфорбек расид. Замона нозук шудагӣ, касе ришва намегирад. Барои ришвадеҳ ёфтан, ришва додан даркор. Муслимбеки ҳамсояааш бо ким- кадом афсари нимпагондор гапро пазонд.

- Майлаш аз духтур рафта маълумотномаи тиббӣ гирад. Як бало мекунем.

Тулфорбекро табибон муоина карданд. Вале тасдиқномаи тиббӣ ба Рафидамоҳ маъқул нашуд.

- Духтурҷон, шумо навиштед, ки писарам гурда надорад?

- Бале, ин дуруст аст. Ҳар ду гурдааш нест. Агар гӯрда медошт, ба хидмати Модар- Ватан мерафт, - гуфт духтур.

Фалокат

Асадбек ба шифохона назди дӯсташ рафт. Хоркаши бечора дар садамаи оилавӣ захмдор шудааст.

- Ҷоғатонро кӣ шикаст? - пурсид Асадбек аз Хоркаш.

- Ба занам дар рӯзи ид тӯҳфа фиристондам, - бо азоб садо баровард Хоркаш.

Бовар накунед ана хонед, - коғазро дароз кард Хоркаш: «Азизам! Ман як сония бе ту буда наметавонам. Туро якумр дӯст медорам. Ту зеботарин мӯъҷизаи олам ҳастӣ. Ин тӯҳфаи хоксоронаи маро қабул кун».

- Не барои ин тӯҳфа калтак намехӯранд,-гуфт Асадбек.

- Ҳаромиҳо дар почта корро расво карданд. Ман ба котибаам низ чунин тӯҳфа фиристондам. Суроғаро надониста иваз карданд. Баробари омаданам, аввал занам, баъд котибаам маро хуб кӯфтанд…

Наҷмиддини Шоҳинбод

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97