ТАҶЛИЛ АЗ ЗОДРӮЗИ БОЗОР СОБИР

Фарҳанг ва адаб 21.11.2009 20:14

20 ноябри соли 2009 дар маҷлисгоҳи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон бо ибтикори ҳафтаномаи «Миллат» зодрӯзи Бозор Собир шоири шаҳири миллат, ки феълан дар ИМА ба сар мебарад, ҷашн гирифта шуд, ки дар он адибон, журналистон, сиёсатмадорон, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва дигар алоқамандони шеъри ноби Бозор Собир ширкат варзида, суханронӣ намуданд. Маҳфилро сардабири ҳафтаномаи «Миллат», журналисти варзидаи кишвар Адолат Умарова ҳусни матлаъ бахшид. Ӯ аз ташаббуси ҳафтанома дар бораи ҷамъу гирд кардану дар шакли китоб ба чоп омода сохтани соядастҳои устод Бозор Собир сухан гуфта, аз ҳамкасбони худ даъват ба амал овард, ки дар обод кардани гӯшаи ноободи ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии диёри азизи хеш вобаста ба имконияту тавоноии худ саҳм бигиранд.

Садри маҷлис ровии хушсадову ширинсухани тоҷик, Ҳунарманди мардумии кишвар Ортиқи Қодир баъди бо як шеваи гӯиши ҷаззоби хеш хондани чанд порча шеъри ноби шоири дур аз Ватан, риштаи суханро ба маъруфтарин шоири муосири тоҷик устод Мӯъмин Қаноат дод.

Мураббии аксари шуарои имрӯзаи тоҷик устод Мӯъмин Қаноат дар бораи эҷодиёти Бозор Собир сухан гуфта, қайд намуд, ки Бозор Собир на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳони форсигӯёни имрӯз аз ҷумлаи он шоирони камшуморест, ки шеърро рӯдакивор мегӯяд.

Дар шеъри ӯ мо анъанаи неки шуарои гузаштаи хеш, яъне равону содда баён кардани мазмуни баландро мебинем-, таъкид намуд устод Мӯъмин Қаноат. Шеъри ӯ аз шеъри дигар шоирони форсигӯе, ки имрӯз аз шаҳрҳои Аврупову Амрико садо баланд мекунанд, аз ин ҷиҳат ба куллӣ фарқ мекунад. Ӯ агарчӣ аз таҷрибаи онҳо ва шоирони хушзавқи рус истифода кардааст, вале бо роҳу равиши хеш ба пеш рафтааст.

Шамсулҳаққи Ориёнфар вобастаи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон дар суханронии худ бештар рӯйи масъалаи шинохти шоирони тоҷик дар Афғонистон таваққуф намуд. Ӯ азҷумла гуфт, ки дӯстдорони адабиёт дар Афғонистон аз шуарои тоҷик бештар аз дигарон бо ашъори устод Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор ва устод Бозор Собир шиносоӣ доранд.

Дӯсти овони ҷавонии Бозор Собир, журналисти маъруфи кишвар Теша Раҷаб, ки дар бораи ӯ қиссаи тарҷумаҳолие ҳам навишта ба чоп расондааст, хотироти хешро дар бораи ин дӯсти шоираш ба ҳозирин хеле ҷолибу шавқовар ҳикоят кард.

Дар ин маҳфил китоби «Марворидҳои ноёби Бозор», маҷмӯаи силсилаи мақолаҳо дар бораи соядастҳои ин шоири маъруфи кишвар, ки тӯли соли 2008 дар ҳафтаномаи «Миллат» ба табъ расида буданд, муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки ин китоб аз рӯйи мавзӯъ, мазмуну мундариҷаи хеш дар адабиёти имрӯзи тоҷик таҷрибаи аввалин ба шумор меравад.

Дар идомаи ҳамоиш шоир ва олими шинохта Рустами Ваҳҳобиён, адабиётшинос Боймурод Шарифов, коргардони синамо Сафарбек Солеҳов, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, шоир ва файласуф Мирзоҳусайни Бадалипур, ки ҳар кадом сухани ҷолибе, хотираи фаромӯшношудание аз ин устоди сухан доштанд, бо як шавқу рағбати зиёде онҳоро барои ҳозирин ироа карданд.

Бархе аз ин суханварон паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва эҷодиёти устод Бозор Собирро ба риштаи таҳлил кашиданд, аз осори устод Бозор Собир ва навиштаҳои худ барои устод порчаҳои шеърӣ қироат карданд. Вале байти серистеъмоле, ки дар ин маҳфил мукарраран аз сӯи ҳозирин хонда мешуд, байти худи устод Бозор Собир буд, ки мегӯяд:

Паррандаҳои муҳоҷир ба лона баргаштанд,

Дубора чаҳ-чаҳа сар шуд чаро намеоӣ?


«Рӯзгор», www.ruzgor.tj
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97