Зиғар деҳае дар зери кӯҳ

Донишнома 23.04.2019 07:01

ЗИҒАР- деҳаест дар буриши ду марз Тоҷикистон бо Афғонистон ва  дар марзи Хатлону Бадахшони Тоҷикистон. Бо ин ном як деҳаи дигар, дар Дарвози Афғонистон низ ҳаст. Аз лиҳози луғавӣ «Зиғар» вожаи авестоист, ки аз «Зи» - «зер» ва «ғар»-«кӯҳ» баромадааст. Яъне деҳае дар зери кӯҳ. Ба хотири мавқеияташ дар наздикии кӯҳи машҳури Фуруш (маҳалли аввалин ваҳйи осмонӣ ба ривояти зардуштпажӯҳон) ин номро ба худ гирифтааст.

Аз давраҳои хеле қадим ба далели шароити хуби маскунӣ маҳалли буду боши одамон будааст, аммо ба сабаби бемориҳои сироятие чун вабо аҳолияшро дар гузаштаҳо қисман аз даст додааст.

Аз лиҳози маъмурӣ, имрӯз Зиғар тобеъи ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ, Тоҷикистон аст. Беш аз 86 хоҷагӣ ва ҳудуди 620 нафар аҳолӣ дорад. Дар гузашта, Зиғар тобеъи алоқадории Кӯф (ҳозира Афғонистон)-и шоҳигарии Дарвози таърихӣ будааст. Ба ҳамин далел аҳолияш имрӯз худро шикаӣ (қисмати Дарвози поён) намеҳисобанд.

Зиғар гармтарин нуқтаи Бадахшон буда, қаламрави васеъи кӯҳу пушта дорад (аз Яхчи пун то Сари Катк ва то ағбаи Вал-валаку Санги Шавуна). Тамоми намуди меваву дарахтони Тоҷикистон ба шумули лимону анору анҷир инҷо мерӯянд. Ин деҳа аз сел осебпазир аст. Олами ҳайвоноти ваҳшии Зиғар хеле бой буда, пуштаҳояш маҳалли сукунати ҳайвоноти нодир, чун «бабри барфӣ» ва нахчири «Морхур» мебошанд, ки дар Китоби сурх сабт гардидаанд. Дар пуштаҳои ин деҳ мамнуъгоҳе барои ҳифзи ин ҳайвоноти нодир «М-Сайёд» низ ташкил шудааст. Инчунин Зиғар дар мавзеъи Роғак боғи ботаникӣ дорад, ки дарахтони гуногун аз нуқоти мухталифи собиқ Шӯравӣ инҷо таҷриба мешуданд. Боғи ботаникии мазкур имрӯз низ фаъол аст.

 Зиғар зодгоҳи шуарои маъруфи доираи адабии Дарвоз чун Ҳабои Дарвозӣ, Муллоакрами Дарвозӣ ва Сибғатуллоҳи Дарвозӣ мебошад, ки девону осори назмияшон то ба имрӯз маҳфуз аст.

Аз Зиғар чор нафар дар Ҷанги Ҷаҳонии дуюм (Ҷанги Бузурги Ватанӣ) иштирок намуданд, ки ду нафарашон: Саидраҳматов Файз ва Ҷобиров Сано аз майдони набард ба зодгоҳ баргашта, ду иштирокчии дигар: Наскаков Эмомалӣ ва Ҳусайнов Ҷонгулхон дигар барнагаштанд.

Аз ҳамин деҳ Умаров Маъруф дар ҷангҳои озодсозии Венгрия дар соли 1956 ва Ҳусейнов Нодирхон дар ҷангҳои Куба дар сафи артиши Шӯравӣ иштирок кардаанд.

Аз Зиғар паҳлавони маъруфи гуштии миллӣ Мирзовалӣ Ворисов (Мирзоалиев),  бархоста аст.

Мардуми Зиғар ҳама тоҷикзабон буда, бо гӯйиши дарвозӣ такаллум мекунанд ва истилоҳоти ба худ хос низ доранд («ма»-модар, «гли чоғк»- «гули сияҳгуш»...). 95 дарсади мардони Зиғар хатмкардагони донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва берун аз он дар тахассусҳои физика, математика, тиб, ҳандаса, забонҳои хориҷӣ (русӣ, тоҷикӣ, англисӣ ва арабӣ), журналистика ва диншиносӣ  мебошанд.

Зиғар бо вуҷуди доштани дарёчаи кӯҳӣ аз оби чашма ва оби дарёаш лӯлакашӣ шуда, дар тамоми нуқтаҳояш ҳам оби чашма ва ҳам оби тозаи нӯшокӣ аз дарёча дар дастрас дорад. Мактаби миёна, бунгоҳи тиббӣ, се мазор ва як масҷиди калони панҷвақта дорад. Сокинонаш ҳама суннимазҳабанд.

Зиғариҳо аз тарзи хонасозии қадима шуруъ аз даҳаи 60 асри гузашта даст кашида, ба сохти хонаҳои наву замонавӣ гузаштаанд. Дар ин деҳ хонаҳои дуошёнаи муҷаҳҳаз бо душ ва ҳоҷатхонаи обкашдори пайваст ба конолизатсия  таҷриба шуда, муваффақ гардидааст.

Кӯчаҳои деҳаи Зиғар низ ҷойи шиғу симхорҳои қадимаро ба деворкашии зебои замонавии бо ҳунари деволгарии хос ороишёфта ва ё бо бораҳои нав зебо медиҳанд. Ҷӯйборҳои табиъии ин деҳ низ акнун ба латокҳои замонавӣ тағйир меёбанд, дар умум Зиғар дар ояндаи наздик аз як деҳи суннатӣ ба як шаҳраки (посёлка) замонавӣ табдил меёбад.

Саъдии ЮСУФӢ
барои маҷаллаи онлайнии "Ҳавво"
Аксҳо аз Мустафо Бержандӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97