НОМА БА АМРИКО

Фарҳанг ва адаб 20.10.2009 16:39

СИЁСАТ ВА ФОҲИША

Асадбек дар меҳмонхонаи якчанд ситорадор бо хонуми иҷора айш дошт.

Зани танноз ба касбу кораш таваҷҷуҳ зоҳир карда пурсид:

- Шумо ба чӣ кор машғул ҳастед?

- Ман мудири шӯъбаи ташкилии ҳизб ҳастам. Имсол 60 нафар аъзо қабул кардам, худро ситоиш кард Асадбек.

- Магар ин қаҳрамонӣ аст! Ман дар як моҳ 120 нафар қабул мекунам!

СУРУДИ ФАРМОИШӢ

- Ин ҷо радиои "Имрӯз" аст? - пурсид бо телефон муштарӣ

- Бале, Шумо ба мақсадатон наздик расидед! Радиои "Имрӯз" шуморо гӯш мекунад - ҷавоб дод корманди радио.

- Ман дар сафари дур ҳастам.Хоҳишмандам ба зану хушдоманам суруди "Меравам, ҳаргиз намеоям дигар"-ро шунавонед!

Баъди пахши суруд дар радио барои муштарӣ суруди ҷавобӣ рӯйи мавҷ омад: "Аз рафтани ту қанду асал мерезад".

НИЗОМИ ҚАБУЛ

Асадбек урён ва побараҳна ба қабулгоҳи бинои ҳукумати ноҳия даромад. Дарбон боҳайрат ба ӯ нигарист:

- Хидмат?!

- Ман назди Раис меравам - гуфт Асадбек.

- Чаро луч ва побараҳна омадед?

- Дар таги дар навиштаед; "Ба бинои Ҳукумат бо либоси варзишӣ ва кроссовка даромадан қатъиян манъ аст". Ман на либоси варзишӣ дораму на кафш!

МУҲОФИЗ

- Барои Шумо муҳофиз лозим аст? - гуфт Асадбек ба тоҷики нав.

- Чӣ хел муҳофиз? - бо тааҷҷуб пурсид тоҷики нав.

- Шумо тоҷири муваффақ ҳастед. Дар шаҳр чанд дӯкон доред. Барои ҳифзи кӯдаконат муҳофизи касбӣ зарур аст. Ду рӯз пеш писари Мухтор тоҷирро ба гарав гирифта, дар ивазаш як ҷувол орди навъи якум гирифтанд. Духтари Саидбеки бензинфурӯшро рабуда, талаб карданд, ки даҳ ҳазор доллари амрикоӣ диҳанд.

- Ин таҳдид аст?! - пурсид тоҷики нав.

- Не, таъкид аст. Мо барои сар назадани ҳодисаи нохӯш тадбир меҷӯем - гуфт Асадбек.

Тоҷири нав барои кӯдаконаш Асадбек ва гурӯҳаш иборат аз даҳ нафарро чун муҳофиз ба кор гирифт.

Вале ду рӯз боз аз муҳофизон хабаре набуд. Тоҷики нав Асадбекро даъват карда, сабаби ба кор ҳозир нашуданашро пурсид.

- Бародари азиз! Мо муҳофизони фарзандонат. Дар ин маҳаллаи аз ҳама хатарнок даҳ нафар буданд. Онҳо аз Шумо ҳоло маош мегиранд.

Инак, 5 сол боз Тоҷики нав барои ҳифзи кӯдаконаш сад нашъаманд, 25 ҷавони аз маҳбас озодшударо чун муҳофиз маош медиҳад. Барои он ки ҳар субҳ бо мошинаш озод ҳаракат кунад, ба маҳалла хати троллейбус кашид…

ИҚТИБОСҲО

Ӯ бо дили кушод аз дунё рафт. Ба сабаби канда шудани барқ дилашро табибон надӯхтанд. Дар мизи ҷарроҳии шифохона мурд.

***

Шоир аз заҳмати коргарони Сангтӯда илҳоми саршор, коргарон маоши баланд, Русия маблағ мегирад.

***

Бо сабаби вазъи мутташаниҷ дар Афғонистон дар мактабҳо мавзӯйи "Ал -қоида"-и забони арабӣ гузаронида намешавад.

***

Худоё, ба ман як бурда нон, як қулт об, либоси дарида, кафши сурох ва ҳокимияти мутлақ бидеҳ! Ҳисобро баъд баробар мекунем.

***

Зукоми хук чист? Агар занатон дар вақти зукоми муқаррарӣ ба Шумо як пиёла чой ҳам надиҳад.

***

Нос умри инсонро 5 соат, сигор 10 соат, моҷарои оилавӣ 20 рӯз, ҳавои заҳролуд 25 соат, рухсатии меҳнатӣ 30 рӯз кам мекунад.

***

Се усули ба даст овардани дили зан мавҷуд аст, ки ҳоло инсоният онҳоро намедонад.

***

Мегӯянд; дар Душанбе демократия нест. Дирӯз Раҷаби Мирзоро дар кӯча дидам.

Ҷаноби Ҷек!

Номаи навбатии шуморо гирифтам. Аз илтифоти шумо мамнунам. Дар мавриди вазъи озодии сухан дар Осиёи Марказӣ ман ба гузориши Депортаменти давлатӣ розӣ нестам. Озодии сухан торафт авҷ мегирад. Фақат озодии амал қариб нест.

Дӯстам, Ҷек, навигарии нави шаҳри мо хеле ҳайратовар аст. Дар шаҳри мо ҳоло фақат устохонаҳои минбартарошӣ зиёд шуданд. Асадбеки наългар низ минбартарош шуд. Аз навоварии Қишқорбек-усто одамони ҳайратзада ангуштонашонро хуншор карданд. Ӯ минбари ду метраи чӯбини боҳашамат сохтааст. Ин минбар яку якбора чанд вазифаро иҷро мекунад. Басо аҷиб аст, ки даруни минбар самовори хурд ҷойгир шуда аст. Дар самти поёнии минбар кондитсионер кор мекунад. Минбар аз ду ҷониб қатъ шуда, ба кати хоб табдил меёбад. Ва ниҳоят минбар аз самти дигар ба қутти ҷасад (гроб) табдил хоҳад ёфт. Қишқорбек ба мундариҷаи минбар низ аҳамияти хоса додааст. Минбар яку якбора се ранг пайдо мекунад. Агар коммунист ба минбар барояд рангаш сурх мешавад. Агар демократҳо сухан кунанд, ранги минбар шир барин сап сафед ва ҳангоми ваъзи Ҳизби наҳзати ислом сабз мешавад. Дар минбари Қишқорбек риояи вақт хеле муҳим аст. Нотиқ пеш аз ба сухан баромадан ду оҳани амбурмонанд байни ду пояш дар ҷойи хеле маҳрам ҷо мегиранд. Ҳангоми тамом шудани вақт, анбур корашро мекунад. Вақти истифодаи санҷиши даҳ нафар нотиқ аз олоти истеҳсолӣ насл маҳрум шуда, ҳоло дар шифохона ҳастанд.

Хосияти аз ҳама аҷиби минбар ин муайян кардани пӯсти инсон буд. Минбар ғавсии пӯсти рӯйро низ муайян мекард. Одатан одамони пӯсти ғафс дошта, бешарму бешараф мешаванд. Ва соатҳои дароз ҳарф мезананд. Дирӯз меъмори минбар дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар оянда дар дохили минбар минибар, ташноб низ сохта мешавад. Ҳамзамон ҳаҷми минбар дар лаҳзаи ба сухан баромадан ба андозаи қади нотиқ баробар мешавад.

Дӯстам Ҷек, Шумо дар мактубатон оид ба сохтмони НБО-и Роғун суол кардед. Ду рӯз пеш бо Ислом Каримов сари як ҷом оби ҷав қарор додем, ки худи Ислом Каримов сохтмонро давом дода, пулро аз Покистон қарз мегирад. Ва пешниҳод кардем, ки номи ниругоҳро "Исломобод" ном монем. (Ислом Каримов яке аз дӯстони аёми ҷавониам аст, чанд сол боз дар Ноби Помир прораб буд - шарҳи муаллиф.)

Ман аз Шумо азизам, узр мехоҳам, ки дар номаи гузашта дар мавриди як ихтирои Абдурасул хабар надодам. Ихтирои Абдурасул шӯҳрати минбари Қишқорбекро ба замин зад. Абдрасул дастпӯшакҳои протониэлектронии бо нимноқилҳои фазоӣ сохт. Шумо пеш аз ба маҷлис дармадан онҳоро мепӯшед. Дар ҳар абзатси сухани нотиқ асбоби махсуси фотоэлектронӣ ба ҳам дакка хӯрда, садои қарсак баланд мешавад. Яъне шумо дар маҷлис ба ҳузур хоб равед, ҳам дастпӯшакҳо қарсак задан мегиранд. Абдурасул дар маъракаи интихоботи навбатӣ 6 миллион дастпӯшак истеҳсол хоҳад кард. Аммо шири хом корашро мекунад. Обрӯи Абдурасул мисли мӯйи сари Кафтаршо пурра рехт. Домодаш нафаҳмида, дар рӯзи мотами хушдомани раиси шаҳр пӯшид. Баробари абзатси дуюм дастпӯшак ним соат қарсакборон кард. Ҳамаи аҳли мотам беихтиёр қарсак заданд.

Воқеан, дӯстам, шумо аз аҳволи дӯсти муштараки мо Болтухон суол кардед. Дар ватани мо барои партофтани зан, яъне ҷудошавии зану шавҳар анъана аст. Вале Болтухон ба маънои аслиаш занашро аз ошёнаи даҳум партофта, ҷудо шуд. Занаш ба замин нарсида, ӯ даҳ сол гирифт.

Дӯстам Ҷек! Шумо дар мавриди сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон суол кардед. Тамоми сарвати мо - бузургони миллати мо мебошанд, ки ҳоло зери заминанд. Аммо аз газу барқ ҳанӯз дарак нест. Захираи тиллои Тоҷикистон хеле бузург аст. Дар гардану гӯш ва ҳатто бинии духтарон то даҳ кило тилло овезон аст.

Дӯстам Ҷек!

Агар вақтатон бошад, ба акои Обама гӯед, ки ба Маскав наравад. Скинхедҳои Маскав одамони сиёҳчеҳраро мекушанд. Дар масъалаи силоҳи қатли оми Ирон ҳам хавотир нашавад. Деги реактори ядроии Иронро ҳамсояи мо Чақабой ба иҷора гирифта, барои хонааш барқ кашид. Сониян, фаромӯш накунед, ки ҳоло бист соли дигар мо бародарони ирониро ба тунелсозӣ дар Тоҷикистон банд карда, вақташон ба атомсозӣ намерасад. Онҳо се сол пеш ба тунел даромада, ҳоло намебароянд.

Қариб аз ёдам масъалаи мурғпарварӣ барояд. Азизам Ҷек! Гӯшти мурғ бо номи почакҳои Буш мурғи маҳалиро нест кард. Хурусҳои мо бефаҳму бекалла. Қарор дар бораи демографияро ба худашон нисбат дода, фақат ҳар моҳ ду дона тухм мекунанду халос.

Дӯстам, шумо дар мавриди навидҳои иқтисодӣ пурсидед. Дар шаҳри Хуҷанд 5 мактаб се корхона, қасри ҷавонон, се шифохона, дар шаҳри Душанбе қасри ҷавонон, манзили даҳ ошёна, меҳмонхонаи панҷситрадор, дар Хатлон се боғча 21 мактаб, се завод ва дар Бадахшон як қабристони замонавӣ ба истифода доданд.

Дӯстам! Дар мавриди хатари ҳуҷуми Толибон ба Осиёи Марказӣ хавотир нашавед. Ба Осиёи Марказӣ рахна шудани кӯли Сарез ва тоҷирони Чин хатарноктар аст.

Бародарам Ҷек! Роҷеъ ба вақту мӯҳлати интихобот хабар надорам. Аммо натиҷаашро пешакӣ гуфта метавонам. Дар интихобти навбатӣ Ҳизби халқӣ - демократӣ 87 фоиз, Ҳизби коммунистӣ 7 фоиз, Ҳизби наҳзати Кабирӣ 5 фоиз ва дигар аҳзоб 1 фоиз овоз мегиранд. Баъди хабари натиҷаи пешакӣ Ҳизби наҳзати ислом ва Сотсиал - демократҳо изҳорот пахш мекунанд, ки дар интихобот қонуншиканиҳои зиёд ҷой дошт.

То номаи навбатӣ Шуморо ба Худо месупорам!

Афсӯс! Сад афсӯс! Азбаски Ҷек Худо надошт, дар садама ҳалок шуд…


Наҷмиддини Шоҳинбод
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97