Баччагиям бекасу танҳо гузашт

Дидгоҳ 22.06.2013 11:43

KudakiamЛоиқ Шералӣ

Баччагиям бекасу танҳо гузашт,

Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт

Доманаш аз хӯша пур аз домани  саҳро гузашт.

Дар сари санге ҳама рӯз интизор

Мешумурдам турнаҳоро ҳар баҳор,

Баччагиям бо қатори турнаҳо як ҷо гузашт.

Шаст меандохтам ба рӯди маст,

То биафтад моҳии тилло ба шаст.

Баччагиям бо умеди моҳии тилло гузашт.

Ханда мекардам ба сӯи шаршара,

Ханда меомад зи ҳар санги дара-

Баччагиям ханда бар лаб лаб-лаби дарё гузашт.

Номаҳо бинвишта будам беҳисоб

Лек аз он сӯ намеомад ҷавоб…

Баччагӣ чун номае бар ёри бепарво гузашт.

Бачагӣ чун шохборон рехт, рехт.

Баччагӣ чун обшорон рехт, рехт.

Ё мисоли шохнам аз дашти бопаҳно гузашт.

Баччагӣ гӯё буду гӯё набуд,

Баччагӣ аз мо буду аз мо набуд,

Бехабар мондем, то дидем, фарсахҳо гузашт.

Баччагӣ - гулгуни зарринёли ман,

Баччагӣ - гулгуни зарринбони ман-

Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт…

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97