ШОҲИНБОД ВА СИТОРАҲОИ ХУҶАНД

Фарҳанг ва адаб 11.01.2010 13:47

АБДУҒАФУР САМАДОВ ДАР ГӮШИ

КАРИМ АБДУЛОВ ЧӢ ГУФТ?

Пеш аз Иҷлосияи 16 -и Шӯрои Олӣ деҳқонподшоҳи Осиёи Миёна Абдуғафур Самадов дар шифохонаи физиотрапевтӣ табобат мегирифт. Табибон фонедоскопро аз дили Раис ва Раис фонедоскопи сиёсиро аз дили ҷомеа намебардошт. Тавассути одамонаш ҳар замон маслиҳат медод. Аксари муаррихону сиёсатмадорон саҳми Абдуғафур Самадовро дар ташкили Иҷлосия сарфи назар намуданд. Ба назди Раисбобо марҳумон Сафаралӣ Кенҷаев ва Раҳмон Набиев омаданд. Раис вақти қабули онҳоро муайян кард.

Пагоҳ ҳар ду бояд дар Иҷлосия истеъфоро қабул кунанд. Мулоқот шабона рух дод. Раисбобо ба собиқаҳо назар карда гуфт:

- Ба нағзӣ истеъфо диҳед. Коре кунед, ки ҷанг ба Ленинобод набиёяд!

Баъди вай Профессор Карим Абдулов низ ба назди Раисбобо даромаданд. Вале то ҳол ба Раисбобо чи гуфтааст, ба касе маълум нест. Порфессор ҳатто дар китоби "Иҷлосияи тақдирсоз" дар ин бора чизе зикр накардааст. Танҳо баъди 15 сол профессор ин гапи таърихиро ифшо кард:

Раисбобо дар гӯши ман гуфт:

- Рав кората кун! Ман миёнамро молиш медиҳам...

ИШТИБОҲИ ГУЛНАЗАР

Устод Гулназар як силсила сурударо дар ҳавои фаҳлавиёти мардумӣ ба Карим Абдулов эҳдо намуд.

Дар ҷашни 65 солагии устод Гулназар рубоии зеринро хонд:

Масчоҳба мурам, чашмаи обашба мурам,

Нони ба мисли офтобашба мурам.

Эҳсону саховату савобашба мурам,

Илҳоми Каримҷону китобашба мурам.

Як хонанда дар толор барои саволдиҳӣ даст бардошт:

- Шоир Гулназар дар шеъраш аниқ накардааст, ки кадом китоби Карим Абдуловба мемурад. Охир профессор 120 китоб навиштааст.

Баъдтар ин мисраъ бо чунин таҳрир суруда шуд:

…Илҳоми Каримакову сад китобашба мурам.

Ва ба умри устод Гулназар боз сад соли дигар изофа шуд.

МОДАГОВ АЗ ТАМБОВ

Агар профессор Карим Абдулов бонкдор мебуданд, дар ду рӯз муфлис мешуданд. Пул дар ҷайбаш умри зиёд намедид. Аз ҳама беш асъори хориҷиро бад медид. Писараш Ҷамшедҷон барояш доллар равон кунад, бо ғазаб мегуфт:

- Шеъри Ниёзиро аз ёд кунед!

Тоҷикам ман, тоҷикам,

"Ба ман пули тоҷикӣ диҳед"!

Вале аз ин бадбинӣ як шогирди профессор моҳирона истифода мебурд. Азбаски профессор қурби асъорро намедонист ва намепурсид, ними пулҳо ба яғмо мерафтанд.

Рӯзе дар ҳавлии профессор ҳамроҳи ҳофизи маъруф Муродбеки Насриддин ош мепухтем. Ҳамин лаҳза ширфурӯш омад.

Профессор ботааҷҷуб пурсиданд:

- Чаро шират дар ду рӯз ним сомонӣ қимат шуд?

- Курси пули русӣ баланд шуд, амак!

- Чӣ модаговат аз Тамбов - мӣ!!!

СИТОРАҲОИ ХУҶАНД

Аз ҷониби Ҳукумати вилоят дар шаҳри Истаравшан як тадбири фарҳангӣ созмон дода шуд. Профессор бояд бо мошинаш моро аз шаҳр мегирифт. Қарордод шуд, ки дар рӯ ба рӯи мағозаи марказӣ вомехӯрем.

Азбаски дишаб вазифаи пурифтихори соқиро иҷро кардам, аз хоб дер хестам. Профессор бо ҳамроҳии Атахон Сайфулоев дар назди майдони Ситораҳои Хуҷанд қадам мезаданд.

Ману Суруш ин лаҳзаи гувороро тамошо мекардем. Дар паҳлӯи ҳайкалҳои бетонӣ ҳайкалҳои зинда қадам мемонданд.

- Устодон дақиқ медонам, ки дар сад соли оянда дар инҷо бароятон ҷо намедиҳанд. Зеро барои дарк кардани афкор ва эҷоди Шумо боз сад сол даркор аст. Беҳтараш ҳар рӯз се соат дар паҳлӯи ҳайкалҳо рост истода, насли нави имрӯзаро бо маънавиёт шинос намоед.

ДАШНОМ ВА ХУДДАШНОМКУНӢ

Олими маъруф ва муаллими варзида Солеҳ Ашӯрович Раҷабов дар такомули мансабию илмии Карим Абдулов саҳми беназир дошт. Имрӯз садҳо нафар олимону сиёсатмадорон аз дарси сахтгирии ӯ ба пояи баланди маърифат расиданд.

Фақат як олимтарош ҳамеша аз дасти Солеҳ Ашӯрович мелағжид. Одати аҷиб дошт. Агар барои ягон гуноҳаш ӯро ҷеғ мезад, пеш аз Ректор худаш мегуфт:

- Муаллим ман ҳаромӣ, ман падарлаънат! Ман садқаи одамгарӣ шавам…

- Бас, бас, равед коратона кунед- мегуфт Солеҳ Ашӯрович

Ҳамин тавр аз утоқи Ректор ҳамеша бе ҷазо мебаромад.

Бадтараш ҳамин аст, ки ӯро чанд бор аз вазифа пеш карданӣ буданд. Аммо худашро дашном медоду вазифаро тарк намекард.

Ин дафъа ба дасти Ректори хурд - Котиби комитети комсомолии Донишгоҳ Карим Абдулов афтид.

Карим Абдулов бо силоҳи худаш пеш аз ӯ ба ҳуҷум гузашт:

- Ҳаромӣ, падарлаънат, дафъ шав!!!

Ҳамин тариқ аз олимтароши ландаҳур халос шуданд.

ИҚТИБОСҲО

Муҳаббат бол пайдо мекунад ва барои аз ҷониби зан ба сӯи маъшуқа парвоз кардан, имкон медиҳад.

Инсонро ё кор, ё маош қаноатманд мекунад.

Суръати торикӣ аз суръати рӯшноӣ сад бор бештар аст.

Инак соли 2010 сайёра ба Бешаи Палангон табдил меёбад.

Мардҳо аз тамоми қисмҳои қатъшаванда пойҳоро бештар дӯст медоранд.

Имсол гумон мабар, ки холист,

Шояд, ки паланг хуфта бошад.

Эълон!

Корхона занҳои хушсурати то 25 сола ва аз шавҳарҳояшон ҷудо шударо ба кор даъват мекунад.

Хидматрасонӣ: Дояи хушрӯйро то синни 25 сола ба кор даъват мекунам. Дар бораи худам: 50 сола, муҷаррад.


Наҷмиддини ШОҲИНБОД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97