Мутахассис тасмими дуруст мегирад

Дидгоҳ 17.01.2017 09:46

 Дар ҳар сари сол мардум мунтазири тағйироти кадрӣҳастанд, ба умеди он ки беҳбуде дар кишвар ва раванди зиндагии онҳо рух бидиҳад. Аз ин рӯ тасмим гирифтем то тайи як назархоҳӣ хушномтарин роҳбари мутахассисро аз нигоҳи мардум бишносем. Аз 30 нафар корбарони шабакаи Фейсбук хостем то хушномтарин мансабдори кишварро ном бубаранд, ки мутаассифона на ҳама корбарон ҳозир шуданд то ба ин суоли назархоҳии «Миллат» посух бигӯянд. Яке аз корбарон ҳатто гуфт, ки агар суолро ба гунаи дигар матраҳ мекардед, ки гумномтарин ва ё бадтарин мансабдорро ном бубарам, шояд бароям посух гуфтан осон мебуд. Ҳоло натиҷаи ин назархоҳиро нашр мекунем ва ҳаволаи масъулин месозем, то дар таъйини кадрҳои шоиста ба иштибоҳ роҳ надиҳанд.

 Пурсиш:

Хушномтарин мансабдори тоҷики соли 2016 кист?

 

 Салимахон Ваҳобзода, рӯзноманигор:

 – Як рӯз фикр кардам, аммо хушномтарин мансабдори дар Тоҷикистон бударо пайдо накардам.....афсӯс!

 

Зулхумор Шарипова, фаъоли маданӣ:

 – Дар ҷавоб танқисӣ мекашам...

 

 Алӣ Ализод, таҳлилгар:

 – Мутаассифона ва ё хушбахтона, ки ман ягон номи мансабдори тоҷикро дар ёд надорам.

  

Абдуқодир Талбаков, раиси китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ:

 – Мансабдори хушном мо надорем, зеро онҳо на расонаиянд, на соҳибташаббус.

 

 Замониддини Зайниддини Насриддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалии Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон:

– Хушномтарин мансабдори тоҷик Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ мебошад. Чаро? Чунки танҳо ӯ тавонист аз шиору сухан ба амал гузашта, дили зиёда аз 8.5 милион аҳолии Тоҷикистонро бо қаҳрамонии худ шод гардонад, ашки шодӣ резонад ва фахру ибрат диҳад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97