ИНСОНДӮСТӢ ДАР АФКОР ВА АЪМОЛИ ИМОМИ АЪЗАМ

Фарҳанг ва адаб 20.10.2009 16:32

Дар дини ислом инсон аз бисёр ҷиҳатҳо бо Аллоҳи ягона, азалию абадӣ, офаридгор, ҳаётбахш ва миронанда алоқаманд мебошад. Муҳаққиқони исломшиноси мусалмон ва гайримусалмон оид ба муносибати ислом ба инсон фикру ақидаҳои мухталиф баён намудаанд. Баъзеи онҳо ҷиҳатҳои зиёди мусбии ин муносибатро нодида гирифта, дар иқтибосҳояшон аз сарчашмаҳои исломӣ матнҳоро бе назардошти пайдарҳамӣ ва мақсади ниҳоӣ барои мисол меоранд.

Тадқиқоту навиштаҳои муслеҳони шуури динӣ дар ислом, ақидаҳои тараққипарваронаи онҳо дар асоси такя ба сарчашмаҳои исломӣ аз ҷониби муҳаққиқон ҳамчун кӯшиши ба замона мувофиқ намудани усулҳои исломӣ маънидод карда мешаванд.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки дин, забони баёни он бештар хусусияти бо рамз ифода намудани маъниҳои амиқро доро мебошад. Ҳар ибтикоре, ки барои манфиат, пешрафт, тараққиёт, боло бурдани андешаю ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва моддиёт, умуман камоли инсонӣ ва ҷомеъа аз ганҷинаи динҳо имконпазир бошаду он садди роҳи арзишҳои волои инсонӣ нагардад, бояд дастгирӣ ва ба амал татбиқ карда шавад. Зеро новобаста аз тараққиёти бемислу монанди илму техника ва имконоти инсонӣ маълум мегардад, ки ҷомеъа ба динҳо ниёз дорад ва онҳо вазифаи мушаххасеро иҷро менамоянд.

ЧАРО ИЛМИ КАЛОМ БАВУҶУД ОМАД?

Сарчашмаҳои асосии дини ислом Қуръон ва маҷмӯи ҳадисҳо дар бораи инсон ва мақоми ӯ ишораҳои зиёд доранд.

Дини ислом, ки асосан ба Қуръону ҳадис такя мекард ба воситаҳои шарҳу тафсири он низ ниёз дошт. Зеро, аз а. VIII сар карда, илму фалсафа ба пешрафт ва дастовардҳои хубе ноил мегарданд. Барои муқовимат бо далелҳои илму фалсафа зарурати ба таври мантиқию ақлонӣ исбот намудани аҳкому ақидаҳои динӣ ба вуҷуд омад. Илми калом ҳамчун фалсафаи исломӣ дар заминаи ҳамин талабот ба вуҷуд омада, паи иҷрои вазифаҳои мазкур гардид. Барои тарвиҷи ормонҳои воқеии исломӣ шахсиятҳое, ки ба ҷанбаҳои инсондӯстона ва салоҳи мардум ҷавобгӯ мебошанд хидматҳои зиёде кардаанд. Имом Абӯҳанифа аз зумраи чунин шахсиятҳост.

МУФИДТАРИН ИЛМ БАРОИ ҶОМЕА

Пас аз омӯзиши илмҳои гуногун, аз ҷумла калом вай ба хулосае омад, ки муфидтарин илм барои ҷомеа ва инсонҳо илми фиқҳ мебошад. Зеро ин илм барои ҳалли мушкилот ва масоили рӯзмаррае, ки ба онҳо мардум рӯ ба рӯ меоянд ҷавобгӯ мебошад. Худи калимаи фиқҳ дар луғат фаҳмиши амиқ, донишро ифода карда, ба маънои шинохти нафс ва он чи ба манфиати нафс ва ҳамчун шинохтану донистани он чӣ бар зарари нафс аст истифода мешавад. Яъне илмест, ки ҳуқуқу манфиатҳои ҷомеаи мусулмониро муайян мекунад.

Имом Ҷалолиддини Суютӣ дар сифати Имоми Аъзам (р) гуфтааст: "Аввалин шахсе, ки дар илми фиқҳ китоб тасниф намудааст, Абӯҳанифа мебошад". Назр ибни Шамил мегӯяд: "Мардум аз илми фиқҳ дар хоб буданд, то он ки Абӯҳанифа омад ва ишонро аз хоб бедор кард".

ИНСОНДУСТӢ ДАР АНДЕШАИ ИМОМИ АЪЗАМ

Афкори инсондӯстонаи Имоми Аъзам Абӯҳанифаро мо дар осори аз ӯ боқимонда, махсусан "Фиқҳи акбар", ҳалли масъалаҳо ва додани фатвоҳои гуногун мушоҳида мекунем.

Дар китоби "Фиқҳи акбар" омадааст: "Аллоҳ таъоло махлуқотро аз осору нишонаи куфр ва нури имон солим - холӣ халқ кардааст" (Абуаломуддин. Тарҷумаи "Фиқҳи акбар"-и Имоми Аъзам. Хуҷанд. 2002. Саҳ. 34). Дар ҷои дигар мегӯяд: "Аллоҳ таъоло касеро аз халқи худ ба кофир шудан ё имон овардан ҷабру қаҳр накардааст". (Ҳамон ҷо. саҳ 37). Аз ин суханон бармеояд, ки Худованд касеро ба тариқи маҷбурӣ мӯъмин ё кофир халқ намекунад, балки ихтиёри қабули ин ё он тариқро ба худи ӯ вогузор кардааст. Яъне инсонҳо дорои ирода ва интихоби озод мебошанд.

"Ҷамиъи феъли бандаҳо чӣ аз ҳаракат ва чӣ аз сукунат, чӣ куфру имон ва чӣ тоату исён ихтиёр ва касби худи бандаҳост" (Ҳамон ҷо. саҳ 39). Пас ҳар амал ва кирдори неку баде, ки инсонҳо дар зиндагӣ содир мекунанд натиҷаи касбкардаи худи онҳо мебошад.

Хизмати бузурги Имоми Аъзам он буд, ки бо таълимоти худ ҷилави таассуб ва ифротгароӣ дар ҳукмро гирифта аст. Таълимоти ӯ дар бораи асли имон ва ҳукм кардан ба куфр имрӯз низ барои ислоҳи шуури динӣ дорои аҳамият мебошад. Дар замони Имоми Аъзам баъзе равияву фирқаҳо ҳамдигарро ба куфр маҳкум мекарданд. Дар натиҷаи чунин фатвоҳо ҳазорон нафар равшанфикрону олимон ва мардуми оддӣ ҳатто ба марг маҳкум шудаанд, зеро дар даврони пурҷӯшу хурӯши зиндагии Имоми Аъзам ва минбаъд кофир эълон кардан бо ҳукм ба марг баробар буд. Фатвоҳое, ки дар ин мавзӯъ Имом Абӯҳанифа додааст, то андозае пеши роҳи ин падидаро мегирифтанд ва баёнгари хидмати ин фақеҳи бузург дар ҳифзи мақоми инсон мебошанд. Дар ин маврид мӯҳтарам Президенти кишвар дар мақолааш "Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо" таъкид карда, аз ҷумла гуфтааст, ки: "Мутаассифона, чунин амали зишт ба баъзе фирқаҳову ҳизбҳои исломии муосир низ хос мебошад, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ хатари калон дорад" (Э. Раҳмон. Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо. рӯзн. "Ҷумҳурият". №) Баъзе воизони имрӯзи мо то ҷое расидаанд, ки мардумро барои боло назадани пояи шалворашон ба куфр ҳукм мекунанд. Дар китоби "Фиқҳи акбар" омадааст, ки: "Мо мусулмононро барои гуноҳи содир кардаашон, агарчӣ он гуноҳ гуноҳи кабира ҳам бошад, ба шарте он гуноҳро ҳалол нашуморида бошад нисбат ба куфр додан ҳақ надорем. Аз шахси мусулмон ба сабаби гуноҳи кабира содир карданаш сифати имонро аз ӯ соқит намекунем" (Абуаломуддин. Тарҷумаи "Фиқҳи акбар"-и Имоми Аъзам. Хуҷанд. 2002. Саҳ. 47).

Дар ҷои дигари ин китоб меорад: "Хондани намоз аз қафои кулли мӯъмини неку бад ҷоиз аст". (Ҳамон ҷо. саҳ 48). Ин нукта барои аз ихтилофу парешонӣ нигоҳ доштани ҷомеаи мусулмонон хеле муҳим мебошад ва дар ин бора ҳадиси набавӣ низ омадааст, ки мувофиқи он: Ҳар неку баде, ки аз мусулмон гузашта бошад ҷанозаашро хонед ва инчунин аз қафои неку бад намозро гузоред, то ҷамоати мусулмонон пароканда нашавад. Ин нукта барои дар ҳар гуна ихтилофоти хурду бузург муросо ва мадороро пеш гирифтан аҳамияти хосса дорад. Зеро ҳар шахс бояд пеш аз ҳама дар назди худ муваззаф бошад.

Баробарии мӯъминон дар назди Худованд фитрист. Танҳо аъмоли инсонҳо онҳоро дар мақоми гуногун қарор медиҳад. "Ҳамаи мӯъминон дар маърифат, яқин, таваккал ба Аллоҳ, муҳаббат, ризо ва хавф, умед ва эътиқод баробаранд. Аммо дар фазли ғайри тасдиқу иқрор бинобар мухталиф будани мақоми аброр (инсонҳои накукор) аз ҳамдигар фарқ мекунанд" (Ҳамон ҷо. саҳ 73).

Имом Абӯҳанифа инсонҳоро ба ҳушёрӣ ва нигоҳ доштани имон - ҳадяе, ки ботинан ба онҳо дода шудааст даъват мекунад, зеро ғафлат дар ин самт боиси аз даст рафтани он мешавад: "Мо гуфта наметавонем, ки Шайтон аз мӯъмин имонашро ба зӯрӣ ва маҷбурӣ мегирад, балки мегӯем, ки банда вақте имонашро вогузор кард, Шайтон онро аз ӯ мегирад" (А. Смирнов. Становление мусульманской доктринальной мысли и ранняя исламская философия (к вопросу о взаимном влиянии на примере ал-Фикх ал-'акбар Абу Ханифы). Введение, перевод с араб. и комментарии // Вестник РГГУ. Вып. 4. Восток: Исследования. Переводы. М.:РГГУ, 2000, с. 52-86).

Барои инсон талаби ҳақиқат ва донишро зарурӣ дониста, корбурд аз ақлро тавсия мекард. Дар сурате, ки шахс мустақилона ба дарки масъала сарфаҳм нарафт, бояд ҳатман аз шахси огоҳ суол кунад, то ҳақиқат барояш маълум гардад. Вобаста ба ин дар "Фиқҳи акбар" чунин ҷумлаҳоро метавон вохӯрд: "…ҳар гоҳе бар ту чизе мушкил ояду пӯшида монад ва ё масъалае аз илми тавҳид кушода нагашту таҳқиқ наёфт ва ақл барои исботаш нарасид, лозим аст, ки дарҳол эътиқод намуда, бигӯӣ, ки "Он чӣ назди Худованд савобу дуруст аст, бовар дорам". Ҳар касе ба чунин ҳол рӯ ба рӯ омад, зарур аст бо олиме, ки ҳақиқати ҳолро медонад, муроҷиат кунад" (Ҳамон ҷо. саҳ 99). Дар ҳолати рух додани чунин вазъият ғафлату бепарвоӣ, аз паси пурсуҷӯй нашудан ва бо гумону шакку шубҳа умр ба сар бурдан инсонро ба куфр роҳнамоӣ мекунад.

Аз ин нукта метавон хулоса баровард, ки мақоми ақл барои инсон хеле болост ва инсон бояд бадию зиштӣ, роҳи ҳақ ё нодурустро тавассути ақли хеш дарк намояд. Офаридгор ба инсон неъмати беҳтарин ва аз ҳама волотарин ақлро ато намудааст. Дар айни замон ӯ соҳиби ихтиёр ва иродаи озод мебошад. Инсон бояд тавассути ақл амали ҳақро аз ботил фарқ намояд. Чунин тарзи масъалагузорӣ дар шароити асримиёнагӣ дорои аҳамияти бағоят бузург буд.

ИМОМИ АЪЗАМ ДОНИШМАНДИ ОЗОДАНДЕШ

Имоми Аъзам шахси озодандеш ва тараққипарваре буд, ки ҷаҳонбинии васеъ дошт. Вай ҳеҷ гоҳ бо хурофот ва ақидаҳои диние, ки садди роҳи пешрафти ҷомеа мешуданд муросо карда наметавонист. Шахсе, ки дарсҳои худро дар асоси баҳсҳои кушод баргузор мекард чунин ҷаҳонбинӣ хос буда наметавонад. Ӯ бо таҳаммули хосса ба ақидаҳои гуногун гӯш меандохт, далелҳои шахсони солимфикрро бо диққат меомӯхт, агар онҳо аз далелҳои вай боэътимодтар бошанд, қабул мекард. Дар баробари ин барои маърифатнокӣ ва фаҳмонида додани масъалаи душвор ба толибилмон самимона иқдом мекард.

Мушкилот ва масъалаҳоеро, ки барои ҳаллашон мардум ба Имоми Аъзам рӯй меоварданд, кӯшиш мекард бо беҳтарин ваҷҳ, дар асоси Қуръону Сунна, қавли саҳоба, қиёсу истеҳсон ва иҷмоъу урф фатво диҳад. Адолату воқеъиятгароӣ, ҳифзи номус, нигоҳ доштани оила, нарасонидани зарар ва ҷанбаҳои дигаре, ки фатвоҳои Имоми Аъзам дар худ доштанд, гувоҳ аз инсондӯстии ин шахсияти бузург мебошад.

(Идома дорад)


Виркан Музаффарпур
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97