ФАРБЕҲӢ БЕМОРИСТ

Фарҳанг ва адаб 20.01.2010 14:28

Фарбеҳӣ як навъ беморист ва то онҷо, ки оморҳо далолат медиҳанд ва мутахасасисин мегӯянд, ҳанӯз давои ин беморӣ кашф нашуда ва аз нисф зиёди сокинони рӯйи заминро мубталои худ гардонидааст. Мардум фарбеҳиро аслан дар пурхӯрӣ мебинанд ва яке аз сабабҳои ба ин беморӣ мубтало шуданро аз шароити хуби зиндагӣ ва сарватмандии шахс низ арзёбӣ мекунанд. Аммо зиндагӣ дар бисёр мавридҳо тазоди ин гуфтаҳоро рӯшан месозад. Сарватмандоне, ки симу зарҳояшон хирманҳост ва дар зиндагӣ мушкилоте надоранд, беҳтарин ғазову шаробро меошоманду тановул мекунанд, вале нишонаҳои фарбеҳиро наметавон дар вуҷуди онҳо мушоҳида намуд.

Ба ақидаи равоншиносон онҳо ашхосеанд ҳассос ва ба ҷузъиёту ҳаводиси рӯзгор бетафовут буда наметавонанд. Баръакс, онҳое, ки ба ҳама падидаҳо бетафовутанд, ғамро аз шодӣ ва шабро аз рӯз фарқ намекунанд, беномусонеанд, ки маънии зиндагиро танҳо дар хӯрдану хуфтану хӯрдану… медонанду бас. Эшон роҳати якрӯзаро беҳтарин мояи хушбахтӣ ва сармояи хеш пиндошта, ғофил аз онанд, ки фарбеҳӣ дар пай мазарратҳои зиёде дорад ва инсонро дучори маъсияту ранҷу азоб намуда, фикрашро хароб ва ҷисму андомашро ба коҳилӣ мекашад.

Луқмони Ҳаким ба писараш насиҳате кард ва гуфт:-Чун меъда пур шавад ва андомат фарбеҳ гардад, фикрат бихусбад ва ҳикмат гунг шавад ва андомҳо аз ибодат коҳилӣ кунад. Саҳли Тустарӣ мегӯяд: - Сари ҳамаи некӯиҳо-миёни осмону замин гуруснагӣ аст ва сари ҳамаи бадиҳо-миёни он серӣ. Ҳар ки нафси худро гурусна дорад, васвасаҳо аз ӯ мунқатеъ (қатъ) шавад.

Аммо дар ҳар мазоҳибе ва дар ҳар адёне ҳамеша аз фавоиду фазилати гуруснагиву лоғарӣ гуфтаанд ва онро мояи хушбахтии инсонҳо арзёбӣ намудаанд. Шояд суоле пеш ояд, ки фазилати гуруснагӣ ва адами фарбеҳиро ба чӣ метавон маънидод кард, дар ҳоле ки гуруснагӣ ба ҷуз ранҷу озори меъда чизи дигаре ба бор наорад. Дар назари аввал инсоне, ки мехоҳад ба кам хӯрдан меъдаашро одат бидиҳад, ба мушкилоту ранҷу азоб гирифтор мегардад. Вале бо гузашти муддате меъда аз ранҷи гуруснагӣ раҳо меёбад ва инсон ба он хӯ мегирад. Манфиати гуруснагиро замоне эҳсос мекунад, ки тамоми ранҷҳояш ихроҷ ва хешро солиму бардам дармеёбад. Дар кутуби қадима ва рисолатҳои донишмандони пешин манфиати гуруснагиро бар чанд ваҷҳе собит кардаанд, ки илми тибби муосир онро хеле муфиду фоидаовар хондааст.

ДАҲ ФОИДАИ ГУРУСНАГӢ

АЗ НИГОҲИ ҒАЗЗОЛӢ

Муҳаммад Ғаззолӣ фавоиди гуруснагиро бар даҳ ваҷҳ хондааст:

Фоидаи аввал: - Сафои дил ва афрӯхтагии хотир ва нафози (нуфуз) басират аст. Серӣ кундзеҳниро афзун кунад, дилро кӯр гардонад ва бухор бисёр ба димоғ расонад ва мисли масте, ки аз тафаккур бозмемонад, ақлҳои эшонро тира гардонад. Ҳатто кӯдаке, ки ба пурхӯрӣ одат кардааст, қувваи ҳофизааш ботил гардад ва зеҳнаш фосид шавад ва фаҳму идроки ӯ кундӣ пазирад. Пайғомбар (с) мефармояд: - Зинда доред дилҳои худро ба андаке ханда ва пок гардонед онро ба гуруснагӣ, то софӣ шавад ва тунук гардад, гуруснагӣ чун раъд аст ва қаноат чун абр ва ҳикмат чун борон. Ва ҳар ки шиками худро гурусна дорад, фикрати ӯ бузург шавад ва дили ӯ зирак гардад. Гуруснагӣ нури ҳикмат аст ва серии бисёр дурӣ аз Худост. Сер машавед, ки нури маърифат аз дилҳои Шумо бимирад.

Фоидаи дуввум: -Риққати дил ва сафои он. Сафое, ки аз баракати он лаззати муноҷот дарёбад ва аз зикр асар пазирад. Он чи эшон мутолиа намояд, дар зеҳнаш боқӣ монад ва шахси сер лаззоти мутолиаашро дарнаёбад ва ғафлати хоб доимо домангираш бошад.

Фоидаи саввум: - Шикастагӣ ва хорӣ аст ва заволу шодиву анбордагӣ оғози бефармониву ғафлат аст. Ва нафс ба ҳеҷ чизе чунон шикаставу хор нашавад, ки ба гуруснагӣ. Одати Пайғомбар (а) ин буд, ки як рӯз гурусна буд ва як рӯз сер, дар ҳоли гуруснагӣ сабр мекарду тазарруъ менамуд ва дар ҳоли серӣ шукр мегуфт.

Фоидаи чаҳорум: - Он ки балову азоби Худо фаромӯш накунад ва на аҳли балоро, чунонки серро аз гуруснагон ва гуруснагӣ ёд наёяд ва бандаи зирак ҳеҷ балое набинад, ки на балои охиратро бад-он ёд орад

Вақте Юсуф (а)-ро пурсиданд, ки чаро гурусна мебошӣ, бо он чӣ хазоини замин дар дасти туст? Гуфт:-Метарсам сер шавам ва гуруснагонро фаромӯш кунам. Зикри гуруснагону мӯҳтоҷон яке аз фоидаҳои гуруснагӣ аст ва сер аз дарди гурусна ғофил бувад.

Фоидаи панҷум: - Шикастани шаҳват аст, ки он ҳама маъсиятҳоро эҷод мекунад ва нафси инсонро ба хӯйи бадиҳо раҳнамун месозад ва рӯшан аст, ки маншаи ҳамаи гуноҳҳо шаҳвату қувват аст ва моддаи қувату шаҳват таъом аст. Пас кам кардани таъом шаҳвату қувватҳоро заъиф кунад ва саъодати инсон ҳам дар он аст, ки молики нафси худ бошад. Ҳамчуноне, ки шутури саркашро ҷуз ба заъфи гуруснагӣ ром натвон кард ва чун сер шавад қувват гирад ва бирамад ва саркашӣ кунад. Пас нафс ҳамчунин аст ва яке аз бузургсолонро пурсиданд, ки чаро тани худро тааҳҳуд намекунӣ, бо он чӣ шикам гуруснаву тан шикаста шудааст? Бад-он, ки зуд анборда шавад ва саркашии фоҳиш кунад ва метарсам, ки аз саркашӣ маро дар вартае андозад. Аз ин ҷо ман ӯро дар сахтиҳо дорам, беҳ аз он ки ӯ маро дар зиштиҳо орад.

Чун инсон аз будаш сер бошад, шаҳватҳояшро манъ натвонад кард ва фикратҳои бад дар дили ӯ ояд ва чашмонаш ҳамеша дар мурдоби зино ғарқ бошад.

Фоидаи шашум: - Дафъи хоб аст ва пайваста бедор будан. Шахсе, ки сер бошад, оби бисёр хӯрад ва касе, ки оби бисёр хӯрад бисёр хусбад ва дар бисёрии хоб зоеъ шудани умр аст ва фавти таҳаҷҷуд (шабзиндадорӣ) ва кундии табъу сахтии дил, ки бад-ин васила умрро, ки нафистарин гавҳар ва сармояи банда аст, ки бад-он бозаргонӣ кунад. Хоби зиёд марг аст ва бисёрии он кам кардани умр аст. Ва агар хоб одати ғолиб шуд, тамоми умри одамӣ зоеъ гардад, зеро тарки одат бисёр муҳол аст.

Фоидаи ҳафтум: - Осон шудани мувозибат бар ибодат аст. Шахси пурхӯр ҳамеша дар фикри пур кардани шикам аст, ки ин амал ӯро аз ҳама гуна умури нофеъ бозмедорад ва мӯҳтоҷ ба ҳӯрдан мекунад ва дар ин амал инсони мутеи нафс умрашро дар омода сохтани масолеҳи ғазоӣ ва пухтани он масраф мекунад.Вақте инсон аксари авқоти худро машғули хӯрдан мекунад, ҳар нафаси гарони умрро аз даст медиҳад ва аз сирати инсонӣ ихроҷ ва ба ҳайвоне, ки аз ҳама гуна ибодот дур аст, табдил меёбад ва қиммати умри гаронбаҳоро ҳаргиз дарнамеёбад.

Фоидаи ҳаштум: - Дар кам хӯрдан сиҳати тан аст ва дафъи бемориҳо. Сабаби аксари бемориҳо бисёр хӯрдан аст, ки меъдаро ба зиёд кор кардан маҷбур месозад ва рагҳои он кашида мегарданд. Вақте инсон бемор гардид, аз ҳама аъмоли накӯ худро канор мегирад ва дилаш мемирад ва дучори ташвишҳои зиёд мегардад.

Ва омадааст, ки Ҳоруннарашид чаҳор табибро ҷамъ кард: ҳиндӣ, румӣ , ироқӣ ва саводӣ (Савод яке аз рустоҳои Ироқ аст) ва гуфт:-Ҳар якеро аз Шумо бояд, ки доруеро, ки дар ӯ ҳеҷ дарде нест, таъйин кунед. Ҳиндӣ гуфт:- Доруе, ки дар ӯ ҳеҷ дарде нест, наздики ман ҳалилаи сиёҳ аст. Румӣ гуфт:- Сипандони сафед аст. Ироқӣ гуфт:- Оби гарм аст. Саводӣ гуфт:- Ҳалила меъдаро дурушт кунад ва сипандон тунук ва оби гарм суст ва ин ҳар се дард аст. Гуфтанд:- Ту чӣ мегӯӣ? Гуфт:- Доруе, ки дар он дарде нест, наздики ман он аст, ки нахӯрӣ то иштиҳо содиқ нашавад ва даст аз таъом бидорӣ ва ҳанӯз иштиҳо боқӣ бувад.

Фоидаи нуҳум: - Сабукии маъунат аст. Агар касе ба кам хӯрдан одат кунад, моли андак вайро басанда бошад ва агар серӣ одат кунад, шиками ӯ ғариме аст, ки ҳамеша мулозими ӯ шавад, ки ҳар рӯз дар фикри он бошад, ки чӣ бихӯрад ва ба хотири пур кардани шикам аз ҳалолу ҳаром хӯрдан рӯй нагардонад ва ба нони дигарон тамаъ бандад, ки оқибаташ ғояти ваҳшат аст.

Яке аз ҳукамо гуфт:- Ман бештари ҳоҷатҳои худ ба тарк раво кунам ва нафси ман дар он осудатар бошад ва дигаре гуфт:- Чун хоҳам, ки барои шаҳвате ва ё зиёдатӣ аз касе вом (қарз) кунам, аз нафси худ кунам ва он шаҳват бигзорам ва он маро беҳтар ғариме бошад. Ва Иброҳими Адҳам аз ёрони худ аз қимати хӯрданӣ бипурсидӣ, агар гуфтандӣ гарон аст, гуфтӣ:- ба тарк онро арзон кунед.

Дар ҷумла сабаби ҳалоки мардумон ҳирси эшон аст, барои дунё ва сабаби ҳирси эшон шикаму фарҷ аст ва сабаби шаҳвати фарҷ шаҳвати шикам аст ва кам хӯрдан ин ҳама дарҳо баста гардонад.

Фоидаи даҳум: - Он ки исор (бахшандагии беҳад) тавонад кард ва садақа тавонад дод ятимону мискинонро аз таъоми зиёдатии хеш, то дар рӯзи қиёмат дар сояи садақаи хеш бошад. Агар аз се ду ҳиссаи таоми худро садақа диҳад ва аз боқимонда худ тановул кунад, меъда ғазоро дуруст ҳазм мекунад ва эшон ба камхӯрӣ одат кунад, ки ин яке аз фавоиди кам хӯрдан аст.

Пас аз мутолиаи ин даҳ фоида бармеояд, ки гуруснагӣ хазинаи азимест барои сиҳатии тан ва фитрати инсонӣ. Гуруснагӣ калиди дари хушбахтиҳост ва шахси пурхӯр ҳамеша дучори мушкилот аст, ки зикраш гуфта шуд.

ФАРБЕҲӢ ДАР ҶАҲОНИ ИМРӮЗ

ВА ЛОҒАРШАВӢ БО КАМХӮРӢ

Агар мо ба омори ҷаҳонӣ назар афканем, ба хубӣ мебинем, ки ашхоси фарбеҳ дар муқоиса бо лоғарандомон чанд мартаба зиёд аст. Мутахассисину пизишкони соҳа бо кашфи доруҳои маргбор, ки гӯё сабабгори аз байн бурдани фарбеҳӣ бошад, мардумро ташвиқ менамоянд. Аммо, таҷруббаҳо нишон медиҳанд, ки инсонҳои фарбеҳ бештар аз истеъмоли ин намуд доруҳои маснӯӣ масмум гардида, гирифтори амрози махуф мегарданд ва хусусиёти шифоҳии онҳоро мутахассисин ба сифр баробар кардаанд.

Ба хотири рафъи мушкилоти мавҷуда роҳҳои наҷот аз ин мараз пешниҳод гардида ва то ҷое муассир будани хешро ҳам нишон додаст. Яке аз усулҳои маъмули лоғаршавӣ риояи одоби камхӯрист, ки агар инсон бихоҳад бо муроот намудани қавоиди гуруснагӣ чарбуи баданро мепартояд ва ба инсони комилу солим табдил меёбад. Инсоне, ки ба пурхӯрӣ одат кардааст, наметавонад ба якборагӣ аз одоти худ даст кашад, зеро ки мизоҷи ӯ ба ин амал тоб наёварда вуҷудаш ба якборагӣ заиф мегардад, ки аз ин дучори ранҷи азиме мешавад. Бад-ин хотир бояд дараҷа ба дараҷа хӯрокхӯриро кам кунад ва меъдаро ба кам хӯрдан муътод намояд, то он гоҳ ки сер нашудааст, даст аз таъом боздорад. Инсон бояд чандоне бихӯрад, ки гаронии меъдаро эҳсос накунад ва тобеи нафси саркаш набошад. Суннати пайғомбарон ҳам ин буд, ки агар чошт нон мехӯрданд, шом аз он даст мекашиданд ва субҳ андак мехӯрданд, то муътод ба пурхӯрӣ набошанд ва исрофро ба хотири меъда ҳаргиз хуш надоштанд.

Ҳар гоҳ одамӣ лаззоти гуруснагиву сериро эҳсос накарда бошад, ба коре майлу рағбате зоҳир накунад ва дар амали худ эътидол наёбад. Ва агар чун нафси инсон саркаш ва омехтаи шаҳватҳо бошад, эътидол ӯро суд набошад ва тобу тоқати гуруснагиро таҳаммул натвонад кард. Мақсуд агар шикастани нафс аст, пас, бояд инсон ба хотири хушбахтӣ ва саъодати хеш мӯътод ба камхӯрӣ гардад ва нафси шара ва шаҳватро ба сурати эътидол дарорад, он гоҳ метавонад ба кам кардани ғизо муваффақ шавад ва ба сурати инсони комил дарояд.

Иброҳими Адҳам якеро аз дӯстони худ сим дод ва гуфт:

-Барои мо маска ва ангубину нони майда бихар. Гуфт:- Ба кулли ин сим бихарам? Гуфт:- Эй некбахт, чӣ истиксор мекунӣ? Мо чун биёем, мардвор бихӯрем ва чун наёем мардвор сабр кунем.

Биёед дар хӯрдани ғизо ва ошомидани шаробу шарбат мардвор сабр кунем ва меъдаи худро ба кам хӯрдану ошомидан мӯътод намоем ва аз ин ба баъд миллате солим бадар оем. Зеро, пурхӯрӣ боиси тамоми бадбахтиҳост, ки саранҷом моро ба кӯи бемориву дарду ранҷ мекашонад.


Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97