Гулрухсори Сафӣ, шоири маъруфи кишвар рӯзи 17-уми декабр ҷашни зодрӯз дорад.
Хабари бистарӣ шудани ин бонуи шеъри тоҷик дар ҳафтаи равон муштоқони шеъри ӯро озурдахотир карда буд. Дар як тамоси телефонӣ Гулрухсор ба хабарнигори "Миллат" гуфт, ки ҷойи нигаронӣ надорад ва дар пайи шамолхурдагӣ ӯ ҳафтае дар бемористони ҳукуматӣ бистарӣ буд. Ӯ афзуд, ҳоло шифо ёфтааст, ва аз пайи корҳои нотамомаш камар бубастааст.
Аз суҳбат бо ин бонуи оҳанинирода дарёфтан мумкин буд, ки Ӯ ба ҳеч ваҷҳе ба дардҳо ва зарбаҳои зиндагӣ тан додан намехоҳад ва бо ин болидаруҳӣ мехоҳад ба миллат руҳия бидиҳад.
Дар ҷашни зодрӯзи шоир ба Ӯ комгорӣ ва бароварда шудани тамоми орзуҳояшро дорем.
"Миллат"