Вазорати маъориф, либоси миллӣ ва забони миллӣ

Дидгоҳ 04.11.2012 21:13

JaMshedI_quvvat____Аллома Иқболи лоҳурӣ дар мавриди шинохти худӣ, ки асли пешрафт ва бедории миллат аст, менигорад;

Пайкари ҳастӣ зи осори худист,

Ҳар чи мебинӣ зи асрори худист.

Хештанро чун худӣ бедор кард,

Ошкоро олами пиндор кард.

Саргузашт ва осори Иқболи лоҳурӣ боиси ибратомӯзист. Иқбол, ки фориғуттаҳсили донишгоҳҳои бонуфузтарини ҷаҳон аст, билохира маънии ҳаётро чунин хулоса намудааст, яъне дар шинохти арзишҳои худӣ ва бедору зинда кардани фарҳангу забони хеш.

Аммо мутаассифона имрӯзҳо ба назар мехӯрад, ки агарчанде дар зоҳир таввасути телевизион ва матбуот аз забони ба истилоҳ фарҳангиён сухан аз шинохти фарҳанг, забон ва либоси миллӣ меравад, вале дар амал кор ба ранги воруна аст. Ин ҷо мехостам бештар инони таваҷҷуҳи хонандаи азизро ба суи пӯшиши либоси миллӣ ва забони тоҷикӣ бикашам. Сару садое, ки тайи солҳои ахир дар макотибу донишгоҳҳо дар мавриди пӯшиши либос ба вуқуъ пайваст ва алъон ҳам идома дорад, бештар ҳар фарди ҷомеъаро ба фикр водор месозад. Аз забони ниҳодҳои фарҳангӣ ва маъориф дар бораи либоси ғайри миллӣ будани ҳиҷоб ва бархе либосҳои дигар суханҳои мухталиф ба самъ мерасад. Акнун хуб, инҳо либоси ғайритоҷикианд, моро мутмаин намудед, вале суоли ман аз вазири муҳтарами маъориф ҷаноби Нуриддин Саидов ин аст, ки оё ҳамин мини юбка ва ҷинсҳои танге, ки духтарони навраси тоҷик ба бар мекунанд, либоси миллии тоҷикӣ аст? Оё худи ҳамин шиму костюм ва галстук низ либоси миллӣ ва тоҷикианд? Агар ҷанобашон серкору дар тараддуд бошанд, ҷавоби ин суолро аз Фарҳод Раҳимов, ки ба ҷавоб гуфтани матлабҳо ба таври гузоришӣ ва ба тафриқаандозӣ муттаҳам сохтани касоне, ки камбудиҳои ин вазоратро рӯи коғаз меоранд, машғул аст, бо як калимае посух бидиҳад, ки ҳа ё не?

Масъалаи пӯшиши ҳиҷоб ва умуман либосҳое, ки узвҳои ҳассоси баданро мепӯшонанд, ин танҳо барои маъорифи тоҷик хос нест. Дар ҳама гӯшаи дунё, дар тамоми мамолики аз Тоҷикистон дунявитар сари ин масъала баҳсу мунозираҳо садо  медиҳад, аммо санъати бархӯрд он ҷо бо мардум дигар аст. Яъне хулосаи калом ин аст, ки раҳбарони маъориф дар он мамолик ба пӯшандагони чунин либосҳо на бо алфози қабеҳ, мисле ки вазири маъорифи собиқ Раҳмонов, онҳоро маймун гуфта, аз саҳни литсей берун намуд, балки мисли он аст, ки инсон ба инсон бархӯрд мекунад.

Аъзои палатаи ҷамъиятии Русияи Федеративӣ Анатолий Кучерен, вазири маъорифи Русия Д. Ливановро ба маълумоти кофӣ ва зарурӣ надоштанаш дар мавзуъи ҳиҷоб муқассир донистанд. Вазири маъорифи нави Русияро мебояд дар масъалаи пӯшиши ҳиҷоб иттилои бештаре касб намояд, қабл аз он ки ягон хулосаи қатъӣ барорад, қайд намуд аъзои палатаи ҷамъиятии ФР.

Аз ҷумла Кучерин зикр намуд "мо дар кишваре зиндагӣ дорем, ки аз миллат ва қабоили гуногун иборат аст ва аз ин рӯ мо сиёсатмадорон ва дигар ашхоси ҷамъиятиро зарур аст, ки дар мавриди чунин мавзуъҳои нозук ва мураккаб бо диққат бошем". Бо вуҷуди дар ин кишвар аққалиятро ташкил додани дигар миллатҳо бархӯрди намояндагони ҷамъиятӣ ва маъориф, ба онҳо дар масоили эътиқод, урфу одат ва пӯшиши либос нармтар ва бо андеша аст. Масъалаи омӯзиши забони миллӣ, ки унвон ва мақоми давлатиро дорад ҳам чандон мавриди назар нест. Сарозер шудани фарзандони мансабдорон ва ба истилоҳ аҳли зиё ва фарҳанг ба макотиби ғайри тоҷикӣ, шиору овезаҳои русию инглисӣ ва боз ҳамон тарҷумаҳои таҳтуллафзию аз қолаби русӣ гирифта шуда, шаҳодати ин гуфтаҳост. Ва билохира натиҷаи андешаи матлаб ин аст, ки ду мафҳуми фарҳангу забон ва либоси миллӣ, на танҳо эҳё, балки рӯ ба нестӣ доранд. Дар фаровард боз андешаамро шеъри Иқбол ба худ кашид, ки гуфта;

Дар ҷаҳон тухми хусумат коштаст,

Хештанро ғайри худ пиндоштаст.

Созад аз худ пайкари ағёрро,

То физояд лаззати пайкорро.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97