АБУ ҲАНИФА ВА ИШҚ

Фарҳанг ва адаб 05.01.2010 20:00

Соли бузургдошти Имоми Аъзам ба поён мерасад, аммо бузургии Абу Ҳанифа ва мақому манзалаташ не. Гуфтание дар дил дорам, ки муносиби ин фурсат аст ва бояд онро қабл аз анҷоми ин сол бигӯям. Шояд муносибтарин рӯзе, ки ин мақоларо ба дасти чоп медодам санаи 14 феврали соли равон буд, чун ин рӯз ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ишқ таҷлил мешавад, аммо муддате ин матлаб таъхир шуд, чун ишқ рӯз надорад ва ҳар рӯз рӯзи ишқ аст ва ишқ ҳам барои ҳар рӯз.

Ишқро оғоз ҳаст анҷом нест,

Бомдоди ошиқонро шом нест.

ИШҚ ДАР ДОДГОҲИ ФИҚҲИ ҲАНАФӢ

Соли 2001 соли пурдаҳшате барои на танҳо мардуми ранҷури Афғонистони ҳамсоя, балки барои ҷаҳониён низ буд. Маҳз дар авохири ин сол буд, ки ҳодисаи мудҳиши таркишҳо дар ИМА ҷаҳонро ба ларза даровард ва лашкаркашиҳои зиёдеро дар пай дошт. Дар ин сол буд, ки тахти Толибон дар Кобул вожгун шуд ва дуди ҷангу алангаи набард софии осмони ин шаҳри бостониро хадшадор сохт. Ҷаҳон ба якборагӣ ба ин сарзамини ҷавру ҷафокашида ва аз сахтиро ноорамида таваҷҷуҳ намуд. Ҳама аз ҷанг аз пешравиву шикасти нирӯҳои гуногун мегуфт. Аз бамборонҳо ва аз куштору қурбониҳо, аммо касе аз ишқ намегуфт.

Дар чунин шабу рӯзи пурдаҳшат ва дар зери дуди оташу нооромиҳо, дар яке аз кӯчаҳои Кобул писару духтаре қимори ошиқӣ бохтанд. Хотирхоҳи ҳамдигар шуданд ва ишқашон ба фарёд расид. Падару модари онҳо низ аз ин огаҳ шуданд ва бештар аз ҳама волидайни духтара дар ташвиши бузург уфтода буданд. Оре!!! Ҳарчӣ бошад, обрӯйи духтар бештар аз писар осебпазир аст.

Ба ҳар василаву роҳ кӯшиданд, ҷилави инро бигиранд ва обрӯйи духтари худро аз рехтан ҳифз кунанд, бехабар аз он, ки аллакай дер шуда буд, ҳамонгуна, ки гуфтем, ишқашон ба фарёд расида буд. Баъди талошҳои бесамар волидайни духтар чорае ҷуз ин наёфтанд, ки манзилу сукунати худро тағйир диҳанд ва ба як гӯшаи дастнорасу номаълуме бираванд ва аз шарри ишқи духтарашон дар амон бимонанд ва чунин ҳам карданд.

Мутобиқи одати дерина як рӯзе писара омаду назди хонаи духтар ва хост бо баҳонае ӯро бубинад, аммо хабаре аз ӯ набуд. Вақте аз ҳамсояҳо пурсид, гуфтанд, ки онҳо аз инҷо ба суроғаи номаълуме кӯч бастанд.

Шарар дар дили бирёни писар уфтод. Беқарорияш зиёдтар гашт. Дар худ печид. Оҳаш ба фалак рафт. Аммо навмед нашуд. Ҷустуҷӯро оғоз намуд. Рӯзу шабу ҳафтаву моҳро намегузошт бе ҷустуҷӯи ёри гумкардааш сипарӣ шаванд. Кобул ҳам оромтар мешуд ва ҷаласаи Бон низ кори худро дар ин ҳангом хотима доду ҳукумати муваққат бо роҳбарии Карзай ташкил шуд. Миллати Афғонистон ба зиндагӣ дилгарм мешуд. Ҷустуҷӯи ошиқписар ҳам давом дошт.

Билохира, рӯзе гумгаштаашро пайдо кард ва аз фарти шодӣ бо боди сабо мечархиду мерақсид. Ин дафъа, дигар эҳтиёту шарм намекард. Ошкоро ба сӯйи ёраш мерафт. Ҳамаро мегуфт. Дигар чизе барояш аҳамият надошт. Талошаш ҳама васли ёр буд.

Вақте падару модари духтар диданд, ки ишқи ин ду ошиқ аз пардаи исмат берун меҷаҳад, чорае ҷуз ин наёфтанд, ки ба мақомоти дахлдор муроҷиа намоянд. Дар як муддати кӯтоҳ пулиси тозанафас ва бо ҳарорату шавқ расиду писараро аз дами хонаи духтар баста бурд. Ҷурмаш; "ошиқӣ". Ӯро мебурданд, донаҳои ашк рухсораи маҳбубаашро, ки аз пушти панҷара наззора мекарду дар ёфтани илоҷ бечорагӣ мекашид, мешӯст.

Ин достони воқеӣ аллакай шӯҳраи шаҳр шуда буд. Пулис ӯро мебурду то рафт атрофаш одампеч мешуд то ба бунбасти мардумон дар монд. Нохост аз миёни анбӯҳ ҷавони ҷиддӣ ва тану манде ба сӯйи пулис омаду аз онҳо тақозо кард, ки ҷавони ошиқи дар банд мондаро раҳо намоянд.

Ошиқписар ҳам ин ҷавонро намешинохт ва чунин шафоатеро аз касе интизор надошт. Гуфтугӯе байни пулис ва он ҷавон сурат гирифт. Пулис мегуфт, ӯ муҷрим аст ва бояд муҷозот шавад. Аммо он ҷавони таҳамтан мегуфт, ки охир ӯ чӣ ҷурме кардааст? Пулис ҳам ба ин пурсиш посухи мушаххасе наёфту ба он ҷавон гуфт, ки инро, ки ӯ чӣ ҷурме дораду бояд чӣ ҷазое бинад, дертар аз тарафи уламо муайян хоҳад шуд. Он ҷавон гуфт; кадом уламо? Пулис дар посух гуфт, ки уламои дину шариат ва мазҳаби ҳанафӣ мутобиқи таълимоти мазҳаб ҷурми ӯро муайян хоҳанд намуд ва ба ӯ ҷазо хоҳанд дод. Он ҷавон нохост гуфт, ки ин писара ошиқ аст ва Абу Ҳанифа ошиқ набуд. Ӯ намедонист ошиқӣ чист?

Вақте ин суханҳоро гуфт, бисёре аз мардуми атрофаш ҳайратзада шуданд ва ҳама фикр карданд ин ҷавоне, ки ба шафоати он ошиқписар омадааст, одами девонае ҳаст. Дигар ба ӯву ҳарфҳояш касе аҳамият қоил нашуд ва ҷавонро кашолакунон бурданд. Бурданд то ошиқе дар маҳбаси фиқҳ муҷозот шавад.

ФИҚҲИ ҲАНАФӢ

НАҶОТБАХШИ ИШҚИ ЗАМИНӢ

Солҳо пеш дар минтақаи Салолаи кишвари Умон низ достони ошиқие сари забонҳо шуд. Ҷавонписару ҷавондухтаре ошиқи ҳамдигар шуданд ва дар чорчӯби суннатҳои иҷтимоӣ ва расму ойини қадимаи бобоӣ нагунҷиданд. Хонаводаи ҳарду ҷониб бо издивоҷи онҳо мухолиф буд. Ба хулосае омаданд, ки хонаводаҳои худро дар муқобили як амри анҷомшуда қарор диҳанд.

Ҳар ду ба хонаи ақди никоҳ муроҷиат намуданд, аммо дар кишвари Уммон додани хатти никоҳ бар асоси фиқҳи шофеӣ сурат мегирад ва мутобиқи фиқҳи шофеӣ бе ризои волидайн никоҳ дуруст нест. Ҷуфти ошиқон бо навмедӣ аз хонаи ақди никоҳ баргаштанд.

Наздик буд, ба тақдир тан диҳанд ва ҳамдигрро ба фаромӯшӣ супоранд, аммо ин тавон дар ҳеҷ яки онҳо набуд. Бо гузашти рӯзу шабҳо боз ҳар ду беқарортар мешуданд, билохира чорае ҷуз ин наёфтанд, ки ҳар ду аз кишвар фирор кунанд. Чунин ҳам карданд. Озодтарин фазо дар кишварҳои арабӣ, ки метавонист ҳамзистии ин дуро таъмин намояд кишвари Миср буд. Ҳар ду ба Миср фирорӣ шуданд.

Онҷо вақте ба хонаи ақди никоҳ рафтанд, дар гирифтани хатти никоҳ муваффақ шуданд, зеро қавонини муравваҷ дар диёри Миср дар масъалаи никоҳу талоқ бар асоси фиқҳи ҳанафӣ сурат мегиранд. Дар фиқҳи ҳанафӣ хатти никоҳ ба ду дилдода, ҳатто бе ризои волидайн ҳам дода мешавад. Ин ду ошиқ дар оғӯши шаҳри Қоҳира ба муроди дили худ расиданд. Расман ва шаръан зану шавҳар шуданд. Ба висоли ҳамдигар расиданд.

АБУ ҲАНИФА ОШИҚ НАБУД?

Ҳар ду достони дар боло зикршуда воқеӣ ҳастанд ва одамоне инҳоро ба ман нақл карданд, ки қаҳрамонони ин ҳар ду достонро аз наздик мешиносанд. Ҷуфти достонҳо идома доранд айни ду филм, вале бо ин тафовут, ки бе коргардонанду бе камераҳои наворбардор ва қаҳрамонҳояшон ҳам ҳанӯз дар қайди ҳаётанд. Ба идомаи ин достонҳо нахоҳам пардохт чун ҷойи ибрату истидлол дар ҳамин миқдор аст, ки гуфтем. Албатта бармалост, ки ҳар ду достон ошиқиянд ва ишқи заминӣ дар назди уламои дин арзише чандон надорад ва бештар ҳамчун давидан пушти ҳавову ҳавас ва дода шудан ба хоҳишоти нафсонӣ қаламдод мешавад. Дар маҷмӯъ дар миёни бузургони дин мо афроди андаке дорем, ки дар ҳаёт ва зиндагии худ ошиқи духтаре ва дилдодаи нигоре будаанд, албатта бо риояти шадиди покдоманиву порсоӣ, ки бедаранг метавон хулоса баровард, ки Абу Ҳанифа яке аз онҳо нест.

Дар ҳар сурат ишқи заминӣ мушкилоти зиёд дорад ва бо шаҳвату лаззат омехта аст. Дигар ин, ки умраш кӯтоҳ аст ва талхиҳое бо худ дорад ва мумкин аст бимирад ва ё ба бадбинӣ мубаддал шавад. Ҷиноёти зиёди ахлоқӣ дар ҷаҳон ва инҳирофоте фаровон ҳам зери унвони ин намуди ишқ сабт аст. Аммо боз ҳам дар ин ҷаҳони пурхушунат ҳамин шуълаи андаки ишқ ва эҳсоси зебо ба назари ман ғанимат аст.

Онҳое, ки ҳаёти Имоми Аъзамро навиштанд дар маҷмӯъ шахсияти Абу Ҳанифаро ҳамчун як шахсияти малакгунае қаламдод намудаанд. Донишманде сутург бо ахлоқи воло ва марде порсову олиму доно. Аз ибодату тақвояш ривоёти ҳайратангезе вуҷуд доранд, ки ҳазми он ва қабули он осон нест. Муболиғаҳое ҳам дар ҳаққаш ҷо доранду ҳатто ҳадисе ҳам дар пояш бофтаанд. Имрӯз ҳатто агар аз як мусулмони одӣ, як касе, ки аҳли хондану навиштан ва илму дониш ҳам набошад, бипурсем, ки оё Абу Ҳанифа ошиқ буд, ошиқи як духтар ва ё нигор ҳатман ҷавоби рад мешунавем ва ҳатто чунин саволгузорӣ хилофи адабу боиси қаҳру ғазаб ҳам шояд бишавад. Аммо агар ин саволро ба шакли волотар бигузорем. яъне "Оё Абу ҳанифа ошиқи худо буд" ? Ва оё ӯ даст ба ошиқӣ ба маънои ирфонияш зада буду дар ин водӣ гом ниҳода буд? Инҷост, ки мо посухҳои ҷолибу таамулбарангезе хоҳем дошт.

ЧАРО ҲОФИЗ АБУ ҲАНИФАРО ЭЪТИРОФ НАКАРД?

Шеъри Ҳофиз хусусият ва вижагиҳои зиёде дорад. Яке аз вижагиҳояш инаст, ки назми ӯ шеъри нумодӣ ҳаст. Ҳар фигура ва ё шахсият метавонад, намояндаи як маъно ва як ҷараёни хосе бошад. Ҳофизи Шерозӣ зиёд сари оштӣ бо фақиҳон надошт. Ӯ мисли Мавлоно мепазируфт, ки фақиҳоне чун Абу Ҳанифа, Шофеӣ, Имом Молик ва Аҳмад ибни Ҳанбалу дигарон донишмандони бузурге ҳастанд, тақвову порсоӣ доранд, хадамоти арзандае ироа додаанд, вале мушкилашонро дар он медид, ки онҳо ошиқ нестанд. Албатта ба маънои ирфонӣ ошиқ нестанд. На танҳо ошиқ нестанд, балки масоили ишқу ошиқиро низ намефаҳманд.

Ҳаллоҷ яке аз бузургони аҳли тасаввуф орифе буд, ошиқе буд, ки ҳатто дар кӯчаву хиёбонҳо мебаромаду мегуфт; "аналҳақ - ман Ҳаққам, яъне худоям". Маъруф аст, ки ӯро барои ин иддаояш фақиҳон, ки дар он давру замон дар айёми Хилофати исломӣ тасаллути нирӯманде дар сохторҳои давлатӣ доштанд, ҳукме бароварда ба дор заданд. Ҳофиз вақте роҷеъ ба ин масъала мегӯяд, ҳарфаш инаст, ки фуқаҳо чун ишқу ошиқиро намефаҳмиданд, барои ин Ҳаллоҷро ба дор заданд. Аммо вақте меояду яке аз фуқаҳоро ба унвони намод ё бузургтарин фақеҳ интихоб мекунад ӯ Шофеиро бармегузинад:

Ҳаллоҷ бар сари дор ин нукта хуш сароид,

Аз Шофеӣ напурсед амсоли ин масоил.

Яъне гапи Ҳаллоҷ бар сари дор ин буд, ки масоили ишқу ошиқиро аз фуқаҳо напурсед, ки онҳо ингуна масъалаҳоро намефаҳманд. Ҳофиз баҷои фуқаҳо бузургтарини онҳоро интихоб мекунад - Шофеӣ.

АБУ ҲАНИФА ВА МАВЛОНО

Ин бе эътирофӣ дар шеъри Мавлоно низ дида мешавад. Аммо ҷолиб аст, ки вақте Румӣ мехоҳад ин ҳарфи дар боло зикр шударо бигӯяд, яъне бигӯяд, ки фуқаҳо бо ҳама азаматашон; донишмандӣ, тақво, порсоияшон ошиқ набуданд ва дар масоили ошиқӣ чизеро намефаҳманд, ӯ мисли Ҳофиз танҳо номи Шофеиро намебарад, балки Абу Ҳанифаро низ дар паҳлӯи ӯ зикр мекунад, балки аслан аввал номи Имоми Аъзамро мегирад:

Он тараф, ки ишқ меафзуд дард,

Бу Ҳанифу Шофеӣ дарсе накард.

Яъне Абу Ҳанифаву Шофеӣ дарси ошиқӣ нахондаанду ошиқиро аз сар нагузарондаанд, биноан ошиқиро намедонанд ва дарди ишқро табиб буда наметавонанд ва давое барои ин дард низ надоранд, ба қавли Ҳофиз:

Чандон, ки гуфтем, ғам бо табибон,

Дармон накарданд мискин ғарибон.

Густохӣ нашавад, албатта бидуни шак Имоми Аъзам яке аз бузургони дин аст. Шахсе ки дар азму ирода мисли кӯҳ буд, як зиндагиро дар пойи талошу дарсу тадрису тиҷорат ва аз ҳама муҳиммаш дар ҳалли мушкилиҳои гуногуни муслмонҳо аз мушкилоти фикриву назариву илмӣ то мушкилоти иҷтимоиву ҳатто моддӣ рехт.

Гарчанде ӯ ва дигар фуқаҳоро урафо ба ошиқӣ напазируфтанд, вале мазҳаби ӯ аз мисоли дар боло зикршуда айён аст, ки нағмасарои дили ошиқон аст.


Саъдии ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97