ИНСОНДӮСТӢ ДАР АФКОР ВА АЪМОЛИ ИМОМИ АЪЗАМ

Фарҳанг ва адаб 31.10.2009 15:25

ОСОНӢ ДАР ФИҚҲИ ИМОМИ АЪЗАМ

Яке аз усулҳои мазҳаби Абӯҳанифа он аст, ки Имом дар ибодат ва муомилот осониро пеша карда буд. Масалан, вай чунин эътиқод дорад, ки ҳангоми наҷас (нопок) шудани либос ё ҷисм шустани он бо ҳар гуна моеи пок мисли гулоб, сирко, ки битавонанд наҷосатро бартараф намоянд, ҷоиз аст. Ҳамчунин ӯ мегӯяд: "Ҳар гоҳ касе бихоҳад дар шаби торик намоз бихонад, вале бо кӯшиши зиёд натавонад ҷиҳат (самт)-и қибларо дуруст муайян кунад ва нофаҳмида дар ғайри тарафи қибла намоз хонад, намозаш дуруст аст.

Ҳарчанд ки баъдан аз хатои худ огоҳ шавад ҳам, намози хондааш раво мегардад. Яъне, Абӯҳанифа дар аҳком хоҳони суҳулат ва осонӣ барои мардум мебошад. Дар сураи "Бақара" таъкид шудааст: "Худованд барои шумоён осониро мехоҳад ва хоҳони душворӣ нест". Ҷиҳати дуюми усули мазҳаби ҳанафӣ ҷонибдорӣ аз фақирону заифон аст. Имом Абӯҳанифа барои кӯмак ба мустамандон закотро ба васоили зиннат (тилло, нуқра) ҷоиз медонад.

МАҚОМИ ЗАН ДАР ФИҚҲИ ИМОМИ АЪЗАМ

Дар мазҳаби Имом Абӯҳанифа риояти эҳтироми Инсон мақоми шоиста дорад. Чунончи, ба зан иҷозат медиҳад, то шахсан худро ба ақди издивоҷи марди дилхоҳи хеш дароварад. Агар марде духтари болиғашро ба ақди касе дароварад, вале духтар розӣ набошад, чунин издивоҷ саҳеҳ нест.

ИНСОНДӮСТӢ ДАР РАФТОРИ ИМОМИ АЪЗАМ

Аъмоли шахсии Имом Абӯҳанифа, роҳнамоиҳо ва васиятномае, ки барои шогирдаш Абӯюсуф ва наслҳои минбаъда аз худ боқӣ гузоштааст, беҳтарин нишонаҳои як инсонпарвар (гуманист) будани ӯянд. Саховат ва дасти ёрӣ дароз кардани Имом Абӯҳанифа ба шогирдону дӯстон ва ҳамаи инсонҳои мӯҳтоҷ низ камназир буда, шоистаи таҳсин аст. Саховатмандии Имоми Аъзам, ки дар ривоёти зиёде аз зиндагии ӯ дида мешавад, барои сарватмандони имрӯз бояд боиси ибрат бошад. Ҳамчунин, ёрмандӣ барои мӯҳтоҷони воқеӣ дар аъмоли ӯ ба назар мерасад. Дар ин росто аз хароҷоти беҳуда ҳангоми баргузории ҷашну маросим, ки имрӯз мардуми мо гӯё чун кори хайр анҷом медиҳанд, даст кашидан ва ба мӯҳтоҷони воқеӣ дасти ёрӣ дароз кардан беҳтарин нишонаи инсондӯстӣ хоҳад буд.

ИМОМИ АЪЗАМ ВА ДАСТГИРИИ МОДДИИ УЛАМО

Пайравони ин мазҳаб бояд аз намунаи аъмоли воқеан инсондӯстонаи сарвари мазҳаб ибрат гиранд. Чанд мисол дар ин росто баён мекунем. Имоми Аъзам муддати зиёде ба шогирдаш Абӯюсуф кӯмаки молиявӣ мекард. Дар ин хусус Абӯюсуф гуфтааст: "Муддати бист сол сарфи ман ва хонаводаамро Имоми Аъзам медод. Ман касеро надидаам, ки сифатҳои некаш аз Абӯҳанифа бештар бошад". Агар яке аз шогирдонаш нияти ақди никоҳ мекард, Имоми Аъзам хароҷоти тӯйи ӯро мепардохт. Алалхусус, уламоро дастгирӣ мекард. Дар ин хусус Абуисроил гуфтааст: "Имоми Аъзам хеле сахӣ буд. Ёронашро тасаллӣ медод. Дар рӯзҳои ид бо пулу мол кӯмак менамуд. Бахусус, ба уламо мувофиқи мартабаашон ёрии моддӣ мерасонд".

Бағдодӣ дар "Таърихи Бағдод" гуфтааст: "Абӯҳанифа фоидаи тиҷорати солонаашро ҷамъ мекард ва аз он барои устодону муҳаддисин либосу ғизо таҳия менамуд". Суфён ибни Айино гуфтааст: "Абӯҳанифа шахси дасткушод ва олиҳиммат буд. Ба мардум пулу моли бисёр медод ва мебахшид. Метавонам бигӯям, ки тамоми фоидаи молашро инфоқ мекард. Дафъае ба сӯйи ман ҳадя фиристод. Аз зиёдии он дар ҳайрат афтодам. Пас аз ин кор ба шогирдонаш шикоят намудам. Яке аз шогирдонаш гуфт: "Агар ҳадяи барои Саид ибни Арубӣ фиристодаро медидед чӣ мегуфтед?"

ТАОМУЛИ АБУҲАНИФА БО ҚАРЗДОРОН

Шақиқ нақл мекунад, ки Абӯҳанифа ҳамроҳи мо дар роҳе мерафт. Шахсе моро дида, самти ҳаракаташро, ки сӯйи мо буд, тағйир дод. Имом ӯро ҷониби худ хонда пурсид: -Чаро роҳатро дигар кардӣ? Ӯ гуфт: -Ман аз Шумо 10 ҳазор дирҳам қарздорам. Бо сабаби тангдастӣ онро адо карда наметавонам. Ҳоло Шуморо дида, дар хиҷолат мондам. Абӯҳанифа гуфт: -Ман он маблағи қарзро бахшидам.

Имоми Аъзам дар хариду фурӯш ва ҳақгузорӣ тақвою адолатро риоя мекард. Чунончи, Ҳафс ибни Абдураҳмон бо Имом Аъзам шарики тиҷоратӣ буд. Рӯзе Абӯҳанифа ба ӯ молу либосвориро барои фурӯхтан фиристод. Аз дохили либосҳо нуқсон доштани якеро низ таъкид намуд, то Ҳафс зимни фурӯхтан ба харидор он нуқсонро баён намояд. Ҳафс ҳамаи онҳоро фурӯхт, вале аз хотираш баромад, ки нуқси он либосро ба харидор бигӯяд. Чун Имоми Аъзам аз ин ҳодиса огоҳ гардид, тамоми он маблағро, ки бо 30 000 дирҳам баробар буд, ба ҳоҷатмандон садақа кард. Ҳафс, ки сӣ сол бо Абӯҳанифа дар тиҷорат ҳамкорӣ кардаву аз илму амали он кас баҳра гирифта буд, чунин мегӯяд: "Ман дар давоми ҳаёти худ бисёре аз уламо, фуқаҳо, тақводорон ва тарки дунё намудагонро дидам ва дар сӯҳбати эшон будам, лекин шахсе монанди Абӯҳанифа, ки ҳамаи хислатҳои беҳтарини инсониро дар худ ҷамъ намуда бошад, то ҳол пайдо накардаам". Дар хусуси ҷавонмардӣ ва риояти ҳаққи ҳамсоягӣ ҳикоя мекунанд, ки Имоми Аъзам ҳамсояи ҷавоне дошт. Рӯзҳо кор карда, шабонгоҳ маст ба хона меомаду то нисфишабӣ сурудхонӣ мекард. Абӯҳанифа, ки то субҳидам машғули ибодат буд, садои ҷавонро мешунид. Бо вуҷуди нороҳат шудан, ба хотири риояи ҳаққи ҳамсоягӣ ба ҷавон чизе намегуфт. Шабе садои ҷавонро нашуниду саҳаргоҳон аз ҳамсоягон сабаб пурсид. Онҳо гуфтанд, ки ҷавонро бо гуноҳе зиндонӣ кардаанд. Имоми Аъзам бо шунидани ин дарҳол назди амир рафт. Амир ба эҳтироми Имоми Аъзам аз ҷо бархоста, салом намуду сабаби ташрифашро пурсид. Имоми Аъзам воқеаро баён карда, аз маҳбас озод намудани ҳамсояашро хоҳиш намуд. Бо супориши амир зуд он ҷавонро аз зиндон озод карданд. Ҷавон ба хотири ӯ назди амир рафтани Абӯҳанифаро фаҳмида, тавба карду шахси тақводор шуд.

Имом Абӯҳанифа мардумро барои парҳез аз дашному ғайбат ва таҳқири ҳамдигар, таҳмилу зӯроварӣ даъват менамуд ва эҳтироми инсониро волотарин фазилат медонист.

Ривоят мекунанд, ки Бакр ибни Ҷаъфар гуфт:

- Ҳар вақте ки ба назди Имом Абӯҳанифа касе меомад ва сухани беҳуда зиёд мегуфт ба ӯ хитоб мекард: "Инро раҳо кун, чаро аз ину он ғайбат мекунӣ?". Ҳамчунин Имом зиёд таъкид мекард, ки: "Ҳеҷ гоҳ беш аз он ки ба мардум писанд аст таҳмил макунед! Бигзор инсонеро, ки дар ҳақи мо бадгӯйӣ мекунад, Худованд бубахшадаш, ва раҳмати Худо ба касе бод, ки моро ба некӣ ёд мекунад. Ба дарки дини ҳақ кӯшед ва инсонҳоро бо аъмоле, ки барои худ мекунанд, ба ҳоли худ гузоред, онҳо худ пас ба Шумо мӯҳтоҷ хоҳанд шуд."

Дар васиятномаи Имоми Аъзам омадааст:

- Ҳар гоҳ сухан гӯӣ дод мазан.

- Аз лаънат фиристодани бисёр ва дашномдиҳӣ забонатро нигоҳ дор!

- Қабристон ва маконҳои муқаддасро бисёр зиёрат кун ва ба мулоқоти уламову машоих бештар рав.

Яъне, гиромидошти инсон на танҳо дар зиндагӣ, балки пас аз марг низ бояд вуҷуд дошта бошад.

Албатта, дар ҳудуди як мақола танҳо мушти кӯчаке аз хирвори ҳикматҳо ва аъмоли инсондӯстонаи фақеҳи бузургро метавон тавсиф кард ва мақсад аз он пайравӣ намудани мардуми мо аз чунин зиндагии ибратомӯзи Имоми Аъзам мебошад, ки тавонем пеш аз ҳама қадри худ ва қадри инсонҳоеро, ки бо мо зиндагӣ доранд, бишиносем.


Виркан Музаффарпур
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97