МУҲИМТАРИН ТАҲАВВУЛОТИ РАМАЗОНӢ ДАР ҶАҲОН

Фарҳанг ва адаб 19.09.2009 15:49

Як ҳазору чаҳорсаду сӣ сол пештар аз ин, пас аз тазйиқу фишори мушрикону манфиатҷӯёни бутпарасти Макка, паёмбари гиромии Худо (с) зодгоҳи худро ба ҷониби Ясриб барои ҳамеша тарк намуду бақияи умри хешро дар онҷо гузаронд ва бо таъсиси нахустин давлати мутамаркази мусулмонӣ, Ясриб номи «Шаҳри фиристодаи Худо», ё худ ба арабӣ «Мадинат-ур-расулиллоҳ»-ро гирифт. Номи мазкур дар шакли мухтасари Мадина боқӣ монд ва имрӯз ҳар мусулмон муштоқи дидори ин шаҳри муқаддас ва зиёрати равзаи пурнури ҳабибурраҳмон, ки воқеъ дар он ҳаст, мебошад. Барои ҳар касе, ки бо сира ё зиндагиномаи Ҳабиби Худо ошност, медонад, ки паёмбари азизи Ислом ва асҳоби киромаш, ки Худо аз эшон хушнуд бод, ин моҳи муборакро чӣ гуна гиромӣ медоштанд. Хайру бахшандагӣ, дастгирии уфтодагон, кӯмаки бечорагон, таом додан ба мардуми нотавон ва дар умум ҳама сифоти волои инсонӣ кори паёмбару асҳоб дар ин моҳ буд.

БАХШАНДАГӢ ВА ЗИЁФАТҲОИ ИФТОРӢ ДАР РАМАЗОН

Хайру бахшандагӣ дар моҳи шарифи Рамазон аз он замон ба таври анъана то замони мо расида, ҳар мусулмоне бо ҳар равиш ин суннати исломиро ба ҷой меоварад. Khaleej times – рӯзномаи англисизабони Амороти муттаҳидаи арабӣ дар авоили моҳи рӯзадории мусулмонон навишт, ки ба шарофати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳокими аморати Аҷман шайх Ҳумайд бен Рашид ал – Нуаймӣ 58 зиндониро афв намуда, аз маҳбас раҳо кард. Афви ҳоким ал - Нуаймӣ насиби зиндониёне гардид, ки дар маҳбас рафтори намунавӣ нишон додаанд. Озод намудани зиндониёне, ки дар маҳбас рафтори хуб менамоянд, анъанаи деринаи шоҳони мусулмон мебошад. Ин танҳо намунаи иқдоми рамазонии як амири мусулмон мебошад.

Шӯрои равобити исломии Амрико дар давоми моҳи Рамазон ба манзури муъаррифии дини Ислом ба андешамандон ва сиёсатмадорони ин кишвар, сад ҳазор нусха Қуръон ирсол мекунад. Сафҳаи интернетии samanyoluhaber дар ин бора иттилоъ дода, навиштааст, ки Ниҳот Овот - раиси шӯрои равобити исломии Амрико бо баёни ин матлаб гуфт; дар ин тарҳ, ки бо унвони «Дар Қуръон саҳим бош» иҷро мешавад, нусхаҳои арабӣ ва англисӣ бо тафсири англисии Қуръони Карим барои сад ҳазор нафар аз андешамандон, намояндагони маҷлис ва мақомоти сиёсии шаҳрҳои мухталифи Амрико ирсол хоҳад шуд. Вай афзуд; иҷрои ин тарҳ, ки бо ҳадафи муъаррифии ислом бо истифода аз каломи ваҳй ва ба дур аз муноқишоти расонаӣ ва ё ғаразварзиҳои бархе аз душманони Ислом анҷом мешавад, мехоҳем аҳамияти гуфтугӯ ва зиндагии мусолиматомези мусулмонон ва ғайримусулмонон дар Қуръонро ба ҳама ёдовар шавем.

РАМАЗОН ВА ҶАЛБИ ТАВАҶҶУҲИ ҒАЙРИМУСУЛМОНҲО

Ифтори Обама. Баракату шарофати моҳи мубораки Рамазон дар вуҷуди ғайримусулмононе, ки ба Ислом бо чашми ҳақорат наменигаранд, нармиеро ба бор овард ва онҳо қоил ба эҳтироми хеш ба арзишҳои мусулмонӣ шуданд. Пас аз ифтори Борак Обама дар Кохи сафед, дигар раҳбарони кишварҳои мухталифи дунё зиёфатҳои ифторӣ ташкил намуданд. Барои мисол дар кохи садрулаъзами Утриш зиёфати ифторӣ баргузор гардид ва садри аъзами ин кишвар дар ҳаққи мусулмонон, ки ҳамагӣ якчанд сол пеш «террорист» гуфта мешуданд, суханҳои нек ва бесобиқаро изҳор дошт. Ин зиёфати ифторӣ ба даъвати Вернер Фойман - демократ ва садри аъзами Утриш (Австрия) ва бо ҳузури раҳбарони мусулмон, масеҳӣ ва яҳудии ин кишвар ҳафтаи гузашта дар кохи садри аъзами Утриш баргузор шуд. Пойгоҳи иттилотӣ-интернетии ihlassondakika навиштааст, ки Фойман дар суханрониаш дар ҷамъи меҳмонони ҳозир дар зиёфати ифтор гуфт: Мусулмонон ва ғайримусулмонони Утриш дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд, мушкилоти ақаллияти мусулмон мушкили бақия низ маҳсуб мешавад ва ҳамагӣ барои ҳалли он бояд талош кунем. Вай афзуд: Ба унвони узве аз ҷомеъаи сиёсии Утриш дар муқобили тамоми гурӯҳҳое мебошам, ки саъй доранд, ҷомеъаи мусулмонон ва ё муҳоҷирони Утришро ба мушкилоте дучор созанд. Садри аъзами Утриш дар идома, моҳи мубораки Рамазонро фурсате барои таҳзиби нафс унвон дошта, изҳор кард: Мусулмонон дар моҳи Рамазон бо рӯзадорӣ, вазифаи шаръии худро ба ҷо меоваранд ва ин қобили эҳтиром аст. Бояд арзишҳоеро, ки моро ба ҳам наздик мекунанд тақвият кунем ва арзишҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Рамазон дар Бритониё. Меравем аз Утриш ҷониби кишвари дигари урупоӣ. Тарафи Бритониёи кабир. Дар моҳи мубораки Рамазон Борис Ҷонсон - шаҳрдори Ландан ба қисмати шарқии шаҳр, онҷо ки маркази исломӣ ҷойгир аст, ба табрик гуфтани мусулмонҳо рафт. Ӯ аз пайравони адёни дигар даъват кард, ки барои дарки беҳтари ҳамсоягони мусулмони худ дар давоми моҳи мубораки Рамазон ҳадди ақал як рӯзро рӯза бигиранд. Daily Mail – нашрияи маъруфи бритониёӣ дар яке аз шумораҳои ахираш навишт: Борис Ҷонсон дар дидор аз масҷиди шарқии Ландан ва маркази исломии он бо баёни ин матлаб гуфт: ман аз мардум мехоҳам, ки барои шинохти бештари мусулмонон ва омӯзаҳои исломӣ моҳи Рамазонро ғанимат бишморанд ва ҳамроҳ бо ҳамсоягони мусулмони худ як рӯзро рӯза бигиранд ва онон дар масоҷид ифтор кунанд. Вай ҳамчунин афзуд: расидан ба дарки беҳтар нисбат ба мусулмонон ва омӯзаҳои исломӣ ба аз байн бурдани дидгоҳҳои манфӣ ва таъбироти нохушоянд дар мавриди мусулмонон кӯмак мекунад ва сабаби аз байн рафтани ихтилофот дар даруни ҷомеъа мешавад. Шаҳрдори Ландан дар идома зимни таҷлил аз нақши мусулмонон дар ба чолиш кашидани боварҳои калидӣ дар бораи мусулмон гуфт: мусулмонон ҳамвора ва дар ҳар шароите барои нишон додани ин ҳақиқат, ки онон низ ҷузъе аз ҷомеъа ҳастанд, алайҳи боварҳои манфӣ ва нодуруст дар мавриди дини худ муқобила мекунанд. Ҷонсон дар ҳоле, ки мусулмононро бо моҳи рамазон таҳният мегуфт, изҳор дошт: Аз мардум мехоҳам, ки ба вижа дар моҳи рамазон рӯза бигиранд, то иттилооти бештаре дар бораи Ислом касб кунанд. Дар баробари ин шаҳрдори Ландан аз ҳамгироӣ ва ҳамкории мусулмонон бо бошандагони дигари ин шаҳри бузург ёдоварӣ намуд.

Як коммисиюни давлатии Бритониё ахиран ба ин натиҷа расидааст, ки сели ахбори манфӣ ва номутаодил дар расонаҳои бритониёӣ чеҳраи мусулмонони ин кишвар ва дини онҳоро ба унвони душман тасвир кардааст.

Мусулмонони Бритониё, ки ду миллион тахмин зада мешаванд, бори сангини қонунҳои зиддитеррорро аз замони ҳамалоти ҳафтуми июли соли 2005 бар дӯш мекашанд ва ба маротиб аз бадрафтории полис бидуни ҳеч иллати мушаххасе ҷуз МУСУЛМОН будан шикоят кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрдори Ландан нақши мусулмонони бритониёиро дар сохтани ҷомеа мавриди қадрдонӣ қарор дода гуфт: Мусулмонон қалби тамоми абъоди ҷомеа ҳастанд ва саҳми онҳо амре аст, ки тамоми мардуми Лондон аз он суд мебаранд. Афсарони полиси мусулмон, пизишкони мусулмон, донишмандону омӯзгорони мусулмон бахшҳои ҷудонопазире аз бофти Лондонро ташкил додаанд ва иқтисоди исломӣ дар иқтисоди ин кишвар ба воситаи тағйири шеваи сармоягузории Ландан низ саҳми умдае доштааст. Ҷонсон бо ибрози ин, ки бо таолими исломӣ ошноӣ дорад, ба таъкид расонд: Ислом дарсҳои арзишманде дорад, ки мардум аз ҳар пешинае метавонанд онҳоро биёмӯзанд. Тамоми омӯзаҳои исломӣ ба хубӣ дар таолими Рамазон мунъакис шудааст.

Пеш аз Ҷонсон дар Лондон ҷаноби Левингстон аз мақомоти баландпояи англис барои ҳимояи шадиди хеш аз мусулмонони бритониёӣ машҳур шуда буд.

ПОЁНИ РАМАЗОН ВА ИДИ САИДИ ФИТР

Бо поён ёфтани рӯзадорӣ дар Рамазон иди саиди Фитр фаро мерасад, ки яке аз ду иди бузурги исломӣ мебошад. Дар кишварҳои арабӣ, ки мусулмоннишинанд, ҷашни ин ин ид аз се рӯз то як ҳафта идома меёбад ва дар воқеъ эҳсос мешавад, ки то чӣ ҳадд мардум барои ин ид эҳтиром қоил ҳастанд.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ ҷиҳати иди саиди фитр се рӯз таътил аст ва дар ин муддат мардум фурсати кофӣ барои диду боздиди бастагон ва дӯстону ошноёни худро пайдо мекунанд. Дар рӯзи аввали ид мардон ба масоҷид мераванд ва пас аз адои намози ид фаро расидани иди фитрро ба якдигар табрик мегӯянд. Расонаҳои шунидорӣ ва тасвирии Афғонистон дар айёми моҳи Рамазон бо эҷоди тағйироте дар барномаҳои худ бештар ба барномаҳои динӣ ва мазҳабӣ мепардозанд.

Дар Тоҷикистони азизи мо, ки беш аз навад дарсади аҳолиро мусулмонон ва аксарияти мутлақи онро пайравони мазҳаби ҳанафӣ ташкил медиҳад, рамазон бо шукӯҳу азамати хосса давом меёбад. Давоми ин моҳи муаззаму мукаррам мӯъминони воқеӣ ба адои умури ибодотӣ мепардозанд ва шабҳо дар масоҷид ҳамзамон бо адои намози таровиҳ бо садои баланд тасбеҳҳои рамазонӣ мегӯянд.

Аз он, ки нисбат ба солҳои қабл дар кишвар эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои исломӣ бештар эҳсос мешавад, пирони мутадаййину рӯзгордидаи тоҷик хеле шод ҳастанд. Муҳимтарин хабаре, ки мардуми миёнаҳоли кишварро дар арафаи ид хушҳол намуд, амри Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сарварони вилоятҳои кишвар буд, пеш аз ид ярмаркаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқро бо нархҳои арзон ташкил кунанд, то мардум битавонанд дастархони идонаи худро бо неъматҳои сарзамини хеш ороставу пешкаши меҳмонони гиромии хеш кунанд. Агар сарватмандони кишвар, ки ба фазли Худо теъдодашон ҳам андак нест, дар арафаи иди саиди Фитр дасти кӯмак ба мардуми ниёзманд дароз кунанду дар роҳи Худо ятимону дармондагонро дастгир шаванд, умед ҳаст, ки раҳмату баракати Худо барои ин марзу бум ба маротиб меафзояд.

Бо муборакбодии идона ва умеди таҷлили бесобиқаи иди саиди Фитр.


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97