АЗ ТАРҲИ НАВИ ҚОНУНИ ЗАБОН ҶОНИБДОРӢ МЕКУНЕД Ё НЕ?

Фарҳанг ва адаб 25.09.2009 14:51

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист

- Дар маҷмӯъ мухолифи тарҳи нави қонуни забон дар мавриди ҷойгоҳи забони давлат нестам. Аммо ин лоиҳа камбуди зиёду ҷидд дорад. Қонуни забон, ки дар замони шӯрав қабул шуда буд, албатта ба ислоҳ ниёз дорад. Вале бояд гуфт, ки қонуни замони шӯрав қонуни мукаммале буд ва барои таҳияи он беш аз як сол рӯйи он мутахассисон кор карданд ва дар он қонун забони тоҷик-форс қабул шуда буд, ки баъдтар форсиро аз он бурун андохтанд.

Банда аз ҷумлаи таҳиякунандагои ин қонун дар замони шӯрав будам, ки барои ин аз сӯйи бархе аз масъулини Кумитаи марказии ПК танбеҳ ҳам шунидам. Бубинед, имрӯз ҳам масъалаи забон бисёр масъалаи муҳим аст, аз ин рӯ ман ҳамчуни вакили мардум дар таҳияи ин қонун зиёд пофишор кардам, вагарна қонунҳои зиёди номукаммал мо зиёд дорем, ки на дар ҳамааш вориди музокира мешавам. Вале дар мавриди қонуни забон хомӯш нишастан аз рӯйи инсоф нест. Зеро сарнавишти забон ба ҳаёти иҷтимоии як қишри азими ҷомеа, ки аслан насли калонсол ҳастанд ва бо рус тадрис ва фаъолият кардаанд, бармехӯрад. Бубинед, як фарди 50 солаи мутахассис ч гуна метавонад тамоми омӯзишу фаъолияташро аз нав шурӯъ кунад ва дар ҳоли аз худ накардани забони давлат мумкин аст аз ҷойи кораш бенасиб монад.

Албатта, аз қабули қонуни забон хеле вақт гузаштааст ва он ба ислоҳот ниёз дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки забони русиро аз қонун берун андозем, фақат ба он далел, ки ин бар асоси Қонуни асосӣ мустақиман амал мекунад. Чӣ тур мустақиман амал мекунад, вақте он аз забони таҳсил ва илму иқтисоду сиёсат дур карда мешавад? Мо дар ҳайъати ИДМ ҳастем, забони русӣ забони ин итти?од аст, ин забони ҷаҳонӣ ва эътирофшуда аз сӯйи СММ аст, дар баробари инглисӣ ва испанӣ. Аз беэътибор шудани рус на Русия, балки мо бохт мекунем. Бубинед, потенсиали зеҳнии мо асосан тавассути сарчашмаҳои забони рӯс об хӯрдааст ва имрӯз ҳам мо дар аксари соҳаҳои технолог ва низом адабиёти илм бо забони миллиро надорем. Ташвиши ман аз ин рӯст, вагарна худи ман ва хонаводаам ҳеч мушкил барои муоширату фаъолият бо забони давлатиро надорем. Аммо сарнавишти ҳазорон нафар аз ҳамватанонамон, ки ба мушкил мувоҷеҳ хоҳанд шуд, маро бетараф намегузорад. Ман пешниҳод медиҳам, ки ин қонун мавриди баҳси афкори умум қарор гирад ва дар қабули он ба саросемаг роҳ дода нашавад, то он даме ки мо заминаҳои илм ва воқеиро барои густариши забони милл фароҳам насозем.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97