ОБ ФУРӮХТАН САВОБ АСТ

Фарҳанг ва адаб 14.12.2009 15:28

Гузориш аз Биржаи фурӯши оби Чумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025

- Ҷаноби Президент нархи як истакон (зарфи шишагин барои чен кардани ҳачми оби 200 громӣ) ба 1200 евро расид!

- Ҳеч боке не, харидан гиред! Пул худи ҳамин рӯз мегузарад!

- Мӯҳтарам Қурбонгулӣ Бердимуҳамедович! Тоҷикистон барои мо обро арзон кард. Ҳар истаконро бо 1000 евро медиҳад!

- Як миллион истакон харидан гиред!

Сардори биржа - Вазири савдои оби ширини Точикистон таъҷилӣ ба Президенти Тоҷикистон занг мезанад:

- Ҷаноби Олӣ! Ҷумҳурии барои мо дӯст Ирон ба ҳар истакон об ду ҳазор метри мукааб газ медиҳад! Иваз кунем!?

-Албатта додан даркор. Бародарони ҳамхуни мо ба ин ҳақ доранд!

Воқеан, бародарони иронии мо имсол нияти нақби Истиқлолро тамом кардан доранд.

Бегоҳӣ нархи об боз ба панҷ нуқта боло рафт. Соати 18 ба як истакон 1300 евро дода шуд. Болоравии нархи об боиси зиёд гардидани ҷиноятҳои марбути об гардид. Ду ҳафта пеш аз пиряхҳои Помир се кило ях ба таври қочоқ ба хориҷа гузаронида шуд. Барои танзими биржаи оби Тоҷикистон Созмони Миллали Муттаҳид квотаи фурӯши обро муқаррар кард. Барои мамолики қитъаи Африқо ва Араб ҳар моҳ 100 истакон об ҷудо шуд. Нархи об баъди ихтироъи олимони Аморати Муттаҳидаи Араб паст шуд. Олимони Дубай усули аз нафт истеҳсол кардани обро ихтироъ карданд. Шайх Мустафо Ал-Биёбонӣ аз сад литр нафт 5 литр об мебарорад. Ӯ барои ин кашфиёт барандаи Ҷоизаи Нобел шуд.

МАЪРУФИЯТ

Асадбек бо меҳмонаш ба тамошои шаҳр баромад. Дар хамгашти аввали кӯчаи марказӣ марди бо салобат дучор омад. Онҳо ҳамдигарро бо усули брежневӣ чалап-чалап бӯсиданд.

- Ин кас дӯсти ҷонии ман, дар ҳолати фавқулодда фоҷиавӣ шинос шудем. Як хонуми зебо маро ба мулоқоти айш даъват карда буд. Навакак ҷоми айш бардоштем, ки шавҳараш аз сафар баргашт. Ӯ маро дар ҷевон пинҳон кард. Пас аз чанд дақиқа овози нафаскаширо шунидам. Дар паҳлӯям ана ҳамин одам чорқат хобида буд. Мо дар ҷевон шинос шудем.

- Субҳ ба хайр Асадбек! -марди пакана Асадбекро аз миён ба оғуш гирифт.

- Ин марди ҷасур аст. Порсол маъшуқаи давраи ҷавониамро дучор шудам. Барои такрори ҷавонӣ ба хонааш рафтам. Бадбахтона, шавҳараш аз тайёра қафо монда ба хона баргашт. Занак маро бо боми хона пинҳон карда буд. Болои бом бо ӯ шинос шудам. Дар ҳолати фавқулодда ӯ аз хонаи ҳамсоя ба бом баромадааст.

Дар муқобили онҳо марди тануманд намудор гашт. Асадбек аз сари роҳ санги калонро бардошта, девонавор ба сӯи ӯ ҳаво дода:

- Ҳой бешарафи лаънатӣ! Туро ман ҳатман мекушам!!!

- Бо ин мард дар куҷо шинос шудед? - пурсид меҳмон.

- Ин хари лаънатиро вақти аз Русия баргаштан дар оғуши занам пайдо кардам. Бешарми номусулмон!..

ОРЗУИ ЮЛБАРС

Юлбарсу (саг), Қашқа (гурба) ва Бомдод (хурус)-и Асадбек дар шароити бӯҳрони молиявӣ қариб бе кор буданд. Юлбарс аввали шом як ду бор ак-ак мекарду халос. Як ҳафта пеш Асадбек ӯро сарзаниш карда гуфт, ки дар хона ягон чиз намондааст. Ин қадар аккос назанед. Зани Асадбек ба Бомдод таҳдид кард, ки агар субҳи барвақт овоз барорад, дар шӯрбо худашро хоҳад дид. Қашқа ва Бомдод аз хонаи Асадбек фирор карданд. Юлбарси бечора ва вафодор дар ҳавлӣ монд. Дируз ҷӯрааш Барс аз хонаи ҳамсоя хабар овард, ки Қашқаро сагҳои дайду тановул карданд.

- Ҷӯра, худат чаро дар ин ҳавлии холӣ гурусна мешинӣ-пурсид Барс.

- Гап байни худамон. Дирӯз хӯҷаинам ба занаш гуфт: "Агар ду рӯз баъд аз хонаи модарат орду равған набиёрӣ, туро ба Юлбарс медиҳам…

ДОМОД

Ҳавлии Асадбек мисли нуқтаи телефонии "Вавилон" серодам буд. Қариб ҳар рӯз хостгорҳо меомаданд. Агар духтрашон Хадича дар озмуни зебосанами ҷаҳон ширкат меварзид, бешубҳа соҳиби Шоҳҷоиза мешуд.

Аҳли оила ҳар рӯз чун ситоди маъракаи пахтачинӣ хостгорҳоро муҳокима мекарданд

Дирӯз модари Вакили Маҷлиси намояндагон Мухторҷон омад. Вакили 24 сола ба даҳ забон озодона ҳарф мезад. Се ҳавлӣ дорад. Падараш дар шаҳр 50 дӯкон дорад.

- Не намешавад - қатъиян рад карданд волидон.

- Ба фикрам, писари Додарбек номзади арзанда аст. Дар хориҷа таҳсил карда, муовини вазир аст. То ҳол ба даҳонаш носу сигору арақ надаромада, аз он ҷо лафзи қабеҳ набаромадааст.

Ба писари Муборакқадам даҳ шоҳсанам ҳам садқаи сар. Ҷони одам. Ҷавонтарин раиси шаҳр. Аммо ин умқдоварон низ рад шуданд.

Ба хаёли ҳеч кас намеомад, ки Хадичаи паричеҳраро ба Холи кар медиҳанд. Моҳи оянда санаи туй низ маълум шуд.

- Ин кар чӣ дорад?

- Шояд аз илми ҷоду истифода карда бошанд - тахмин кард Анваршо.

- Не, Хол дар беруни шаҳр даҳ гектар замин дорад - шарҳ дод Кабутаршо.

- Дақиқтараш даҳ гектар биёбон дорад - луқма партофт Муслимбек.

Асадбек сари баҳсу ғайбат ба чойхона расид.

- Асад сад талбандаи арзандаро ноумед кардеду бо писари Холи кар қудо шудед?!

- Ман ояндаи набераҳоямро фикр мекунам! Писари Холи кар 20 фоизи саҳмияи Роғун дорад!!!

ИҚТИБОСҲО

Дар адабиёти Русия зикри номи симои қаҳрамони занонаро ба сабаби зарари маводи сахттаъсири мухадир (героин) манъ карданд.

***

Ними аҳолии Саёраи Замин барои пушондани занон маблағ сарф мекунанду ними дигар пулҳои калонро барои кашидани ин либос харҷ мекунанд.

***

Мақоли нави Ҳукумати Узбакистон: Худам шоҳу табъам Сарвазир.

***

Мардӣ набувад фитодаро ихтисор кардан.

***

Эълони таги дар: Ба тозагии виҷдон риоя кунед!

***

Эълон дар масҷид: "Хонед-хонед…боз хонед".

***

Сиёсатмадор буд - сиёсатмағор ва баъдан сиёсатмазор шуд.

***

Табиатшиносон ба хулоса омаданд, киДинозаврҳо, Саразаврҳова, Детзаврҳо дар натиҷаи диктатура ва зӯроварӣ нисбат ба ҳайвоноти оҷиз ва камбизоат тамоман нобуд шуданд.

***

Хабари кашоварзӣ: Имсол деҳқонони хоҷагии пахтакорӣ аз ҳар гектар замин даҳ ҳазордоларӣ қарзи аълосифат бардоштанд.


Муҳаррир МАЛАХБЕК
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97