РАМАЗОН ФУРСАТИ РАҲОӢ АЗ НИКОТИН ВА ЭЪТИЁД

Фарҳанг ва адаб 03.09.2009 15:26

Пӯшида нест, ки ҳукми носу сигорро, ки аз маъмултарин эътиёдҳо дар кишвари мо мебошанд, иддае аз донишмандони дини мубин ҳарому ноҷоиз қарор дода, онро шиканандаи вузу медонанд. Дар забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои ҷаҳон ин намуд эътиёдро «одати бад» мехонанд. Маъмулан барои аксари рӯзадорон Рамазон сахтиҳое бо худ дорад. Алалхусус онҳое, ки дар ин ҳавои гарм кору бори физикӣ ё ҷисмонӣ мекунанд. Гуруснагӣ ва ташнагӣ мекашанд. Аммо барои онҳое, ки эътиёди носу сигор ва дигар эътиёдҳо доранд, ин моҳ сахтиҳои бештаре низ дорад. Чун илова бар гуруснагиву ташнагӣ онҳоро ранҷи эътиёд ва ё ба истилоҳ «ломка» низ азоб медиҳад.

Субҳи рӯзи аввали моҳи Шариф вориди бинои «Шарқи озод» (Муҷтамаъи маҷалла ва рӯзномаҳо) шуда, бо Баҳодури Носир веростори «Мушфиқӣ» вохӯрдам, ки ҷавони носие ҳаст. Аз аҳволу саломатиаш пурсида гуфтам; оё беносӣ ӯро азият намекунад? Гуфт: «Не, ҳамааш хуб аст!»

Интернетро кушода дидам, ки дӯстам Шодони Саъдон ҳам рӯйи хат аст. У ки рӯзадори сигорист, пурсидамаш, ки оё бесигорӣ азияташ намедиҳад? Посухи аҷибе дод: «Не, дар Рамазон бесигорӣ аслан азиятам намедиҳад, чун ирода қавӣ мешавад. Аҷоибии Рамазон ҳам дар ҳамин аст, ки иродаи одамиро ниру мебахшад. Ин чиз дар ғайри Рамазон вуҷуд надорад. Яъне баъди Рамазон боз ирода суст мешавад».

Зулфиқори Исмоилиён, хабарнигори бахши иқтисодии «Озодӣ» бо таъкиди нуктаи боло гуфт, ки бо ин ки ӯ носист, аммо ҳангоми фарорасии моҳи Шариф худро аллакай аз ҷиҳати равонӣ омода менамояд, вале танҳо «бетоқатие», ки дорад, ин ҳангоми наздик шудани намози шом аст. Мегӯяд: «Вақте шом наздик мешавад, дилам мехоҳад тезтар шом шавад, ки нос бикашам, вале дар умум азият намекашам».

Оқои Исмоилиён инчунин гуфт, ки ӯ ҳамеша ҳамроҳи худ халтаи нос мегардонад ва ин як навъ ӯро таскин медиҳад ва агар дар ҷайб ё сумкаи худ халтаи нос нагардонад, дар ӯ эҳсоси як чиз нарасидан пайдо мешаваду боиси азияташ мегардад, биноан ҳамеша дар ҷайби худ халтаи нос дорад.

Ҳамсӯҳбати дигари мо Хилватшоҳи Маҳмуд, сармуҳаррири барномаи ахбори СМТ, ки аз рӯзадорони сигорист гуфт: «Носу сигарет, вақте ба одам мефорад, ки шикамаш сер бошад. Аммо дар Рамазон вақте одам гуруснаву ташна ҳаст, зиёд зери бори кайфи носу сигарет намеравад». Оқои Хилватшоҳ аз онҳое ҳаст, ки кайфи носу сигаретро чандон нируи гирифторкунанда намедонанд.

Аммо вақте дар ин масъала дидгоҳи пизишконро пурсидем, посухҳои дигаргунае дарёфтем. Зоҳиран табибон «сабук гузаронидани» кайфи носу сигаретро дар Рамазон аз дидгоҳи тиб номумкин мешуморанд.

Аз Олимшоҳ Қандаков, пизишки беморхонаи Ёрии тиббии таъҷилии шаҳри Душанбе, машҳур ба бемористони «Скорый» назарашро дар ин маврид ҷӯё шудам. Номбурда афзуд: «Онҳое, ки мегӯянд, мо эътиёди носу сигорро ба сабукӣ мегузаронем, хато мекунанд. Чун ин як омӯхтагӣ дорад. Вақте бадан одатӣ шуд ва ҳамон маводи лозимаи худро наёфт, дардмандӣ ва ё ба истилоҳ «ломка» - ҳо одами муътодро азият медиҳанд».

Ҷаноби Мирзошариф Шарифов, пизишки беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи 103-и пойтахт, баъди баёни зарарҳои носу сигарет дар сӯҳбат бо «Миллат», гуфтаҳои пизишки аввалиро тасдиқ намуд. Оқои Мирзошариф гуфт: «Чун бадан омӯхта шуд ва вақти истеъмоли маводи никотинӣ фаро расид ва организм онро наёфт, одам худро гаранг эҳсос мекунад». Номбурда афзуд; «чун носу сигареткашҳо одатӣ шудаанд, ҳангоми фаро расидани вақти ифтор кайфиҳо мехоҳанд ба ҷойи хӯрдан носу сигарет бикашанд».

Ба тавсияи пизишкон носу сигареткашҳо ҳангоми кушодани рӯза бояд талош намоянд, аввал хӯрок хӯрда, баъд даст сӯйи носу сигарет баранд. Ин аз лиҳози тиббӣ беҳтар аст.

Донишманди ҷавон ва дур аз ватани тоҷик Фирдавси Нуралӣ дар таҳрими носу сигор аз дидгоҳи шариат рисолае навиштааст, ки бахше аз онро мо дар саҳифаи «Миллат ва Ислом» нашр намуда будем ва иншоаллоҳ дар фурсатҳои дигар боқимандаи онро низ нашр хоҳем намуд.

Оқои Фирдавс бо далелҳои фаровоне аз оёту аҳодис ва ҳатто аз илми тиб исбот намудааст, ки носу сигор зараровар буда, дар шариати муҳаммадӣ ҷоиз нестанд.

Аз забони носу сигоркашҳо фаровон шунидаам, ки ба чизи хуб набудани носу сигор ишора намуда, изҳори пушаймонӣ ҳам менамоянд. Оре!!! Одами носу сигоркаш ноаён маблағҳои ҳангуфтеро дар тули ҳаёташ барои ин маводи никотини зарарбор сарф менамояд ва дар муқобил ғайр аз осебрасонӣ ба саломатӣ дигар ҳосиле намеғундорад.

Ба ҳар ҳол Рамазон фурсати хуби халосӣ ва алвидоъ гуфтан бо ин одатҳои бад аст. Чӣ басо носкашҳое, ки ба шарофати Рамазон аз ин одати бад раҳоӣ ёфтан ва чӣ басо сигориҳое, ки синаи худро баъди Рамазон аз дудхона будан раҳониданд.

Дар кишварҳои ғарбӣ аз Рӯза ҳамчун василаи табобатӣ истифода мебаранд. Сомонаи интернетии http://www.ebaa.net/sehha-hiyat/018/018.htm, ки ба ҷиҳатҳои шифобахшии рӯза мепардозад менависад, ки дар муолиҷаи бемори қанд ва подагра як табибе бо номи Олон муваффақ шудааст. Табибони амрикоӣ Корелсун, доктор Ҷенҷез ва Бон Микфодун ҳам инро таъйид намудаанд.

Дар ҷумҳурии азизи мо нашунидаам, ки то ҳол табибе бо дарназардошти вижагиҳои ин моҳи сеҳрангез ва бо истифода аз ин доруи раҳмонӣ дар талаби сиҳҳатии беморе кӯшида бошад ва боиси наҷоти дардманде аз чанголи дард шуда бошад.

Ало кулли ҳол вақте ба ҳадиси Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам дар ин бобат дида медӯзем, мебинем, ки мефармояд; «суму тасиҳҳу» -рӯза бидоред то тандуруст бишавед». Албатта аз дидгоҳи илми ҳадисшиносӣ ин ривоят заиф шуморида мешавад, вале таъйиди муҳтавои матни ин ҳадисро метавон дар ояи каримаи «ва ан тасуму хайрул лакум-ва агар рӯза бидоред, барои шумо беҳтар аст». Ин ки рӯза хайр аст бармегардад ба хайру хубии дунёӣ ва ухравӣ. Дар дунё ба саломатӣ фоидаҳо мерасонад ва дар охират боиси наҷоти одамӣ мешавад.

Дар ривояти машҳур дар ин робита, ки пайваста сари забонҳост ва ҳадиси саҳеҳе ҳам ҳаст Ҳабиби Худо саллалоҳу алайҳи ва саллам мефармояд, ки «ҳар касе Рамазонро аз рӯйи имону муҳосибаи нафси худ рӯза бидорад, гуноҳҳои гузаштаи ӯ афв мешаванд».

Ончӣ бояд тааммул шавад, ҳамин истилоҳи «аз рӯйи имон, ки дар лафзи арабияш «имонан» омадааст, мебошад. Танҳо аз хӯру нӯшу шаҳват боз истодан кофӣ нест. Мусулмон бояд «аз рӯйи имон» рӯза бидорад. Дар худ нирӯи имониро тақвият бидиҳад. Ҳамон имоне, ки боиси нирумандии ирода мешавад ва вақте ирода тақвият ёфт ба гуфти Фирдавси Нуралӣ ҳатто эътиёди маводҳои сахттаъсирро дар марҳилаҳои аввалӣ метавонад боиси муолиҷа шавад.


Саъдии ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97