БУЗИНАБОЗИ... МО КАЙ ИСЛОҲ МЕШАВЕМ?!

Фарҳанг ва адаб 04.12.2009 15:55

Ё аз "Шоҳнома" танҳо сӯҳробкуширо омӯхтаем!

БЕМОРИЕ, КИ ҲАЗОР СОЛ БОЗ ИДОМА ДОРАД

Муболиға намешавад, агар гӯем, ки камбудию норасоиҳои соҳаи мактабу маориф дар кишвари мо таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад. Тақрибан ҳазор сол пеш аз ин устод Абҳабдуллоҳи Рӯдакӣ дар болои минбари баланди давлати аз ҳар ҷиҳат рушду тараққиёфтаи Сомониён садо баланд намуда, қитъаи машҳури хеш "То ҷаҳон буд аз сари одам фароз"-ро қироат карда, мардумонро ба донишу маърифатомӯзӣ хонд. Гӯё ӯ дигар коре ва мавзӯъе барои шеъру шоирӣ надошт...

Тақрибан аз ин даъвати устод панҷсад сол гузашта буд, ки бузургвори дигар Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин сарзамин "Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст" гуфта, мардумро ба омӯзиши илму маърифат даъват намуда буд. Гӯё ӯ ҳам дигар кору мавзӯъи шеър надошта...

Баъди тақрибан панҷсад соли дигар дар муҳити тираву тори Бухоро шахси муътабаре бо номи Аҳмад бесаводию бемаърифатӣ ва ҷоҳилию нодонии ҳамватанонро дида, тамоми ҳастии худро ба кори маорифу тадрис бахшида, кунияи худро Дониш хонд, то ҳамватанони бесаводу нодону ҷоҳилаш ҳангоми шунидани номи ӯ гоҳе ёде аз донишу маърифат кунанд.

Устод Садриддини Айнӣ бесаводию нодонии миллатро бо чашми сар дида, муваққатан аз баҳри кору бори дигари дастгоҳи адабӣ баромада, чанд муддат ба кори маорифу тарбия пардохт ва мардумро ба донишомӯзӣ даъват кард, ки мисраи поён собити даъвати мазкур аст: "Биёед, эй рафиқон, дарс хонем!"

Овози даъвати холисонаи устоди мӯҳтарами халқи тоҷик ба садои коммунистони "раиятпарвар"-у "баробарӣ"-ю "бародарихоҳ"-и он замон қудратманд ба ҳам печида даромехт...

Халқи садсолаҳо бесаводу аз худ ноогоҳи дар тираву торикӣ мондаю дар паҳнои таърих сарсону саргардон садои раҳматбори устодро аз садои даҷҷолонаи болшевикӣ фарқ карда натавониста, вориди мактабе гардид, ки аз суннату ҷаҳонбинии он тамоман ва билкул бегона буд. Ва оқибати таълим дар ин мактаби "бӯзина- ҳамчун бобокалон" шинохта шуда, ба ҷое расид, ки баробари фарорасии истиқлоли тӯҳфагардида мо бӯзинавор ба ҳаёҳую малғата пардохтем ва чун ин ҳайвони безабони дарранда аз гулӯи якдигар дошта, хуни ҳамдигар рехтем ва то кунун аз ин одати хабиси худ даст накашида, ба ҷои гиребони тавба боз ҳам гоҳе аз гиребони якдигар мегирем!

Империяи коммунистӣ аз байн рафта, бо худ мактабашро низ бибурд. Мо боз бемактаб мондем.

Рафъи кулли камбудию норасоӣ ва ноҳамоҳангии ҷомеа аз мактабу тадрис вобаста аст. Ин ҳақиқати воқеиро он давлатҳое, ки ба хубӣ дарк намуданд, дар кори худ ба пешравиҳои хеле назаррас муваффақ гардидаанд.

Ҳамаи мо хуб огоҳем, ки пеш аз бӯҳрони фарогири иқтисодӣ ҷомеаи кишвари мо гирифтори бӯҳрони шадид буд. Бештари ашхосе, ки ба омӯзишу тадқиқи иқтисод ва иҷтимоъ машғуланд, бӯҳрони кишварро ба суқути шӯравӣ ва ҷанги дохилӣ марбут дониста, онро бӯҳрони иқтисодӣ ном гузоштанд. Чокари қаламии шумо роҷеъ бар ин масъала андешаи дигар дорад.

Бӯҳрон дар кишвари мо 1000 сол пештар, дар замони салтанати Сомониён шурӯъ гардида, ба фарҷоми фоҷеабори ин салтанат оварда расонид, ки нақши сангину нангини он дар ҷомеаи мо бо аломату нишонаҳои парокандагӣ, нодонӣ, бесаводӣ, ҷоҳилӣ, қашшоқии маънавию ахлоқӣ ва ғайраву ҳоказо ба мушоҳида мерасад ва ин зуҳуроти манфӣ дар ҳаёти ҷомеаи муосири тоҷик ҳамарӯза худро ба чашм вонамуд месозанд.

Ҷомеа дар ҳар давру замон пеш аз он ки гирифтори бӯҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шавад, даставвал дучори бӯҳрони маънавию фарҳангӣ мегардад. Ин бадеҳиёт (аксиома) барои ҷомеаи тоҷик истисно нест. Бӯҳрони маънавию фарҳангӣ аз нотавонию заифӣ ва гирифтории маорифу маърифати ҷомеа ба вуҷуд меояд. Имрӯз ҷомеаи тоҷик бидуни рушду тараққии мактабу маориф ҳеҷ бӯҳронеро наметавонад рафъ созад.

Хушбахтона, солҳои охир ҷомеаи мо ин ҳақиқати ҳолро каме дарк намудааст. Аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурӣ эълом гардидани маориф чун соҳаи боафзалият ва ҳар сол маблағи бештарро аз буҷаи давлат барои ин соҳа ҷудо намудан нишонаи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Тоҷикистон ба пешрафти мактабу маориф аст.

РАҲМОНОВ ДАР ҶОИ БА ХУДАШ

МУНОСИБ НИШАСТААСТ

Дар марҳилаи кунунӣ, ки мо қарор дорем, сарварии ин соҳаи ниҳоят муҳим бояд ба шахсе вогузор мегардид, ки ӯ худ "маорифпарвари касбӣ" мебуд. Ба ҳайси вазири маорифи кишвар таъйин шудани Абдуҷаббор Раҳмонов аз ҷониби Раиси ҷумҳур бамаврид ва айни муддао буд. Номбурда доктори илми филология, профессор ва дар ин ришта он замон узви вобаста (аъзо-корреспонденти) Академияи улуми Тоҷикистон буд. Ӯ солҳои тулонӣ дар Донишгоҳи миллӣ ба кори таълиму тадрис машғул шуда, ҳатто дар давраи адои вазифа дар Дасгоҳи Раиси ҷумҳур ва Кумитаи радио ва телевизион кори муаллимиро тарк накарда, ба донишҷӯён дарс мегуфт. Болои ин ҳама қобилияти хуби ташкилотчигӣ, меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносиаш ӯро зина ба зина ба ин вазифаи масъул - сарварии соҳаи бағоят муҳим сазовор донистанд. Бояд содиқона эътироф намуд, ки ӯ ҳанӯз замони донишҷӯӣ бо меҳнатдӯстӣ ва қобилияти ташкилотчигӣ дар байни донишҷӯён фарқ мекард. Баъди як соли таҳсил дар донишгоҳ тавонист бо ин хислатҳои хубаш чун лидер худро нишон диҳад. Вақте, ки дар курси дуюм мехонд, ӯро донишҷӯён ба вазифаи он замон хеле масъул - Раиси иттифоқи касабаи факулта интихоб намуда буданд. Зикри ин нуқта хеле ба маврид аст. Вазири маориф ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиаш курси амалии масъулиятшиносӣ ва роҳбариро дар донишгоҳ аз бар намуда буд.

МАКТАБИ МИЛЛИИ ХУДРО БОЯД СОХТ

Бояд ин воқеъиятро қабул кунем, ки бо таъсири чанд омилҳои таърихӣ то ба ҳол мо соҳиби мактаби миллӣ нагашаем ва сохтани он ҳам кори саҳлу осон нест. Мактаби миллии хешро мо бояд дар заминаи суннату анъанаҳои миллӣ ва дастовардҳои илмию техникии муосири ҷаҳон бино созем. Созмон додани мактаби миллӣ кори танҳо вазир ва вазорат набуда, балки кори умумимилӣ мебошад. Бояд дар ин кори умум рӯзноманигорон чун намояндаи рушанфикри кишвар аз қишри пешсаф бошанд. Мутаассифона, чанде аз онҳо ин рисолат ва мавқеъи шаҳрвандии худро нодида гирифта, ба ҷои саҳм гирифтан дар пешрафти маориф баръакс, бо навиштани мақолаҳои муғризонаю ҳангомазо ва супоришӣ ба шахсе, ки дар ин ҷабҳа содиқона хизмат мекунад, халал расонида, тамоми масъалаҳои даҳсолаҳо, агар нагӯем садсолаҳо ҳалнагардидаро ба гардани як нафар бор мекунанд. Барои исботи ин фикр ҳеҷ зарурате ба таҳлили навиштаҳояшон намемонад. Танҳо ёдрас намудани ному сарлавҳаи он мақолаҳо басанда аст: "Истеъфои вазири маориф", "Тройкаи Раҳмоновӣ", "Раҳмонов ва Қосимов дуруғгӯй мешаванд?" ва ғайра.

Муссалам аст, амалею коре ки аввалин маротиба иҷро мегардад, орӣ аз нуқсону норасоӣ нест. Ҷомеаи тоҷик, ки баъди истиқлолияти миллӣ бори аввал ба масъалаи барпо сохтани маорифу мактаби миллӣ рӯбарӯ гардидааст, наметавонад ин амалро бекамбудию нуқсон пиёда намояд. Ва боз зарбулмасали мӯъҷази русист: "Касе хато намекунад, ки кор намекунад". Вазир А. Раҳмонов чун узви фаъоли ҷомеаи дар ин ҷода навкори тоҷик ва инсони хокӣ низ ба сурати табиӣ ба камбудиҳо роҳ медиҳад. Агар ба фаъолияти кории ӯ беғаразона баҳогузорӣ шавад бидуни шубҳа, муваффақияти фаъолияташ аз нуқсонҳову камбудиҳои кораш ба маротиб бештар мебошад ва метавон ӯро аз комёбтарин аъзои Ҳукумати феълии Тоҷикистон донист.

Баъди таъин гардидани А. Раҳмонов ба вазифаи вазири маориф бо ғайрату қуввати хоси худ барои пешрафт ва рушди ин соҳаи муҳими ҳаёти кишвар софдилона заҳмат мекашад. Беҳуда набуд, ки худи назархоҳии расонаҳо боз ҳам пуркортарин вазир А. Раҳмоновро шинохтаанд.

Бо камоли эҳтиром ба вазири собиқи маориф, вале ҳар давраи кори як ниҳоди расмиро бо давраи гузаштааш метавон муқоиса кард ва пешрафт ё нокомии онро муайян намуд. Дар давоми фаъолияти кории А. Раҳмонов дар соҳаи маориф пешравиҳои зиёдеро метавон мушоҳида намуд. Дар ин муддат пойгоҳи моддии мактабҳо мустаҳкам гардид. Тамоми мактабу донишкадаву донишгоҳҳо бо миқдори лозимии компютер таъмин мешаванд. Миллионҳо адад китобҳои дарсӣ ба чоп расида, дастраси хонандагону донишҷӯён гардиданд. Баъд аз он ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз сохтори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба сохтори вазорати маориф гузаронида шуданд, фаъолияти онҳо аз нав пешрафт кард ва ҳоло аз рӯи 96 ихтисос кадрҳои коргарӣ тайёр мекунанд. Садҳо объектҳои вазорати маориф, ки дар давраи бесарусомониҳо аз тарафи чӣ ашхоси ҳуқуқӣ ва чӣ ғайриҳуқуқӣ тасарруф гардида буд, ба соҳибони ҳақиқии худ баргардонида шуданд. Даҳҳо хобгоҳи мактабҳои олӣ ва мактабҳои ибтидоии касбӣ таъмир гардида, мавриди истифодаи хонандагону донишҷӯён қарор гирифтанд.

Мо ин ҷо бо далеловарии рақамҳо хонандаро дилгир накарда, танҳо барои тақвияти фикри худ ба як мисол иктифо мекунем. Аз соли 2005 (соли аввали фаъолияти А. Раҳмонов ба ҳайси вазир) то моҳи сентябри соли 2009 дар ҷумҳурӣ 478 мактаби таҳсилоти умумӣ сохта ва мавриди истифода қарор гирифта шудааст, ки дар маҷмӯъ дорои 100889 ҷои нишаст мебошанд.

Хидматҳои вазирро онҳое медонанд, ки чанд муддат пештар фарзандҳояшон дар фасли сармои кӯҳистон баҳри таҳсил аз деҳае ба деҳае масофаи зиёдро пиёда тай мекарданд, аммо имрӯз дар шафати хонаи худ дар мактаби нав таҳсил мекунанд.

Хидмати вазирро боз онҳое медонанд, ки дар хобгоҳҳои наву замонавӣ зиста, айёми хотирмони донишҷӯии худро мегузаронанд.

Хидмати вазирро хонандагону муаллимони деҳоти дурдасти кӯҳистони тоҷик медонанд. Бо вуҷуди машаққати зиёди роҳ ҳар сол ду се маротиба ба ин ноҳияҳо сафар намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо хабар гирифта меояд.

Матбуоти ҳақиқӣ, ки дар зоти худ хусусияти созандагӣ дорад, бояд тавассути масъалагузориҳо, таҳлилу тадқиқи ҳамаҷониба камбудию норасоиҳои ҷомеаро воқеъбинона ва холисона баррасӣ намуда, роҳи ҳалли онро пешниҳод кунад. Вақте ки матбуот ин рисолати хешро аз даст диҳад ва ба ҷои таҳлилу таҳқиқи одилонаи воқеият ба эҳсосот дода шуда, аз пашша фил созад, худ бехабар дар чашми аҳли ҷомеа ба матбуоте мубаддал мегардад, ки онро дар забони русӣ матбуоти кӯчагӣ ё худ "желтая пресса" ном мебаранд. Вақтҳои охир чанд ҳафтаномаҳои хусусӣ ва ҷиддии кишвар, ки миёни хонанданон обрӯи хосе доранд, оиди кору фаъолияти вазири маориф мақолаҳое ба чоп мерасонанд, ки аз маводҳои матбуоти дар боло номбар шуда, кам фарқ мекунад. Вақте ки роҷеъ ба илму маориф дар матбуоти дигар кишварҳо масъалагузорӣ мешавад, онҳо онҷо рӯи масълаи нанотехнология ва ҷорӣ намудани кашфиёти охирини илм дар мактабҳо баҳсу масъалагузорӣ мекунанд. Баъзе аз матбуотиёни мо бошад ҳамин, ки масъалаи маорифу мактаб ба хотирашон расид, ғайри масъалаи ҳиҷобу ришу галстуку телефони мобилӣ дигар ҳарфи гуфтание ба хонанда надоранд.

Агар воқеъан ин рӯзноманигорон дилсӯзи рушди маорифу мактаб мебуданд, оиди масъалаҳои мавҷудаи ин соҳа ягон маводи таҳлилиро чоп намуда, дар ин кори умум ҳиссагузор мегаштанд. Аввали соли таҳсил Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон маблағи таҳсили шартномавиро қариб як-якуним баробар зиёд намуд. Таълими пурсамар ва фарогиранда дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ маблағи зиёдеро мехоҳад. Бидуни маблағ наметавон ҳам маоши устодону кормандонро зиёд намуд ва ҳам дигар корҳои хоҷагидориро ба анҷом расонида, шароити хубе барои донишҷӯён муҳайё намуд. Вале ба ин тарафи сика низ бояд нигарист. Ин маблағро оилаи камбағали тоҷик аз куҷо пардохт менамояд? Дар мамолики дигар давлат барои донишҷӯён махсус вом ҷудо мекунад ва шахсоне, ки нияти хондан дар макотиби олиро доранд аз он вом истифода мекунанд. Барои чӣ ин масъаларо касе аз рӯзноманигорон ба таври ҷиддӣ матраҳ намекунад? Ба ин монанд масъалаҳо магар дар кори мактабу маориф каманд?

Табиатан, Абдуҷаббор Раҳмонов шахси хоксор ва аз ҳавзаи фарҳангиён буда, майли даст ба гиребон шудан бо баъзе аз муаллифон дар додгоҳро надорад. Инро бархе рӯзноманигорон дидаву дониста ба танқидҳои беасос ва баъзан тӯҳматомез даст мезананд. Агар чунин набуд, чаро онҳо ғайрати танқиди дигар вазирон ва соҳибмансабонро надоранд? Ё магар дар риштаҳои онҳо кайҳо "олам гулистон шудааст"? Ба қавли як дӯсти банда, мо тоҷикон аз "Шоҳнома" фақат сӯҳробкуширо ёд гирифтем...

КӮМАКИ ВАЗИР БАРОИ ОЗОДИИ БАЁН

Вазири маориф воқеан бо фарҳанги таҳаммулпазирии худ ба ваҷҳа ё рейтинги озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистон кӯмаки бузург кардааст, вагарна кадом мансабдори дигари кишварамон ин қадар танқидҳои бепоя ва таҳрифи воқеиятро шунидаву таҳаммул кардааст? Ахиран вазири маориф эълом кард, ки ба хотири эҳтиром ба озодии баён омодааст, ҳатто тӯҳматҳои бар ӯ бастаро ҳам тоқат кунад ва масъаларо то ба додгоҳ накашад.

Воқеан кори оқилона аст, зеро бо вуҷуди он ки дар кишварҳои демократӣ барои тӯҳмат назди қонун бояд ҷавоб дод, аммо боз ҳам аксари ин расонаҳо бисёр зуд ҳомии хориҷӣ меёбанд ва сару садоҳое баланд мекунанд, ки озодии матбуот дар Тоҷикистон дар марзи таҳдид ва хавф қарор дорад. Аз онҳое, ки воқеан ҷонибдори мардумсолорӣ ва демократия ҳастанд, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки чун вазири маориф ба арзишҳои демократӣ ва озодии баён арҷ гузоранд ва аз озодии баён сӯйистифода накунанд. Зеро ин на ба манфиати онҳо ва на ҷомеа хоҳад буд.


Н. Неъматзода
рӯзноманигор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97