ЗИНДАГИИ ПАС АЗ МАРГИ АЛМОСИ ШАРҚ Ё нигоҳи тоза ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир

Фарҳанг ва адаб 25.12.2009 15:09

То ба имрӯз касе аз мурда ва ё зиндаи Найнавоз - ин бузургтарин оҳангсози қарни ХХ Афғонистон хабар надорад. Дар китоби "Садои қарн" (саҳ.132) ишора нашудааст, ки ин порчаи назмӣ шеъри Найнавоз аст. Ин шеър дар нашри сеюм (соли 1995)-и китоби "Танҳо садост, ки мемонад", ки дар Пешовари Покистон ба табъ расидаву таҳиякунандааш Асадуллоҳи Софӣ мебошад, бе зикри номи муаллиф ва ба кӣ бахшида шудани он ҳамчун як таронаи қатории Аҳмад Зоҳир чоп шуда буд. Шояд Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ ин шеърро аз ҳамин китоб гирифта бошад.

Варианти пурратари ин порчаи назмиро бошад иборат аз 32 мисраъ, (дар китобҳои "Танҳо садост, ки мемонад" ва "Садои қарн" 25 мисраи он оварда шудааст) мо аз як барномаи радиои Кобул, ки ба 12-солагии солмарги Аҳмад Зоҳир бахшида шуда буд (соли 1991), сабт кардему рӯйи коғаз овардем. Ва мо дар китоби хеш "Султони қалбҳо" (соли 2005) дар баробари нашр кардани матни пурраи ин шеър иттилое дар ин бора низ дода будем (нигаред ҳамон ҷо саҳ. 178-179).

БОЗ ЯК ШЕЪРИ ФУРӮҒИ ФАРРУХЗОДРО

АҲМАД ЗОҲИР СУРУДААСТ!

То чопи китоби "Садои қарн" мухлисони кунҷкови таронаҳои Аҳмад Зоҳир дар даст иттилоъ доштанд, ки ин овозхони маҳбуб аз эҷодиёти шоираи машҳури иронӣ Фурӯғи Фаррухзод ҳамагӣ ҳашт шеъри ӯро ба оҳанг даровардаву сурудааст. Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ дар китоби хеш бори аввал хабар дод, ки Аҳмад Зоҳир боз як шеъри дигари Фурӯғ "Гурезу дард"-ро, ки бо мисраи "Рафтам, маро бибахшу магӯ ӯ вафо надошт", оғоз мешавад, хондааст. Муаллифи "Садои қарн" матни пурраи ин шеърро, ки аз ҳафт банди чормисраӣ иборат аст, ба китоб ворид кардааст (саҳ.110-111).

Таҳлили сабти аудиоии ин тарона нишон медиҳад, ки онро Аҳмад Зоҳир танҳо як бор дар яке аз нишастҳои маҳфилии хеш сирф бо як соз-синтезатор ё худ ионика сурудааст. Дар оғози суруд Аҳмад Зоҳир ин рубоии Раҳии Муаъйириро ба сифати шаҳдрез мехонад:

Ай бехабар аз меҳнати рӯзафзунам.

Донам, ки надонӣ аз ҷудоӣ чунам.

Боз ой, ки саргаштатар аз Фарҳодам,

Дарёб, ки девонатар аз Маҷнунам.

Сипас Аҳмад Зоҳир ин чор мисраи банди аввали шеърро ба ҳайси нақарот месарояд:

Рафтам маро бибахшу магӯ ӯ вафо надошт,

Роҳе ба ҷуз гурез бароям намонда буд.

Ин ишқи оташину пур аз ранҷу дарду ғам,

Дар водии гуноҳу ҷунунам кашонда буд.

Баъди бо таваҷҷуҳи зиёд гӯш кардани сабти ин суруд чунин ба назар мерасад, ки Аҳмад Зоҳир ин сурудро ба тозагӣ таҳия намудаасту ҳанӯз ҳам аз рӯйи дафтар онро мехонад. Чунки ҳангоми сурудани банди дуввуми тарона, ки дар асл банди панҷуми шеър аст, ӯ саросема шуда ба пасопеш хондани калимаҳо роҳ медиҳад ва ба ин кори худ хандида "ла-ла-ла-ла" гуфта, сурудхониро, ки тахминан се дақиқа давом мекунад, қатъ менамояд. Пешкашкунандагони сабти ин суруд лаҳзаи шаҳдрезхониро аз аввал ва хандидани Аҳмад Зоҳирро аз охири тарона гирифта партофта, онро боз як бори дигар ба идомаи ҳамон таронаи нотакмил сабт менамоянд, ки давомнокии он баъд аз ин қариб шаш дақиқа мешавад. Феълан ин тарона дар ҳамин шакл дар истеъмол аст.

"АЗ ИН ҶО ТО ШАМОЛӢ

КОР ДОРАМ"

Айнан ҳамин чизро дар бораи сабти суруди "Аз ин ҷо то Шамолӣ кор дорам" гуфтан мумкин аст. Ин сурудро қариб ҳамаи овозхонҳои афғонӣ мехонанд. Ва ҳар кас ба тарзу усули хеш бо истифода аз дубайтиҳои халқии ба табъи худи сароянда созгор онро месарояд. Ин сурудро кӯтоҳакак "Шамолӣ" мегӯянд. Аз номи як мавзеъ дар атрофи Кобул. Оҳанги "Шамолӣ" мисли "Фалак"-и мо ҳазину таъсирбахш мебошад. Овозхони маъруфи кишвар, худораҳматӣ Дӯстмурод Алиев айнан дар ҳамин оҳанг суруди "Шамолӣ лолазор бошад ба ман чӣ"-ро хондааст. Хулоса, Аҳмад Зоҳири нотакрор ҳамин сурудро низ бо истифода аз ин се дубайтии халқӣ месарояд:

Аз ин ҷо то Шамолӣ кор дорум,

Ба Кӯҳдоман яке дилдор дорум.

Худоё, чораи кори маро кун,

Ба дил армонҳой бисёр дорум.

ххх

Ба зери токи ангур астӣ, ай гул,

Чаро бемору ранҷур астӣ, ай гул?

Шамолӣ омадам маскан гузинам,

Чаро аз пеши ман дур астӣ, ай гул?

ххх

Биё бингар, бубин бас дилнишинаст,

Шамолӣ ҷои ёри нозанин аст.

Баҳорони Шамолӣ сабзу хуррам,

Шамолӣ ҷаннати рӯи замин аст.

Вале тарона ба назар ҳанӯз нотакмил мерасад, зеро баъди дақиқаи чорум айнан ҳамин дубайтиҳо боз такроран бо ҳамон тарзу гӯйиши пештара садо медиҳанд. Яъне танзимкунандагони ин навори аудиоӣ низ мисли суруди "Рафтам, маро бибахшу магӯ ӯ вафо надошт" ин таронаи нотакмилро бо каме тағйирот ду бор пайи ҳам сабт кардаанд.

НОМ ҲАСТУ ШЕЪР НЕСТ

Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ дар китоби хеш чун аксари таҳиягарони китобҳои таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба маҷмӯааш матни таронаҳоеро низ ворид кардааст, ки то ба имрӯз наворҳои савтии онҳо дастраси алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир нестанд. Ба ин қабил сурудҳо таронаҳои "Аз чашми ту чун ашк сафар кардаму рафтам, (шеъри Ба?о), "Гарчи рафтӣ аз барам, аммо фаромӯшам макун (шеъри Шӯъла Фаридуни Салоҳӣ), "Дидам нигори худро, мегашт гирди хона (ғазали Мавлавӣ), "Зи ғам зору ҳақирам, бо кӣ гӯям?" (ғазали Фахриддини Ироқӣ), "Кай рафтаӣ зи дил, таманно кунам туро", (шеъри Фурӯғии Бастомӣ), "Навбаҳор омаду шуд зинда ҷаҳон бори дигар, (шеъри Халилуллоҳи Халил?) дохил мешаванд. Вале дар айни ҳол аз маҷмӯаи Хуросонӣ қариб 60 суруди дарии Аҳмад Зоҳир канор мондаанд, ки дар ин байн "Аввалин ишқам ту будӣ", "Ба замин қасам, ба замон қасам", "Бевафоӣ макун, ай нигорам", "Бохабар бош, бохабар", "Бӯи хуши баҳор аз тарфи сабзазор", "Бӯсаҳо талаб мекунад он лабони гулгун", "Гуфта будам чу биёӣ, ғами дил бо ту бигӯям" (сабти дигари "Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ"), "Дигар агар дилхун шавам, гар волаву мафтун шавам", "Сар-сари пушта, ошиқа кушта", "Ҳол, ки расво шудаам, меравӣ", "Ситорагон бихонед, ба дилбарон расонед" барин сурудҳои комил ва маъруфи Аҳмад Зоҳир ҳастанд.

Воқеан номи шоири маъруфи тоҷик шодравон Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз бархилофи баъзе китобҳои аз ин пеш чопшуда дар "Феҳристи номи шуаро ва нишонии баргҳое, ки шеърашон дар он навишта шудааст" дар охири китоби "Садои қарн" (саҳ.223) таҳти рақами 50 омадааст, вале мутаассифона, овардани матни таронааш дар дохили китоб фаромӯш шудааст.

Аҳмад Зоҳир суруде дорад бо номи "Гар зулфи парешонат дар дасти сабо уфтад". Дар ҳама маҷмӯаҳои таронаҳои овозхон, ки муаллифони гуногун таҳия кардаанд, матни онро моли Ҳофизи Шерозӣ гуфтаанд. Вале дар ҳамаи китобҳои ғазалиёти Ҳофизи бузургвор, ки дар Тоҷикистон ба нашр расидаанд ва дастраси алоқамандони ашъори шуарои классикӣ мебошанд, ин ғазалро пайдо кардан ғайриимкон аст. Зеро мураттибон ин ғазалро ба Девони Ҳофиз ворид накардаанд. Аз ин рӯ на танҳо мухлисони шеър, балки бархе аз муҳаққиқин ин соҳа ибрози шубҳа кардаанд, ки ин ғазал моли Ҳофиз бошад. Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ дар поёни ин ғазал дар китоби "Садои қарн" чунин шарҳеро менависад, ки шояд ба ин шубҳаҳо хотима бахшад: "Аксар нусхаҳои ин ғазалро аз Ҳофиз намедонанд ба шумули Фурӯғӣ. Аммо Аҳмад Шомлу дар "Девони Ҳофиз", ки ба кӯшиши худаш мунташир сохтааст, онро тазаккур дода ва мукаммал овардааст. "Девони Ҳофизи Шерозӣ" ба кӯшиши Аҳмад Шомлу. Матбааи давлатӣ соли 1365-и хуршедӣ саҳ. 147". ("Садои қарн", саҳ. 35).

ШАҲДРЕЗ НИЗ МОЛИ ШОИРЕСТ

Аҳмад Зоҳир дар оғоз ва баъзан дар мобайни баъзе аз сурудҳояш байтҳоеро ба сифати шаҳдрез хондааст, ки ҳам аз ҷиҳати бадеият ва ҳам аз ҷиҳати маъниву мазмун дилчаспанданд. Мутаассифона, муаллифони ин гуна байтҳо на ҳамеша маълуманд. Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ муаллифони баъзе аз ин байтҳоро номбар кардааст. Масалан, Аҳмад Зоҳир дар оғози сабти маҳфилии ғазали "Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест" байти зеринро ҳамчун шаҳдрез мехонад, ки он моли Соиби Табрезӣ будааст:

Зи ҳодисоти ҷаҳонам ҳамин хушомаду бас,

Ки хубу зишти рӯзгор даргузар аст.

Байти мазкурро инчунин ҳамчун шаҳдрез дар оғози суруди "Рӯзу шабам алам резам сиришки ғам" (сабти студияи "Афғон-Музик") мехонад. Воқеан, боз се сабти мухталифи ҳамин суруди Аҳмад Зоҳир мавҷуд аст. Дар наворе, ки дар студияи Радиои Кобул сабт шудааст ва инчунин дар як сабти маҳфилӣ, Аҳмад Зоҳир дар оғози ҳамин суруд байти дигарро ба сифати шаҳдрез хондааст, ки муаллифаш Ваҳшии Бофқӣ мебошад:

Дил нест кабӯтар, ки чу бархост нишинад,

Аз гӯшаи боме, ки паридем, паридем.

Дар оғози суруди "Сахиҷон меравӣ моро дуо кун" байти зерини Раҳии Муъайирро ҳамчун шаҳдрез мехонад:

Нестам чун дигарон бозичаи бозигарон,

Аввал ба дом орам туро, он гаҳ гирифторат шавам.

Дар баробари ин ҷиҳатҳои хуб ва иттилооти муфид китоби "Садои қарн" инчунин аз камбудиву норасогиҳо орӣ нест. Масалан, аҳёнан ба назар мерасад, ки баъзе таронаҳо аз садои Аҳмад Зоҳир ғалат рӯйи коғаз оварда шудаанд. Барои мисол суруди "Оста буру"-ро мегирем, ки матнаш аз эҷодиёти даҳанакии халқ аст. Ин сурудро хунёгари нотакрор дар моҳҳои ахири ҳаёташ фақат дар маҳфилҳо ва дар тӯйҳои арусӣ борҳо хондааст. Мутаассифона, марг фурсаташ надодааст, ки сабти студиёии онро ба ёдгор гузорад. Ба ҳар ҳол се намуди сабти маҳфилии ин суруд вуҷуд дорад. Муаллифи "Садои қарн" кӯшидааст, ки матни ду намуди ин сурудро "ҳамчун шаклҳои мухталифи як суруд" ба китоб алоҳида-алоҳида ворид созад (саҳ.188 ва 214). Мутаассифона, дар ҳарду маврид ҳам матн нопурра ва ғалат болои коғаз оварда шудааст.

Дар саҳифаи 168-и китоб муаллиф матни нопурраи ду суруд (сурудҳои "Субҳ дамиду рӯз шуд" ва "Ман дар ин вайронаманзил ганҷҳо гум кардаам")-ро таҳти унвони "Мурғи саҳар ту гум шавӣ" ҳамчун як суруд пешкаши хонандагон кардааст. Дар саҳифаи 185 бошад дар поварақ бо ишора ба суруди "Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ, дилбару дилдори манастӣ" навиштааст, ки "ин оҳанг ба шакли дугона бо хонум Фарида Маҳваш иҷро шудааст", ки саҳеҳ нест. Ин сурудро Аҳмад Зоҳир бо шодравон хонум Жило хондааст. Бо хонум Фарида Маҳваш низ Аҳмад Зоҳир суруд хондааст, вале дигар сурудҳоро. Матни суруди "Биё бурем ба Сангарон"-ро Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ моли Сӯфӣ Ашқарӣ гуфтааст, ки тибқи маълумоти дигар он шеъри Абдулаҳмади Адо маъруф бо тахаллуси Шероғо ба ҳисоб меравад.

Ба ҳамаи ин камбудиҳои ҷузъие, ки мо номбар намудем, нигоҳ накарда китоб сарчашмаи хубест барои алоқамандони ашъори таронаҳо бо садои гирои Аҳмад Зоҳир ва умуман барои дӯстдорони шеъру оҳанги форсӣ.


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97