Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафрӯзӣ.
Чу гул гар хурдае дорӣ худоро сарфи ишрат кун,
Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ.
Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти май лаъл аст,
Ки зад бар чархи фирӯза сафири тахти фирӯзӣ.
Сухан дар парда мегӯям чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
Чу имкони хулуд эй дил дар ин фирӯза айвон нест,
Маҷоли айш фурсат дон ба фирӯзию беҳрӯзӣ.
Тариқи комбахшӣ чист тарки коми худ кардан,
Кулоҳи сарварӣ он аст к-аз ин тарк бардӯзӣ.
Ба уҷби илм натвон шуд зи асбоби тараб маҳрум,
Биё соқӣ, ки ҷоҳилро ҳанитар мерасад рӯзӣ.
Майе дорам чу ҷон софию сӯфӣ мекунад айбаш,
Худоё ҳеч оқилро мабодо бахти бад рӯзӣ.
Надонам навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷӯйборон чист?
Магар ӯ низ ҳамчун ман ғаме дорад шабонрӯзӣ.
Ҷудо шуд ёри ширинат кунун танҳо нишин эй шамъ,
Ки ҳукми осмон ин аст, агар созӣ вагар сӯзӣ.
Ба бӯстон шав, ки аз булбул рамузи ишқ гирӣ ёд,
Ба маҷлис ой к-аз Ҳофиз ғазал гуфтан биёмӯзӣ.
Май андар маҷлиси Осиф ба Наврӯзи ҷалолӣ нӯш,
Ки бахшад ҷуръаи ҷомаш ҷаҳонро сози Наврӯзӣ.
Ҷанобаш порсоёнрост меҳроби дилу дида,
Ҷабинаш субҳхезонрост рӯзи фатҳу фирӯзӣ.