Яке аз дӯстони порсову парҳезгорам, ки аз фориғуттаҳсилини донишгоҳҳои Ирон аст мудом дар сӯҳбатҳояш аз дуктур Абдулкарими Суруш ёдоварӣ мекунад аммо на ҳамеша зикри хайр. Бо ин ки аз хони Суруш донаҳо барчидааст вале бо андешаҳояш розӣ нест. Дар охирин дидоре, ки бо он дустам доштам аз Суруш андешаеро зикр намуда гуфт: "ӯ девона аст". Албатта ҳаводорони андешаи Суруш дар миёни ҷавонони имрузини тоҷик кам нестанд. Алалхусус бисёре аз таҳсилдидаҳои Ирон ӯро ҷонибдоранду бо андешаву китобҳояш ошно. Ҳатто бархе аз файласуфони муосири Аврупоӣ дуктур Сурушро файласуфи таноқузгӯ мехонанд.>
Вале бо ин ҳама Суруш аз нодирдонишмандони матраҳ дар олам аст, ки аз чакидаҳои хомааш мо ба далели ҳамзабонӣ метавонем истифодаи фаровон дошта бошем.>
Дуктур Абдулкарими Суруш яке аз барҷастатарин донишмандони иронӣ мебошад, ки дар ҳоли ҳозир дар Аврупо ва Амрико ба сар мебарад. У ҳам дар Ирон ва ҳам дар хориҷ аз он ҳаводорони фаровоне дорад. Гарчанде тахассуси донишгоҳияш умдатан дар дорусозӣ ва илми химия будааст, вале Суруш ба унвони файласуф ва рӯшанфикри динӣ дар ҷаҳон матраҳ аст. Дар солҳои аввали инқилоб Суруш бо ҷараёни инқилобӣ пайвасту яке аз донишмандоне буд, ки имом Хумайнӣ, раҳбари инқилоби исломии Ирон ӯро эътироф менамуд.
Дере нагузашта буд, ки Суруш аз низоми ҳокими Ирон фосила гирифт ва бо дигарандешии худ оромона ба яке аз мухолифони низоми Ҷумҳурии исломӣ табдил ёфт. Дар ҳоли ҳозир ӯ на танҳо яке аз пуртаъсиртарин мутафаккирони иронӣ, балки яке аз донишмандони раддаи аввал дар ҷаҳон аст.
Китобҳои зиёде таълиф намудааст ва бар забонҳои англисӣ, арабӣ, форсӣ ва эҳтимолан туркӣ тасаллути комил дорад. Таълифоти ӯ асосан дар андешаи динӣ мебошанд, ки "Басти таҷрибаи набавӣ" яке аз онҳост. Дар баробари ин ҳама Суруш шеър низ мегӯяд. Ғазали зебое, ки ҳамакнун тақдими шумо мешавад яке аз тозатарин чакидаҳои хомаи дуктур Суруш аст.
Ин ғазал саропо баёнгари ишқи Суруш ба Пайғамбари худо ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам мебошад, ки рангу буйи сиёсӣ низ дорад. Алалхусус дар мисраъҳои поёнии ин ғазали нағзу пурмағз, ки мегӯяд, "ки ҳарифони қаламро ба фақиҳон" насупорӣ.
Абдулкарими Суруш ба забони форсӣ онқадар ширину шево менависаду сӯҳбат мекунад, ки на танҳо бо қалам ҳарифӣ мекунад, балки гӯйи дар ҳарифӣ бар қалам пешдастӣ мекунад. "Ғазалвораи поёнии девони набувват"-ро асосан нусхаи аудиоияшро ба даст овардам, ки бо деклумаи яке аз донишҷӯёни иронии муқими Аврупо қироат шудааст.
Сабти қироати шеър бо сифати паст сурат гирифтааст бинобар ин эҳтимоли ҷой доштани иштибоҳот дар ин ғазал вуҷуд дорад. Хуб агар иштибоҳоте ҷой доштанд умедворам бар ман нагиред.
Чун бархе аз дӯстонам, ки бо ин ғазали зебо ошно шуданду шиква аз душворфаҳмияш карданд тасмим гирифтам то ҳадди тавон бар ин ғазал шарҳе бинависам.
Ногуфта намонад, ки ин ғазал "Ғазалвораи поёнии девони набувват" унвон дорад ва бо забону сабки баланди адабӣ суруда шудааст. Дарунмояи ин ғазалро андешаи болову волои динӣ ва рушанфикрии мазҳабӣ ташкил медиҳад.
Ин услуб, ки мадҳи Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва салламро бо андешаву воқеиятҳои талхи имрӯз ва дардҳои синаву афкори басарбуда омезиш дода бисароянд тозагӣ дорад ва дар аҳли шеъру қалами муосир кам ба назар мерасад.
Агар иштибоҳ накунам касе, ки аввалин бор аз миёни шуарои муосири форсигӯ ба ин услуб шеър навишт Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ шоири шаҳири покистонӣ буд. Бо он мусулмонӣ, ки дар чашми мо баланду дар чашму худаш ночиз дошт, Иқбол шарм медошт ба Ҳаҷ рафта дар баробари қабри он Ҷаноб (с) биистаду бар ӯ салом бидиҳад. У ба ҳадде ошиқу дилдодаи Пайғамбар буд, ки дар маҷлисе ки номи он ҳазрат (с) бурда мешуд ашк аз чашмонаш сарозер мешуду гунаҳояшро мешуст.
Дар муноҷоташ бо Худо мегӯяд, ки рӯзи маҳшар узрҳои маро Худоё бипазир агар намепазирӣ ва ҳисобу китоби маро ногузир меҳисобӣ пас Парвардигоро аз нигоҳи Мустафо (с) пинҳон бигир:
Ту ғанӣ аз ҳарду олам ман фақир,
Рӯзи Маҳшар узрҳои ман пазир.
Ё агар бинӣ ҳисобам ногузир,
Аз нигоҳи Мустафо пинҳон бигир.
Ишқи сарвари коинот ва хоҷаи ҳар ду олам дар синаи шоири бузурге чун Муҳаммад Иқбол пайваста ҷӯш задаасту сабабгори пайдоиши абёту ғазалҳои нағзу пурмағзе гардидааст. Дар пайравӣ аз ӯ дуктур Абдулкарими Суруш низ ошиқона ғазале сурудааст, ки ҳам акнун тақдим шумо азизон мегардад.
Ногуфта нагзарем, ки дар миёни шоирони муосири мо ҳастанд иддае аз суханвароне, ки ин сабку услубу равишро дар шеъри худ истифода бурдаанд, яъне шеърашон моя аз ишқи Мустафо (а) дораду дарду ишқу ниёишу андешаро махлути ҳам намуда ғазалсароӣ намудаанд, ки иншоаллоҳ дар фурсати ҷудогонае ба он хоҳам пардохт.
ҒАЗАЛВОРАИ ПОЁНИИ ДЕВОНИ НАБУВВАТ
Хирадам поя надорад, ки бар ӯ пой гузорӣ,
Бахтиёрӣ туву бар маркаби иқбол саворӣ.
Бо хоксориву шикастанафсие дуктур Суруш ғазали худро оғоз мебахшад ва дар баробари азамати он Расул алайҳиссалоту ва саллом хоксорӣ мекунаду мегуяд, ки хиради ман поя надорад, вале агар медоштам орзу менамудам, ки ту бар у пой гузорӣ. Бахт ёри туст ва дар водии хираду фарзонагӣ ба ҳадде пеш рафтаӣ, ки савори маркаб пеш меравад на пиёдарав. Ба он ҳадд дар водии хирад пештозӣ, ки гӯё расидан ба ту амри мушкилу номумкине шудааст. Вале бо ин ҳама боз ҳам дар ҷустуҷуйи роҳи расидан ба ӯ ҳасту мепурсад, ки:
Чун тавон дар Ту расидан?
Ба давидан? Ба паридан?
НУРПОЙӢ, КИ ЧУНИН БОДИ ГАРОН ФОСИЛА ДОРӢ
Ай Пайғамбар талоши ман ин аст, ки бар ту бирасам (инҷо таъсири шеъри Иқбол возеҳ дида мешавад:
Ба Мустафо бирасон хешро, ки дин ҳама уст,
Агар ба ӯ нарасидӣ боқӣ ҳама бу-лаҳабист. Вале чӣ гуна? Чӣ тавр метавон дар ту расид? Ба давидан? Ба паридан? Чун ту нурпойӣ ва савори маркаби иқболӣ ва ин ҳама фосилаҳоро мисли боди гарон мепаймоӣ ва мо аз ту дур мондаем.
Чун сӯҳбат аз "савори маркаби иқболу" "нурпойӣ"-и пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам меравад, шабе меъроҷу лайлатулқадри ҳазрати расул алайҳиссалом ба ёди шоир меояду мегуяд:
Лайлатулқадри висоли ту чӣ фархунде шабе буд,
То чӣ дидӣ, ки чунин мастиву пур шуру шарорӣ.
Инҷо Суруш рӯйи хеле ҳам нуктаи ҷолибе ангушт мегузорад, ки на ҳар касе мутаваҷҷеҳи он мешавад. Баъди он ки Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам ба таблиғи рисолати худ шурӯъ намуд ранҷу дардҳои фаровоне дид. Баъди ин ҳама ранҷу дардҳо, ки ошиқона дар роҳу ризои худовандӣ кашид гӯё, ҳазрати Борӣ ӯро туҳфае дод, ки ба таъбири муосир метавон онро бо "сафари хидматӣ" таъбир кард. Вақте Суруш ин сафари хидматии набавиро ба риштаи назм мекашад аз таъбири "лайталулқадри висол" кор мегирад, ки ифодагари устод будани Суруш дар истилоҳофаринӣ мебошад. Ба он ҳазрат руй оварда мегуяд, ки ай Расули Худо ту дар он шаб чӣ дидӣ, ки инқадар мастиву пур шуру шарорӣ? Дар воқеъ вақте Суруш ин ҳама мастиро аз ишқи он Расул омухтаасту қабасе аз нури ӯро дарёфт намудааст, ҷой дорад аз он кони мастӣ ин саволро бидиҳад, ки "То чӣ дидӣ, ки чунин мастиву пур шуру шарорӣ?".
Шӯъла дар хирмани торикии торих фикандӣ
Чашми бедори замон будиву хусбида ба ғоре
Оре!!! ин васфи рӯшанфикронаи он Расул аст. Пайғамбар дар торикии фикрии торих равшантарин шӯъларо афрӯхтааст. Ӯ худ чашми бедори замон, чашми бедории фикриву имонӣ буду хусбида ба ғоре. Дар ривоёт мо дорем, ки вақте ҳазрати Расул ба синни пухтагии 40 солагӣ расид, хилват кардану дар махлуқот тафаккур намуданро бештар дӯст медошт. Ӯ аз шаҳр канор рафта дар ғори Ҳиро хилват мегузид ва дар муддатҳои наздики дарёфти ваҳйи илоҳӣ ҳатто чанд шаберо онҷо ба сар бурд.
Аз ишороти ту рӯшан шуда чашмони башорат,
Турфа фонусиву овехта бар турфа манорӣ.