ФАЗИЛАТҲОИ САҲОБАИ ПАЙҒАМБАР (С)

Фарҳанг ва адаб 15.12.2009 17:13

Бунёди ҷамъиятии "Васатият" китоберо бо номи "Шинохт ва мақоми Саҳоба (р) дар Ислом" пешкаши хонандагон гардонидааст, ки онро олими ҷавону мутарҷими шинохта, муассиси Бунёди ҷамъиятии "Васатият" Муҳаммадиқболи Садриддин бар ӯҳда дорад. Тавре дар муаррифиномаи китоб омада, "Китоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом - Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад (с) ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоирони гузашта ва муосири форсу тоҷик пешкаши хонадагон менамояд…"

Дар китоби мазкур нуқтаи назари чанде аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънави ҲНИТ Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва дигарон дар хусус и шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Муаллифи китоби "Шинохт ва мақоми Саҳоба (р) дар Ислом" Муҳаммадиқболи Садриддин дар пешгуфтори худ менигорад:

"Воқеан ҳам маърифати арзишҳои олии дини Ислом ва шинохти дурусти Қуръон ва суннат ба шинохти ҳаёти Паёмбар (с) ва таърифоти зиндагиномаи саҳобагони он Ҳазрат (с) сахт вобстагӣ дорад, зеро онҳо дарёфткунандагони бевоситаи наҳй ва муҳити иҷтимоии нузули Қуръони Карим мебошанд. Онҳо дар тарбияи амалии Расули Худо (с) ба камол расида, аввалин насле мебошанд, ки арзишҳои исломӣ ва аҳкоми қуръонӣ дар ҳаёти эшон амалан татбиқ гардидааст. Ташаккули эътиқодӣ, тарзи тафаккур ва шеваи зиндагии онҳо ба василаи Паёмбари Акрам (с) ва дар зери назар ва раҳнамоии бевоситаи ваҳйи илоҳӣ сурат гирифтааст…"

Китоб барои доираи васеи хонандагони донишомӯз, ҳавзаҳои илмӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, динӣ ва таърихнигорони муҳаққиқ ва оммаи мардуми мусалмон тақдим гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан се ҷилди китоби тарҷумашудаи М. Садриддин бо номи "Тафсири Хатлонӣ" ба дасти хонандагон расида буд. Ҳамчунин, интизор меравад дар рӯзҳои наздик китоби олими шаҳир ва муосири ҷаҳони ислом доктор Оизи Қарнӣ, бо номи "Хушбахттарин зан дар олам", дар тарҷумаи М. Садриддин пешкаши хонандагон гардад.

P.S. Ҳадафи Бунёди ҷамъиятии "Васатият":

- баланд бардоштани савияи илмию фарҳангии миллати тоҷик;

- таҳқиқ ва пажӯҳиши таърих ва тамаддуни шарқӣ бо услубҳои тоза ва замонавӣ;

- расонидаи аҳкоми дини мубини Ислом тавассути китобҳои пурмӯҳтаво ва асил дар партави Қуръон ва Суннат ва тибқи мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р);

- хидмати содиқона ба миллат ва давлати куҳанбунёди тоҷик ва зиддият бо ҳар гуна ихтилоф ва зуҳуроти номатлуб;

- нашри китобҳои асилу нобе, ки аз гузаштагон ба мо расидааст.


М. МУҲИДДИН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97