ОЁ ТАБОДУЛИ ФАРҲАНГӢ ТАҲОҶУМИ ФАРҲАНГИСТ?

Фарҳанг ва адаб 17.02.2010 14:00

ТАБОДУЛИ ФАРҲАНГӢ АЗ ТАҲОҶУМИ

ФАРҲАНГӢ ЧӢ ФАРҚИЯТ ДОРАД?

Дар тӯли таърих ҳамеша табодули фарҳангӣ дар миёни миллатҳо ҳангоми рафту омади шаҳрвандон вуҷуд дошт. Имрӯз бо пешрафти рӯзафзуни илму дониш, марзҳои байналмилалӣ дарҳам шикаста, бо падид омадани низоми навини иртиботӣ, ҷомеаҳои парокандаи инсониро дар як маҷмӯаи фарҳангии воҳид ҷой додааст. Маҷмӯаи фарҳангии воҳид ҳамон "деҳкадаи ҷаҳонӣ" аст.

Дар ин деҳкадаи ҷаҳонӣ бар асари иртибот ва наздикиҳои рӯзафзуни миллатҳои гуногун арзишҳо интиқол меёбанд ва таъсир ва таассури дуҷонибаи фарҳангӣ, бо як суръати тезу тунд дар ҳоли анҷомёбист.

Ҳарчи робитаҳо наздик мешаванд мубодилаи фарҳангӣ низ афзоиш меёбад. Зеро дар натиҷаи хариду фурӯшу муомила ва табодули молҳо табиист, ки фарҳангҳои ҷонибҳо дар ҳамдигар бе таъсир намемонад. Аммо дар ин миён бояд байни ду мақула тафовут ва фарқият гузошт.

Табодули фарҳангӣ набояд бо таҳоҷум ё ҳуҷуми фарҳангӣ омехта шавад. Таҳоҷуми фарҳангӣ амрест, ки ҳамеша дорои ду тараф: "муҳоҷим" ва "мавриди ҳуҷум" мебошад. Аммо дар табодули фарҳангӣ ингуна нест.

Дар таърихи инсоният миллатеро наметавон пайдо кард, ки аз миллати дигар наомӯхта бошад ва табодули фарҳангӣ сурат нагирифта бошад. Дар тӯли таърих ҳамеша ингуна будааст, ки миллатҳо дар натиҷаи рафтуомади шаҳрвандони якдигар, одоби зиндагӣ, илму дониш, тарзи либоспӯшӣ,маданияти муошират, забон, маориф, рафторҳо ва одатҳо ва бисёре аз анъанаҳои якдигарро омӯхта ва аз худ кардаанд. Дар натиҷаи табодули мол ва коло ҳунарҳои якдигарро омӯхтаанд. Табодули фарҳангӣ муҳимтарин паҳлӯи масъала дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Табодули фарҳангҳо аз табодули иқтисодӣ ва дигар навъ муомилаҳо муҳимтар будааст.

Омӯзиши илму фан ва кашфи бисёре аз номаълумот, намунабардорӣ аз абзорҳо ва васоили зарурӣ аз ҷумлаи табодули фарҳангист. Ин ҳамон чизест, ки мавриди кабули ислом низ қарор гирифтааст. Дар ин бора Паёмбари ислом фармудааст: Донишро фаро бигиред агар ҳам дар Чин бошад. Ин гуфта далолат ба ҳамон маъно дорад.

Бинобар ин, табодули фарҳангӣ метавонад дар пешрафти арзишҳои инсонӣ ва беҳтар кардани зиндагии башар судманд бошад. Зеро ҳамаи мардуми ҷаҳон аз таҷриба, огаҳӣ ва пешрафтҳои якдигар бохабар мешаванд ва аз имтиҳон ва санҷишҳои анҷомшуда лозим нест, ки инсоният дар нуқтаи дигари дунё онро мавриди озмоиш қарор диҳад. Яъне, равишҳои нодурусти озмудашударо аз ҳамдигар меомӯзанд. Бар ин асос бояд аз табодули фарҳангӣ истиқбол кард.

Зеро, дар канор нишастан ва худро аз ҷаҳон маҳрум сохтан ба ҷуз зарар ва зиён чизе ба даст нахоҳад омад. Иқдомоте, ки Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон анҷом медиҳанд дар ҳамин ростост. Сафари ҳунармандон ба Фаронса, Русия ва бархе аз кишварҳои дигар дар ҳамин замина аст. Таъсиси марказҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Маскав ва баъзе манотиқи дигар аз ҷумлаи он сиёсатҳост.

Албатта, бояд диққат намуд, ки нахустин шарти муваффақият дар арсаи табодули фарҳангӣ, худбоварӣ, эътимод ба нафс, шинохт, такя ба фарҳанги худӣ, боварӣ ба арзишҳои инсонӣ ва маънавист. Аз ин рӯ, бояд дастовардҳои дониши навинро мавриди таваҷҷӯҳ ва истифода карор дод ва фарҳанги худиро, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Бо истифода аз усулҳои мудерн ва пешрафта дар баробари ҷаҳонӣ шудан онро бояд ҳифз кард. Ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ масъулияти баланди таърихии ҳар як давлату миллат аст. Дар шароити тамоюлоти номатлуб ва равандҳои гуногунсамти мақсаднок моро зарур аст, ки фарҳанги худиро тавассути матбуот, садо ва симо, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо, суханрониҳо, китобҳо, конфронсҳо ва семинарҳо, ҳунармандон ва нависандагон, муҳаққиқон ва андешамандон ва дар ниҳоят варзишгарони номии кишвар ба мардум фаҳмонида ва онро нигоҳ дорем. Нақши радио ва телевизион, театр, синамо дар ин самт хело бузург аст. Барои ҳифз ва нигаҳдории он тамоми мардуми кишвар аз Ҳукумат сар карда то табақаҳои поёнии ҷомеа масъул мебошанд. Зеро дар сурати аз байн рафтани фарҳанг, ҳувийяти миллии мо низ зери суол карор хоҳад гирифт.

Аз ин лиҳоз, моро мебояд то фарҳанги пурғановат ва қадимаи хешро дар асри пурталотум ва равандҳои номатлуб, рақобатҳои пуршиддат ва муборизаҳои геосиёсӣ ҳифз намуда, мавқеъ ва ҷойгоҳи худро дар равандҳои пурпечутоб ҳифз намоем.


А.ҚОДИРӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97