МУЛЛОҲО ҲАМ МЕХАНДАНД

Фарҳанг ва адаб 05.10.2009 14:21

Даврони донишҷӯӣ буд ва яке аз дӯстон дар тӯйи арусияш моро даъват намуд. Ин нахустин бор буд, ки ба тӯйе мерафтам, ки он тӯйи мавлуд буд ва бе базму бозиву рақсу шодӣ. Бо ҷамъе аз ҳамдарсон вориди ҳавлие хоксорона дар яке аз гӯшаҳои шаҳри Душанбе шудем ва худи домод моро пешвоз гирифта, ба утоқи бузургу барҳавое ҳидоятамон кард. Дастархони хоксоронаи калоне афрошта буд ва атрофаш дар қисмати боло чанде аз домуллоҳо нишаста буданд. Касе моро ба онҳо ва на ҳам онҳоро ба мо муаррифӣ накард ва ҳама сокиту хомӯш нишаста будем.

Тасбеҳгардонии яке аз домуллоҳо гоҳе ин сукутро мешикаст. Иддае ба танг омада, бо ҳампаҳлуҳи худ бо садои паст гуфтугӯ мекарданд. Чанд лаҳза ба ин минвол нишастем то хӯрокро ҳозир намуданду машғули хӯрдан шудем. Як чиз хеле диққатамро ҷалб намуд ва ба андешидан дар борааш водорам сохт. Чаро ин рӯхониёни салладор ҳама бо чеҳраҳои гирифтаву агресивӣ ва белабханду ?иддӣ соатҳо менишинанд? Чаро рӯйи кушодаву ҳайбати андак надоранд? Чаро дар ҳузурашон кас худро озоду бебок эҳсос намекунад? Ва суолҳое аз ин қабил. Албатта аз ҳақ нагзарем, ин қоидаи куллӣ нест ва бар ҳама мунтабиқ намешавад ва ҳатман ҳастанд баъзе аз домуллоҳое ки аз ин қоида мустасноянд ва ба қавли Саъдӣ, аз рӯяшон ба нақд осуда мегардӣ.

МУЛЛО СИМВОЛИ ҒАМ?

Дар умум дар ҷомеаи мо вақте ба суроғи мулло мераванд ва дарвозаашро мекӯбанд, ки касе бемори шадид бошад ва ба дарде сӯзнок гирифтор. Ё дар ҳолати кандани ҷон қарор дорад ва ё ҳам ҷон ба ?онофарин супурдаву бояд ?аноза шавад. Ё барои бастани никоҳу суфу куф ё тумору таштов гирифтан, хатми қуръону чилёсину азоим хондан, бахткушоиву бахтбандӣ, гарму сард кардан, ки ин ҳама манзараҳои ҷиддӣ ва ғам буда, шояд таъсири зистан ва будан дар чунин фазо ҳаст, ки баъзе аз домуллоҳои моро ин қадар ҷиддӣ ва агресивӣ намудааст.

Албатта, пардохтан ба ин нукта аз аҳамият холӣ нест, чаро? Чун дар даврони кунунӣ дар шинохти дину мазҳаб аз методҳои гуногун ва равишҳои мухталиф кор мегиранд ва яке аз ин равишҳо мумкин аст ин бошад, ки чун намояндаҳои дин дар маҷмӯъ шаклу қиёфаи ҷиддӣ ва пурҳайбат доранд, пас оё Ислом дини саропо ?иддӣ ҳасту ?ойе барои хандаву шодӣ дар он нест? Магар Ислом дини ғам аст? Оё боре ҳам мешавад, ки домуллоҳо, ки дар симои онҳо бархе аз аввому иддаи аз муҳаққиқини Исломро мебинанд, биханданду ба қавли ирониҳо ҳол кунанд? Оё Паёмбару асҳобаш чунин буданд? Ва чаро маросимҳое, ки динӣ ва мазҳабӣ ҳастанд, ин қадар фазои гирифтаву ҷиддӣ доранд ва камтар дар он рангу бори шодӣ мушоҳида мешавад?

ХАНДАВУ ШӮХӢ ДАР ИСЛОМ

Дар ма?мӯъ асоси муҳкаме, ки таълимоти дини исломро аз он мегиранд, ин бе тардид Қуръони карим аст. Қуръон китобе нест, ки бо дарки маонӣ ва фаҳми оёти он шумо онро қироат кунеду ҷоҳое бихандед. Албатта ҳастанд чунин мавозеъе, ки масалан васфи би?ишту нозу неъмат ва ?ури ину майу ангубин мекунад ва аз са?на?ои фара?бахше ?икоят мекунад, ки ?амаи он ба кас мефорад.

Аммо мавозеъи дигар, ки дар бораи азобу ран?у шикан?а ва дарду сӯзи гунаҳкорон ва аҳволи аҳли ?аҳаннаму куффор ҳаст, албатта саҳнаҳое ?астанд, ки хеле дар дили хонанда тарсу бимро эҷод мекунанд.

Дар ма?мӯъ Қуръони карим хонданитарин китоб дар рӯйи замин аст, ки боистӣ ба ?адри имкон ҳар рӯзе ё ҳар ҳафтае ё ҳар лаҳзае, ки фурсат даст дод, дарсе аз он гирифту маъное аз он бардошт. А?оиботи ин китоб таҳ надорад. Шумо ҳар қадар бештар бо ин китоб ҳамнишинӣ кунеду ҳамзистӣ ҳамон қадар ба идроку фаҳм ва маънавиёти худ меафзоед.

Ало кулли ҳол ин мавзӯи бисёр фароху доманадоре ҳаст, аммо инҷо ба ин нукта мехоҳам ишора кунам, ки Қуръони карим дар маҷмӯъ китоби хашятзост. Хондани он бар рӯҳу дили одамӣ таъсиргузор аст. Дилро нарм мекунад ва хотирро оромиш мебахшад, ки ин масъалае ҳаст, ки ҳамаи мо ба он ниёзи мубраме дорем ва ҳар қадар ҳам ки зиндагии мо пеш мераваду ҳатто аз нигоҳи моддӣ тараққӣ мекунад, боз ҳам мо ба оромкунандае чун ин китоби илоҳӣ ниёз дорем.

Арҷ мегирад аз ӯ ноарҷманд,

Бандаро аз саҷда созад сарбаланд.

Иддаи ин ояи каримаи қуръониро, ки мегӯяд; "фалязҳақу ?алила вал ябку касиро-кам бихандеду бештар бигирйед"-ро бар он маънӣ карданд, ки ?уръон ба гиря даъват мекунад ва боистӣ бо хондани он мо маҳзун шавем. Дар ҳадисе ҳам ҳаст, ки "инна ҳазал ?уръона назала билҳузн фаиза қараътуму?у фаҳзану- ин Қуръон бо ғам нозил шудааст ва ҳар гоҳ онро тиловат намудед, ғамгин шавед". Албатта ҳадисшиносон ин фармудаи набавиро ҳадиси заиф мехонанд.

Боре маснавихонӣ мекардаму ба ин шеъри Мавлоно расидам, ки мегӯяд:

Баҳри гиря омад одам бар замин,

То бувад гирёну нолону ҳазин.

Ва бо яке аз дӯстони сӯфимашрабам сари ин шеъри Мавлоно хело ҳам баҳс намудем. Истидлоли ман ин буд, ки инҷо ҳазрати Мавлоно дучори таноқуз дар андеша ва фаласафаи асосии худ, ки дар китобҳояш онро дунбол мекунаду рӯҳияи шоде дорад, шудааст ва он дӯстам дар дифоъ мекӯшид ин шеърро ба ашъори моқаблу мо баъдаш иртибот дода, исбот намояд, ки ҳақиқат бар хилофи он аст, ки ман мегӯям.

Дар хулоса метавон ба ин нуқта расид, ки дар ма?мӯъ дини мубини Ислом дине ҳаст, ки ?иддист ва ба таъбири қуръонӣ "?авлун фасл ва мо ҳува билҳазл-гапи муҳкам ва на шухӣ" ҳаст. Оре, чун ин дин рисолати буланду ҷовидонаи Пайғамбар алай?иссалом асту то рӯзи растохез машъали ҳидояти башар аст. Пас ин ?ост, ки дин дин асту шухӣ ва бозӣ нест. Ин мисраъи бисёр машҳури ҳазрати Бедил ҳам ишорае шояд ба ҳамин маъно кунад, ки: "адабгоҳи муҳаббат нозу шухӣ барнамедорад".

Аммо ?иддӣ ва на шухӣ будани дин ба ин маъно нест, ки пайравони он ва алалхусус онҳое, ки ҳамчун намояндагони дин шинохта шудаанд, чеҳраҳои гирифта ва бе табассум ва абрӯвони дарҳамкашида ва қиёфаҳои пурҳайбат дошта бошанд. Ҳамеша сиёсат кунанд ва шогирдону муридони худро барои андактарин иштибоҳ сахтарин танбеҳро бидиҳанд.

ШӮХИҲОИ ПАЙҒАМБАР (С) ВА АСҲОБ (Р.А)

Вақте мо вориди дунёи ривоят дар аҳодиси Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам мешавем, он ?ост, ки мо бо ривоёте, ки аз хонданаш мисли як латифа ком ширин мекунем, лаззат мебарем. Дар шамоили ?азрати Му?аммад саллало?у алай?и ва саллам омадааст ва ин нуктаи машҳуре ҳам ?аст, ки ҳазрати Мустафо алайҳиссалом намехандид ва касе ҳам хандаи босадои ӯро надидаасту ривоят ҳам накардааст.

Ончӣ аз Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам омадааст, ин аст, ки ӯ табассум бар лаб дошт ва агар ҳам аз чизе ё манзарае хандааш меомад, лабҳои муборакаш аз ҳам ҷудо мешуд ва дандонҳояш намоён, аммо бо садо намехандид.

Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам табассум мекард ва табассум карданро, ки беҳтарин шеваи пешвоз ва бархӯрд бо инсонҳост ташвиқ менамуд. Дар ҳадисе аз он ҳазрат дорем, ки мефармояд; "табассумука фи ваҷҳи ахийка садақа-табассум бар рӯйи бародарат садақа ?аст". Ин ривоят хеле ҳам қобили тааммул ва баррасӣ ҳаст. Бубинед, усулан садақа аз молу пул ва ашёи барои одами азиз рӯёнида мешавад.

Аммо ин ахло?и буланд, ки дар сохтани этикаи исломӣ саҳми муҳимме дорад, баробар бо садақаи додани пулу мол аст. Чаро? Чун амри муҳимме дар муомила бо инсонҳост. Чаро? Чун Ислом мехоҳад, ки пайравонаш ҳама одамоне бошанд, бо чеҳраи кушоду пуртабассум дили нарму ахлоқи ҳамида.

(идома дорад)


С. ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97