Сандуқ ё бонк?

Дидгоҳ 16.12.2016 12:31

Суоли рӯз:

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон иддао дорад, ки сарфи назар аз мушкилоти молии бархе бонкҳои тиҷорӣ, эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар рӯ ба афзоиш аст. Оё дар воқеъ чунин аст?

Ва худи Шумо пасандозатонро дар кадом бонк нигаҳ медоред?

 

Фаррух Салимов, устоди ДМТ:

 Метавон гуфт, ки мардум дигар ба ҳеч кадом аз намояндагони низоми бонкии кишвар эътимод надорад, махсусан агар ин гуфтаҳо ба таври возеҳ баракси асл бошад.

Мушкилоти молии "баъзе бонкҳоро" метавон дар анвои муштариёне мушоҳида намуд, ки паси дари шуъбаҳои ин бонкҳо ва бинои асосии онҳо истодаанд. Ҳал нагардидани мушкилоти молии бонкҳои "сутуни"-и кишвар аз қабили «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» барои мардуми кишвар ҳамчун антирекламаи худи бонки миллӣ нисбати низоми танзимкунандаи он аст.

Албатта мардуми кишвар он қадар ба низоми молиёт ва бонкӣ вобаста набуд, бар истиснои мардуми тоҷир, соҳибкор ва зумрае аз қишри миёна. Фикр мекунам, ки барои баргардондани ихлос ба бонкҳои ватанӣ муҳлати дучанд зарур аст.

Дар бораи дар кадом бонк нигоҳ доштани пасандози хеш, рости гап пас аз қазияи «Агроинвестбонк» кӯшиш мекунам пасандоз набошад, балки актив, ки дар мубодила қарор бигирад.

 

Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигор:

Ман пуле надорам, ки пасандозаш кунам мутаасифона…

 

Шуҳрат Латифов, маркетолог:

Ба назари ман дарвоқеъ чунин нест , зеро мардум вақте пасандози худро гирифта наметавонанд, пас чӣ тавр метавон гуфт, ки эътимод рӯ ба афзоиш аст.

Ман пасандози худро дар «СандуқАмрикоАсрор» нигаҳ медорам,зеро дар ҳама ҳолат ҳамаи савдо бо ин бонк сурат мегирад ва ҳангоми буҳрон зарар намебинед.

Абдулмуъмин Шарифӣ, ҳунарпеша:

 Ман пасандозамро дар хона нигоҳ медорам...!

 

Нуралӣ Давлат, таърихчӣ:

Ҷаҳоне, ки дар он раиси Бонки миллӣ зиндагӣ мекунад ва ҷаҳоне, ки мо зиндагӣ мекунем, ба фикрам ду ҷаҳони мутафовит аст. Ман равшанфикронеро, ки пули пасандоз доранд, тақрибан намешиносам. Ба фикрам дар Тоҷикистони имрӯзӣ касоне, ки пули пасандоз доранд, ба қишри равшанфикр шомил намешаванд, албатта ман эҷодкоронро дар назар дорам.

Аксар касонеро, ки ман мешиносам аз қишри равшанфикр то 1 -2 соли охир ба қарзи бонкҳо зиндагиро пеш мебурданд, аммо дигар ба фикрам аз бонкҳо қарз намегиранд, чун дигар имкони баргардондани қарзҳоро бо фоизҳояш надоранд

 

Барот Қодиров, донишҷӯ:

Ман фикр мекунам, ин иддао бе поя аст, чунки имрӯз мардум дар талоши гирифтани пасандози худанд на он ки пасандози худро ба бонк бимонанд. Дар шароити имрӯз камина ба ҳеч ваҷҳе дар ягон бонки дохилӣ ниҳодани пасандозро салоҳ намебинам.

 

Хуршед Фозилов, хабарнигор:

Раиси бонки миллӣ назари шахсиашро гуфтааст. Назари инфиродии ӯ андешаи ҷомеа нест.

Этимоди мардум ба бонкҳо коҳиш ёфтааст. Мардуме, ки пулашонро аз бонк гирифта наметавонанд, чи гуна ба бонк боварӣ кунанд ва оё мекунанд? Мантиқ!

Шахсан ман ба бонкҳо бовариам гум шуд, зеро бӯҳрон собит сохт, ки барои бонкдорҳо, эътимоди мардум арзише надорад, агар не, мардум барои гирифтани ҳаққи ҳалоли худ навбатпоӣ намекарданд.

 

Бунафша Раҳмонова, ровӣ:

Ман гумон намекунам, ки баъд ин ин қадар мушкилиҳо дар бонкҳо барои гирифтани маблағ, мардум ба бонкҳо эътимод дошта бошанд! Шахсан, худи ман то имрӯз ба бонк эътимод доштам, аммо баъд аз он ки маблағи пасандозамро то имрӯз аз бонк гирифта наметавонам, дигар ба бонк эътимод надорам. Муддати се моҳ мешавад, ки барои гирифтани маблағам ба «Агроинвестбонк» меравам, вале ҳамааш бенатиҷа аст. "Дар каса маблағ нест, рӯзи чаҳоршанбе саҳарӣ омада талон гиред ва давоми рӯз метавонед 300-сомонӣ бигиред"-мегӯянд масъулини бонк. Ҳол он ки ман ба маблағ сахт эҳтиёҷ дорам ва бояд пасандозамро гирифта сарфи табобат кунам.

 

Салимахон Ваҳҳобзода, рӯзноманигор:

Пасандозҳои худро дар "Агроинвестбонк" нигоҳ медорам. Иддаоҳои худро раис бояд бо фактҳо исбот кунад, ки дар квартали 3 ва 4 ҳамин қадар пасандоз зиёд шудааст, ин як. Дуюм, моҳи январ ҷаласаи Ҳукумат мешавад ва гапгап ҳаст, ки раисро иваз мекунанд, шояд...барои худро сафед кардан, ин суханҳоро гуфтааст.

 Бознашр аз нашрияи "Миллат" № 46 аз 1.12. 2016 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97