МАН ИН ҶО МЕҲМОНИ НОШИНОСАМ… (ё шинохти мо нисбати фарҳангиёни ислом дар кадом сатҳ аст?)

Фарҳанг ва адаб 09.12.2009 17:25

23 сентябри соли равон, яке аз рӯҳониёни мӯътабар, донишманди улуми исломӣ, устод Шайх Қамариддини Дарвозӣ дунёи ҳастиро дар синни 63 солагӣ падруд гуфт. Марде буд саропо нур, саропо тақво, дилогоҳ, вораста ва озода аз қайди ҳавову ҳаваси дунёӣ…Рости навишти ин мақола бароям душвор ва мушкил омад. Чун шинохти мо дар шинохти чунин афрод хеле заиф ва ноқис аст. Шайх Қамариддини Дарвозӣ аз он мардони Худо буд, ки умри худро сарфи маърифати исломӣ намуд. Ӯ аз муриди содиқи Ҳазрати Эшони Абдураҳмонҷон (р) дар роҳи муаррифии исломи муҳаммадӣ талош ва кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод.

Дӯст, эй он, ки дар тамоми ҳаёт

Аз ҳама беҳию азизтарӣ

Чашми ман ғайри ту касе нашнохт

Ин мабодо маро зи ёд барӣ…

Шояд ин охирин дидор аст.

(Парвез Латифӣ)

Маҳз ба ташаббус ва маслиҳат, ранҷу заҳмати хастанопазири ӯ, банда дар якҷоягӣ ду китобро дар бораи шахсиятҳои мӯътабари тариқати нақшбандия, пирони кибор (қ.с.) Шайх Абдурраҳими Давлат (Ҳазрати бузургвори Элокӣ) ва Эшони Абдурраҳмонҷон ибни Эшони Порсохоҷа таълиф сохтам, ки ҳоло дастраси мардумонанд.

Дар қатори ин Шайх Қамариддин мероси ғание ба ёдгор мондааст, ки арзиши бебаҳо доранд. Аввал ин, ки бо хатти сариллик зиёда аз 30 дафтари калонҳаҷм (общая тетрадь) навиштаҷот ва гирдоварӣ аз китобҳои гуногун дар хусуси авлиё ва машоихи тасаввуф ва ҳамзамон сухану андарзҳои ҳакимонаи онҳо дорад.

Баъдан зиёда аз 20 дафтар хушнависӣ бо хатти ниёгон, нақшу нигори суннати қадимаи китобнависони аҷдодони мо , ки назирашон шояд дар ҷумҳурӣ кам бошад аз аҳодиси набавӣ, андеша ва афкору бузургони дин, (Ғазолӣ, Имоми Аъзам…) ғазалиёти шоиру адибони классик (Ҳофиз, Мавлоноӣ Балхӣ, Бедил, Аттор, Амирхусрави Деҳлавӣ, Муҳйӣ, Мавлави Ҷунунӣ ва дигару дигарон дорад. Ҳунари хатотӣ ва хушнависиии ӯ касро ба ҳайрат меорад. Зикр бомаврид аст, ки Қамариддин дар ҷавонӣ омӯзишгоҳи рассомиро хатм кара буд ва ҳунари волои гулкорӣ ва гулрезиро, ки ягон нақш ба нақши дигар монандӣ надорад, дар саҳифоти навиштаҳои худ ба кор бурдааст. Ҳайф, ки аз чунин устоди ҳунар истифода накардем ва ҳама маҳорату дониши худро абадӣ ба хок бурд. Ҳазрати Бедил мефармояд:

Зиндагӣ маҳруми такрор асту бас,

Чун шарар ин ҷилва як бор асту бас.

Саввум ин, ки ин марди бузург зиёда аз 100 фитта (кассета) (тасаввур хонандаи азиз!- 100 сабти фиттавӣ- М.Б.) дорад, ки аз он 40 тояш бо номи "Зиндагиномаи Ҳазрати Муҳаммад (с)", шарҳи муфассал ва ҳаматарафаи динию фалсафии рӯзгори Ҳазрати Муҳаммад(с), шурӯъ аз вилодат то баъсат, рисолату интишори дини мубини ислом, кору пайкори он дар ин ҷода, ғазавоту футӯҳот, каромоту мӯъҷизот, нишондоди хислатҳои барҷастаи ӯ аз қабили амонату диёнат, тақвову парҳезгорӣ, сиёсатмадорӣю дурандешӣ, оиладориву ҷамъиятшиносии он Ҳазрат(с) фаро гирифта, дигар 30 фитта амри маъруф, 30 фитта оҳанг бе асбобҳои мусиқӣ, ки сирф, хусусияти тасаввуфӣ доранд. Ҳамчунин як дафтари парокандаи шеър боқӣ гузоштааст, ки намунаи шеърҳояш бо марсияи дар бораи Эшони Абдурраҳмонҷон дар китоби Зиндагиномаи Ҳазрати Эшони Абдураҳмонҷон ибн Эшони Порсохоча оварда шудааст.Овози ширину гуворо, нутқи марғуладору белакнат, бандубасти (кампозитсия- М.Б.) олии бадеию мантиқӣ, садои фораму дилнавози ӯ ҳар шунавандаро мафтун месозад. Вале ин ҳамаро маводи дилхушӣ набояд фаҳмид. Мазмун ва мӯҳтавои ин сабтҳо як сафари маънавӣ ва рӯҳонӣ дар худ аст, то расидан ба умқӣ маънои зиндагӣ ва ҳаёт, сафарест аз худӣ то бехудӣ, дуоест, ниёишест, муноҷотест ба даргоҳи Ҳақ субҳонаҳу ва Таъоло, дарку фаҳми ҳисси ҷазбаву қудрати ишқаст, ҷустуҷӯи дурру марвориди маънӣ дар баҳри беканори ҳикмати бузургони тасаввуф аст, биллохира худшиносӣ, худогоҳӣ ва Худошиносист. Бо ҳазор достон хондани зикри Худо, сифати Худо: "Фазкурунӣ азкуркум" ва ё "Юсаббиҳу лаҳу мо фис самовоти валарзи" ва ё "Саббаҳа лилллоҳи мо фис самовоти валарзи" ё "Тусаббиҳу лаҳус самовотус сабъу валарзи ва мо фиҳинна"-и қуръонӣ аст. Ба гуфти ҳофизи Қуръон Хоҷаи Шероз:

Гиряи Ҳофиз чӣ санҷад пеши истиғнои ишқ,

К-андар ин дарё намояд ҳафт дарё шабнаме.

Ё ба замзамаи Мавлои Балхӣ:

Гар чӣ ман худ зи адам дилхушу хандон зодам,

Ишқ омӯхт маро шакли дигар хандидан.

Шайх Қамариддини Дарвозӣ орифи бузурги замон буд. Ин гуфтаҳоро аз муноҷотҳои ӯ бар гирифтаам, ки замзамаҳои орифона ва ошиқона мебошанд ва онҳоро бо порчаҳои назмӣ аз эҷоди бузургони гузашта зевари маънӣ бахшидааст:

"Илоҳо! Борони раҳмати хешро бар марзҳои дили мо бирезон, то сабзаҳои имон ва амали солеҳи мо ҳамешагӣ сабз бошанд: Ин суханро бо назми Мавлоно таъбир намудем:

Ёди мову буди мо аз доди туст,

Ҳастии мо ҷумла аз эҷоди туст.

"Илоҳо! Ҳамеша сар дар тафаккури ҳикмати ояти қуръонии ту "Юсаббиҳу лаҳу мо фис самовоти валарзи" кардам ва донистам, ки ҳама вуҷуди ҳастӣ мазҳари таҷаллиёти туст: хониши паррандагон, навои обшорон, сукути кӯҳсорон, резиши борон, анбӯҳи дарахтон,сафои осмон навъе аз розгӯии роздорони туст:Ин рубойи аз Абдуллоҳи Ансорӣ аз ёд кардем:

Чашме дорам ҳама пур аз сурати дӯст,

Бо дида маро хуш аст, то дӯст дар ӯст,

Аз дидаву дӯст фарқ кардан на накӯст,

Ё ӯст ба ҷои дида, ё дида худ ӯст.

"Илоҳо! Дар қатори насими саҳарӣ ба гулҳо ба машоми дӯсторонат низ насими фараҳафзои хешро бирасон, то ғунчаи дилашон шукуфта гардад, на пажмурда, ки пажмурдагӣ дилмурдагист: Мо ин ҳикмат аз пири тариқ Мавлои Балхӣ баргирифтем:

Бо умеди васли ту мурдан хуш аст,

Талхии ҳаҷри ту фавқи оташ аст.

"Илоҳо! Дар ду дунё ба умеди дидори ту зиндаем ва аз дигар ҳама чӣ дил баркандаем: Шайх Шабустарӣ чӣ хуш гуфтааст:

Висоли Ҳақ зи халқият ҷудоист,

Зи худ бегона гаштан ошноист.

"Илоҳо! Аз шарори ишқи худ оташ дар вуҷуди мо бияфрӯз, ки сӯхтан бо ёди ту зиндагист. Ба гуфти аллома Иқболи Лоҳурӣ:

Соқиё бар ҷигарам шӯълаи намнок андоз,

Дигар ошӯби қиёмат ба кафи хок андоз.

Чунин суханонро касе дарк ва фаҳм мекунад, ки сӯзишу ҷӯшиши ишқро бо тамоми ҳастӣ дар рагу шарёнаш, саропои вуҷудаш ҳис карда бошад, лаззату кайфияти онро донистааст, заҳмату ранҷи он барояш мояи фараҳ ва рӯҳнавозӣ шуда, барои висол ба маъшуқи ҳақиқӣ дилу ҷон шустааст: Мавлоно гуфтаанд:

Ишқ аст ба осмон паридан

Сад парда паси ба ҳам даридан.

Ва ё ончунон, ки Ҳофизи бузургвор арза доштааст:

Аз садои сухани ишқ надидам хуштар,

Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд.

Оре, Шайх Қамариддин Дарвозӣ аз чунин мардони Худо буд, масти роҳи Ҳақ, масти ишқи Ҳақ, ғарқа дар анвори таҷаллиёти нури Ҳақ. Бо тамоми ҳастӣ бо қалам, бо қадам, бо зикр, бо амал навои ишқи Ҳақро тараннум мекард, месароид. Шабу рӯз эҷод мекард, навиштае рӯи коғаз меовард, хулоса ӯ аз орифон ва донишмандони замон буд, ки осори гаронмояеро мерос гузоштааст ва баҳрабардорӣ аз онҳо мояи суди мост. Осору эҷоди Шайх Қамариддин ва он чи зикр кардем магар ҳунар нест, фарҳанг нест, донишу ҷаҳонбинӣ нест. Дар мо расм шудааст ҳофизакеро бо ҷунбон ҷунбонаш ва шеърхонии бемантиқу бемавридаш, ситораи ҳунар месозанду унвонро арзонӣ тақдимаш менамоянд. Ба қадри чунин бузургони фарҳанги исломӣ ки мерасад, Вазорати фарҳанг, муфтиёт, марказӣ исломӣ, ки ??? Ин суол ҷавоб мехоҳад агар дар илмҳои дунявӣ унвонҳои дотсенту профессорӣ бошад, пас чунин ашхос магар профессори улуми исломӣ нестанд?!. Ба қавли Нодири Нодирпур:

Дар ман суруди гумшудае буд,

К-онро касе нахонду напардохт,

Ҳаргиз маро чунон,ки ман астам

Як офарида з-ин ҳама нашнохт.

Ман бо ин марди наҷиб зиёда аз бист сол ҳамнишинӣ кардам ва аз кирдору рафтор ва амалу ҳунараш то ҷое хотироти рангин дорам. Бо ҳама ранҷу азоби зиндагӣ (хонаашро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ғорат кардан ва дороиашро ба яғмо бурданд, писари бистсолаи қории Қуръонашро бо азобҳои сахтарин ваҳшиёна қатл карданд.-М.Б.) даме ҳам аз эҷод намонд ва то дами марг дуои хушбахтӣ, саъодатмандӣ ва сарбаландии ин миллати ҷафокашидаро мекард. Шогирдони зиёдеро маърифати исломӣ додааст. Орзӯи ҳамешагииаш маърифати воқейи ҷомеаи мо буд. Гоҳ-гоҳе аз чалласаводии ашхоси гуногун нисбати дину оин, беҳунарӣ ва бемаърифатии онҳо сахт мутаасир ва ғамгин мешуд. Рӯзгор ва ҳунари ӯро дар тарозуи ақл ва диди дуртар аз дидгоҳи худ баркашидам ва воқеан донистам, ки бо он маърифату дониш дар рӯзгори мо марди ғариб буд. Ғарибе рафт аз байни мо ношинохта, ки ба касе ва чизе ниёз набурд ба ҷуз Худои раҳмону раҳим…Ва агар умр вафо кунад рисолае хурде оиди зиндагии ибратбахш ва осору эҷоди ин марди Худо навишта хоҳам кард.Иншоаллоҳ! Дар охир ин мисраҳои шоири шаҳир Нодири Нодирпурро катибаи зиндагии дунёии у аз забони худ намудам:

Ман ин ҷо меҳмони ношиносам,

Ки бо ноошноёнам сухан нест.

Ба ҳар кас рӯй кардам, дидам, оваҳ,

Маро аз ӯ хабар, ӯро зи ман нест.

ххх

Ҳадисамро касе нашнид, нашнид,

Дарунамро касе нашнохт, нашнохт,

Бар ин чанге, ки номи зиндагӣ дошт,

Сурудамро касе нанвохт, нанвохт.


Мирзоҳусайни Бадалипур,
устоди факултаи фалсафаи ДМТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97