ЗИНДАГИИ ПАС АЗ МАРГИ АЛМОСИ ШАРҚ Ё нигоҳи тоза ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир

Фарҳанг ва адаб 23.10.2009 15:12

"БИШӮРЕД" ДУРУСТ АСТ!

Пас Исфандиёр чиро ба инобат гирифта чор байти болоиро ҳамчун таронаи Аҳмад Зоҳир дар китобаш ҷо кардааст? Фикр мекунед сабти дигаре низ, яъне сабти навори чорум, вуҷуд дорад? Шояд бошад. Вале ман боварӣ надорам, ки наворе вуҷуд дошта бошад, ки Аҳмад Зоҳир дар он ба ҷои мисраи "Бар он зишт бихандед, ки аз ёр бимондаст" (дар ду навори зикршуда ҳамин тавр хондааст), гуфта бошад, ки "Бар он зишт бихандед, ки ӯ ноз намояд".

Вале китоби мавриди баҳси мо маҷмӯаи таронаҳои Аҳмад Зоҳир аст, на ғазалиёти Мавлавӣ ё шоири дигар. Аз ин рӯ муҳимтар он аст, ки мо бигӯем Аҳмад Зоҳир онро чӣ тарз хондааст, албатта бо ишора ба он ки дар асл матн чӣ гуна аст. Дар ҳамин ҳол дар ҳамин "Девон" калимаи "бишӯрид" бар хилофи пешниҳоди Исфандиёр "бишӯред" навишта шудааст. Аҳмад Зоҳир низ ин калимаро "бишӯред" мехонад:

Ҳама шаҳр бишӯред, чу овоза дарафтод,

Ки девона дигар бор зи занҷир раҳидаст.

Албатта калимаи "бишӯред" ҳамон маъниеро хоҳад дод, ки ба фикри мо Мавлавӣ онро дар мадди назар доштааст, яъне "шӯридан" ба маънои ба шӯр омадан ё ба по хестан ё фиғону фарёд кардан, ба ҷунбиш омадан ба хотири кофтуков, ҷустуҷӯ, тагу рӯ кардан. Яъне, эй мардум, девона аз занҷир раҳо шуд, ба по хезед, онро бикобед, ҷустуҷӯ кунед. Ибораи "ҳама шаҳр бишӯрид" маънои "ҳама шаҳр исён кард", ё "ба по хест"-ро медиҳад. Яъне амали иҷрошуда аст. Вале ибораи "ҳама шаҳр бишӯред" маънои "ҳама шаҳрро ҳамакнун тагу рӯ кунед"-ро дорад. Азбаски ин шеър як навъ даъват аст; "биёед", "бихандед", "бигирйед", "супоред", "магӯед" дар ин ҷо, ба фикри мо, калимаи "бишӯред" нисбат ба калимаи "бишӯрид" ба мӯҳтавои ғазал наздиктар ва ба мақсад мувофиқтар меафтад. Манзури шоир ҳам даъват аст. Амале, ки ҳамакнун бояд сурат бигирад.

Ӯ "ХОНАИ ҶОНАСТ" ГУФТА

Боз як шеъри Ҷалолиддини Балхиро аз ин китоб дида мебароем, ғазали "Ай қавми ба ҳаҷрафта куҷоед, куҷоед?"-ро. Муаллифи китоби "Як мушти шеъру як мушти оҳанг…" се байти ин ғазалро зоҳиран бо такя ба матни таронаи сурудаи Аҳмад Зоҳир ба китобаш ворид карда (саҳ.55), дар поварақ чунин шарҳ додааст: "Ин ғазал аз 7 байт иборат аст, аммо байти "Гар қасди шумо дидани…" дар ҳарду маъхази дастраси мо (нашри "Муҳаммад", саҳ. 258 ва нашри "Пажӯҳиш", саҳ. 278) вуҷуд надорад".

Дар бораи ин шеър муаллифи маҷмӯъа дигар шарҳе надодааст. Аз ин шарҳи кӯтоҳ мантиқан чунин бармеояд, ки пас муаллиф ин байтро аз садои Аҳмад Зоҳир вориди китоб кардааст. Акнун аҷибаш ҳамин аст, ки ҳамин байтеро, ки Исфандиёр аз манбаъҳои дастрас пайдо накардааст, вале ба китоб дохил кардааст, Аҳмад Зоҳир на дар он шакле, ки мисраи аввали онро Исфандиёр дар китоб овардааст, балки дар дигар шакл сурудааст.

Аҳмад Зоҳир ин байтро ба ин тарз месарояд:

Гар қасди шумо дидани он хонаи ҷонаст,

Аввал рухи ойина ба сайқал бизудоед.

Исфандиёр онро дар китобаш ба ин шакл овардааст:

Гар қасди шумо дидани он каъбаи ҷонҳост,

Аввал рухи ойина ба сайқал бизудоед.

Дар ин ҷо саволи мантиқие пайдо мешавад, ки агар ин байт дар китобҳои Мавлавии ба Исфандиёр дастрас набошад, Аҳмад Зоҳир онро ба он шакле, ки муаллиф дар китоби мавриди баҳс овардааст, насуруда бошад, пас онро Исфандиёр аз куҷо гирифтааст? Шояд дар навори ба Исфандиёр дастраси ба мо номаълум Аҳмад Зоҳир ин байтро ба ҳамон шакле, ки Исфандиёр дар китобаш меорад, ба ҳамон шакл хонда бошад? Қатъиян ин фарзияи эҳтимолиро рад мекунем. Зеро таронаи "Ай қавми ба ҳаҷрафта куҷоед, куҷоед?"-ро Аҳмад Зоҳир, то ҷое мо иттилоъ дорем, танҳо як маротиба сабт кардааст ва он ҳам дар студияи "Музик сантар". Ҳатто дар кассетаҳои маҳфилии Аҳмад Зоҳир ҳам ин сурудро пайдо накардем. Ба ҳар ҳол навори дигари ин сурудро то имрӯз ягон аҳмадзоҳиршинос чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар дар даст надорад. Агар Исфандиёр чунин навор дошта бошад, пас ин як бозёфти ӯст. Вале, мутаассифона, чунин нест. Ин суруди зебо танҳо як бор сабт шудаасту халос. Ба фикри мо, Исфандиёр матни ин байтро шояд аз "Девони Кабир"-е, ки соли 1992 дар ду ҷилд аз сӯйи нашриёти "Адиб" дар Душанбе ба чоп расидааст, гирифта бошад. Зеро дар саҳифаи 79-и ҷилди аввали ҳамин китоб ғазали "Ай қавми ба ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед?!" иборат аз 12 байт (на 7 байт !) чоп шудааст, ки байти нӯҳуми он ба ин тарз омадааст:

Гар қасди шумо дидани он каъбаи ҷонҳост,

Аз дил рухи ойина ба сайқал бизудоед.

Вале тавре, ки мебинем мисраи дуввуми ин байт низ ба он шакле, ки Аҳмад Зоҳир дар сурудаш хондааст, дар китоби "Девони Кабири"-и соли 1992 он ба ҳамон шакл наомадааст.

Ҳамин тариқ, боиси тааҷҷуби мо шудааст, ки чаро Исфандиёр баъзе мисраъҳои ин таронаро ҳам дар шакле ба маҷмӯааш дохил кардааст, ки онҳо на аз тарафи Аҳмад Зоҳир ба он тарз суруда шудаанд ва на дар манбаъҳои хаттӣ ба ҳамон шакл сабт гардидаанд.

Чунин норасоиҳо боис мешаванд, ки дар хонанда шубҳа пайдо шавад, ки оё Исфандиёр наворҳои баъзе аз таронаҳои Аҳмад Зоҳир ва сарчашмаҳои хаттиро ҳини таҳияи китоб бевосита шахсан шунидаасту хондааст, ё хайр.

Махсусан натиҷаи таҳлили таронаи "Ҳама ёронам ба парешонӣ" ("Таронаи андӯҳ", саҳ. 128), ки матнаш аз шоири шаҳири Ирон доктор Маҳдии Ҳамидӣ мебошад, чунин шакку шубҳаҳоро боз бештар мекунад.

ЁСУМАНИ ДУР АЗ "ЧАМАН"…

Дар поёни саҳифае, ки муаллиф ба зиндагиномаи доктор Ҳамидӣ бахшидааст, чунин омадааст: "Аҳмад Зоҳир аз ашъори Ҳамидӣ суруди машҳури "Ҳама ёронам…"-ро суруда, ки ҳамон 4 байти сурудаи ҳофизро овардем". Дар саҳифаи дигар муаллиф бе шарҳу эзоҳи иловагӣ ҳамин чор байти зеринро овардааст:

Ҳама ёронам ба парешонӣ, ки сияҳ шому саҳаре дорам,

Дили ман, ин нукта ту медонӣ, ки ба торикӣ қамаре дорам.

ххх

Санамам будӣ, гули ёсу ёсуманам будӣ,

Ҳама шаб вирди даҳанам будӣ, ки ба ширинӣ шакаре дорам.

ххх

Чӣ хато дидӣ, чӣ ҷафо дидӣ? чӣ ба ғайр аз меҳру вафо дидӣ?

Ки чу гул хандидиву бишкуфтӣ, чу бидидӣ чашми таре дорам.

ххх

Ҳама гӯяндам, ки раҳояш кун, гила гар дорӣ ба Худояш кун.

Дилу дин фориғ зи ҷафояш кун, чӣ кунам ман, гӯши каре дорам.

Нахуст дар робита бо ин шеър бояд гуфт, он ғалатеро, ки дар таҳияи ин байтҳо дар маҷмӯаи аввал рух дода буд ва мо аз он дар мақолаи танқидии худ се сол пеш ёдовар шуда будем, Исфандиёр дар ин маҷмӯааш ислоҳ кардааст. Вале он хатоеро, ки ба сабаби тангии фурсат ҳамон вақт ногуфта монда будем, ҳамон хел боқӣ мондааст.

Нахуст бояд гуфт, ки аз мисраи якуми байти дуввум ибораи "чаманам будӣ" афтодааст. Мисраъ бояд ба ин шакл хонда шавад:

Санамам будӣ, чаманам будӣ, гули ёсу ёсуманам будӣ,

Сониян, дар мисраи дуввуми байти саввум баъди калимаи "гул" аввал калимаи "бишкуфтиву" сипас "хандидӣ" меояд:

Ки чу гул бишкуфтиву хандидӣ, чу бидидӣ чашми таре дорам.

Аҷиб он аст, ки ҳамин ду мисраи мазкурро, яъне мисраи якуми байти дуввум ва мисраи дуввуми байти саввуми матни ба маҷмӯа дохилкардаи Ифандиёрро Аҳмад Зоҳир дар таронааш умуман истифода накардааст.

Акнун биёед бубинем, ки Аҳмад Зоҳир таронаи мазкурро бо истифода аз кадом байтҳо сурудааст.

Зимнан бояд бигӯем, ки дар китоби доктор Маҳдии Ҳамидӣ "Ашки маъшуқ", ки соли 1349 ҳиҷрии шамсӣ (соли 1970 мелодӣ) дар нашриёти "Сипеҳр"-и Теҳрон ба нашр расидааст, ин ғазал аз 12 байт иборат аст.

Бояд гуфт, то ба имрӯз сабти шаш навори мухталифи ҳамин суруд боқӣ мондааст. Суруди мазкур ҳам мисли суруди "Охир, ай дарё" яке аз аввалин сурудҳои Аҳмад Зоҳир аст ва бори нахуст он охири солҳои шастуми асри гузашта дар студияи 48-уми радиои Кобул сабт шудааст ва матни он тарона аз се байти зерин иборат буда, ба ин сохт суруда шудааст:

Ҳама ёронам ба парешонӣ, ки сияҳ шому саҳаре дорам,

Дили ман, ин нукта ту медонӣ, ки ба торикӣ қамаре дорам.

ххх

Чӣ хато дидӣ, чӣ ҷафо дидӣ? Чӣ ба ғайр аз меҳру вафо дидӣ?

Ҳама шаб вирди даҳанам будӣ, ки ба ширинӣ шакаре дорам.

ххх

Ҳама гӯяндам, ки раҳояш кун, гила гар дорӣ ба Худояш кун.

Дилу дин фориғ зи ҷафояш кун, чӣ кунам ман, гӯши каре дорам.

(идома дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97