Бузургон ҳар куҷо овора миранд…

Дидгоҳ 24.02.2014 14:52

Boqsho LashkarbegСубҳи рӯзи чаҳоршанбе ҷасади Боғшоҳ Лашкарбеков, донишманди маъруф, ки дар ғурбат ҷон ба ҷонофарин супурд, аз Маскав ба Тоҷикистон оварда шуд. Пайвандонаш ҷасади ӯро аз роҳи заминӣ ба Бадахшон интиқол медиҳанд.

Рӯзи сешанбеи 4 феврал дар бемористони шумораи яки шаҳри Маскав маросими видоъ бо Боғшоҳ Лашкарбеков, ки аз пажӯҳишгарони маъруфи забонҳои иронӣ ба шумор меравад, бо ҳузури 200 нафар аз фарҳангиён ва шахсиятҳои маъруф доир шуд.

Дар ин маросим намояндагони тоҷикиони муқими Русия ва аъзои Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Русия ҳузур доштанд ва дар бораи рӯзгору осори ӯ суханронӣ карданд. Фарҳангиёни тоҷик даргузашти Боғшоҳ Лашкарбековро талафоти сангин барои илми забоншиносӣ унвон мекунанд.

Ин донишманди тоҷик 2 феврал дар ҳамин бемористон дар синни 66-солагӣ пас аз бемории начандон тӯлонӣ аз олам даргузашт.

Боғишоҳ Лашкарбеков пас аз он, ки аз хатми бахши забони фаронсавии донишгоҳи омӯзгории Душанбе бо роҳхати вазорати маориф дар идораи энсиклопедияи Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир чанд муддат фаъолият дошт.

Баъдан аспиранти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон шуд ва рисолаи номзадияшро дар шаҳри Ленинград (ҳоло Сан-Петербург) дифоъ кард.

Бозпас ба ватан омад ва то шуруъи ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1990 дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар бораи забонҳои бадахшонӣ пажӯҳишҳое анҷом дод. Дар ин муддат чанд сол дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кард.

Дар солҳои 1990 ба Маскав муҳоҷират кард ва дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии шаҳри Маскав фаъолияташро идома дод. Дар ин замон таҳқиқоти зиёде дар бораи забонҳои шарқии иронӣ, муқоиса ва умумиятҳои ин забонҳо, маҷмӯъаҳо ва рисолаҳои зиёде таълиф кард.

Ҳамзамон ӯ сарвари созмони Нур, яке аз созмонҳои фаъоли иҷтимоъии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав буд ва дар ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ ва ҷашнвораҳо ҳунару фарҳанги Тоҷикистонро намояндагӣ мекард.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия зимни ибрози таслият ба пайвандони Боғшоҳ Лашкарбеков, гуфта буд, ки баргузории маросими видоъ ва интиқоли ҷанозаи ӯ ба ватан кумак хоҳад кард.

Наздикони Боғшоҳ Лашкарбеков мегӯянд, ки ҷанозаи ӯ дар зодгоҳаш деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ба хок супурда хоҳад шуд.

Дар суги устоди арҷмандам Боғшоҳи Лашкарбек

Дигар чи суд агар дасту рӯю мӯй биканам.

Дигар мушкилии хешро ба кӣ бизанам,

Ба рафтанат чу бисӯхтӣ ҳама ҷону танам.

Умеди мо ҳама дӯстонро ту бишкастӣ,

Дигар чи суд, агар дасту рӯю мӯй биканам.

Ба зиндагӣ на ҳама қадр туро мекардем,

Ба баъди рафтанат устод, ки дузад кафанам.

Ба пешвози ту анбуҳи малоик пасу пеш,

Фуруд омада бар хок ба ин замону заман.

Кунун ба ҳашт ҳазорсолагон сар ба сарӣ,

Зи Маскав шуда парвоз руҳат бар ватанам.

Ба ҷовидон бирафтиву ба боғоти биҳишт,

Ки нақши ту шуда сабт ба дилу дидаи ман.

Абдулқодир Алавӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97