РЕНЕСОНC ДАР ҒАРБ ЧӢ ПАЁМАДЕ ДОШТ?

Фарҳанг ва адаб 02.02.2010 14:00

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Мо аз мактабҳои мухталифе ваҳшат доштем вале пас аз диққати фаровон фаҳмидем, ки ин ҳама тарси мо беҷо аст, зеро мо аз яҳуд, ҷинси зард (Япония ва Хитой) ва хатари коммунизм метарсидем вале баъд фаҳмидем, ки тарси мо беҷо будааст, зеро яҳудиён дӯсти самимии мо ҳастанд. Бинобар ин душманони онон, душманони мост. Сипас дидем, ки Болшевикҳо (коммунистҳо) хампаймони мо гардиданд вале хатари ҳақиқӣ дар асоси ислом аст, дар нуфузи ислом дар пирузӣ ва дар зиндагии он аст. Ислом аст, ки сади хақиқии истеъмори аврупост".

Аз гуфтаҳои таблиғгари ғарбӣ чунин маълум мешавад, ки онон камокон кинаи худро дар дил дошта, дар баъзе мавридҳо чеҳраи исломро ба таври нодуруст ва ғайри воқеӣ нишон медиҳанд. Дар бархе аз баромадҳояшон оиди ислом ибрози ақида намуда, дини исломро ҳамчун дини терроризм ва даҳшатафканӣ муаррифи месозанд. Дар ҳоле, ки ин иддаҳо комилан беассос ҳастанд. Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро аз тари?и минбари баланди Созмони милали мутаҳид дар солҳои 2005- ум баён дошта буд.

Зимни суханрониаш чунин гуфта буд: "Терроризим ё даҳшатафканӣ дорои дин ва мазҳаб набуда ва ба худ ҳечгуна марз ва ҳудудро қоил намебошад". Бинобар ин, терроризм ва даҳшатафканӣ метавонад ҳам дар дохили як кишвар сурат гирад ва ҳам дар хориҷ, аз марзҳои он.

Ислом аз ҳаргуна даҳшатафканӣ ва террор орист. Оре, дини ислом аз ҳаргуна зуҳурот ва падидаҳои номатлуб берун аст. Ислом дини зиндагӣ ва ишқу муҳаббат аст. Барои зиндагӣ барнома дорад. Бинобарин, барои ононе, ки исломро хамчун хатар ва таҳдид алайҳи манфиатҳои хеш медонанд аз назари онон хатари аслӣ маҳсуб мегардад.

Дар солҳои охир истеъмор вориди марҳилаи нав шуда бо шеваҳои гуногун фарҳанги асил ва бумии кишварҳоро мерубояд. Ибораи терроризм, ки ҳар рӯз аз расонаҳои хабарӣ сомонаҳои интернетӣ садо медиҳад ба хотири салби амният ва нооромии кишварҳои манфиатҷӯ аз тариқи роҳҳои ғайри қонунӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсист.

Дар фарҳанги "Webster" таърифи терроризм чунин омадааст: "Амали ба ваҳшат андохтан, истифода аз зӯр ё таҳдид барои суст намудани рӯҳия мебошад". Ба ибораи дигар, террор иборат аст аз салби амният ва шеваҳои ғофилгирона ва ғайри қонунӣ бо ҳадафҳои сиёсӣ. Ҳадафи тактики терор, эҷоди тарс ва даҳшат ва ҳадафи охирини он мақсадҳои сиёсист.

Тибқи таърифи фарҳанги «Webster» масъалаи террор ва терроризм ин ҳамон салби оромиш ва осудагии як миллат ва як кишвар ба хотири расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ аст.Бо истифода аз тактикаҳои қатл ва куштор, эҷоди тарс ва даҳшат ва ғайра мебошад. Хулоса, ба назари нигоранда терроризм ин як падидаи наве нест ва дар тӯли таърихи башарӣ ва ҳоло низ бо услубҳои навтарин дар шаклҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ идома дорад. Поёни ин падида ба хеч кас маълум нест.

Агар зарурати таърихӣ пеш омад, он гоҳ хақиқати таърих ошкор ва чеҳраҷри шуми онон муҷозот хоҳанд шуд. Зиндагии сиёсии кишварҳои ҷаҳон бадин минвол идома дорад.


Абдуллоҳи ҚОДИРӢ, сиёсатшинос
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97