ЗИНДАГИИ ПАС АЗ МАРГИ АЛМОСИ ШАРҚ ё нигоҳи тоза ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир

Фарҳанг ва адаб 31.10.2009 15:28

Хонандаи гиромӣ, акнун худи Шумо мебинед, ки Аҳмад Зоҳир на чор байт, балки се байтро аз ин ғазал дар таронаи "Ҳама ёронам ба парешонӣ" мехонад. Вале байти дуввуми таронаи ӯ бо истифода аз мисраъҳои алоҳидаи байтҳои мухталифи ҳамин ғазал як навъ сохтаи Аҳмад Зоҳир аст. Аниқтараш Аҳмад Зоҳир байти дуввуми таронаашро бо истифода аз мисраи аввали байти ҳаштум ва мисраи дуввуми байти шашуми ҳамин ғазал сурудааст:

Чӣ хато дидӣ, чӣ ҷафо дидӣ? Чӣ ба ғайр аз меҳру вафо дидӣ?

Ҳама шаб вирди даҳанам будӣ, ки ба ширинӣ шакаре дорам.

Чанд сол пеш аз маргаш Аҳмад Зоҳир ин сурудро бори дигар дар студияи "Афғон музик" сабт мекунад. Матни тарона айнан ҳамин се байти қаблан истифода кардааш боқӣ мемонад, вале бо тафовути он ки дар ин суруди ахир байтҳои дуввуму саввум ҷойҳои хешро иваз мекунанд. Яъне, Аҳмад Зоҳир баъди сурудани нақарот (байти якум) аввал байти саввумро мехонад, сипас байти дуввумро.

Баъдан дар навори консерти Мазори Шариф ва навори маҳфиле, ки якҷо бо овозхони маъруф Зоҳир Ҳувайдо ҳунарнамоӣ кардааст, инчунин дар як навори маҳфилии дигар Аҳмад Зоҳир ин сурудро ба ҳамон тарзе, ки охирин бор сабт кардааст, айнан ба ҳамон тарз хондааст. Вале дар маҳфили дӯсташ Мирвайс онро дар шакли суруди аввал хондааст. Дар ягон ҳолат ин таронаро бо истифода аз чор байт нахондааст.

Бо овардани ин шарҳи муфассал мо гуфтанӣ ҳастем, ки Аҳмад Зоҳир ба ҳеҷ ваҷҳ таронаи мазкурро дар он шакле, ки Исфандиёр дар китобаш овардааст, насурудааст. Вале чаро муҳаққиқ Исфандиёр сурудро ношунида чунин матнро вориди китоби хеш кардааст ва хонандаеро, ки сурудро гӯш мекунад, ба иштибоҳ меандозад? Ба ин савол то андозае таҳлили баъдии мо посух хоҳад дод.

Дидаи мунтазирам ғарқи таманност ҳанӯз

Дар саҳифаи 147-уми китоби "Як мушти шеъру як мушти оҳанг…" таронаи "Гарчи чашми ту пайи бурдани дилҳост ҳанӯз" ("Нигаҳи мунтазир") бар матни Лӯъбати Воло ба ин тарз оварда шудааст:

Гарчи чашми ту пайи бурдани дилҳост ҳанӯз,

Нигаҳи мунтазирам ғарқи тамошост ҳанӯз.

ххх

Гарчи имрӯз маро ваъда ба фардо додӣ,

Ба Худо сина пур аз ваъдаи фардост ҳанӯз.

ххх

Лӯъбат, аз дӯст шикоят на сазовори ту буд,

Ки ба авроқи сафо килки ту гӯёст ҳанӯз.

Дар шарҳ ба ин се байт дар поварақ Исфандиёр чунин менависад: "Матни комили ин ғазалро пайдо накардам ва байти мақтаъро бо исми гӯянда аз мухаммаси Собир бар ғазали Лӯъбат тавассути садои устод Боймуҳаммад Ниёз пайдо кардам, ки Сабоҳати Наҷмиддин онро бароям телефонӣ гуфт. Аҷраш маъҷур бод! Ба гумонам Аҳмад Зоҳир як байти дигар низ изофа мехонад, ки ҳеҷ ба ёд оварда натавонистам".

Аз ин навиштаи Исфандиёр, хонандаи азиз, худатон хулосаи даркориатонро бароред. Вале мо ҳамин қадар мегӯем, агар Исфандиёр суруди Аҳмад Зоҳирро ҳангоми таҳияи маҷмӯаи таронаҳои Аҳмад Зоҳир ақаллан як бор гӯш мекард, ба хатои навбатӣ роҳ намедод. Бо ҳисси масъулиятшиносӣ арз мекунам, ки Аҳмад Зоҳир ин таронаро ҳамагӣ як бор сабт кардааст ва он ҳам дар студияи ҳамон "Музик сантар", ки сабтҳояш бо тозагиву беолоишӣ маъруфанд. То ба ҳанӯз ба алоқамандони таронаҳои ин хунёгар ҳатто навори маҳфилие ё сабти дигаре аз ин суруд маълум нест.

Акнун, биёед, хонандаи гиромӣ, бубинем, ки матни ин тарона дар иҷрои Аҳмад Зоҳир ба чӣ шакл садо додааст:

Гарчи чашми ту пайи бурдани дилҳост ҳанӯз,

Дидаи мунтазирам ғарқи таманност ҳанӯз.

ххх

Ханда бар лаб задаам то ба ту наздик шавам,

Ба Худо сина пур аз ҳасрати ғамҳост ҳанӯз.

ххх

Гарчи ҳаррӯз маро ваъда ба фардо додӣ,

Дил пур аз орзуи ваъдаи фардост ҳанӯз.

Ҳамин тариқ, хонандаи азиз, шумо худ қазоват кунед, ки фарқ байни матни пешниҳод кардаи мураттиб ва матни таронаи сурудаи Аҳмад Зоҳир аз куҷост то ба куҷо. Ба болои ҳамаи ин Аҳмад Зоҳир мақтаъи ғазалро тавре, ки мебинем, насурудааст.

Саволе ба миён меояд. Аз ин ду матн кадом аз ҷиҳати маъниву бадеият беҳтар аст? Матни ба китоб воридкардаи мӯҳтарам муҳаққиқ ва ё матни сурудаи Аҳмад Зоҳир? Бидуни шак ҷавоб якест. Матне, ки Аҳмад Зоҳир сурудааст. Бале, агар чунин намебуд, ӯ Аҳмад Зоҳир намебуд!!! Пас, хуб набуд, ки муҳаққиқ чунин мекард?

ЗАҲМАТ ФАРОВОН…

САҲЛАНГОРӢ НИЗ

Феҳристи адабиёте, ки муаллиф аз он ҳини тадвини китоб истифода кардааст, нишон медиҳад, ки Исфандиёр дар таҳияи ин китоб заҳмати фаровоне кашидааст. Ҷустуҷӯҳои зиёде кардааст. Вале мавҷудияти чунин камбудиҳое, ки дар боло мо аз онҳо ёдовар шудем, моро ба андешае водор мекунад, ки муаллиф дар ин кори хайр аз худ инчунин беҳавсалагӣ, бепарвоӣ, саҳлангорӣ низ зоҳир кардааст. Аз ин дида калимоти сабуктареро дар мазаммати мураттиби маҷмӯа пайдо карда натавонистам. Зеро чунин мисолҳо бо ончи мо овардем агар хатм мешуданд, дарди бахайр мебуд. Мутаассифона, ин гуна мисолҳоро аз ин китоб ҳанӯз ҳам зиёд овардан мумкин аст. Чунин ба назар мерасад, ки камбудии кори Исфандиёр асосан аз он маншаъ мегирад, ки ӯ эҷодиёти Аҳмад Зоҳирро ба он тарзе, ки як муҳаққиқ бояд фаҳмад, намедонад. Шояд баъди ин интиқоди мо Исфандиёр ба омӯзиши ин илм чунон бипардозад, ки беҳтарин аҳмадзоҳиршинос шавад. Вале ҳоло бо такя ба китоби мавриди баҳс мо ҷуз ин хулоса чизи дигаре гуфта наметавонем. Бовар намекунед?

Таваҷҷӯҳ кунед ба ин мисол. Исфандиёр 8 байти ғазали Бежани Тараққӣ "Агар ишқ бошад гуноҳе, Илоҳӣ..."-ро ба китобаш ворид карда («Илоҳӣ, Илоҳӣ», саҳ.142) дар поварақ мушаххасан гуфтааст, ки "Аҳмад Зоҳир аз ин ғазал абёти 1, 3 ва 5-ро сурудааст". Вале вақте наворҳои Аҳмад Зоҳирро мешунавед, мебинед, овозхон ба ҷуз ин се байти мушаххасшуда боз байтҳоеро сурудааст, ки ҳатто дар ҷумлаи ҳамон ҳашт байти ба китоб дохилшуда нестанд. Гап дар сари он аст, ки то ин дам ду навори ҳамин суруди Аҳмад Зоҳир ба алоқамандони садояш маълум аст. Дар навори дар студияи "Афғон музик" сабтшуда овозхон ба ғайр аз он байтҳое, ки дар китоб ба онҳо ишора шудааст, боз иловатан байти зеринро мехонад, ки дар ҷумлаи он ҳашт байти ба китоб воридшуда нест:

Маро субҳи рухсори ойинарӯе,

Нишонда ба рӯзи сиёҳе, Илоҳӣ.

Дар навори кассетаи маҳфилӣ бошад ба ҷуз байти аввал ва байти саввум боз байтеро Аҳмад Зоҳир сурудааст, ки он ҳам дар ҷумлаи он ҳашт байти ба китоб дохилшуда нест:

Шудам зарду афсурда аз офати дил,

Чу пажмурда шохе, гиёҳе, Илоҳӣ.

Аз ин мисол чунин бармеояд, ки мӯҳтарам Исфандиёр аз мавҷудияти ин ду навор ё бохабар набудааст ва ё бохабар будаасту ҳавсала накардааст, ки онҳоро боз як бори дигар гӯш кунад. Ба ҳар ҳол ҳарду ҳолат ҳам барои як муҳаққиқе, ки кӯшиши таълифи китоби ниҳоят ҷиддиеро мекунад, баробар хуб нест.

МУМТОЗИ ТАРОНАНАВИСҲО ФАРОМӮШ ШУДА

Бале, донистани муаллифони ашъори сурудаи Аҳмад Зоҳир барои омӯхтани мактаби эҷодии ин хунёгари нотакрор фавқулодда муҳим аст. Ва китоби "Як мушти шеъру як мушти оҳанг…" гоми устуворе дар ин роҳ аст. Вале муҳимтар аз ин ҳама дар шакли дуруст таҳия кардани ашъори ҳамин шоирон ва саҳеҳу бехато ва мукаммал ба китоб ворид кардани таронаҳое мебошад, ки Аҳмад Зоҳир онҳоро сурудааст.

Бо вуҷуди он ки бародар Исфандиёр мушаххасан муаллифони зиёди матнҳои сурудҳои Аҳмад Зоҳирро муайян кардааст ва асомии беш аз шаст муаллифи ин таронаҳоро овардааст, боз ҳам дар эҷодиёти ин хунёгари бемисл таронаҳои зиёде ҳастанд, ки ҳанӯз ҳам муаллифонашон ошкор нагардидаанд. Аниқтараш қисме аз онҳо муайян гардида бошанд ҳам, вале Исфандиёр аз овардани номи онҳо бо далели он ки сурудҳоро шахсан нашунидааст ва ё шахсан дар китобҳои шоирон онҳоро пайдо накардааст, ё ба маҷмӯаи ашъори ин шоирон дастрасӣ надоштааст ва сабабҳои дигар аз зикри номи онҳо худдорӣ намудааст. Вале мову Шумо хонандаи азиз, акнун дидем, ки бародари гиромӣ Исфандиёр хилофи принтсипи пешгирифтаи хеш чӣ миқдор сурудҳои нашунидаашро низ ба китоб ворид карда будааст…

Рости гап, шоирони дигарро намегӯям, вале дар китоби "Як мушти шеъру як мушти оҳанг…" зикр нашудани номи марҳум Абдуллоҳ Қодирӣ ("Мумтоз"), муаллифи яке аз таронаҳои машҳури Аҳмад Зоҳир "Аввалин ишқам ту будӣ"- ин таронасарои маъруфи кишвар, бароям хеле тааҷҷубовар ва андаке таассуфовар низ аст. Агарчӣ қурбу манзалати шоири шаҳир аз ин беэътиноӣ ё нодидагирифтанҳо (дар ин кор Исфандиёр танҳо нест) заррае ҳам кам нашудааст, вале боз ҳам… Дар Тоҷикистон шояд кам алоқаманди ҳунари мусиқӣ бошад, ки надонад, ки Аҳмад Зоҳир шеъри Абдуллоҳ Қодириро низ сурудааст. Абдуллоҳ Қодирӣ ҳангоме, ки китоби Исфандиёр таҳия мешуд, Худо биёмурзаш, ҳанӯз дар қайди ҳаёт буд. Муаллиф метавонист бо ӯ дар ин мавзӯъ сӯҳбате дошта бошад. Дар сӯҳбат бо мо шодравон Абдуллоҳ Қодирӣ, хабар дода буд, ки марҳум Аҳмад Зоҳир ду шеъри ӯро ба сифати тарона хондааст. Таронаи дуввумаш "Ай нигори нозанин" ном доштааст, ки онро овозхонҳои ҳам иронӣ ва ҳам афғонӣ зиёд хондаанд. Овозхони маъруфи иронӣ Саттор ҳини сафари ҳунариаш ба Тоҷикистон дар сӯҳбате, ки бо ӯ доштем, гуфт, ки ин сурудро ӯ низ хондааст, вале то ба лаҳзаи ин сӯҳбаташ бо мо намедонистааст, ки ин таронаи зебо моли оҳангсоз ва шоири тоҷик будааст.

(давом дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97