СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ!!! ЯЪНЕ ЧӢ?

Фарҳанг ва адаб 04.02.2010 13:37

ДЕБОЧА

Дар пиндори аксари онҳое, ки аз соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълом шудани соли 2010 ҳамеша шоирона ва фаротар аз биниши амалӣ гап мезананд, як ақида гардиш мехӯрад, ки гӯё дар ин сол тамоми мушкили соҳаи маорифи кишвар ҳал мешаванд. Ва ҳамаи ин дар ҳолест, ки маориф дар Тоҷикистон аз соҳаҳои сермушкил ба ҳисоб меравад ва дар зарфи наздик ба бист соли истиқлол он ҳамеша ба сӯйи поин майл кардааст то ба сӯйи рушд. Мавҷудияти чунин муаммо дар шароите вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон наметавонад бидуни рушди илм ва маориф ба комёбиҳоие бештар даст ёбад.

Ҳарчанд, ки маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок талаққӣ мешавад, вале боз ҳам сермушкилтарин бахши давлатдории мо илм ва маорифанд. Худо эъломи ин сол маънои дар ҳолати ногувор қарор доштани ин соҳаҳоро дорад. Аз ин рӯ, мо бояд бифаҳмем, ки Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, яъне чӣ?

ЧӢ ПРЕЗИДЕНТРО БА ЭЪЛОМИ ИН СОЛ

ВОДАР КАРД?

Дар илм ва донишҳои таҷрибашуда як назароте вуҷуд дорад, агар як сохтор ва низом дар ҷомеа натавонист, ки муваффақ шавад ё дигаргуниеро ба вуҷуд биовард, аз баҳри он гузаштан заруратро пеш меоварад, мисле, ки як роҳбар натвонист дар соҳаи зирабти худаш пешравиҳоро ба вуҷуд биоварад ё биояд ба истефоъ биравад ё ӯро аз мансаб сабукдӯш мекунанд, ки намунаи чунин мансабдорони ноӯҳдабаро, ки мӯҳлати сабукдӯшашон кайҳо гузаштааст, дар Тоҷикистон бисёранд. Ва ҳамин, ки системаи имрӯзии маорифи Тоҷикистон наметавонад дар раванди миллатсозию давлатсозии мо саҳми барозанда гузорад, ниёз ба ислоҳот ва дигаргунии ҷиддӣ дорад. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ баҳонаи хубе ҳаст, ки дар асоси онҳо бояд соҳа аз дидгоҳи кадрӣ ва маъмурию сохторӣ дигаргуна шавад. Чаро раиси ҷумҳур ин Солро эълом дошт?

Вақте ки Президент дар ҷаласаҳои корӣ ва ҳукуматӣ аз набудани кадрҳо гилагузорӣ мекунад. бояд ҳарду бари рӯйи масъулони соҳа сурх шавад;

Вақте ки Президент НБО-и Роғунро сохтан мехоҳаду муҳандисини онро дар Тоҷикистон пайдо намекунад (дар ҳоле, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 50 сол зиёдтар боз вуҷуд дорад);

Вақте ки кадрҳои таъинкардаи Президент соҳаҳоро наметавонанд пешрав кунанд ва онҳоро шармандавор аз ҷалсаҳои ҳукуматӣ пеш мекунад;

Вақте ки сарватмандон корхонаҳои бузурги саноатиро мехаранду ба истилоҳ "запчаст" карда мефурӯшанд;

Вақте ки корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ ба корхонаҳои хонаводагӣ табдил меёбанд;

Вакте ки академик ва профессорҳоои тоҷик рисолати олим буданро дар навиштану фурӯхтани рисолаҳои номзадию докторӣ мебинанд;

Вакте ки мудири кафедра 30 сол мудирии кафедраеро дар як муассисаи олӣ дар ихтиёр дораду то ҳатто як мақола наменависад;

Вақте ки дар Тоҷикистон чун як кишвари дорои ганҷҳо ва захираҳою сарватҳои бузурги табиӣ зиёда аз 60 фисади мардум аз фақру тангдастӣ ранҷ мебаранд ва омилҳои зиёди дигар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои вораҳондани кишвар баро амалӣ кардани чунин як иқдоме водор мекунанд.

ЧАРО "ЮРИСТ" 2000 ДОЛЛАР ВА КИМИЁИЮ АСТРОНОМИЯ "НЕДОБОР"

Моҳияти соли маориф ва фарҳаги техникӣ бояд дар чи асос ёбад? Суолест, ки аз ҳамоҳангсозони сиёсати давлатии илм ва маориф посух талаб мекунад ва посухе мушаххас. Ба назараи Боймурод Алиев дотсенти риштаи риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон "омӯзиши илмҳои дақиқ талаботи иқтисодист. Орзӯи инсон дар ҷомеаи ормонӣ зиндагӣ кардан ва талаботашро қонеъ крдан аст. Чизе офаридан даркор, ки ҷавҳари зиндагии инсонро ташкил диҳад. Таърихи инсоният нишон медиҳад, ки ҳамаи пешрафтҳо, ҳамаи барномарезиҳо аз нуқтаи назари илмҳои дақиқ ба даст меоянд. Аз ин рӯ, зарурати илмҳои дақиқ ҳамчун улуми аввалиндараҷа ба миён омадааст. Омӯхтани илмҳои дақиқ кори ҳамагонӣ мебошад, дили гарми ҳазорон одам зарур аст. Бо шиорҳои хушку холӣ ҳеҷ кор карда намешавад". Воқеан, дар соли ҷашнӣ бояд барномаҳои стратегии давлатӣ дар низоми омӯзиш ва боло бурдани фарҳанги техникӣ пеш аз ҳама аз ҷониби Вазорати маориф ва Академияи илмҳо ба Ҳукумат пешниҳод шаванд. Дар сатҳи коршиносон ва олимон бояд ин барномаҳо қабул карда шаванд. Суоле ҳам ба майна меояд, ки оё зарурате пеш наомадааст, ки омӯзиши баъзе аз илмҳои дақиқ ва омода кардани кадрҳо дар ин соҳаҳо дар дотатсияи давлатӣ гирифта шавад. Барои хонандагон ва донишҷӯёни ин риштаҳо имтиёз, стипендия ва грантҳои давлатӣ ҷудо кардан лозим ҳаст. Барои ин албатта, бояд низоми омӯзишу парвариш куллан тағйир дода шаванд. Масалан, чаро дар донишгоҳу донишкадаҳо ҳаҷми маблағи шартномаи риштаҳои ҳуқуқшиносӣ, рӯзноманигорӣ ва дигар бахшҳои улуми инсонӣ то 2000 доллар қимат доранду, риштаҳои дақиқ аслан аз 500 доллар боло нестанд ва то ҳатто гурӯҳҳои буҷавии ин риштаҳо аз ҳисоби довталабон пурра намешаванд. Чаро ин ҳолат соҳибони илму маорифро ба дигарандешӣ водор намекунад? Яъне моҳияти улуми дақиқ дар Тоҷикистон ба муаррифии давлатӣ ниёз пайдо кардааст. Бояд муносибат ба илмҳои дақиқ дар шакл ва шароите сурат бигирад, ки ин улум роҳи ягонаи пешрафти кишвар шинохта шаванд. Дигар барои шоирҳо, ҳофизаҳо, раққосаҳо хона додан дар кор нею, ба намояндагони барҷастаи улуми дақиқ ва табиӣ тақдим намудан зарур ҳаст. Яъне бояд технологияи ҷалби ҷавонон ва довталабони мактабҳо ба омӯзиши улуми дақиқ ва табиӣ аз ҷониби ҳукумати иҷроия ва сохторҳои дигари муваззаф коркард шавад, вагарна бо "шиоршапак" (истилоҳи мардумӣ) касе техник ва ё физикдони ҳаставу косманавтика намешавад. Яъне масъаларо болотар аз як шиор пиндоштан зарур.

ИЛМУ МАОРИФ БА НАҶОТДИҲӢ НИЁЗ ДОРАНД?

Акбари Турсон академики тоҷики муқими Амрико зимни суханрониаш дар як ҳамоиши илмӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зикр намуд, ки сохтори илм дар Тоҷикистон ба дигаргунии ҷиддӣ ниёз дорад. Воқеан ин ниёз кайҳо боз ҳузур пайдо карда буд, вагарна дар ин сохторҳо бо як китоб ва он ҳам китоби таҳқиқии фундаменталӣ ҳам не, академик шудан имконпазир мегардид? Ҳамин гуна воқеиятҳои иҷтимоӣ зарурати дигаргуниҳои бунёдиро дар ситемаи илм ва маорифи Тоҷикистон собит мекунанд. Бисёр нанговар ҳаст, ки як идда профессору академикҳои Тоҷикистон ба рисоланависию рисолафурӯшӣ машғуланд. Ҳоло он, ки бояд онҳо дар самтҳои илмиву тадқиқиашон китоб бинависанд ё тадқиқот анҷом диҳанд. Агар чунин нест барои мансабдорони тоҷик, ки соҳа¬ҳои худашонро роҳбарӣ кардан наметавонад, кӣ рисолаҳои илмӣ менависад ва кӣ дараҷаҳои илмӣ медиҳад? Оё мансабдорон вақт доранд, ки ба таҳқиқ машғул шаванд? Ҷавоби ин савол осон ҳаст. Не! Пас ин академикҳо ба илми тоҷик хиёнат намекунанд? Мекунанд!!! Вақте ки муассисоти олӣ ба Вазорати маориф ва Вазорати маориф ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳанд, ки имсол кори комиссияҳои қабул хеле самаранок ва одилона ҷамъбаст гардид ва баъдтар аз бесаводиву камдонишии онҳое, ки аз роҳи адолат дохил шудаанд шиква мекунанд, ақидаеро ба вуҷуд меоварад, ки ин соҳаҳо ба наҷот додан ниёз доранд.

Президенти кишвар дар чандин суханрониҳо кори Шӯро¬ҳои диссертатсионӣ ва олимшавии як зумраро шадидан интиқод карда буданд. Вақте чунин як иттилои муҳим дар ихтиёри шахси рақами яки кишвар вуҷуд дорад, пас то куҷо ба олим шудану адолати илмӣ дар Тоҷикистон бовар кардан мумкин? Агар рӯзноманигорон дар ин ҳимояҳо иштирок кунанду докторшавию номзадшавии баъзеҳоро, яъне воқеияти ҳол бубинанд ва ин аъмолро ба матлабҳои ВАО бикашанд вой бар ҳоли илми тоҷик. Ва воқеан чаро рӯзноманигорон бояд иштирок накунанд? Зарурат пеш омадааст, ки дар ҳимояи рисолаҳои илмӣ як рӯзноманигор ба сифати нозир иштирок кунад.

БАРАК ОБАМА ВА РИСОЛАТИ РӮШАНФИКР БУДАН ДАР ТОҶИКИСТОН

Барак Обама дар паёми соли гузаштаи худ ба Академияи илмҳои ИМА ба олимони амрикоӣ чунин таъкид карда буд:

"Соли 1921 аввалин бор Алберт Эйнштейн дар ҷаласаи солонаи Академияи ИМА иштирок намуда, дар навбати суханаш чунин изҳор кард: Ман навакак дар ҳаминҷо назарияи нави доимиятро ба вуҷуд овардам, ки аҳли толорро ханда фаро гирифта буд (маънои сухани Эйнштейн ин берӯҳии баҳси академикҳои Амрико буд, назарияи димиятро дар асосиҳо оромии доимии академикҳои амрикоӣ кашф кардани ӯ ҳазл буд - И. С.). Ман ин суханони таҳрикдиҳандаро барои чӣ ба хотир овардам? Барои он ки созмони Шумо на фақат барои корҳои илмӣ бунёд шудааст, балки барои таҷрибаест, ки мову Шумо онро Амрико меномем".

Дар воқеъ мавҷудияти ҳамагуна муассисоти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва мақомоти маъмурию давлатӣ бояд танҳо ва танҳо ба хотири пешбурди ҷомеа бошад. Дар мо чӣ? Мақомот барои мақомот, академия барои академия, олим барои олим, донишҷӯй барои донишҷӯй….. ва ? барои ҷомеа.

Ҳамин паёми Обама, ки ҷомеаи илмии Русияро ба таҳрик оварда буд ва дар зери таъсири он чандин конфронсу ҳамоишҳои академӣ сурат гирифт, натавонист, ки дар Тоҷикистон ҳадди ақал иқтибосе зимни суханронӣ гардад. Ба назар чунин мерасад, ки илми тоҷик ҷудо аз давлат ва идоракунии давлатӣ ташаккул ёфтааст. Шояд баъзеҳо функсияи Академияи илмҳоро аз баргузории конфронсҳои ҷашнӣ иборат донанду халос ва оё ин шинохт замина дорад?

Имрӯз мушаххас нест, ки як рӯшанфикр, корманди илмӣ, номзад ё доктори илм дар Тоҷикистон кист? Давлат аз ӯ чӣ мехоҳад ва ӯ аз давлат чӣ мехоҳад? Рисолати рӯшанфикрӣ ё олим буданро бояд аз Барак Обама омӯхт, яъне тадқиқотҳои илмии мо бояд барои пешрафти ТОҶИКИСТОН мусоидат кунанд. Тадқиқи мавзӯъҳое чун "Хусусиятҳои лирикии ғазали асри ХII", "Нақши занони деҳот ва говҷӯш дар саноатикунонии Тоҷикистон" ба кӣ лозим. Ва чунин мавзӯъҳо дар соҳаи улуми дақиқ кам нестанд. Масъалан имсол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 50 нафар рисолаҳои докторию номзадӣ ҳимоя карданд, ки нисбат ба Академяи илмҳо чандин маротиба зиёдтар мебошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки олимони Академияи мо ва дигар муассисоти илмию таълимӣ камқудратанд, балки шеваи имрӯзи кор ва фаъолияти онҳо аз академик то лаборанти илмӣ ба манфиати Тоҷикистон нест.

ИН СОЛ ТО КУҶО ТАҲРИК МЕДИҲАД?

То нокуҷо! Агар ислоҳоти системаи илм ва маорифи Тоҷикистон аз низоми ҳақмузддиҳӣ сар нашавад, гуфтан мумкин, ки ба нокомӣ мебарад. Зеро то сатҳи ҳақмузд баланд нашавад, дигаргуниеро мунтазир шудан беинсофист. Аммо низоми ҳақмуздро бояд коркард кард. Чаро ҳамаи профессорҳо бояд якхела маош бигиранд? Бояд маош дар асоси принсипи фаъолнокии илмию таълимӣ муқаррар карда шавад. Боймурод Алиев бар ин назар аст, ки сад маротиба баланд бардоштани маош дар асоси «уравниловка» ҳеҷ тағироте дар система ба вуҷуд намеорад. Алиев баланд бардоштани ҳақмуздро дар асоси фаъолнокӣ яке аз омилҳои пешрафти соҳаҳои илм ва маориф медонад…

Cоли маориф ва фарҳанги техникӣ алорағми пиндошти аксарият моро дар як сол техник ё риёзидону физики сатҳи ҷаҳонӣ намекунад, балки дар ин сол бояд пояҳои рушди мустаҳками пешрафти Тоҷикистон коркард шаванд. Ё ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст?

P.S.: "Миллат" саҳифаи "Соли маориф ва фановарӣ"-ро дар ихтиёри баҳсу проблемагузориҳои ҷиддии донишмандони соҳа мегузорад. Меъёр танҳо ва танҳо ба назар гирифтани сатҳи "Миллат" ва хонандагони "Миллат" мебошад!!!


Иршод СУЛАЙМОНӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97