РОҲБАРИ БУЗУРГТАРИН МУАССИСАИ АҲЛИ СУННАТ

Фарҳанг ва адаб 22.03.2010 16:30

ШАЙХИ АЗҲАР

Муҳаммад Сайид Тантовӣ 47-умин шайх ва имоми Азҳари Шариф дар синни 81-солагӣ олами фониро падруд гуфт ва дар мазори ал-Бақеъи Мадинаи мунаввара, дар ҷавори марқади қудсии Ҳабиби Худо ва муҳоҷирину саҳобагони поки Худо ба хок супурда шуд. Намози ҷанозаи ин донишманди фақидро теъдоди зиёди чеҳраҳои саршиноси олами олами исломӣ дар Мадинат-ун-набӣ пас аз намози ҷумъа гузоштанд ва ҳамчунин дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, минҷумла дар Мисру Либиёву Яману Амороти арабӣ, салоти ҷанозаи ғоибро барои рӯҳи он алломаи давр ба ҷо оварданд.

Дар кишварҳои мухталифи исломӣ, хусусан дар Миср маросими азои даргузашти Имоми акбари бузуртарин муассисаи аҳли суннат дар ҷаҳон баргузор гашт. Ҷамоаи "Ихвон-ул-муслимин", иттиҳодияи ашроф ва маҷлиси олии тариқаҳои сӯфияи Миср ҷиҳати азо дар вафоти Тантовӣ барои ҷаҳони исломӣ баёния пахш намуданд. Хабари ҳузновари даргузашти ин донишманди шаҳир на танҳо барои олами исломӣ, балки барои пайравони дигар адён ҳам аламбор буд. Зеро ин донишманди ботамкин дар душвортарин марҳилаи гардишҳо ва таҳаввулоти бесобиқа дар сиёсату қудратталабии кишварҳои ҷаҳон раҳбарии бузургтарин муассисаи динии аҳли суннатро бар дӯш дошт ва тавонист рисолати як инсони комилро бо хирадмандӣ ва риояи сиёсати дурусту созишу созандагӣ миёни адён адо намояд. Дар баробари кишварҳои исломӣ Кохи Сафед таъзияи Иёлоти Муттаҳидаро ба Мисру ҷаҳони ислом ироа дошта, Шайхи фақиди Азҳарро "овози имону бахшандагӣ ва беҳад муҳтарам" хонд. Аз ҷониби Тоҷикистон раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи таъзия ба ҳамтои мисрияш Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак ҳамдардии хешро дар ростои вафоти Шайхи Азҳар баён дошт.

Шайх Тантовӣ 9-уми март барои ширкат дар маросими супурдани ҷоизаи илмии Малик Файсал ба ғолибони соли 2010 барои хидмат ба ислом вориди Арабистони Саудӣ шуда буд. Рӯзи дигар дар роҳи бозгашт ба Қоҳира дар фурудгоҳи байналмилалии Холиди шаҳри Риёз дар пайи хурӯҷи дарди дил беҳол шуд ва дар роҳ ба беморхона ҷон ба ҷонофарин супурд.

ҲАРФЕ ЧАНД АЗ ЗИНДАГИИ ШАЙХ ТАНТОВӢ

Дуктур Муҳаммад Сайид Тантовӣ 28-уми октябри соли 1928-и милодӣ дар музофоти Суҳоҷи Миср чашм ба олам кушода, пас аз фарогири улуми ибтидоӣ дар шаҳри Искандария Қуръони каримро ҳифз намудааст. Таҳсилоти илмии мадраса ва донишгоҳиро дар Азҳар гирифта, соли 1966 дар илми ҳадису тафсир бо баҳои имтиёз ноил ба унвони "дуктур" шудааст. Аввалан дар факултаи "Усули дин"-и Азҳар ба тадрис пардохта, сипас барои чаҳор сол дар Либиё аз улуми шариати исломӣ дарс гуфтааст. Пас аз он дар Донишгоҳи исломии Мадина масъулияти сарварии факултаи омӯзишҳои олии исломиро бар дӯш дошт. 28-уми октбри соли 1986 муфтии диёри Миср таъйин гардид ва дар муддати наздик ба 10 сол ин масъулияти сангинро бо камоли итминон ба анҷом мерасонд. Аз соли 1996 Шайхи Азҳар таъйин шуд ва то рӯзи рахти сафар бастанаш ин муассисаи бузурги исломиро раҳбарӣ мекард.

Дар бисёр доираҳои донишмандони мусулмон Шайх Тантовӣ ба манзалаи шахсияти саршиносу гиромиқадр эътибор дошт. Бар иловаи ин фатвоҳое, ки ӯ содир мекард, таъсири бесобиқа доштанд ва ҳамеша ҳадафманду бамавқеъ буданд. Тантовӣ ҳамчунин ба ҳайси як олим бо афкори муътадил шинохта шуда, қазияҳои муосири марбут ба занонро ҳамеша дар мадди назар дошт. Таваҷҷӯҳ ба қазияҳои занон боиси он гардид, ки Тантовӣ ҳадафи ҳуҷумҳои пайопайи тундравони исломӣ шавад. Тантовӣ дар даврони тадрису таълим муҷтаҳиди воломақоме шуд ва дар муассисаи рақами аввали исломии аҳли суннат дар ҷаҳон дар бисёре аз мансабҳои муҳимми роҳбарӣ фаолият кардааст. Муҳаммад Сайид Тантовӣ бо донишу маърифати васеъи хеш, тибқи иҷмои ағлабияти донишмандони дин дар Миср дар улуми фиқҳу ҳадис доиратулмаориф буд. Ӯ ганҷинаи маорифи исломиро бо чакидаҳои хомаи хеш: "Бани Исроил дар Қуръон" (1969), "Тафсири васити Қуръони карим" (1972), "Қисса дар Қуръони карим" (1990) ва "Муомилоти бонкӣ ва аҳкоми шаръии он" (1991) боғановаттар гардонд. Шайхи фақиди Азҳар муҳаддисе салис ва услуби содаву расондани умқи маъно буд. Барномаи ӯ "Ҳадиси рӯҳ" дар телевизиони Миср равзанае буд шавқангезу самарбор ҷиҳати рӯшанӣ додан ба мардум дар шууни дину зиндагӣ.Шайх Тантовӣ ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ бо духтари амакаш издивоҷ карда буд. Ду писараш яке дар додгоҳ ва дигаре дар бахши муҳосибот кор мекунанд. Духтари ягонааш бошад, пизишки атфол аст.

ФАТВОҲОИ МАШҲУРИ ШАЙХ ТАНТОВӢ

20-уми феврали соли 1989, замоне, ки Шайх Тантовӣ муфтии диёри Миср буд, бо содир намудани як фатво фоидаи бонкҳо ва кредитҳоро ба эътибори рибо буданшон тибқи шариати ислом ҳаром эълон кард.

Моҳи феврали соли 2003 пеш аз вуруди неруҳои ишғолгари амрикоӣ ба Ироқ Шайх Тантовӣ сарвари Кумитаи фатвои Азҳар, Шайх Алӣ Абулҳасанро аз вазифааш барканор кард. Сабаби ин барканорӣ овозаву гуфтаҳо дар бораи қавли Шайх Абулҳасан буд, ки "воҷиб будани ҷанг бо неруҳои амрикоӣ дар ҳоли дохил шуданашон ба Ироқ"-ро бо "ҳалол будани рехтани хуни амрикоиҳо ва бритониёиҳои дар ҳолати ҳуҷум ва шаҳид шудани мусулмонон" дар як фатво эълом доштааст. 30-юми декабри соли 2003 Тантовӣ вазири дохилаи Фаронса Никола Саркозиро дар Азҳар ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот Шайх Тантовӣ изҳор дошт, ки масъулини ҳукумати Фаронса ҳақ доранд, ки қонуне дар бораи манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мадрасаву муассисаҳои ҳукуматиашон ҳамчун кори дохилии Фаронса бароранд. Ин изҳорот низ аз ҷониби баъзе ҷамоаҳои исломӣ ва донишмандони алоҳида мавоиди интиқоди шадид қарор гирифт.

ТАНТОВӢ, АЗҲАР ВА СИЁСАТ

Тантовӣ ба ҳайси Шайхи Азҳар дар роҳи мувофиқ кардани ақл бо нақл иҷтиҳод мекард. Ӯ замоне масъулияти шайхӣ ва имомии муассисаи Азҳарро бар дӯш дошт, ки сафҳае пурранг аз ҷадали динӣ - сиёсӣ дар торихи Миср буд. Дар ин давра мафҳуми "Ислом дин ва давлат аст" дар мисоли олате барои сохтани ҷомеа ва инсон бар появу меъёрҳои дурусти қонунӣ буруз кард, ки аз даъват ба зарурати ҷудоии дин аз давлат дур буд. Агарчанде Миср ҷадали ҷудоии дин аз давлатро ҳанӯз дар солҳои шастуми қарни гузашта паси сар карда буд. Дуктур Тантовӣ ҳақиқати "Ислом дин ва давлат аст"-ро дарк карда буд ва пас аз нишастан ба курсии муфтии диёри Миср дар соли 1986 ва дар соли 1996 ба ҷойи Ҷодулҳақ Алӣ Ҷодулҳақ шайхи аввали машихаи Азҳар шуданаш, талош намуд то ҳақиқатро ба арзи воқеъ бирасонад. Ӯ дар ҷодаи масъулияти хеш бо як ҷаҳон осонӣ, иҷтиҳод, тавфиқ миёни ақлу нақл, ғофил намондан аз омили таҷриба ҳамчун унсури асосӣ дар андешаронӣ ва ҳукм бар ашёву падидаҳо фатво медод.

Ӯ, ки аҳамияти дин дар ташкили виҷдону рӯҳонияти умумиро қоил буд, аз ҳамин рӯ, масофаи тавозун миёни дидгоҳаш ҳамчун олими дин ва мавзеъгириҳои сиёсиашро нигоҳ дошт. Ба андешаи Шайх Тантовӣ дин сараки мизон буд ва шиори сиёсӣ бояд дар хидмати дин бошад ва агар Худо нохоста миёни дину сиёсат дар лаҳзае носозгорӣ шавад, он бояд ба хидмати ҷомеаву мардум анҷом пазирад. Ҳамин нуқта ҳам яке аз дидгоҳҳои ӯ буд, ки мухолифини тақлидиашро ба шӯру валвала меовард. Чунин дидгоҳҳои ӯро салафиҳо, ихвониҳо ва ҷонибдорони секуларизм низ мухолифат мекарданд. Ба ҳар сурат, мухолифонаш саъй мекарданд, ки Тантовиро ҳамчун як шахси вазифадор ва тобеъ ба қоидаи "вуҷуби итоати валии амр" нишон диҳанд, аммо бо гузашти як муддати кӯтоҳ дурустиву ростии фатвоҳои ӯ ба исбот мерасид. Замоне, ки дар Фаронса масъалаи манъи пӯшидани ҳиҷоб ба миён омад, Шайх Тантовӣ иҷоза дод, ки зани мусулмон метавонад вобаста ба риояи қавонини давлати Фаронса ҳиҷоб напӯшад. Ин мавзеъгирии Тантовӣ бори дигар боиси нофаҳмиҳо дар миёни донишмандони исломӣ гардид. Кор то ҷойе расид, ки ин амр "ҳамлаи байналмилалӣ алайҳи мазоҳири исломӣ" унвон шуд.

Моҳи октябри соли гузашта Тантовӣ дар яке аз таълимгоҳҳои азҳарӣ адами зарурати пӯшидани ниқоб дар мадрасаҳои занонаро ба таъкид расонд, вале ин масъала дар матбуот ба ранге дигар ҷилвагар шуд ва бори дигар Шайхи Азҳар мавриди маломат қарор гирифт. Гуфта мешавад, ки бархе донишмандон мавзеъгириҳои Шайхи 47-уми Азҳарро манфиатҳои сиёсиаш медонанд ва аз ҷавҳари диниву буъдҳои инсониву иҷтимоии онҳо сарфи назар мекунанд. Ӯ бо вуҷуди доштани заковати баланди диниву дониши сиёсӣ ва ошноии зиёд бо осори тавротиву исроилӣ ҷиҳод зидди нерӯҳои исроилиро фарзи кифоя медонист. Агарчанде дигар доиён барои нобудии "яҳуду амрикоиҳо" дастҷамъона дуо мекарданд, ӯ аз Худо мехост, ки худаш душманонро ба роҳи рост ҳидоят кунад. Ӯ мегуфт, ки зарурат ба ном бурдани касе нест ва агар дар дуо бигӯем, ки: "Парвардгоро! Моро бар кофирон нусрат деҳ!", кофист.

ТАНТОВӢ ВА ИСТИҚБОЛИ ЯҲУДИҲО ДАР АЗҲАР

Замоне, ки Шайхи Азҳар ҳохомҳои яҳудиро дар дафтари кориаш ба ҳузур пазируфт, миёни муфаккирон ва рӯҳониёни бузурги мусулмон баҳсу ҷидоли тезе сар зад. Посухи Тантовӣ ба онҳо чунин буд: "Азҳар муассисаи даъват аст, на муассисаи тиҷорату даллолӣ. То он дам, ки Худо хоҳад Азҳар ҳомили парчами даъват ба кори нек, бо дастони боз барои касоне, ки дарашро мекӯбанд, боқӣ мемонад. Мулоқоти ман бо ҳохоми яҳудӣ дар ин чорчӯба хеле одӣ буд. Вале барои баъзеҳо душвор аст, ки Азҳарро ҳамчун муассисае барои даъват аз муассисаҳои ҳукмронӣ ҷудо кунанд. Онҳо бояд биомӯзанд, ки баста будани дарҳо натиҷае надодааст".

Шайхи Азҳар ба ҳар нишасте, ки дар масъалаи гуфтугӯи адёну тамаддунҳо буду даъват мешуд, мерафт. Ӯ мегуфт, ки "исроилиҳо дар ҳар мулоқоте моро аз тарси рӯйорӯӣ бо онҳо ва рӯгардонӣ аз эшон муттаҳам медонанд ва чаро мо барои онҳо исбот насозем, ки мо низ сулҳоваронему дасти ба сӯямон омадаро рад намекунем". Мухолифонаш ҳатто ӯро барои дастафшонӣ бо президенти Исроил Шимъун Перес дар Ню-Йорк ва дар паҳлӯи ӯ нишастанаш дар як нишаст дар Қазоқистон мавриди накӯҳиш қарор доданд. Вале ӯ ҳамеша исрор медошт: "касе, ки аз рӯйорӯйӣ бо аду мегурезад, тарсуст".

ШАЙХИ АЗҲАР ВА МУРОСО МИЁНИ ПАЙРАВОНИ АДЁН

Аз бахшандагиву сифатҳои хуби инсонии Тантовӣ ҳаминро ёдоварӣ кофист, ки тавонист рӯзномаи мустақили "Ал-фаҷр"-ро, пас аз он, ки обрӯи шахсияташро паст заданд, бубахшаду узрашонро бипазирад. Созандагии ӯ миёни пайравони адёну мазоҳиб маъруф аст. Нақши ӯ дар наздик овардани алоқаи мусулмонон бо масеҳиёни мисрӣ ва талошҳои пайвастаи вай барои пешгирӣ аз фитнаи тоифаҳо дар партави муносибатҳои дӯстонааш бо Бобо Шанудаи савум - попи қибтиҳои ортодокс басо назаррас мебошад. Ӯ ҳамчунин хостори тақриби мазоҳиби аҳли суннат ва ташайюъ буд ва мехост, ки ин масъала бояд ҳарчи зудтар дар сатҳи донишмандони баландпояи онон ҳалли худро пайдо кунад.

ШАЙХИ АЗҲАР: БАДБИНОНИ САҲОБАГОН АЗ ИСЛОМ ХОРИҶАНД!

Шайхи марҳум Муҳаммад Сайид Тантовӣ ҳамеша аз саҳобагони Паёмбари Худо (с) дифоъ менамуд ва ба таъкид мерасонд, ки онон дарвоқеъ касоне буданд, ки Худо аз онҳо ва онҳо аз Худо хушнуд буданд. Ахиран дар як суханрониаш баён дошт, ки: "Ҳар касе амдан ба яке аз асҳоби паёмбар (с) иҳонат кунад, аз дини ислом хориҷ аст". Мухлисони шайхи фақид мегӯянд, муҳаббати ӯ ба асҳоби паёмбар (с) сабаб гардидааст, ки марқадаш дар ҷавори онҳо, Худо аз онҳо хушнуд бод, ҷой бигирад…

P. S. ШАЙХ ВА МАШИХАИ АЗҲАР

Машиха калимаи арабӣ буда, маънои он ҷойи шайхҳост. Вожаи "шайх" дар арабӣ ба маънои пир ва дар истилоҳ донишманди бузургро мегӯянд. Ҳанӯз аз замони бунёд шудани масҷиди ҷомеи Азҳар то садаи ёздаҳуми ҳиҷрӣ шайхи Азҳар аз байни донишмандони бузурги он интихоб мешуд. Дар замони ҳукмронии Усмониҳо мансаби расмии Шайхи ҷомеи Азҳарташкил шуд, ки раёсати донишмандону умури идории онро бар дӯш дошт. Ҳамчунин масъулияти амнияту низоми Азҳар бар дӯши шайхи он буд. Аз ҳамон замон то имрӯз Азҳар ҳамчун як ҷомеъи дорои машиха пайваста Шайх доштааст ва имрӯз ҳам он анъана идома меёбад.

Нахустин Шайхи Азҳар Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Харшӣ (соли вафоташ 1101-и ҳиҷрӣ баробар бо 1690-и милодӣ) будааст. Пеш аз Тантовӣ Шайх Ҷодулҳақ Алӣ Ҷодулҳақ дар солҳои 1982-1996 шайхи Азҳар буд. Интизор меравад, ки яке аз ин се донишманди шинохта Шайхи Азҳар таъйин шавад:

Шайх Алӣ Ҷумъа, муфтии феълии Ҷумҳурии Миср; дуктур Аҳмад Умар Ҳошим, ректори Донишгоҳи Азҳар дар солҳои 1995 то 2003; дуктур Аҳмад Таййиб, ректори Донишгоҳи Азҳар. Дар ҳоли ҳозир бо амри президенти Миср Шайх Муҳаммад Восил иҷрокунандаи вазифаи Шайхи Азҳар мебошад.


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97