ЗИНДАГИИ ПАС АЗ МАРГИ АЛМОСИ ШАРҚ Ё нигоҳи тоза ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир

Фарҳанг ва адаб 05.12.2009 15:01

Бояд гуфт, ки оқои Сипос аввалин аҳмадзоҳиршиноси хориҷие ҳаст, ки дар китоби таҳиянамудааш аз шуарои муосири Тоҷикистон, ки ашъорашонро Аҳмад Зоҳир истифода кардааст, мушаххасан ном бурдааст. То ин дам дар бисёр китобҳои ҳамсоне, ки дар хориҷ аз кишвар ба чоп мерасиданд, муаллифон агарчи шеърҳои устод Мирзо Турсунзода ва зиндаёд Абдуллоҳи Қодириро ба ин маҷмӯаҳо ворид мекарданд, вале мутаассифона, ин кор бе зикри номи онҳо сурат мегирифт. Таронаҳоро аз садои Аҳмад Зоҳир ҳатман ҷо медоданд, вале аз шуарои тоҷик ёде ҳам намекарданд. Муҳаммад Зоҳири Сипос ин анъанаро аввалин шуда шикастааст.

Ҷолиб аст бигӯем, ки оқои Сипос бо бархе аз шоирон ва оҳангсозони Аҳмад Зоҳир шахсан робитаи дӯстӣ доштааст. Бубинед, бо истинод ба шоир Абдулатифи Нозимии Ҳиравӣ ӯ чи нуктаи ҷолиберо пешкаши мо менамояд: "Яке аз бузургоне, ки банда ҳам саъодати дӯстии эшонро дорам, устод Абдулатифи Нозимӣ фармуданд: "Рӯзе Аҳмад Зоҳир, ки дар он замон дар родио вазифа доштам, наз¬дам омад бисёр ба ширинзабонӣ ва тавозӯъ аз ман ба як ё чанде аз компузҳояш тасниф ё шеър мутолиба кард. Азбаски аз тарзи муъошираташ хушам омад, бисёр ба шавқ шудам ва ҳамин байтҳои бисёр равон аз хомаам ба рӯйи коғаз рехт: "Чи шабҳо ба ёдат ба кунҷи ҷудоӣ…", Ва дигар матлабаш ин буд: "Хоб аз чашмонам рабудӣ, ай бевафо, бевафо". Як дубайтӣ ҳам: "Шабе пурсидамаш бо беқарорӣ…"-ро бадеҳатан, фикр мекунам, ки дар зарфи бист дақиқа, барояш сохтам. Аз ман бисёр ташаккур карду рафт. Баъд аз тариқи радио шунидам, ки чи қадар он ашъорро ширину бо кайфият иҷро карда буд".

МУСАЛЛАС ДИГАР АСТУ

ҒАЗАЛ ДИГАР

Муҳаммад Зоҳири Сипос дар баробари китоб ба хонандаи хеш боз 30 адад аудио СD-и сабти сурудҳои дар маҷмӯа овардаашро пешкаш мекунад, ки албатта тӯҳфаи хубест. Сифати сабти таронаҳои дар ин СD-иҳои оқои Сипос пешниҳодшуда хеле хуб мебошанд. Ҳамзамон оқои Сипос барои алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир ва дӯстдорони ашъори шоирони классик ду албоми вижаи таронаҳои Аҳмад Зоҳир, яке бар матни ашъори Мавлавӣ Ҷалолиддини Румӣ ва дигаре бар матни осори ҷовидонаи Саъдиву Ҳофизи Шерозиро омода сохтааст.

Бояд гуфт, ки дар албоми таронаҳо бар матни Мавлавӣ 16 суруди Аҳмад Зоҳир ҷо дода шудааст. Ба аксари дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир возеҳ аст, ки аз ин хунёгари нотакрор то ба рӯзҳои мо сабти 10 суруди бар ашъори ҷовидонаи Мавлавӣ хондаи ӯ боқӣ мондааст, ки баъзеи онҳо дубориву себорӣ дар студияҳои мухталиф ва нишастҳои маҳфилӣ сабт гардидаанд. Баъзе аз муҳаққиқин, азҷумла оқои Сипос ба ин феҳрист суруди "Ошиқ шудаӣ ай дил, ғамҳот муборак бод"-ро низ дохил кардаанд. Вале борҳо гуфтаем ва мукарраран боз мегӯем, ки матни суруди "Ошиқ шудаӣ ай дил, ғамҳот муборак бод" моли Мавлавӣ нест. Сурудеро, ки бо ин ном Аҳмад Зоҳир мехонад, аз ҷиҳати шакли шеърӣ мусаллас аст, на ғазал. Таронаи мазкур ба ғайр аз банди аввал, ки аз ду мисраъ иборат буда он ҳамчун нақарот истифода шудааст, боз аз се банди дигари семисраӣ мураккаб аст, ки ин шакли шеъриро дар адабиётшиносӣ мусаллас мегӯянд. Дар мусаллас ду мисраъ ҳамқофия буда, мисраи саввум ба мисраъҳои банди аввал ё худ матлаъ ҳамқофия мешавад. Истифода шудани чунин шакли шеъриро мо дар эҷодиёти ҳазрати Мавлавӣ вонахӯрдем. Ҳарчанд мардум ба ҳазрати Мавлавӣ чандин шеърҳоеро нисбат медиҳанд, ки онҳоро дар осори хаттии дар кишварҳои мухталиф ба нашр расидаи ӯ пайдо кардан ғайриимкон аст, вале аксаран онҳо дар шакли ғазал, рубоӣ ва ё маснавӣ навишта шудаанд. Хосатан матни сурудеро, ки Аҳмад Зоҳир хондааст ва дар шакли мусаллас навишта шудааст, мо дар осори хаттии ба мо дастраси Мавлои Рум пайдо накардем. Дар робита бо ҳамин суруд бояд таъкид кунем, ки аксари муаллифоне, ки маҷмӯа ва ё китоби таронаҳои Аҳмад Зоҳирро таҳия кардаанд, ба китоб¬ҳояшон на он матнеро, ки Аҳмад Зоҳир сурудааст, балки матни ғазали Мавлавиро дохил кардаанд. Масалан, Асадуллоҳи Софӣ дар китобаш "Танҳо садост, ки мемонад", ки дар Пешовари Покистон соли 1997 чоп шудааст, дар саҳифаи 165-и он на суруди Аҳмад Зоҳир, балки ғазали Мавлоноро овардааст. Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ низ дар китобаш "Садои қарн" (саҳ.33) ғазали Мавлавиро ҷой додааст, на суруди Аҳмад Зоҳирро. Тафовут фақат дар ин ҷост, ки Хуросонӣ дар поварақ бо додани шарҳ танҳо мисраи дуввуми ғазалро дар шакли сурудаи Аҳмад Зоҳир овардааст. Мисраъҳои боқимонда аз ғазали Мавлавӣ оварда шудаанд. Мутаассифона, муаллифи "Китоби ишқ" Муҳаммад Зоҳири Сипос аз ин миён истисно набудааст. Дар як сӯҳбати телефоние, ки ахиран бо оқои Сипос доштам (ӯ феълан дар Ҳолланд зиндагонӣ мекунад), дар бораи муаллифони ин ва баъзе таронаҳои дигари Аҳмад Зоҳир аз ӯ пурсон шудам. Ӯ дар аввал ба моли Мавлавӣ будани ҳамин суруди Аҳмад Зоҳир лаҳзае исрор варзид, вале чун далел пеш овардам, оқои Сипос ҳадс зад, ки шояд ҳам матн ва ҳам оҳанги ин суруд, яъне суруди "Ошиқ шудаӣ ай дил, ғамҳот муборак бод", сохтаи устод Найнавоз бошад. Вале Аҳмад Зоҳир, ба фикри ӯ, ғазали Мавлоноро низ дар ҳамин оҳанг сурудааст ва оқои Сипос кӯшиш мекунад, ки навори онро пайдо намояд. Ба фикри оқои Сипос чунин як наворе низ вуҷуд дорад. Оқои Сипос, ки Аҳмад Зоҳирро шахсан мешинохт ва бо ӯ борҳо сӯҳбат кардааст, мегӯяд, ки ин хунёгари ҷовидонӣ як одати аҷиб дошт. Агар ғазале барояш писанд меомад, баъди ба оҳанг даровардани он кӯшиш мекард, ки мухаммасҳои устодона бар ин ғазал навишташударо низ пайдо карда, махсусан дар маҳфилҳо, онҳоро бо ҳамон оҳанг бихонад. Яъне мехост, ки шунавандаи хешро ҳамеша бо як чизи наве шоду дар ҳайрат гузорад. Барои намуна ғазали Хаёлии Бухороиро, ки бо мисраи "Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона" оғоз мешавад, мисол меорем. Аҳмад Зоҳир баъди ба оҳанг даровардани ин ғазал дар бисёр маҳфилҳо мухаммаси бар ҳамин ғазал навиштаи Шайх Баҳоиро, ки бо мисраъи "То кай ба таманнои ту, ай моҳи ягона" шурӯъ мешавад, низ хондааст. Оқои Сипос худро хушбахт мешуморад, ки чунин як наворро маҳфуз медорад. Рости гап, навори таронаи бар матни Шайх Баҳоӣ сурудаи Аҳмад Зоҳирро мо надорем. Вале аз шунидани ин хабар, албатта хеле шод шудем, ки чунин як навори аудиоии суруди нодири Аҳмад Зоҳир пайдо шудааст. Худо хоҳад рӯзе онро низ хоҳем шунид. Дар тақвияти фикри оқои Сипос гуфтанием, ки Аҳмад Зоҳир дар ҳақиқат, чунин як хислати мухаммасхониро низ дошт. Ба ёд биёред он ғазали машҳури шайх Саъдиро, ки бо мисраъи "Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ" оғоз мешавад. Шаш сабти мухталифи таронаи Аҳмад Зоҳир бар матни ҳамин ғазал ва мухаммаси бар он навиштаи шоири тавоно Муҳаммадҳусейни Шаҳриёр ҳифз шудааст. Аҳмад Зоҳир аз 13 байти ғазали Саъдӣ ҳафт байт ва аз 11 банди мухаммаси Шаҳриёр се бандашро дар таронаҳояш хондааст. Бо вуҷуди ин мо дар яке аз ҳамин шаш таронааш байтеро мешунавем, ки он на дар миёни 13 байти ин ғазали машҳури Саъдии бузургвор ҳасту на дар байни 55 мисраи мухаммаси Шаҳриёр. Ва чӣ байте!

Гар биёӣ, диҳамат ҷон, в-ар наёӣ, кушадам ғам,

Ман, ки боист бимирам, чи биёӣ, чи наёӣ.

Нусхаҳои гуногуни китобҳои ин бузургонро бо мақсади пайдо кардани ин байт варақгардон кардам, вале ҳайҳот. Шояд ин байти олӣ моли шоири дигаре бошад, ки тазмине бар ғазали шайх Саъдӣ гуфтааст. Ба ҳар ҳол истифодаи ин байт дар суруд нишондиҳандаи он аст, ки Аҳмад Зоҳир ба хотири шод кардани шунавандаи хеш ҳамеша дар ҷустуҷӯ будааст ва дурри маъниро бо пардаи сеҳрноки мусиқӣ ҷилову ҳашамати тоза мебахшад. Ҳамин тариқ, бо дарназардошти гуфтаҳои болоӣ, Аҳмад Зоҳир шояд ғазали ҳазрати Мавлавӣ "Ошиқ шудаӣ, ай дил савдот муборак бод"-ро дар қатор ҳамон мусалласе, ки оқои Сипос ҳад мезанад муаллифаш шояд Найнавоз бошад, низ хондааст. Ба ҳар ҳол дар ин мавзӯъ мо фикри каме дигархелтар дорем. Чӣ гуна? Онро поёнтар шарҳ хоҳем дод.

Аввал дар бораи чаро теъдоди таронаҳо бар ашъори Мавлавӣ тибқи ҳисоби оқои Сипос зиёд шудаанд ҳарф мезанем ва сипас ба суоли болоӣ посух мегӯем.

Дар ҳамон CD-и таронаҳои бар матни ашъори Мавлавӣ сурудаи Аҳмад Зоҳир ду варианти мухталифи суруди "Ошиқ шудаӣ ай дил, ғамҳот муборак бод" (Сабтҳои "Афғон Музик" ва "Музик сантр") шомил шуда сурудҳои "Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест", "Ман масту ту девона моро кӣ барад хона?", "Биёед, биёед, ки гулзор расида!", "Маъшуқа ба сомон шуд, то бод чунин бодо!" низ дар дувариантӣ дохили ин CD гардидаанд. Барои ҳамин ҳам шумораи таронаҳои бар ашъори Мавлавӣ сурудаи Аҳмад Зоҳир тибқи ҳисоби оғои Сипос дар ин CD ба 16 расидааст. Агар мо ду варианти мухталифи таронаи "Ошиқ шудаӣ ай дил, ғамҳот муборак бод"-ро ҳамчун моли дигар шоир аз ин ҳисоб барорем, тибқи ҳисоби оқои Сипос теъдоди таронаҳои бар ашъори Мавлавӣ сурудаи Аҳмад Зоҳир 14 адад боқӣ мемонад. Дар ҳамин ҷо бояд бигӯем, ки дар бойгонии мо сурудҳои "Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест", "Биёед, биёед, ки гулзор расида!", "Маъшуқа ба сомон шуд, то бод чунин бодо!" ҳар кадом се варианти мухталиф доранд, ки тибқи ҳисоби оқои Сипос ҳар кадоми онро бояд суруди алоҳида ҳисоб кунем. Ба ғайр аз ин таронаҳо боз сурудҳои "Пӯшида чун ҷон меравӣ" ва "Ман ғуломи қамарам" низ дар фонотекаи мо, дар тафовут аз бойгонии оқои Сипос, ки он ҷо яквариантӣ мебошанд, аз ду вариантӣ иборатанд. Ҳамин тариқ, агар таронаҳои бар матни Мавлавӣ сурудаи Аҳмад Зоҳирро, ки дар бойгонии мо маҳфузанд, бо шеваи оқои Сипос ба ҳисоб бигирем, теъдодашон ба 19 мерасад, яъне панҷ тарона бештар.

СУХАНИ СУБОТ ИСБОТ ДОРАД

Дар CD-и бар матни ашъори бузургворон Ҳофизу Саъдӣ сурудаи Аҳмад Зоҳир низ оқои Сипос таронаеро моли Саъдӣ донистааст, ки матни онро дар осори Саъдӣ пайдо накардем. Ин тарона "Ай бути бераҳм шикор афканам" ном дорад. Тибқи иттилое, ки мо аз шоир, оҳангсоз ва дӯсти Аҳмад Зоҳир Сафиуллоҳи Субот гирифтем, матни ин тарона ва матни ҳамон таронаи "Ошиқ шудаӣ ай дил, ғамҳот муборак бод" низ моли шоир Абулаҳмади Адо, ки бо тахаллуси Шероғо низ маъруф аст, мебошад. Абулаҳмади Адо дӯсти Аҳмад Зоҳир ва худи оқои Субот низ будааст. Ба гуфтаи оғои Субот таронаҳои албоми 13-уми Аҳмад Зоҳир, ки дар студияи "Афғони Музик" сабт шудааст, пурра бар матни ашъори ҳамин шоир суруда шудаанд. Ду суруди дар боло зикршуда низ дар ҳамин албоми 13-ум ҷойгир шудаанд. Ба гуфтаи оғои Субот дӯсти ӯ ва Аҳмад Зоҳир шоир Абулаҳмад чанд муддат дар Тоҷикистон зиндагонӣ карда сипас ба Покистон меравад. Дар он ҷо тахминан солҳои 93-94 аз дунё мегузарад ва дар шаҳри Исломобод ба хок супурда шудааст. Ҷӯстуҷӯҳои мо ҳини дар Афғонистон буданамон ба мақсади дастрас кардани осори ин шоир бенатиҷа анҷом гирифтанд. Мо бо такя ба гуфтаҳои оғои Субот дар китоби "Султони қалбҳо" матни таронаҳои албоми 13-ро пурра ба шодравон Адо нисбат додем.

Ногуфта намонад дар ин CD-и таҳия намудаи оғои Сипос (таронаҳои бар ашъори Ҳофизу Саъдӣ сурудаи Аҳмад Зоҳир) бо кадом сабабҳои ба мо номаълуме суруд бар матни ғазали Саъдӣ "Ай сорбон, оҳиста рон к-ороми ҷонам меравад" ва таронаҳои "Дӯш аз масҷид сӯйи майхона омад пири мо", "Айшам мудом аст аз лаъли дилхоҳ" бар матни ғазалҳои Ҳофиз, ҷой дода нашудаанд.

(идома дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97