Замин

Дидгоҳ 22.04.2019 15:45

 

(Ба ифтихори Рӯзи замин)

Маро гаҳвора мегӯянд,

Чун гаҳвораи заррин,

Вале ман модари бечораам, хокам.

Агар тифле ба рӯям по ниҳад, шодам,

Агар марде фитад аз пой, ғамнокам.

Чу модар дар азо бо синаи чокам,

Напиндоред бедардам, кафи хокам!

Ба даври хеш чун сайёра ҷунбидам,

Ба даври хона чун гаҳвора ҷунбидам.

Ба рӯзи нек ҳамчун тифл хандидам,

Ба рӯзи бад чу марди пир ларзидам.

Баҳорон гул шудам,

Аз хеш рӯидам,

Ба уммеде, ки бӯедам.

Ғубори раҳ шудам дар роҳи дилёбӣ,

Ба уммеде, ки пӯедам,

Ҷаҳон гардеду рози якдигар донед,

Маро модар,

Шумо, эй қавмҳо, худро писар хонед.

Чу модар аз бисотам

Бар шумо эъҷоз бахшидам,

Зи ҷазби худ гузаштам,

Бар шумо парвоз бахшидам,

Ки боре модари ғамхор гӯедам.

 

***

Қиёми фасли тобистону

Ман хуни ҷигар будам,

Валекин гулбасар будам,

Ба уммеди самар будам.

Зи Волга то ба Дон мерафт

Мавҷи ғаллазори ман,

Чу мавҷи шӯхи дарё буд

Мавҷи лолазори ман,

Ба рӯи мавҷҳо мегашт

Ҷони беқарори ман.

Замини нодарав будам,

Ба сӯи ман хатар омад,

Ба рӯи мавҷҳои зиндагӣ мавҷи дигар омад,

Салиб омад,

Ба ҷои дос шамшери дусар омад.

Маро аз Ғарб

Бо таҳдиду хорӣ танг мекарданд,

Даравгарҳо миёни ғаллазорон ҷанг мекарданд,

Маро бо ранги дигар ранг мекарданд, -

Ранги хуну хокистар…

Миёни ҳалқаи оҳан,

Миёни ҳалқаи оташ,

Миёни ҳалқаи ҷангам,

Ҳама хатҳои тӯлу устуво дар гирди ман омад,

Тамоми бори дунё ногаҳон бар дӯши ман омад,

Ҳама ғунҷид дар ман – баҳру тӯфонҳо

Зи ашку хуну исёнҳо;

Ман охир шаҳр будам, хонадон будам,

Ман акнун курраи арзам, муаллақ дар фазои худ,

Ҳавоям дуди хунолуд,

Куҷо шири сафедам,

Рӯи сурхам, панди шабҳоям?!

Ба ҳам часпид лабҳоям.

Диҳедам косаи обе…

Диҳедам косаи обе,

Ки бе хуни ҷигар бошад!

Кунун гаҳвораам,

Аз тундгардӣ чаппагардонам.

Ба зери бори ман ҷон медиҳад тифлам.

Бубардоред аз ҷоям!

Мадад, эй зодагони ман!

Ҳазар, эй қавмҳои ҷонситони ман –

Аз он рӯзе, ки ман бетифл меҷунбам.

Чунон тангам, чунон бандам,

Ки дар як хона меғунҷам.

Маро озод бинмоед,

Ман сайёраам,

Дар банд мемирам!

                                    Муъмин Қаноат

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97