Ливои ифтихори тоҷикон

Дидгоҳ 10.09.2013 14:09

Ahmadshoh Masud sipahsolos(Навҳа дар марги Аҳмадшоҳи Масъуд)

Салими Зарафшонфар

Баҳрам ҳазорон чашм деҳ, гардуни дун,

То резам андар даштҳо Ҷайҳуни хун

Ман бо ҳазорон чашм ҳар шому сабо

Дар мотами шери жаёни Панҷшер.

 

Баҳрам ҳазорон дил бидеҳ, к-ин дарду оҳ

Дар як дили кӯчак нагунҷад ҳеҷ гоҳ,

То бо ҳазорон дил бигирам ман азо

Дар мотами шери жаёни Панҷшер.

 

Зӯри ҳазорон пилам афзо дар бадан,

К-аз зарбаи пилафкани тақдир ман

Мадҳушаму бархостан хоҳам зи ҷо

Дар мотами шери жаёни Паҷшер.

                               2

Ба доми рӯбаҳаъробӣ жаёншери Аҷам афтод,

Умеди бахту озодӣ зи дилҳо бар адам афтод.

Адолат гашт вожунтоҷу сарсон шуд шараф дар даҳр,

Ҳақиқат гашт ворунтахту бар ҳоли дижам афтод.

Сипаҳсолори миллат шуд ҳалок эдун, сипаҳро гӯ,

Шавад яктан, азеро бесарӣ бар сар-ш зам афтод.

Ливои ифтихори тоҷикон номи баланди ӯст,

Вале бар қадди миллат з-ин шикасти сахт хам афтод

Манам ҳамдарду  ҳамафғон ба халқи ғамкаши Афғон,

Ки андар дӯши мову ӯ ситам андар ситам афтод.

Зи фавти Аҳмади Масъуд фавтид ормони мо,

Ҳаме киштии сури қавм бар гирдоби ғам афтод.

Маро з-он таркиши мудҳиш, ки шояд пора ҷисмаш сохт,

Дилу ҷону ҷигар садпора гардиду зи ҳам афтод.

Натанҳо чашми ман аз гиряи хунин варам карда,

Ки бар чашми кавокиб з-абрҳо ин дам варам афтод.

Чу ман сад достон бигристам андар сари ҳар сатр,

Ба дафтар ашк бас афзун фитоду сатр кам афтод

Сухан лолу Ватан лолу забон лолу Замон лол аст,

Ба майдони варақ чун Аҳамади захмӣ қалам афтод.

                                   3

Шуд заминоғӯш ҷисми қаҳрамони халқ,

Шуд фалаковез оҳи хунфишони халқ

Мурғи рӯҳ аз пайкари Масъуд пар барчид,

Бози толеъ пар кашид аз ошёни халқ

Ман суруди фатҳ бо ӯ хонданӣ будам,

Инак астам  сӯгхону навҳахони халқ.

Халқро бошад сарону сарварон, аммо

Буд Аҳмадшоҳи мо тоҷи сарони халқ.

Халқ дод аз даст ӯрову вале ӯ монд

Зинда андар гуфтугӯву достони халқ,

Дидаме, кӯчид ҷисми ӯ ба ҷисми хок,

Донаме, кӯчид  ҷони ӯ ба ҷони халқ

                                 4

Тоҷи сари Аҷам ба маззалат расид, вой,

Сарлашкари Аҷам ба шаҳодат расид, вой,

Пошу пареш гашт зи ҳам лашкари Аҷам.

 

Рустам зи қаъри чоҳи фиреби қурун нидо

Дардод: «Оҳ, оҳ, зи рӯбоҳбозиҳо

Ғофил чаро чу ман шуда шери нари Аҷам?»

 

Рӯҳи Куруш наъраи саҳмин кашиду гуфт,

Рӯҳи ҳакими Тӯс ғамогин тапиду гуфт:

«Войи Аҷам, ки кушта шуд эҳёгариАҷам!»

 

Ҳар чашмае, зи кӯҳ ба ҳомун бувад равон,

Гӯяд, ки хушк менашавад, то бувад, ҷаҳон,

Дар сӯги Аҳмади яла чашми тари Аҷам.

 

Маҳмудшаҳ ба мақбара бедор хуфта, бин,

Ҳамавҳараш фузудаву надҳад ба одамин

Масъудшоҳгуна писар модари Аҷам.

 

Масъудшаҳ зи тахт барафтод рӯйи рахт,

Ин тахти ору нанг, битарсам, ки лахт-лахт,

Гардида, коҳад он ҳама фахру фари Аҷам.

 

Ӯ буд сарсупурдаи армони ҷамъи мо,

Мо зинда, ӯст мурдаи армони ҷамъи мо,

Бодо мазори қудсии ӯ меҳвари Аҷам!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97