ДАР ҲАЛҚАИ ҲАММИЛЛАТОН

Фарҳанг ва адаб 03.02.2010 13:47

БОЗӢ ВА ШӮХИҲОИ ТАҚДИР

Фалахмони тақдир ба дасти тирандози моҳир расид ва он чунон партофт, ки ба шаҳри бузурги Алмаатои мамлакати доманадори Қазоқистон афтидам. Пас аз анҷоми корҳо ду рӯзаке холӣ ёфтам ва фикре ба сарам зад, ки ба вилояти Чимкенти (Шимкент) Қазоқистон равам. Сабаб ин буд, ки соли 2005 нашриёти "Жазуши"-и Алмаато "Алифбо" ва "Забони модарӣ" барои синф яки маро чоп карда буд. Хабар доштам, ки ин китобҳо дар мактабҳои таълимашон бо забони тоҷикии ин вилоят татбиқ мешавад. Хостам, фикру мулоҳизаҳои муаллимон, хонандагон ва падару модаронро бифаҳмам, то ки дар нашрҳои минбаъда тағйиру иловаҳо ворид созам.

Фаҳмидам, ки ба он ҷо аз се тариқ метавон рафт: роҳи ҳавоӣ, қатора ва автомобил. Боз ҳам тақдир пешдастӣ кард ва худро дар автовокзали марказии "Сайран" дидам.

Автобусҳои истеҳсоли олмонӣ, ки дар пешонаашон "Бус грезе" навишта шудааст, қатор андар қатор истодаанд ва кондукторону ронандаҳо бо овози баланд мусофиронро ташвиқ мекунанд: "Автобуси ман комфорт", "Эй бародар, ин ҷо савор шавед" "Дар автобуси ман ҳамаи шароитҳо муҳайёст"… Ба се автобус сар халонда мушоҳида кардам: якошёна, дуошёна ва автобусе, ки чил рахти хоб сохта шудааст. Автобуси якқабатаеро интихоб намудам ва дар курсие ҷой гирифтам.

Автобусҳо мувофиқи қоида рӯзи дароз, то соати 6-и бегоҳ одам ҷамъ мекунанд. Соатҳои 6-7 ҳаракат карда баъди 12 соат 1000 км-ро тай мекунанд ва саҳарӣ ба ноҳияҳои гуногуни ин вилоят мерасанд. Аввал ба назар осон ва ҳатто шавқовар намуд: чеҳраҳои гуногун, сӯҳбат бо забонҳои қазоқӣ, русӣ, тоҷикӣ, роҳи мумфарши замонавӣ, мағозаю дӯконҳо, қаҳвахонаю ошхонаҳо - хулоса ободӣ дар ҳар сари қадам. Вале баъд, ба қавли Ҳофиз, афтод мушкилиҳо: шаби тирамоҳ (30 октябр), берун зулмат, дарун-зулмат, ҳама ҷо торикистон, мусофирон ғарқи хоб. Як одати бад дорам, ки дар роҳи сафар ҳеҷ хоб намебарад. Шаоити хондан ҳам нест. Телевизор, ки дар қисми пеши автобус гузошта шуда буд, баъди соати 12 хомӯш карда шуд.

Лакоту хастаю зила субҳи барвақт ба маркази ноҳияи Сариоғоч расидем. Чеҳраҳои ориёиро дида, забони равони тоҷикиро шунида, ба тани хастаам ҷон даромад, мисле ки бефараҳгӣ фаромӯш шуд.

САВОЛИ ТАЪРИХ

Аввалин савол, ки ба хотирам расид, ин аст, ки ин мардум дар ин гӯшаи дунё чӣ тавр афтода бошанд? То мо ҳам ин саволро муаллифони зиёде пеш худ гузоштаанд ва кӯшидаанд ҷавоб ёбанд. (Нигаред ба асару мақолаҳои Ф.М. Ҷӯраев "Тоҷикони Қазоқистон-2008, М.Бобохонов "Таърихи тоҷикони ҷаҳон"-2004, Ҳасанбой Шарифов, "Тоҷикони бурунмарзӣ" 1999, Акбой Абдуллоев "Тоҷикони Қазоқистон-2005, Юсуфаҳмад Исоматов-2008, Матлуба Шоалиева "Об агар сад пора гардад, боз ҳам ошно"-1990, А.Д.Гребенкин "Русский Туркистан"-1872…).

Муаррихону муаллифон ин асарҳо буду боши тоҷиконро дар ин сарзамин марбут ба роҳи абрешим, асрҳои миёна ва шароити солҳои сиюми асри бист медонанд. Тақдир мардуми тоҷикро дар ҳар асру замон ба ҳар гӯшае партофтааст. Вагарна дар гузаштаи дур сарзамини васеи Осиёи Миёна, Қазоқистон, Эрону Афғонистон ва ғайра макони зисту зиндагонии ин халқ будааст. Чи тавре ки булбулу кабк аз хушхонии худ гирифтори қафасанд, мо ҳам баъзан аз забони худамон зарар мебинем. Боре дар Кобул чанд нафар сӯҳбат доштем. Яке гуфт: "Ман аз дараи Панҷшерам ва авлодҳои мо аз Даҳбеди Самарқанд ин ҷо омадаанд" Шахси дигаре, ки паштун буд, мавқеи муносибро аз даст надод: "Ана дидед, устод, инҳо халқи таҳҷоӣ нестанд. Аз Самарқанд омада дар кишвари мо-афғонҳо макон гирифтаанд". Ин чӣ ҷаҳолат аст, ки ҳар ду гуфтанд! Аз Самарқанд омадан маънои онро надорад, ки Панҷшер ватани қадимии афғонҳо-паштунҳо бошад. Дар ин дара ҳазорҳо сол пеш тоҷикон зиндагӣ мекарданд, он тавре ки дар саросари Хуросони бузург (Афғонистони кунунӣ) мезистанд. Ё намояндаи кишвари Афғонистон дар ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам даъво мекард, ки ӯ афғон ва зодаи Афғонистон аст. Ҳол он ки замони таваллуди Имоми Аъзам дар Парвон на ягон афғон буду на номи Афғонистон. Бо ҳамаи ин мо гуфтанием, ки зисту зиндагонии тоҷикон дар ҳудуди Қазоқистони кунунӣ таърихи қадимтар дорад. Омаду рафти онҳо бошад масъалаи доимист. Кӯч бастани мардум аз Ӯзбакистону вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон ба Қазоқистон ва баръакс дар рӯзҳои мо низ давом дорад.

Имрӯз тоҷикон дар вилоятҳои Ҷамбул (Тараз), Петропавловск, Кустанай, шаҳрҳои Туркистон, Алмаато, Чимкент ва ғайра зиндагӣ кунанд ҳам, қисми асосии онҳо дар ноҳияҳои Мақтаарал, Сариоғоч сукунат доранд. Ба ин маънӣ яке сукунати таърихист, ки ниёкони бузург мезистанд, дигаре кӯч бастанҳост бо сабабҳои айнӣ ва зеҳнӣ рӯй медиҳад. Ба ҳамаи ин ҷавоби таърихӣ бояд ҷуст.

ЗАМИН ҲАМ МЕХӮРОНАД, ҲАМ МЕПӮШОНАД

Субҳи барвақт ману шогирдам Тоҷибой Алимов аз байни деҳаи Интимоқ, ки аз маҳаллаҳои Бостандик, Қурма… иборат аст, мегузарем. Одамони синнусоли гуногунро мебинем, ки ҳама ба зимистон тараддуд доранд. Яке ангишт захира мекунад, дигаре кунда мекафонад. Ҳама бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд, салом медиҳанд. Ҳамин ки аз Тоҷикистон сухан оғоз мекардам, чанд нафар ҷамъ мешуданд, моро ҳалқа мегирифтанд, вазъ мепурсиданд. Хонаҳои барҳаво, ҳавлиҳои калон, масҷиду мадрасаҳо, табобатхонаҳо, боғу роғ-ҳама паси сар мешаванд. Ба сари заминҳои шахсӣ мерасем, ки хурду калон машғули ҷамъоварии ҳосили ранҷи дастанд.

Дар Қазоқистон замин мувофиқи хоҳиш ба ихтиёри мардум гузошта шудааст. Давлат ҳар сол барои ҳар гектар 5000 танга (33 доллар) мегирад. Ба ҳосили замин ва навъи зироат андоз намебандад. Мепурсам, ки хариду фурӯши замин аз ҷониби чиновникҳо чӣ гуна аст, посух медиҳанд, ки ин масъала дар миён нест. Мардум мувофиқи хоҳиш ва қобилияти кор гектар-гектар замин гирифта, қариб ҳамаи онро гармхона кардаанд. Дар омади гап таъкид менамоем, ки оилаҳои алоҳида гармхонаҳое сохтаанд, ки масалан, дар аҳди Шӯро калонтарин колхоз ҳам надошт ва ё сохта наметавонист. Тоҷикон, ки табиатан бо замин сару кор доранд, дар ин диёр соле се бор ҳосил мегиранд: Ҳосили якум-помидор, боимҷон; ҳосили дуюм-картошка, пиёз, қаланфури булғорӣ; ҳосили сеюм-кабудӣ.

Мардум аз 20 сотих то 3 гектар замин гармхона сохтаанд. Мо гармхонаҳои оҳанини Ҷалолов Анорбой, Роишов Раҳматулло, Раҳимбердиев Ҳоҷӣ Анварро дида ангушти ҳайрат газидем ва таҳсину офарин гуфтем.

Одамон ҳосили дастранҷро ба шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон ва Русия ба савдо мебаранд. Аз маблағе, ки ба даст меоранд, мошин ва дигар ашёи рӯзгор мехаранд. Дар ҳар хонавода 2-3 мошини сабукрав ва хонаҳое мошинҳои боркаш ва автобусҳо ба чашм мерасад. Хурду калон дар кори зироат моҳир шуда бошанд ҳам, аз амаки Ҷумъабой Алимов, ки дар соҳаи зироатпарварӣ (агрономӣ) маълумоти олӣ доранд, маслиҳатҳо мегиранд.

Тарзи зисту зироатпарварии тоҷикон ба мардуми қазоқ, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд бе таъсир намондааст. Онҳо аз тоҷикон ибрат гирифта ба замин сару кор гирифта истодаанд.

МАКТАБ ВА МАОРИФ

Дару дарвозаҳои мактабҳои ҳамаи вилоятҳо, ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ба рӯйи фарзандони онҳо боз аст. Аммо дар ноҳияҳои Сариоғоч ва Мақтаарал 8 мактаби миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо 5000 фарзандони тоҷикро ба оғӯш фаро гирифтаанд. Мактаби ба номи Фирдавсӣ соф тоҷикӣ буда, дар он 575 нафар талаб таҳсил мекунад. Ба онҳо 54 нафар муаллимон дарс мегӯянд, ки 40 нафарашон таҳсилоти олӣ доранд. Директори мактаб Темур Ёқубов, ки зодаи ноҳияи Фархори Тоҷикистону хатмкардаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб мебошад, марди кордону соҳибтараддуд аст. Ӯ бо кӯмаки муаллимону хонандагони синфҳои боло ва дастгирии падару модарон бинои мактаб, ҳавлӣ ва атрофии онро ба сомон даровардааст. Шиору овезаҳо, панду андарзҳои классикони форсу тоҷик ва қазоқ бо ду забон-тоҷикӣ ва қазоқӣ босаводона навишта шудаанд. Муовини директор Асрор Қозиев бо ифтихор мегӯяд, ки деҳаро ҳам ба номи Фирдавсӣ гузоштем ва ба ин тариқ дар харитаи сиёсии Қазоқистон боз як номи тоҷикӣ ворид гардид. Аҳолии деҳа 2500 нафарро ташкил медиҳад, ки ҳама тоҷиканд.

Дар мактаби ба номи устод Айнӣ 600 талаба мехонад, ки 520 нафарашон тоҷиконанд. Ба талабаҳо муаллимон У.Сарибоев (муовини директор), Фирӯза Мирзоюсуфова, Мӯҳтарама Абдуманонова, Назира Асадуллоева, Олия Беханова, Шаҳло Мирзоюсуфова, Роҳат Иномова, Гулчеҳра Абдуллоев ва дигарон дарс мегӯянд, ки қисми зиёдашон хатмкардаҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ё Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. Онҳо бо муҳаббати зиёде аз устодони худ ёд мекунанд ва аз банда хоҳиш карданд, ки салому дурудашонро бирасонам. Банда бо ҷону дил ин пайғомро тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаи "Миллат" мерасонам.

Дар мактаби ба номи Б.Ғафуров 730 ва дар мактаби ба номи Ясавӣ 800 нафар фарзандони тоҷикон таҳсил менамоянд.

Дар вақти саф бастани талабаҳо ва ба синфҳо даромадан банда ба сару либоси бачаҳо ва пойафзоли онҳо назар мекардам: ҳама наву тоза дар пойи касе калуш ё ботии кӯҳнаро надидам. Ин ҳам аз осудаҳолии мардум дар ин диёр гувоҳӣ медиҳад.

Дар вилояти Чимкент таҷрибаи муаллимони мактабҳои тоҷикии ба номи Б.Ғафуров, С.Айнӣ, Фирдавсӣ ва Ясавиро меомӯзанд ва эҷодкорона татбиқ менамоянд. Хатмкардагони ин мактабҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Қазоқистон кор мекунанд, ки ин боиси ифтихор аст.

Як ҷиҳати хуби мактабҳои тоҷикии ин кишвар он аст, ки кадрҳои омӯзгорӣ дар се ҷумҳурӣ-Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тарбия карда мешаванд. Бинобар он аз ин ҷиҳат мушкилие нест. Ҳатто кадрҳои ҷавон дар навбат меистанд.

МУШКИЛИИ МАКТАБҲО

Аммо мушкилиҳо, чи тавре ки аз сӯҳбат ва мушоҳидаҳо маълум шуд, дар нарасидани китобҳои дарсӣ, асбобҳои аёнӣ, нашрияҳои педагогӣ, адабиёти бадеӣ бо забони тоҷикӣ мебошад. Омӯзгорон дар ҷараёни дарс аз китобҳои дарсие истифода мебаранд, ки бо забони қазоқӣ чоп шудаанд. Дар синфи се мушоҳида кардам, ки муаллим дар дарси математика шарти масъалаҳоро аз китоби дарсии казоқӣ хонда ба тоҷикӣ шарҳ медод. Бузургон фармудаанд:

Ба ҳар коре ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Ман аминам, ки мардуми ҳимматбаланди тоҷик ва Вазорати маорифи саховатманди он роҳи ҳалли масъаларо ёфта, ба ҳаммиллатҳои худ дасти мадад дароз мекунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ дар ин кори хайр худро дар канор намегирад.

Аз рӯйи шунидам, дар Алмаато шахсе бо исми Бекпӯлод Тошпӯлодов кор ва фаъолият менамоянд, ки марди басо хирадманд ва фарҳангдӯстанд. Ин одам ба чандин дармондагон дасти ёрӣ дароз кардаанд. Шояд ба ин кор ҳам даст зананд.

Аз минбари "Миллат" истифода карда ба зиёиёни Тоҷикистони азиз муроҷиат менамоям, ки барои мактабҳои тоҷикии тоҷикони Қазоқистон хазинаи китобҳои дарсӣ ва асарҳои бадеӣ ташкил намоем. Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 45, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

АНДЕШАИ МИЛЛӢ

Дар сӯҳбат бо ҳаммиллатҳо масъалаи андешаи миллиро ба миён гузоштем. Таъкид кардем, ки асоси андешаи миллиро тарбияи тафаккури миллӣ, омӯхтан ва донистани таърихи халқ, арзишҳои миллӣ, ҳифз ва посдории забони модарӣ ташкил медиҳад. Барои омӯхтану донистани ин рукнҳо шарт нест, ки инсон дар як сарзамин зиндагӣ ва фаъолият намояд. Тоҷикон аз қадим дар гӯшаҳои гуногуни дунё зиндагӣ кардаанд, вале дар дилу нияташон, фикру хаёлашон андешаи миллӣ будааст. Ва ҳамин андеша тавассути забон изҳор мегардад. "Шумо, албатта, пай бурдед, - мегӯяд муовини директории мактаби Фирдавсӣ Асрор Қозиев, - ки шиори ҳамаи мактабҳои тоҷикии мо байти Лоиқ Шералӣ аст:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Бале, ман инро ҳис кардам. Вале дар назар дошта бошед, ки дар забон ҳам ишқу муҳаббат, шаҳду шакар ва ҳам шамшеру ханҷар нуҳуфта аст. Шумо забони модариро чунон моҳирона, боадабона истифода баред, ки ба иззати нафси халқу миллатҳои дигар нарасад. Фаромӯш накунед, ки шумо байни 30 халқу миллатҳо қарор доред ва дар паҳлуи ҳамдигар ҳамчун шаҳрвандони баробарҳуқуқ Қазоқистони навинро месозед.

Дар андак имкон Тоҷикистон биёед, фазандонро ҳам биёред. Аз боду ҳавои ин кишвари афсонавӣ нафас кашед, об аз чашмаҳояш нӯшед, дар дарёҳояш оббозӣ кунед, дар истироҳамгоҳҳояш роҳат намоед, дар андешаи миллӣ шарик бошед.

ТАШАККУР, САРПАРАСТОН!

Тоҷибой Алимов нақл мекунад, ки дар деҳаҳои тоҷикнишин қашоққону камбағалон нестанд. Агар бепарастон бошанд, ба онҳо сарпарастон Хайриддин Қамаров, Сарибой Исоматов ва дигарон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Ҳамин сарпарастон дар ободии маҳаллаҳо, мактабу масҷидҳо саҳм мегузоранд.

Банда ба ин ва дигар сарпарастони боҳиммат ташаккур мегӯям ва ҳамзамон хоҳиш мекардам, ки мушкилиҳои бо китоб ва нашрияҳои педагогӣ таъмин намудани мактабҳоро осон намоянд.

СИМХОРҲОРО БАРЧИНЕД, ҶАНОБОН!

Вақте ки назди бозори Славянка будем, Сафарбек Қурғонбеков гуфт, ки аз ин ҷо то он тараф 65-70 км, дуртар ноҳияи Масчоҳи нав-Зафарободи Тоҷикистон қарор дорад. Агар хоҳед, ман шуморо пинҳонӣ аз сарҳад мегузаронам, он тарафаш ду қадам, то Хуҷанд меравед, баъд Душанбе.

Ба ӯ гуфтам: "Ташаккур, бародар" Аввал ин ки, ман аз Алмаато то Душанбе дар ҳавопаймо чипта дорам. Дуюм ин ки, синнусоли ман имконият намедиҳад, ки пинҳонӣ симхорҳоро рахна намоям.

Маълум мешавад, ки давлати Ӯзбакистон на танҳо сарҳади Тоҷикистон, инчунин тарафи Қазоқистонро ҳам симхор кашида минаборон кардааст. Инро дида ҳамсоя аз ҳамсоя гирад панд гуфтагӣ барин Қазоқистон низ бетараф намондааст: сарҳадашро бо симхор девор кардааст.

Саволи матраҳ ин аст, ки ҳамаи ин барои кӣ ва ба хотири чист? Тоҷикони Мақтаарал мегӯянд, ки дар ноҳияи мо пахта аз ҳад зиёд аст, вале одами пахтачин нест. Чанд сол пеш, ки симхор набуд, зану марди вилояти Тошканд ба ин тараф гузашта пахта мечинданд ва музди хуб ҳам мегирифтанд. Акнун ки симхор девор шудааст, касе гузашта наметавонад.

Худоё, ин чӣ беадолатист! Магар фаромӯш кардаем, ки дар аҳди қадим роҳи абрешим рафтуомад ва тиҷорати тамоми сокинони Осиёи Миёна ва Қазоқистонро таъмин мекард. Имрӯз, ки ҳама роҳҳо баста шудаанд, тоҷирон аз кишвари Чин (Хитой) себ меоранд, ки на маза дораду на лаззат. Дар даҳон мисоле ки сақич мехоида бошӣ. Агар роҳҳо ҳама боз бошанд, себи хубонии Тоҷикистону себи сафеди Алмаато тамоми бозорҳои Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Осиёи Марказиро таъмин менамояд.

Ҷанобони президентҳо, шу¬мо ҳар рӯз даҳҳо бор перомуни ҷаҳонгароӣ ва ҳамгироӣ сухан меронед. Биёед ҳамгироӣ ва ҷаҳонгароиро аз ҷумҳурии худ сар кунед, симхорҳоро барчинед, минаҳоро гӯр кунед. Роҳи Абрешимро аз нав эҳё намоед. Мардум рафтуомад, тиҷорат кунанд. Ин боис мегардад, ки

-хазинаи давлат пур шавад;

-мардум серу пур гардад;

-дарахти сулҳу дӯстӣ реша давонад, панҷа занад, гул кунад.

ЧАНД ПЕШНИҲОД

Дар рафти сухан пешниҳодҳо шуданд. Инак, боз чанд пешниҳоди дигаре:

1.Муаллимони арзанда, ки дар кишварҳои дигар мактабҳои тоҷикӣ ташкил намуда, бо забони тоҷикӣ дарс мегӯянд, сазовори мукофотҳои соҳавии Вазорати маориф ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.

2.Муаллимони таърих, забон ва адабиёти тоҷик, ки дар мактабҳои тоҷикии кишварҳои хориҷии дуру наздик кор мекунанд, мӯҳтоҷи ёрии методӣ мебошанд. Дар асоси шартнома масъалаи такмили ихтисоси онҳоро ба миён гузоштан лозим;

Ҳар сол мушовирон-мутахассисонро барои маслиҳатҳои методӣ ба он кишварҳо сафарбар кардан ба нафъи кор аст.

3.Зимни ташкили анҷуман, конференсия ва семинарҳои ҷумҳуриявӣ муаллимони мактабҳои тоҷикии мамлакатҳои хориҷаро низ ба назар гирифтан лозим.

4.Мисли кишварҳои дигар дар назди ин нашриёте, ки ба чопи китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ машғул аст, намояндаи табъу нашри Вазорати маорифи Тоҷикистонро боист таъин кард.

5.Дар ҳар 3-4 сол барои мактабҳои тоҷикии кишварҳои хориҷӣ ташкили корвони китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, воситаҳои аёнӣ, асарҳои бадеӣ, нашрияҳои педагогӣ, маҷаллаҳо барои омӯзгорону кӯдакон аз фоида холӣ нест.

6.Масъалаи обуна бо нашрияҳои педагогиро бояд ҳал намуд.

7.Аҳолии тоҷикзабони деҳа ва ноҳияҳои Қазоқистон аз файзу баракати телевизиони тоҷик бебаҳраанд. Роҳи ҳалли ин масъалаи муҳимро бояд дарёфт.

АРЗИ СИПОС

Мӯҳтарам сармуҳаррири "Миллат", иҷозат диҳед ба воситаи ҳафтаномаи Шумо ба чанд нафар, ки дар ин сафар маро раҳнамоӣ кардаанд, арзи сипос намоям.

Рӯзи 30 октябри соли 2009, ки азми сафари вилояти Чимкенти Қазоқистон карда будам, дар автовокзали "Сайроан" бо Сафарбек Қурбонбеков вохӯрдам. Ин марди қазоқ, ки зодаи ноҳияи Колхозободи Тоҷикистон мебошад, соли 1980 ба он ҷо кӯч бастааст ва ҳоло ба тиҷорати майда машғул аст. Сафарбек муддати се рӯз маро ҳамроҳӣ ва раҳнамоӣ кард. Сад ташаккур!

Тоҷибой Алимов баъди хатми факултаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш.Душанбе чанд сол дар омӯзишгоҳи педагогии ш.Қӯрғонтеппа кор мекунад ва баъд ба зодгоҳаш ноҳияи Сариоғочи вилояти Чимкенти Қазоқистон кӯч мебандад. 42 сол дар мактаби тоҷикии ба номи С.Айнӣ кор мекунад. Ҳоло нафақагир мебошад. Аз рӯзи аввал маро ҳамроҳӣ ва шабе меҳмондорӣ кард. Ҳамсояҳо омаданд, сӯҳбати ҷонофарин баргузор гардид. Ин шогирди закиам дар таълифи "Алифбо" ва "Забони тоҷикии синфи 1 барои мактабҳои тоҷикии Қазоқистон" ҳаммуаллиф мебошад. Оилааш Умрия Алимов ҳам чанд сол муаллимӣ мекунад ва ҳоло дар нафақа аст. Модари мушфиқ, кадбону олиҷаноб.

Дар ин оила 7 фарзанд ба камол мерасанд, ки ҳама соҳиби хонаю дори худ мебошанд. Ба шогирдам Тоҷибой ва аҳли оилаи ин кас сипос арза медорам.

Дар охир ба ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Тағойбобо Шукурзод, ки маблағи сафария ва кирояи маро аз 27 октябр то 2 ноябр пардохтааст, миннатдорӣ ва арзи сипос гуфтаниям.


М. ЛУТФУЛЛОЗОДА
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97