Таназзули фарҳанги миллӣ аз хоб аст

Фарҳанг ва адаб 11.05.2010 19:59
Ҷаҳонгароӣ ё ғарбгароӣ

Ҳанӯз ҳам бовар надорам, ки ҷаҳонӣ шудани Наврӯз пеши роҳи фақри фарҳанги миллиро бигирад. Эътироф кардан ба он маъно нест, ки мо ҷаҳонгарову Наврӯз ҷаҳонӣ шудааст. Мо ҷаҳонгароем, лекин гароиши Ғарб. Наврӯз ҳазорсолаҳо боз моли дунёст, вале аз хотирҳо дуру аз ёдҳо фаромӯш шудааст. Наврӯз хеҷ гоҳ бедорӣ буда наметавонад, зеро мо худ хобем. Хоби абадият!!! Хобе, ки нишонааш марг аст. Марг на ба он маънӣ, ки мо мурдаем. Мо бедорем, лекин ин бедорӣ бадтар аз марг аст. Ин хобе, ки мо рафтаем дахсолаҳо не, садсолаҳост. Мо барои абадият хобем, зеро медонем оқибат марг аст.

Ин хоби бадтар аз марги миллати тоҷикро Айнии бузург сад сол пеш эҳсос карда буд:

Оқибат Шарқ мешавад бедор,

Гарчи ин фикр хобро монад.

Акнун бармегардем сари мақсад, ба сӯйи роҳе, ки ман не, мо равонем. Ин роҳ нест, балки охири роҳи тамомшуда аст. Мо дар ҷое қадам мезанем, ки қаъри ғор аст ва баромадан аз он амри муҳол. Яъне аллакай дар ботлоқ ғарқ шудаем. Мо аз касе имдод металабем, ки баръакс аз даст не, балки аз поямон мекашад. Дар ин ботлоқ дигарон низ ҳастанд, ки ғӯта зада поёнтар мераванд. Хулас, ин роҳест, ки моро ба Ғарб мебарад. Роҳи давомдор ва бехатар танҳо ғарбӣ шудан аст.

Аҳволи имрӯзаи Тоҷикистон ҳарчи бештар маро нигарон мекунад, зеро ҳар он чӣ қадаре, ки мо ҷаҳонишавӣ мегӯем, ҳамон қадар ба таназули фарҳангӣ рӯ ба рӯ мешавем. Имрӯз Тоҷикистон ҳарчи бештар кӯшиш мекунад, ки ба ҷомеаи Ғарб пайвандад. Мо дар Шарқему ба Ғарб наздик шуда истодаем.

Оё воқеан, масъалаи глобализатсия ҳамонест, ки мо онро ба "расмият" қабул кардаем? Ё андаруни ин андеша мақсаде ниҳон аст? Ман боварӣ дорам, ки Ғарб ба ҷуз таҳмили фарҳанги хеш бар сари халқҳои гуногун, хусусан шарқиён ва пиёда намудани ғаразҳои худ мақсаде надоранд. Ин раванд бараъло ва рӯшан ба чашм мерасад. Агар бигӯем, Ғарб аз ин роҳи пешгирифта ва дар таҳияву тарҳрезии барномаҳои ғасбкоронааш дастболо шудааст, хатто нахоҳем кард. Абдуллои Раҳнамо, коршиноси масоили сиёсӣ чунин ақида дорад: "Ба назари ман глобализатсия як равандест, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст. Вақте ки мо дар доираи глобализатсия сӯҳбат мекунем, беҳтар аст истилоҳи ҷаҳонӣ шудан истифода шавад, вале ба назари коршиносон глобализатсия як равандест, ки аз сӯйи кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ба таври огоҳона идора мешавад. Баъзе коршиносон на истилоҳи ҷаҳонӣ шудан, балки ҷаҳонӣ кардан ва ҷаҳонӣ сохтанро истифода мекунанд. Агар мо ҷаҳонӣ шудан гӯем, гӯё, ки худаш анҷом шуда истодааст, вале ҷаҳонӣ сохтан ё ҷаҳонисозӣ гӯем, ишора ба он дорад, ки мудирият мекунад ва месозад".

Ҳеч гоҳ намехоҳам фарҳанги миллӣ тоҷик олудаи фарҳанги бегонагону андешаи миллиамон ғаразе дошта бошад. Оне, ки дар соири кишварҳои Шарқ зиндагӣ мекунад, фарҳангу тамаддуни яксонро соҳиб аст. Ин фарҳанг барои боз ҳам қавитару мустаҳкам намудани пояҳои фарҳангии ин давлатҳо хизмат хоҳад кард. Ба гумон аст, ки ин масъала амалӣ шавад, чунки ҳар замон низоъе байни ин давлатҳо сар мезанад ва сабабгори сустшавии муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва пеш аз ҳама "дӯстӣ" мегардад. Ин амал бешак моро аз ҳам дуру ба Ғарб наздик мекунад. Оё роҳи наҷот ҳаст? Ягона халоси танҳо дар ҳамфикрию ҳамақидагист. Ҳамфикрии бурунмарзӣ ва андешаи томи миллӣ метавонад раҳоӣ бошад. Пас зарур аст, ки кишварҳои ҳамҷавор ва ҳамзабон ба ҳам биёянд ва сари ин масъала андеша кунанд.

Дуруст аст, ки як вазифае ҷаҳонгароӣ афзудани фарҳанги хеш аз дарёи илми дигарон мебошад, вале ин раванд имрӯз шакли дигар гирифта истодааст. Бешак, имрӯз он чизеро мо қабул карда истодаем, ки аз саъйу кушиши худамон вобаста аст. Мо ба ҷаҳонгароӣ ботинан не, зоҳиран наздик шудаем, яъне дар қабули ин раванд моддигароӣ ё мудгароӣ ҳамчун ҷаҳонишавӣ нақши асосӣ дорад. Воқеан, симои зоҳирии мардуми мо далели ин гуфтаҳост.

Раванди глобализатсия ба тамоми арзишҳои фарҳангӣ; забон, дин ва ахлоқ таъсири манфии худро расонда аст.

Забон

Бо фароҳам шудани имкониятҳои ҷаҳонигароӣ натавонистем он забоне, ки дар давоми 70-соли Шӯравӣ ба варта гирифтор шуда буд, аз ҳар гуна олоишот тоза кунем, балки дигар нуқсонҳо низ мавқеи забонамонро танг мекунанд. Илми ҷаҳонӣ ҳар рӯзу ҳар соат дар тараққиёт аст ва боиси ба вуҷуд омадани як қатор истилоҳот мегардад, лекин на ҳамаи ин мафҳумҳо ба табиати забони тоҷикӣ хос аст. Мутаассифона, кори тарҷумонҳо дар ин росто ҳеҷ аст ва интернет хазинаи забонро рангоранг мекунад, аммо ин рангорангӣ оқибат ба ранги сиёҳ табдил меёбад. Ба таназзули фарҳангӣ ва пеш аз ҳама ба нестшавии забон рӯ ба рӯ шудани кишварҳои кӯчакро Абдуллои Раҳнамо аз мавқеи заиф доштанаш арзёбӣ мекунад: "Кишварҳое, ки аз назари иқтисодӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ қафомондатар ҳастанд, онҳо зери таъсири кишварҳое мондаанд, ки қудрати бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ доранд. Масъалан, чаро забони англисӣ забони ҷаҳонӣ мешавад, забони форсӣ не? Ин ба он маъно нест, ки забони англисӣ аз нигоҳи сохтор нисбат ба забони форсӣ болотар бошад. Соҳибони забони англисӣ дорои имкониятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва технологӣ ҳастанд ва ҳамин омил ба ҷаҳонӣ шудани забони онҳо мусоидат мекунад. Забонҳои беҳтару ғанитар аз забони англисӣ дар ҷаҳон зиёданд, вале соҳибони онҳо дар мавқеи заифтар қарор доранд ва ин забонҳо забони ҷаҳонӣ намешаванд.

Дин ва ахлоқ

Дин пайванди ногусастание байни арзишҳои фарҳангӣ дорад. Зоеъшавии ахлоқ нестшавии дин аст. Мутаассифона, матбуоти тоҷик имрӯз на танҳо тарғибкунандаи порнография (фисқу фуҷур), балки бо ин кораш мехоҳад дар бунёди оилаҳои ҷавон саҳм дошта бошад. Ман мутаассиф аз онам, ки духтари тоҷик ба кӯча баромада, "Ман шавҳар мекунам" гӯяд. Куҷо аст, он ору номуси тоҷикона ва мусулмонии мо? Аз фардо метарсам, зеро…! Шояд замоне боз маҷаллаҳое чоп шаванд, ки дар бораи фоҳишахонаҳо маълумот диҳанд.

Раванди демократикунонии ҷомеа набояд аз рӯйи барномаҳои таҳиянамудаи Ғарб сурат гирад. Барои чизеро баҳо додан, пеш аз ҳама миллияти худро фаромӯш накунем. Арзишҳои фарҳанги забон, дин, мазҳаб, урфу одат ва тафаккури миллӣ набояд аз мадди назар дур монанд.

Барои воқеан вориди майдон шудан аз рӯйи барномаҳои махсус амал бояд кард, ки алакай Ғарбиён тарҳи онро кашидаву муваффақ шудаанд. Демократия, озодӣ, баробари генофоди миллӣ, баробарҳуқуқи зану мард ва дигару дигар.


Ҳамзаи Давлат, донишҷӯ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97