УСТОД ТОҶИКИСТОНРО КАРД МУНАВВАР

Фарҳанг ва адаб 17.11.2009 14:39

Мехоҳам бо такя ба мақолаи Сафаралӣ Саидшоев "Лоҳутӣ: дилҳои поки фаълаву деҳқон макони ман" рози дар дил доштаи худро бигӯям. "Ҳар гаҳ аз Тоҷикистону тоҷикон гап занам, ба ёдам меояд, ки дар айёми ҷавониям, дар Ирон, бори аввал калимаи "тоҷик"-ро дар шеъри Саъдӣ дидам: Шояд, ки ба подшоҳ бигӯянд: Турки ту бирехт хуни тоҷик…Чун маъни калимаи "тоҷик"-ро надонистам, дар ҷустуҷӯи он ба китобҳои луғат муроҷиат намудам. Дар китобе навишта шуда буд: "Тоҷик номи қабилаест, ки як замон вуҷуд доштааст; дар луғатҳои туркӣ ба маънии форс ҳам омадааст".

Аммо дар гирдоби ҳаводиси инқилобӣ фурсате набуд, ки дар хусуси "Як қабилае, ки замоне вуҷуд дошт" фикр кунам ва калимаи тоҷик ба зудӣ аз лавҳи хотирам маҳв гардид. Солҳои бисёре гузашт. Рӯзе аз рӯзҳо соли 1923, ки соли аввали ба Маскав омаданам буд, ба ман бо телефон хабар доданд, ки раиси комитети инқилобӣ ва саркотиби Бюрои ташкилоти Партияи Коммунисти Тоҷикистон мехоҳад маро бубинад. Ба ёдам омад, ки калимаро дар куҷое шунидаам, аммо дар куҷо? Ногоҳ шеъри Саъдӣ ба ёдам омад.

Маълум шуд, ки халқе ки "як замон вуҷуд дошт", халқи аз ҳаёти сиёсӣ маҳрум -дар Иттифоқи Советӣ мавҷуд, зинда ва на танҳо зинда, балки аз ҷиҳати сиёсӣ халқи мустақил ва муташаккил шудааст, ки барои инкишофи иқтисодӣ ва мадании худ асос ва имконияти том дорад."

Ин иқтибос аз як суханронии устод Лоҳутӣ дар Анҷумани якуми нависандагони Советӣ дар соли 1934 аст.

ШӮРАВӢ БА ҚАДРИ ЛОҲУТӢ РАСИД

Ба китобхонаву осорхонаҳо ва театрҳо одатан омӯзгорону хонандагон бештар аҳамият медиҳанд. Баъзан вақтҳо ба ин даргоҳҳо мо омӯзгорон, албатта ҳамроҳи толибиилмон даъват мешавем, боз дар баъзе мавридҳо бо хоҳиши худ майли дидани ин ё он китобхонаву осорхона ҳамроҳ бо бачаҳоро мекунем.

Банда омӯзгори фанни забону адабиёт ҳастам. Аслан мавзӯи ҳаёт ва эҷодиёти А. Лоҳутӣ дар синфҳои болоӣ, дар синфҳои 11-ум омӯзонида мешавад. Ба бачаҳо дар ин мавзӯъ дарс мегӯям ва ба ин ҷо мерасам: "…Аз соли 1925 баъди тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна, Ҷумҳури Мухтори Тоҷикистон таъсис меёбад. А. Лоҳутӣ ба Тоҷикистон фиристода мешавад. "Чун шунидам кишваре бо номиТоҷикистони советӣ ҳаст, ки дар онҷо осори Фирдавсӣ ва Саъдиро мардум ҳамчун дар Ирони ман мехонад ва азиз медорад, аз партия хоҳиш намудам, маро ба он ҷо фиристад" - нақли қавл аз Лоҳутист.

Устод Лоҳутӣ баъд аз устод Айнӣ дувумин пояи фарҳанги тоҷик дар садаи XX буд, ки дар тараққиёт ва пешрафти адабиёти давраи нави он саҳми муносиб гузошт. Ӯ чандин сол намояндаи Тоҷикистон дар назди Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ буда, ба сифати яке аз муовинҳои Максим Горкий иҷрои вазифа намудааст. Дар анҷуманҳои нависандагони Шӯравӣ дар паҳлӯи С. Айнӣ қарор дошт ва шеъри тоҷикро аз минбарҳои расмӣ бештар ӯ муаррифӣ мекард. Лоҳутӣ бо адибон чун М.Турсунзода, М.Миршакар, Б.Раҳимзода ва дигарон дарси маҳорат омӯхтааст. Маҳз Лоҳутӣ намунаи осори адибони тоҷикро ба дунёи форсизабонон паҳн намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Ҳукумати Шӯравӣ ба устод Лоҳутӣ қадршиносӣ намуда, ба нишонҳои давлатӣ ӯро сарфароз гардонид. Ҳамчун рамзи қадрдониву ҳурмату эҳтиром мактабу театр, китобхонаву осорхона ва кӯчаҳо ба номи ин шахсияти бузург гузошта шуданд.

МО ЧӢ…, БА ҚАДРИ БУЗУРГОН МЕРАСЕМ?

Соли гузашта адиби шинохта А.Лоҳутӣ 120 сола шуд. Ба муносибати 120 -солагии ин адиби бузург дар синфи 11 дарси кушод аз фанни адабиёти тоҷик дар мавзӯи "Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии А.Лоҳутӣ" гузаронидем. Хонандагон оид ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагии шоир маълумот дода, аз эҷодиёти шоир порчаҳо қироъат карданд, иншову рефератҳо навиштанд.

Дар соли 2008-ум гузаронидани як қатор ҷашнвораҳо ба монанди: 1500-солаги устод Рӯдакӣ, соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 130-солаги устод Айнӣ, 120-солаги устод Лоҳутӣ, 100-солаги Восеи ҷасур пешниҳод гардида буданд. Ба ин муносибат мо ҳамроҳи хонандагони синфи 6 "а" дар мавзӯи "Соли 2008- соли бузургдошти фарҳанг" дарси кушоди тарбиявӣ гузаронидем.

Дар ин дарсҳо доир ба паҳлӯҳои гуногуни ин шахсиятҳои бузург маълумот дода шуд. Хонандагон аз эҷодиёти адибон ва дар васфи онҳо порчаҳо қироат карданд. Асарҳои адибон намоиш дода шуда, барои хондан тавсия гардиданд. Чандин расмҳои ифодакунандаи шарҳиҳоли адибонро пешкаши хонандагон намудем, ки ин расмҳо, аз вохӯриҳо бо мактаббачагон, бо адибони ҷавон, аз баромади адибон дар анҷумани нависандагонро таҷассум менамуданд.

Дар ҷамъбасти дарс ваъда додем, ки як рӯз ба хона-музейи устод Лоҳутӣ меравем. Осорхонаи устод Лоҳутӣ дар назди мактаби мо воқеъ аст. Ман шахсан он хона музейро дидаам ва чанд маротиба аз назди ин бино гузашта, навиштаҷоти болои онро низ хондаам.

Ду сол боз бо хоҳиши хонандагон майли дидани осорхонаи адибро дорем. Азбаски ман ба ғайр аз рӯзи шанбе ҳар рӯз дарс дорам ва рӯзи рафтан ба осорхонаи Лоҳутиро ба рӯзи шанбе таъин намудем. Соли гузашта бо сабаби борони сахт боридан, рафтани мо ба осорхона ба рӯзи дигар монда шуд, ки дигар фурсати рафтан нашуд. Имсол бошад бо сабаби вохӯрӣ бо кормандони ШКД-и ноҳия оиди кор бо ноболиғон ба ҳангоми рост омадани соатҳои омӯзиши осори Устод Лоҳутӣ моро аз роҳ бозмонд. Ин буд, ки мо ба осорхона рафта натавонистем.

Ҳар гоҳ ки аз Лоҳутӣ ва эҷодиёти ӯ сухан мерафт, хонандагон бо афсӯс мегуфтанд: "Муаллима, як бор осорхонаи Лоҳутӣ нарафтем-а?!".

Пас аз шунидани ин суханҳо ман ба хулосае омадам, ки бояд ба осорхонаи ин адиби инқилобӣ биравем.

"АЛ ВАЪДАВУ ДАЙН" ГУФТЕМУ РАФТЕМ

Рафтану дидани осорхона доимо дар нақшаи кори ман буд ва барои амалӣ гаштани ин нақша вақт мепоидам. Барои ваъда кардану нарафтан ба осорхона дар назди хонандагон худро ваъдахилоф меҳисобидам. Аммо баъди хондани мақола дар бораи осорхонаи устод Лоҳутӣ "гуноҳ"- и худро назди шогирдон каме сабук дарёёфтам.. Фикр мекунам, ки агар мо вақт ёфта ба тамошои осорхонаи устод Лоҳутӣ мерафтем ҳам, шояд ҳамин ҳодисаи ба сари Сафаралӣ омада, моро интизор буд, яъне осорхонаро дарбаста меёфтем.

Мақсад аз ин гуфтаҳо ин аст, ки вақте мо нияти зиёрати ин даргоҳи муқаддас намудем, намедонистем кадом рӯз биравем. Баъдан намефаҳмидем , ки тамошои ин осорхона пулакӣ аст ё не?

Аз ин рӯ мақола барои мо роҳнамое шуд. Ва мо мунтазир нишастем, то ки масъулини осорхона тариқи ҳафтаномаи "Миллат" бо мо рӯзҳо ва соатҳои кори хонамузейи адабии устод Лоҳутиро пешкаш намоянд, ва Худо хоста бошад мо вақт ёфта, ба зиёрати ин даргоҳи муқаддас хоҳем рафт. Аммо инизории мо тӯл мекашад…

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД

Боре ман ба воситаи телевизион қабри шоир ва нависандаи забардаст, файласуфи бузург Абдулқодири Бедилро дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон хору залил ва дар ҳолати ҳузновару валангору пурхор дидам, нисбати халқи ҳинд, ки бо санъати баланду ҳунару фарҳанги худ ва меросе ҳамчунТоҷмаҳалу дигар ёдгориҳо дар олам машҳуранд, андешаам дигар шуда, ба ман дилсардие нисбат ба онҳо пайдо гашт.

Ба худ андеша намуда, борҳо ҳангоми гузаштани мавзӯъ доир ба А. Бедил ин нуктаро ба хонандагон хотиррасон карда мегуфтам. Аз ин рӯ ман ҳамчун омӯзгор, ки нисбати ин шахсиятҳои шинохта ҳурмату эҳтироми зиёд дорам, аз Вазорати фарҳанг ва масъулони осорхонаи устод Лоҳутӣ хоҳиш ва талаб менамоям, ки нисбати ин шахсияти мӯътабар ва осорхонаи ӯ бепарвоӣ накунанд. Зеро хизматҳои ин адиб дар пойдории пояи назми адабиёти муосири тоҷик назаррас мебошад. Обод гардидану талаботи мизоҷони ин даргоҳро қонеъ гардонидан ҳам рӯҳи шоирро ором мебахшад ва аз тарафи дигар мардуми тоҷикро миёни мардумони ҷаҳон ва форсизабонон мӯътабар месозад.

Аҳмадова ФАРИШТАМОҲ,

oмӯзгор

P.S. Новобаста аз мансубияти устод Лоҳутӣ ба идеологияи коммунистӣ ва ё Партияи коммунистӣ ӯ барои Тоҷикистони азиз хидматҳои шоёне кардааст, ки шояд аксарияти роҳбарияти вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми ҳамчунин кор ҷуръат ва қудрат надоштанд. Ва устод Лоҳутӣ дар баробари як адиб будан, як шахсияти иҷтимоист, ки дар бунёди пояҳои ноустувори ин сарзамин саҳми бениҳоят муҳим дорад ва арҷгузорӣ ба Устод маънии арҷгузорӣ ба муқаддасоти ин Ватан аст, ки бо шарофати Лоҳутӣ ва ҳамроҳони ӯ мо онро имрӯз дорем. Шояд на ҳар кас воқиф аст, ки аввалин дастгоҳи чопиро ба Тоҷикистон маҳз устод Лоҳутӣ пушт карда овардааст… Ин аз ҳазорон корнамоии ӯ барои бунёди ин Ватан аст, ки мисолаш овардем. Аз ин рӯ фаромӯш кардани Устод ба боди фаромӯшӣ додани ҳувият аст. Шумо чӣ мегӯед, азизон?!


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97