Маҳфили "Мардони таърихсоз" дар Душанбе

Дидгоҳ 21.10.2012 13:40

Muarrifi_kitob(Гузориш аз маҳфили рӯнамоии китоби "Мардони таърихсоз" дар рӯзи 9.10.2012)

Қаблан хабар додем, ки маҳфили рӯнамоӣ аз китоби "Мардони таърихсоз" шоми сешанбеи 9-уми октябр дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-и пойтахт ва бо ҳузури густурдаи зиёиён, сиёсатмадорон, дипломатҳо ва рӯзноманигорону ҷамъи зиёди ҳаводорони се шахсияти муҳимми минтақа; Шаҳиди сулҳ Устод Раббонӣ, Қаҳрамони миллии Афғонистон сипаҳсолори шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва марзбони Хуросон устод Атомуҳаммади Нур, ки аз шахсиятҳои калидии сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақа маҳсуб меёбанд, баргузор шуд. 

"Мардони таърихсоз"-ро мураттибон Раҳматкарими Давлат, Толибшоҳи Сайидзода, Замира Сулаймонӣ, муҳаррир Ибодуллоҳи Оқилпур, сафҳаоро Аҳмад Сайидзода, тарроҳи дизойн Денис Горябин аз маҷмуъаи мақолот, шеъру достонҳо, аксу суханрониҳо ва изҳори назари чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва мазҳабию фарҳангӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон сар карда то шоирону уламо дар бораи ин  шахсиятҳои таърихсози минтақа, таҳия ва пешкаш кардаанд.

Маҳфили рӯнамоӣ аз ин китоб як маҳфили хосе шуд, ки боз як сафҳаи дигари таърихиро сабт кард. Суханрониҳои самимиву дилсӯзонаи аҳли ин нишаст ва ёдоварӣ кардан аз меъморони сулҳи тоҷикон қобили шунидану хондан аст, ки онро ба хонандаи гиромӣ, ки ҷойи якояки шумо дар ин маҳфил холӣ буд, пешкаш месозем.  

Qosimsho_IskandarovҚосимшо Искандаров, раиси Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо Афғонистон ва гардонандаи маҳфил:

Салому дуруд ба ҳозирини гиромӣ. Ба маҳфили рӯнамоӣ аз китоби "Мардони таърихсоз", ки инак рӯи дасти Шумо ҳаст, хуш омадед. Ин китоб бо ибтикори нашрияи "Миллат" ва Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон - АФРӮЗ  ба чоп расидааст. Ва дар бораи се шахсияти бузург, донишманд, сиёсатмадори кишвари ҳамсояи мо, дӯсти мо, ҳамфарҳанги мо Афғонистон бахшида шудааст. Ин намояндагони се насл, насли муборизин барои истиқлол ва озодии ин кишвар, шаҳиди Сулҳ профессор Бурҳониддин Раббонӣ, шаҳид Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва волии имрӯзаи  вилояти Балх идомадиҳандаи кор ва пайкори ин ду шахсияти бузург, ҷаноби Атомуҳаммади Нур ҳастанд.

Дар бораи кору пайкор ва фаъолияти ин шахсони бисёр арзанда ва барҷаста, ки шуҳрати инҳо калонтар аз минтақа ва ҷаҳон аст, фикр мекунам ҳамаи Шумо медонед ва ҳоҷати гуфтор нест. Ин шахсиятҳо, хоса Устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд боз аз он ҷиҳат барои мо тоҷикон азизу муътабаранд, ки дар барқарории Сулҳ дар Тоҷикистон саҳми мустақим доштанд. Ва ин мақолот, ки дар ин китоб  ҷамъ омадаанд, инҳо аслан мақолаҳое ҳастанд, ки солҳои охир дар нашрияи "Миллат" ва бархе дигар нашрияҳо ба чоп расида буданд ва бо ибтикори Раҳматкарими Давлат ва Толибшоҳи Сайидзода тартиб дода шуда, омодаи чоп шуд ва охиран китоб ба нашр расид. Ман мехостам риштаи суханро ба рӯзноманигори шинохтаи кишвар Раҳматкарими Давлат бидиҳам, ки бисёр фишурда дар бораи ҳадаф ва муҳтавои ин китоб каме суҳбат кунад.

Rahmatkarimi_DavlatРаҳматкарими Давлат:

Камбуди булуғи одамӣ буд шавад,

Ин кори ҷаҳон ҳама ба мо суд шавад.

Имкони заъиф аст, ки дигар модар,

Пури дигаре зояду Масъуд шавад.

Дуруди фаровон ҳузури шумо дӯстони азиз, ки фурсати қимати худро дареғ надоштед ва инҷо омадед, то дар ин маҳфили муҳаббат ширкат кунед. Ин китоб бо ду хати кирилӣ ва форсӣ нашр шудааст. Ин на маҷмуъаи сиёсӣ аст, на китоби бадеъӣ ё таҳқиқоти илмӣ. Дар дохили он Шумо аз мақолаи сиёсӣ то достонро пайдо мекунед. Ин китоб маҷмуъи назару дидгоҳу андешаи нухбагони сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аст роҷеъ ба ин шахсиятҳо ва ҳамчунин сарнавишти муштараки мо ва гузаштаву ояндаи миллатҳоямон, ки чӣ роҳе роҳи расидан ба саодат ва хушбахтӣ аст(?). Дар мавриди бузургӣ ва барҷастагии ин шахсиятҳо ман ҳарфе намегӯям, инро бояд аз бузургон бишунавем, мо назарҳоро ин ҷо ҷамъ овардем ва мехоҳем назарҳои бештареро аз Шумо бишунавем. Фақат мехоҳам бигӯям, ки кофист як ҷумлае аз Паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати шаҳодати Устод Раббониро таъкид кунем, ки дар аввали ин маҷмуъа ҳам омадааст; "Устод Бурҳониддини Раббонӣ аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд" ва мебошад. 

Ҳадафи мо мусоидат ба ҳамгироӣ ва ҳамбастагии бештари миллатҳои минтақа ба хотири ҳифзи ҳуввияти фарҳангӣ, забон ва арзишҳои муштарак аст. То барои расидан ба саодат ва пешрафт аз ин арзишҳо ва муштаракот истифода шавад. Ва ин шахсиятҳо, ки назири он ҳамчунон дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳам кам нестанд, пули робита ва муштараке барои наздик шудан ба аҳдоф мебошанд. Ҳадафи мо ба ин васила тақвияти нуқтаҳои иштироки умумӣ миёни миллатҳоямон аст. Гузаштаи муштарак, вижагиҳои муштараки ҷуғрофиёӣ, пайвандҳои фарҳангӣ, забонӣ, нажодӣ ва қавмӣ аз муҳимтарин вижагиҳое мебошад, ки кишварҳои моро дар ҳавзаи воҳиди тамаддунӣ қарор медиҳад. Ҳамин муштаракоти таърихӣ ва зарфиятҳое мавҷуд барои ҳамгироӣ сабаб шудааст, ки мо алоқаманд ба мутолиъаи зарфият ва имконоти инсонӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ ва бузургони ба ному маъруфи минтақа шавем ва таваҷҷуҳи хонандаро ба он ҷалб кунем. Аммо он чи муҳим аст, ин аст, ки бояд ин вижагӣ ва арзишҳои муштаракро  шинохт ва шиносонд ва эътимоди давлатҳоро ба ин ҷалб кард, то як пайванди пойдор эҷод шавад ва аз ин ваҳдат барои рушд ва тавсеъаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии ҳамаи миллатҳо, қавмҳо ва кишварҳои ин ҳавзаи тамаддунӣ баҳра гирифта шавад.

Бояд гуфт, ки ҳимоят аз муқовимати Давлати Исломии Афғонистон ва ҷабҳаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар муқобили терроризми байналмилалӣ ва Ал-қоида пурифтихортарин сафҳаи фаъолияти сиёсии 21 солаKITOBи раҳбарияти давлати Тоҷикистон аст. Мисли он ки Аҳмадшоҳ Масъуд ва Устод Раббонӣ ҳам ҳаргиз мухолифони давлати Тоҷикистонро ба ҷанг ташвиқ накарданд, балки ба созиш ва сулҳ талқин намуданд ва дар ин раванд саҳми мустақим гузоштанд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон сарфи назар аз ҷаҳонбинӣ ва мактаби фикрӣ, чӣ коммунист ва чӣ демократ, чи исломгаро ва чапу рост баробар ин шахсиятҳоро муътабар медонанд.

Ин аввали кор аст, мо оғоз кардем аз Устод Раббонӣ ва далелаш ин буд, ки Устод мазлумона шаҳид шуданд ва нахустин солгарди шаҳодаташон ҳам буд.  

Ин китоб, бо ин ном силсилаӣ хоҳад шуд ва ҳамаи шахсиятҳои барҷастаи таърихсози минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро фаро хоҳад гирифт.

Қосимшо Искандаров:

Ташаккури зиёд аз Раҳматкарими Давлат, воқеан ҳам ин маҳфил боз як баҳонаи дигаре имшаб барои суҳбати бисёр озод дар бораи Афғонистон, мардуми Афғонистон ва кишваре ва мардумоне, ки ҳар дуямон пайвандем; вазъияте, ки имрӯз дар Афғонистон пеш омада аст; ҷустуҷӯҳои роҳи сулҳ; расидан ба сулҳ ва оромӣ дар ин кишвар хоҳад буд. Коре шавад, ки сулҳу оромӣ дар ин кишвар биёяд. Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои  Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамеша хостори сулҳ ва оромӣ дар ин кишвар аст. Фикр мекунам, ки ин иқдоми аввалин аст, хуб мешуд, ки нашрияи "Миллат" ин иқдомотро давом медод  ва дар бораи шахсиятҳои бузурги  на танҳо сиёсӣ, балки фарҳангӣ, уламо ва удабои ин кишвар низ чунин матолибе нашр мекард. Зеро тамоми муштаракоте, ки дорем, ман фикр мекунам дар Тоҷикистони мо бояд шинохта шавад ва мардуми ин кишварро бештар шиносем ва  мардуми Афғонистонро низ бо шахсиятҳои бузург ва чеҳраҳои номдори Тоҷикистон бояд ошно созем.

Ман ҳоло суханро ба Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, ҷаноби доктор Абдулғафури  Орзу месупорам, ки ҷаноби доктор ҳам намояндаи сиёсии кишварашон ҳастанд ва ҳам ин ҷо як мутафаккир ва як муҳаққиқ низ ҳастанд.

Абдулғафури Орзу, Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон:

Бисмиллоҳи раҳмонир раҳим. Донишмандони арҷманд, устодони гаронмоя, хонумон ва падарону писарони ҷумҳурии   хуршеди ошноӣ.

Muarrifi_3Мо ҳама ошноёнем, ошноем ба далели ин, ки аз назари фарҳанги муштарак ва фарҳанги ниёкон ҳаммиллат ва хешовандони хуршеди ориён ва ё диёри меҳрубон ҳамаи мо мардумони як фарҳанги муштарак ҳастем. Аз бону Адолати Мирзо дар якумин солгарди шаҳодати Устоди шаҳид ва бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар сафорат баргузор шуда буд, шунидем, ки ин китоб ба зудӣ аз чоп мебарояд. Имрӯз ин китоб дар ихтиёри мост ва табассуму таронае аз ёди ёри меҳрубон аст. Ҳамон гунае, ки дӯсти азиз фармуданд, "мо дорои тамаддун  ва фарҳанги муштарак ҳастем ва ҳар кори фарҳангие, ки дар ростои тамаддун ва фарҳанги муштарак  бошад, ҳаргиз нуктаи поёне бар он наметавон гузошт. Дӯсти бузургвор, ҷаноби оқои доктор Искандаров ба зебоӣ фармудаанд, ки "мо дар густариши фарҳанги муштарак бояд ҳамовоз ва ҳамгиро гомҳои ягона бардорем".

Мо дар асре зиндагӣ мекунем, ки гоҳ садое баланд мешавад, ба номи гуфтугӯи тамаддунҳо, гоҳ ҷанги тамаддунҳо, бо ихтилофи тамаддунҳо ва бидуни он ки мо дорои як тамаддун ҳастем. Ва мо бояд ҳувияти тамаддуниро бо ҳувияти миллӣ мутаносиб бисозем ва ҳувияти миллиро бо ҳувияти тамаддунӣ. То битавонем дар ин дунёи бузург нафас бикашем.

"Мардони таърихсоз" далели он аст, ки Устоди шаҳид аз марзҳои миллӣ ва ҷуғрофии Афғонистон берун рафта ва хушбахтона, ба ин шахсияти бузурги эшон инҷо ошно ҳастанд. Устод раҳбарии муборизоти озодибахши мардуми Афғонистонро бар уҳда дошт. Устод дар муҳандисии сулҳи Тоҷикистон нақши бориз дошт ва кӯшиш кард ҳамин таҷрибаро дар Афғонистон истифода кунад. Аммо тавассути душманони кӯрдил, тавассути душманони сулҳ, озодагӣ ва андеша шаҳид шуд.

Дар канори Устоди шаҳид ва Масъуди шаҳид Устод Атомуҳаммади Нурро, ки аз дӯстони ман аст, намегузоштед, беҳтар буд, ин шаҳиди зинда аст. Ман хонуми Адолати Мирзоро, ки имрӯз китоби "Мардони таърихсоз"-ро бо эҳтимоми ҳамкоронашон такмил шудааст, муборакбод мегӯям. Ва мехоҳам, ки занони таърихсозро низ чоп кунед, ки мутаассифона, фарҳанги муштараки мо, фарҳанги музаккару муаннас аст. Занони таърихсоз фаровонанд, ки ҳамоса офаридаанд. Ин аввалин гом аст, итминон дорам, ки оянда идома кунад. 

RoyzaniОқои Порсо, муовини ройзани фарҳангии Ирон дар Тоҷикистон:

Бисмилоҳир Раҳмони Раҳим.  Банда аз даъвати шумо ба ин маҳфили рӯнамоӣ хеле хурсанд ҳастам ва аз дастандаркорони чопи китоби «Мардони торихсоз» изҳори сипос мекунам. Ба хусус ин ки ин китоб бо ҳуруфи форсӣ мунташир шуда ва мақолоти он барои форсизабонони Ирон ва Афғонистон дастрас хоҳад буд.

Барои Ҷумҳурии исломии Ирон устод Бурҳониддини Раббонӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҷумлаи шахсиятҳои шинохта шуда ҳастанд, ки дар Ирон ҳам китобҳову навиштаҳои зиёде роҷеъ ба онҳо мунташир шудааст. Қабл аз шаҳид шудан низ устод Раббонӣ меҳмони олиқадри Ирон буданд ва дар конфронси «Бедории исломӣ» суханронии пурмуҳтавое ҳам карданд, охирин мулоқотро бо раҳбари муаззами Ирон доштанд ва охирин акс ҳам аз устод Раббонӣ дар Ирон гирифта шуд.

Муъмин Қаноат, шоир:

Mumin_Qanoat

Ин маҳфиле, ки имрӯз дар ин ҷо доир мешавад ва чопи китоби "Мардони таърихсоз", як падидаи бисёр хуб аст, ташаббуси бисёр урён аст ба ин хотире, ки ин ҷаҳон он қадар ҷаҳони иттилоотӣ, ҷаҳони фаромушхотирӣ шудааст, ки ҳофизаи мардум боқӣ намондааст. Ҳофиза воқеан вуҷуд надорад, на ҳофизаи таърихӣ, на ҳофизаи кунунӣ, ва на ҳофизае, ки солим бошад. Чун фановарии иттилоотии ҷаҳони кунунӣ ҳамаро фаро гирифтааст ва мағзҳоро хароб кардааст ва ҳатто касе ҳам нест, ки ин ҳамаи фарҳанги иттилоотие, ки як навъ маърифат аст, як бор таҳлилу таъбир  кунад, ки ҳақиқати ҳамин иттилоот дар чист ва ҳикматаш дар чист, оё зарур аст ҳамаи ҳамин чиз(?) суду зиёнашро агар таҳлил мекарданд, бисёр кори хуб мешуд. Ба ин хотир дар ин  вазъи кунунӣ аз арзишҳои таърихӣ, чеҳраҳои таърихии таърихсоз, тақдирсозони миллатҳо ҳар замон ёдовар бояд шуд. Яъне бо маърифати нав корномаи ниёкон, пайкори онҳоро бояд, ки мо бозгӯй кунем. Аз рӯи шинохт ва маърифати кунунии нав зарур аст. Ҷомеаи имрӯз ба онҳо зарурат дорад. Шаш навъи маърифат ҳаст, маърифати эҳсосотӣ аст, маърифати иттилоотӣ аст ва аз ҳама сабукбортаринаш маърифати эҳсосӣ аст, ки ҳамчун бардошти мардуми омм аст, бардошти бисёр содалавҳона ва аз рӯи ҳассосият, ҳар чизро қабул мекунанд, ҳар чизеро, ки  мешунаванд, ҳақ ва ноҳақашро таҳлил намекунанд, ҳамчуноне, ки мешунаванд дар хиёбон, дар кӯча, аз расонаҳои хабарӣ, аз филмҳо, аз ҳар ҷо мегиранд, аз сарчашмаҳои фаровон, ки ҳаст, ҳар чизе, ки хоҳед ё нахоҳед мебинед, онро қабул мекунанд. Ва ин як навъ ҳасосияти ҷомеаи башарӣ бар ҳамон маърифати эҳсосӣ ҳаст, ки мардум бисёр вақи ҳар чизеро ба сабукӣ қабул мекунанду ҳамон  гаҳ барномаи амали худашонро месозанд, ба гапи ҳеч каси дигар гӯш намекунанд, на фармонро гӯш мекунанд, на машварат, на маслиҳат ва на ҳеч чизеро. Маърифати дигар иттилоотӣ аст, он ҳам аз маърифати эҳсосӣ камтар нест, яъне зиёни зиёдтар дорад, чизи зиёде мешунавӣ, вале онро ҳазм кардан наметавонӣ. Неку бад, хайру шарро таҳлил карда бароварда наметавонӣ. Қудрати ин корро надорӣ ва қудраташро агар ҳам дошта бошӣ, ба кӣ мегӯӣ, ки ин корро накун, касе нест ҳамонро қабул кунад. Агар аз рӯи ташаннуҷ бигӯӣ, амр кунӣ, қабул намекунанд, зорӣ кунӣ, қабул намекунад, яъне, ки роҳаш кадом аст? Роҳашро бояд донем тариқи қабул, пешниҳод карданро. Барои ин ки имрӯз ҳар кас аз рӯи ҷаҳонбинии худаш зиндагӣ мекунад. Ҷаҳонбиние, ки шояд саҳеҳ набошад. Худи ҷаҳонбинӣ ё сиёсӣ аст, ё қавмӣ, ё гуруҳӣ, чизе ҳаст. Барои ҳамин дар ҷаҳони имрӯз ин мардоне, ки воқеан ҳам таърих сохтанд ва ҳам тақдир сохтанд ва ҳам ҷомеа сохтанд ва як кишвари бузургро аз нестӣ ба ҳастӣ, воқеан ба ҳастӣ кашиданд. Ва ҳамин маърифатҳо, маърифати беҳтарин ва навтарин дар шинохти миллӣ аст, ҳақи ҳамсоягӣ, таҳаммулпазирӣ, ҷавонмардӣ, ошиқию ҳамаи чизе, ки дар шахсияти Аҳмадшоҳ Масъуд буд. Яъне ҳозир ҳар кас мехоҳад онро ё ҷанговар мегӯянд, ё чизи дигар, умуман як чеҳрае буд, ки бисёр бузург буд, чанд чеҳра ва чанд буъд дошт. Аз ҳар зовияе, ки медидӣ, ҳар кас, ки медид, ҳамон чизи мехостагиро медид. Ӯ ошиқи воқеӣ буд. Ҳамаи хусусиятҳои хуби ватанпарварию эҳтироми модару ватану эҳтироми дӯстию ҳамаи хусусияти хуби инсониро дошт. Ба ин хотир афсус, ки мо кори ҷиддиеро барои Аҳмадшоҳ Масъуд карда натавонистем, он коре, ки ният доштем, масруфияти зиёд, кору ташвиши ҷаҳон бисёр аст ва кори дохилӣ ва берунӣ, ҳамсоя ва ҳамбода, миллию ҷаҳонӣ бисёр аст, тай карда натавонистем. Вақте ки ҳамон баъди шаҳодаташон аҳд карда будам "Масъуднома" менависам, аввал  "Аҳмадшоҳнома" ном дошт. Ман гуфтам, ки Аҳмадшоҳи Масъудро бояд, ки пайкара сохт. Ҳамон тавре ки муҷассама месозанд. Пайкарасозӣ ва ҳунаре, ки болотар аз шеър ҳасту ҳамаи ҳунарҳо аст. Аз ин навъ ҳолат аст, муҷассама сохтан, пайкара сохтан. Пайкарасозӣ як ҳунари бисёр нодир аст. Ба ин хотир ман ҳашт хусусияти хоси Аҳмадшоҳро гирифтаму дар маҷмуъ як пайкара сохтам, ки бисёр афшурда, кӯтоҳ ва замонавӣ. Яъне, ки бисёр равшан ва зебо сохтам, ки ҷанбаи фалсафӣ ҳам дораду одамию инсонӣ ва ҳар чиз дорад. Лекин  камтар камӣ ҳам дорад, ба хотири ин, ки вақти ман камӣ кард. Як муколамае доштам, ки Аҳмадшоҳ музокира мекард бо мухолифонаш, баъд муколама мекард бо Худо, муроҷиат мекард  бо Худо то ин, ки роҳи ҳали ҳамин масъала кадомаш дуруст аст ва сари қабри модараш мерафту муколама мекард, танҳо  ба ҳамроҳонаш мегуфт, ки Шумо равед, ман танҳо мешинам. Намоз мегузошт, узр мехост, ки ман иштибоҳ кардам ва мегуфт, ки ба ман кумак бикун. Ин шахсияти нотакрор буд. Дар рӯи замин ин хел шахсият нест, воқеан ҳам дар таърих камназир буд, агар бошад, ҳам чор - панҷ нафар аз миллати мо аст. Ва ин чеҳраҳо бисёр камназир ҳастанд. Афсӯс, ки аз миллат дифоъ карда натавонистем, армонҳоро амалӣ карда натавонистем. Ҳар чизе, ки аз дасти мо меояд ҳамон ҳунару шеъри мо асту зиёиён як чиз менависанду олимон як чиз менависанду ҳамон ёд ва хотираи он бар миллати мост. Мардуми оянда бояд бидонанд, ки Масъуд кӣ буд. Ин қарзи мо аст, ӯ ҳама қарз, ҳар чизе, ки дар гардан дошт, ҳамаро иҷро кард, ҳозир як зара аз касеқарз надорад. Ва ин қарзи мост ва дар гардани мост бародарон ва дӯстоне, ки имрӯз барои ёдбуди эшон омадеду Устод Раббонӣ ва азизони дигаре, ки дар паҳлӯи эшон буданд,  кори хуб аст ва ин кору пайкори зиёдтари рӯзномаи "Миллат" аст, Раҳматкарим ва онҳое, ки аз пайи ин кор буданд. Ва Раҳматкарим, ки имрӯз 40 сола шуданд, яъне, ки ӯ дар айни камолоти ҷавонӣ ва кор аст. Яъне аз Ӯ умедҳои зиёде дорем. Адолат хонум ин ҷо ҳузур доранд, ки андешаҳои мо ҳама вақт маншаъ аз фаъолияту шахсияти ин кас мегиранд, яъне, ки ин кас ба мо ҳаёти ҷавонмардиро нишон медиҳад. Саодатманду пирӯз дар кору пайкоратон бошед!

Gulrukhsor_SafievГулрухсор, шоир:

Аввалтар аз ҳама мехоҳам ба Раҳматкарими азиз бигӯям:

Бигӯ хуршедро бо маҳ надидӣ?

Шукӯҳи кӯҳро дар каҳ надидӣ?

Ту ки дер омадӣ, то мо пиёда,

Ҷавонии маро дар раҳ надидӣ?

Беҳтарин чизе, ки ин дӯстони мо доранд ва он чизе ки мо надорем, дигар мутаасифона, ҳам Раҳматкарим ва ҳам Адолатбону барояшон вақте аст, ки метавонанд ин вақтро ба фоидаи нангу номусу шарафу он чи ки дилашон мехоҳад, истифода бикунанд. Мо ҳар чизе ки мегуфтем, як шаппалоқ дар ин бари рӯ мехӯрдем ва як шаппалоқи дигар аз ин бари рӯ. Ҳамин қадар моро заданду заданд, ки дигар фаромӯш кардем, ки дард чи асту ҳасрат чи аст? Ва кор ба ҳамин рӯзе расид, ки масалан ман мегӯям, ки охир ҳамин шишаҳоро напартоед дар қади роҳ, мегӯянд, ҳамин занак боз ҷангро сар мекунад. Ҳар чи ки мо мегӯем, аз он бардошти нодуруст мешавад. Як ду нафар ҳатто, худо раҳматашон кунад, яке профессор буданд Юсуфбеков, мурда рафтанду бо ман салом мекарданду мегуфтанд, ки Иттифоқи Советиро ҳамин аз байн бурд. Ба номи худо. Бубинед, ин зиндагӣ ба роҳи худаш давом дорад. Мо ин қадар дигар аз худамон бояд пайкара насозем. Аслан парвои мо надорад ин зиндагӣ ва ба кору бори мо ҳам ниёз надорад ин зиндагӣ. Ин қадар ҳамдигарамонро болову паст ҳам задан даркор нест, зеро ҷойи ҳар кадоми мо дар зери сайёра муайян аст ва аз мо вобаста ҳам нест. Ва устоди бузургвори мо, аз ман махсусан, Чингиз Айгматов мегӯяд, ки "Дар ин сайёра вазифаи аз ҳама муҳими инсон дар як шабонарӯз якчанд дақиқа инсон будан аст". Мо кӯшиш кардем, ки ҳамин вазифаро, супоришро иҷро кунем, намешавад, инсон буда натавониста истодаем. Дар масъалаи ин маҳфиле, ки имрӯз шумо ташкил намудед, як ҷаҳон ташаккур, дастатон дардро набинад. Китоб навиштану китоб муаррифӣ намудану китобро паҳн кардан ин беҳтарин корест, ки анҷом медиҳем. Хаста набошед.

Дар бораи устод Раббонӣ ман эшонро надида будам, вале бисёр шунидем. Урупоиҳо як мақоли бисёр даҳшатнок доранд, як мақоли бисёр сиёсии оҳанин доранд, тарҷумаашро мегӯям, ба русӣ мегӯянд, ки "Нет человека, нет проблема". Инсон нест ва масъала аз байн меравад, вуҷуд надорад, дигар ҳама кораш аз байн меравад. Фикр намекунанд он қотилон, ки вақте баъзе инсонҳо аз байн мераванд, боз хатарноктар мешаванд. Устод Раббонӣ пагоҳӣ аз хоб мехестанд, намозашонро мехонданд, мерафтанд дарс медоданд масалан, аммо баъди он ки аз байн рафтанд, чи қадар қудрати кор кардан доранд дар байни ҷомеъа. Яъне бо куштани инсон ҳеч кас наметавонад аз инсон халос шавад. Ё дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд мо мегӯем, ки ман фикр мекунам, ки ин ситора ҳар қадар, ки аз мо дур шавад, офтоб мешавад. Дар бораи устод Раббонӣ мехоҳам бигӯям, ки;

Muarrifi_4Нур омад чашми зулмат кӯр шуд,

Офтоб омад, сиёҳӣ дур шуд.

Марги профессор Раббонӣ ба Афғонистон нур овард. Бисёр қурбонии талху даҳшатнок аст. Аммо мардум фаҳмиданд, ки ҳар касе, шахсоне, масалан мисли устод Раббонӣ, ё ки масалан Аҳмадшоҳи Масъуд қурбонӣ мешаванд, инҳо қурбониҳое ҳастанд, ки чи қадар сулҳу салоҳро барои ин ватани ҷангзада наздик мекунанд. Дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд гуфта будам, ки;

Шоҳ Масъуд, зулфи хотир шона мехоҳад,

Мулк соҳибхона мехоҳад.

Сафири он вақтаи Ирон нақл карданд, ки вақте Аҳмадшоҳ Кобул мерафт, чанд дона китоб дар дасташ буд, якеаш китоби Ҳофиз буд ва як автомат дар пушташ. Охир инсонеро, ки дар ин дунё маҷбур карданд, инсонеро, ки дар як дасташ китоби Ҳофиз бошаду дар дасти дигараш Калашников- силоҳи қатли омм, шумо фикр кунед, ки мо дар кадом сайёра ва дар чӣ ҳол зиндагӣ мекунем.

Инҳо бузургони танҳо ду тарафи Ому нестанд, инҳо бузургони таърихи ҳамаи башар ҳастанд. Инҳо барои инсонҳо қурбон шуданд. Барои он қурбон шуданд, ки инсонҳо инсон бошанд ва ба саодат бирасанд. Ёдашон ба хайр ва Шумо ҳам ҳазорсола шавед.

Muhiddin_KabiriМуҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Худи мо иштиёқманди иштирок дар чунин маросимҳо ҳастем ва ҳам хотираю ниёз ба бузургвории ин мардон ва хотири дӯстон маҷбур кард, ки ҳама корҳоро ба як сӯ бигзорем ё ихтисор кунем ва дар хидмати дӯстон бошем. Воқеъан мо бо як идда меҳмонони ин нишаст дар маҳфили "Адабиёт ва андеша" дар маркази Ҳизби исломии Тоҷикистон будем.

Ин ҷо ҳам ёде аз Афғонистон ва устодон аст, ин ҷо ҳам тақрибан давоми ҳамон маҳфиле аст, ки мо чанд соат пеш ҳамроҳи устодон будем ва ин ҷо низ фаҳмидем, ки дӯсти азизамон Раҳматкарим ҳам як муносибати хубе доранд ва ташаккур мегӯем ба эшон ва ба хоҳар Адолат.

Вақте фаҳмидам, ки имрӯз 40 сола мешаванд, ба Толибшоҳ гуфтам, ки пас чаро дар ҷилди китоб инҳо се нафар ҳастанд ва чаҳорумаш куҷост? Бояд ҳатман чаҳорум ҳам мебуд дар ин ҷо, чун мардон мардонро зинда нигоҳ медоранд. Ва мо ба қадри баъзе мардҳо ҳам бояд бирасем, чӣ мард ба маънои физикӣ бошад, чӣ мард аз ҳар ҷинсе, ки бошад, чун баъзе бонувони мо ҳам аз мардҳо мардтар ҳастанд, онҳо мардҳоро зинда нигоҳ медоранд, ҳамчунон ки имрӯз мебинем.

Банда ба ҳадде нестам, ки дар бораи ин устодон суҳбат кунам, чун шарафи ҳамсуҳбат шудан бо эшонро, ба ҷуз аз устод Раббонӣ надоштам ва он ҳам як суҳбате буд дар Теҳрон, дар яке аз конфронсҳое, ки тақрибан се рӯз қабл аз шаҳодати устод Раббонӣ сурат гирифт.

Иттифоқан дар ҳамон суҳбаташон дар Теҳрон мо аз эшон ваъда гирифтем, ки дар моҳи сентябри гузашта Тоҷикистон хоҳанд омад ва дар яке аз Анҷуманҳои ҳизби мо ширкат мекунанд. Баъдан худашон устод гуфтанд, ки тоҷикон ин ҷо чанд нафар ҳастед, гуфтем, ки дар ин конфронсе, ки дар Теҳрон баргузор мегардад, мо ҳафт нафар ҳастем. Гуфт, агар фурсат шавад, як суҳбате бо ҳам дошта бошем. Устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода низ он ҷо буданд ва аз чанде дӯстони дигар, ки дар меҳмонхона буданд, даъват намудем ва бо устод Раббонӣ дар Теҳрон тақрибан ҳудуди яку ним соат як суҳбати самимонаи тоҷикӣ доштем. Устод чанд дардҳое, ки дар дил доштанд, гуфтанд ва баъдан афзуданд, ки ба Душанбе меоям, як суҳбати дигаре хоҳам кард. Намедонам Устод мехостанд ба мо тоҷикон чӣ бигӯянд, чун он ҷо фақат ишораҳое доштанд.

Чун эшон яке аз он касоне буданд, ки дар сулҳи мо тоҷикон саҳм доштанд, дар қатори шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва даҳҳо нафари дигар, дилашон ба ин миллат, ба ин кишвар, ба ин сулҳ месӯхт. Ва камтарин халале, ки дар ин сулҳ ворид мешуд, устод Раббонӣ ва ҳамчунон Аҳмадшоҳи Масъуд онро ҳамчун як мушкили худашон ва Афғонистон қабул мекарданд ва аз мушкили мо тоҷикон, ки дар ватанамон пайдо мешуд, нороҳат мешуданд. Тақрибан чанд сол пеш дар кишвари мо баъзе равандҳое буд, ки барои устод нофаҳмо буд, мисли қабули баъзе қонунҳо ва сару садоҳое, ки дар кишвар ба вуҷуд омаданд дар масоили динӣ - ҷамъиятӣ. Устод ба як ҷумла пурсиданд, ки чи шуда истодааст, чи гузашта истодааст, ҳар гуна хабарҳое меояд аз ватан, аз Тоҷикистон, чи гап аст, охир сулҳ кардем, охир ин як умеди мо ҳаст, набояд шумо тоҷикон ин дастоварди бузургро аз даст бидиҳед(!). Ман гуфтам, ки на устод, иншоаллоҳ, ки ягон кас ин сулҳро аз даст нахоҳад дод. Сулҳ дар дасти инсонҳои пойбанд ба сулҳ аст, вале гоҳо мо ҳам суолҳое дорем, ки Устод шумо, ки дар сарчашмаи сулҳ ҳастед, ҳоло шумо ҳам бояд ба баъзе аз ин суолҳои мо ҷавоб бидиҳед, ки чаро ин тавр шуд ва чаро ин тавр мешавад?! Дуруст аст, ки мо бояд ба суолҳои шумо ҷавоб бигӯем, ки чаро масири сулҳро ба ин тараф бурда истодаем, вале шумо ҳам ба баъзе суолҳо ҷавоб бигӯед ва мо муштарак бояд ба ин суолҳо ҷавоб бигӯем. Устод гуфтанд, ки ман ҳатман ба Тоҷикистон меоям ва он ҷо суҳбатҳое мекунам бо ҳама дӯстони тоҷикӣ. Акнун дигар насиб набудааст, се рӯз баъд тақрибан, чун эшон гуфтанд, ки ман Дубай меравам, ваъдаашон ҳамон буд, ин конфронси мо ҳам охирҳои моҳи август буд. Гуфт, ки мо меравем Дубай, як ташхиси тиббӣ дорам он ҷо ва аз ҳамон ҷо тасмим мегирам ва билет мегираму меоям Тоҷикистон. Вале ду се рӯз гузашт, дӯстон занг заданд ва гуфтанд, ки устод Раббонӣ имрӯз ба шаҳодат расиданд, аслан бовар карданӣ набуд. Як кори бисёр оҷиле дар Афғонистон баромадааст ва эшонро президент Карзай даъват намудаанд ва дар он ҷо ба шаҳодат расидааст.

Воқеъан ин шахсиятҳо барои мо тоҷикон, сарфи назар аз он ки аз кадом ҳизбу гуруҳ ҳастем, шахсиятҳои миллӣ ҳисоб мешаванд. Мо ду нафарро аз даст додем. Устод Ато яке аз шахсиятҳои фароминтақаӣ ва фаромиллӣ ҳастанд. Ин гуна шахсиятҳо марбут ба ягон қавму миллат ва кишвар нестанд. Нигоҳи мо бояд фаротар аз ин бошад. Ва ишорае, ки устод (Қосимшо Искандаров) карданд, Раббонӣ як ҷамъият ва ҳизберо ташкил доданд дар Афғонистон, шояд ҳамон таъсиси Ҳаракати эшон дар Афғонистон, ёдам нест, кадом солҳо буд, ягон соле фарқ мекунад бо замони таъсисёбии Ҳаракати ҷавони исломӣ дар Тоҷикистон. Ман гуфта наметавонам, ки он вақт устод Нурӣ оё хабаре доштанд, илҳоме гирифтанд ё не, вале ташкил шудани ин ҳизбу ҳаракатҳо ҳамзамон тасодуфӣ нест. Баъзан мегӯянд, ки андешаҳо дар фазо парвоз мекунанд, бидуни он ки касе онҳоро интиқол бидиҳад, худашон дар парвоз ҳастанд. Ва ман фикр кардам, ки наҳзати исломии Тунис ҳам бо ҳамин ном дар Тунис дар ҳамон соли таъсиси наҳзати исломии Тоҷикистон созмон ёфтааст. Ва Тунис куҷосту Тоҷикистон куҷост? Яқинан, ки ягон иртиботи физикӣ байни ин гуруҳҳо набуд. Пас маълум мешавад, ки ин як илҳоме аст, ки дар қалб, дар андешаи мусалмонҳо дар тамоми ҷаҳон аст. Ва устод Раббонӣ таҷассумгари ин андеша дар Афғонистон буданд, ҳамчунин устод Нурӣ дар Тоҷикистон ва дигар бузургон дар дигар гӯшаҳо. Ташаккури зиёд бори дигар барои даъват ва баргузоркунандагони ин маҳфил. Худо нигаҳбони шумо бошад.

MehrinisoМеҳринисо, шоир:

Салому дуруд ба ҳамаи шумо иштирокдорони ин маҳфили хеле зебо, ки аҳли илм, сиёсатмадорон, аҳли фарҳанг, ҳамаи шахсоне ин ҷо ҳузур доранд, ки воқеъан ватан, озодӣ, адолат ва миллатро дӯст медоранд, шахсоне, ки Афғонистон барояшон ватан аст ва мардони бузурги ин сарзамини осиёӣ ва занони бузурги ин сарзамини хеле куҳанбунёди мо, хешу табори мо таърихашон, тақдирашон ҳамеша барои эшон ва барои мо азиз аст. Ин ҷо Сайфулло Сафаров иштирок доранд, ёдовар мешавам, ки мо 15 сол қабл аз ин як бунёд доштем, Бунёде ба номи "Сулҳи Афғонистон", ки ин қадар мехостем, ки тезтару тезтар сулҳ дар Афғонистон барқарор гардад, зеро бисёр роҳҳои хушбахтии худро мо низ аз ҳамон Афғонистон медидему то имрӯз ҳам ҷустуҷӯ дорем.

Ва аз ин се марди бузург, ки чеҳраҳояшон дар рӯи китоб ва ин ҷо дар маърази намоиш гузошта шудааст, ман хушбахтона бо устод Раббонӣ ва ҳамчунин Ато Муҳаммади Нур ошно будам, дар суҳбатҳояшон нишаста будам ва дар чандин анҷуманҳо ва нишастҳои Масъудшиносӣ ширкат варзидам, ки дар яке аз ин нишастҳо устоди мо Муъмин Қаноъат ҳамроҳи мо ҳузур доштанд ва хеле суҳбатҳо аз қаҳрамониҳои ин мардони таърихсоз мекардему ҳам мешунидем. Ба ҳамин наздикӣ ман ба Дарвоз ва Ванҷ сафар доштам. Ростӣ, ман аз Шӯрообод болотар нарафта будам. Ва ҳангоме, ки он ҷо рафтам, роҳ ба роҳ дар он тараф мардуми Афғонистонро ва дар ин тараф мардуми моро медидам. Ман ҳеч гоҳе то ин қадар наздикиро эҳсос накарда будам ва роҳ ба роҳ ман ғусса мехӯрдам ва ҳамеша зери лабам мегуфтам, ки "ту чунӣ эй азиз, дар ду ҷаҳони як ватан". То охир ман ин мисраъҳоро гуфта мерафтам, ки мо дар ду ҷаҳон, аммо дар як ватан ва ин чиз чи гуна барои мо ҷигархор буду ҳасту мемонад.

Ва имрӯз мо ба ҳар ҳол худамонро таскин медиҳем, ки бузургонамон намемиранд, "зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист", албатта чунин аст. Вале ба ҳар ҳол инсоният ҳамеша дар ғафлат аст, ки низоми худро нигаҳдорӣ карда наметавонад ва аз даст додани ин ду азиз, ин ду бузургмард барои ҳамаи мо хеле гарон аст, ки чунин бузургмардонро натавонистем эҳтиёт кунем, то наҷоти миллати тоҷик, наҷоти шояд тамоми мардуми равшанзамири ҷаҳон дар дасти эшон буд.

Ва ман табрик мегӯям Раҳматкаримро ба ин рӯз, шумо ҳам бузург ҳастед азизам, худо шуморо нигоҳ дорад ва ҳамаи азизонро, ки барои миллат, барои мардуми озодандешу озодфикр андеша мекунанд, барои озодӣ заҳмат мекашанд, мехоҳам ҳамаи ҳамаашон умри тӯлонӣ бинанд ва орзую ормонҳояшон дар нимароҳ намонад ва орзую ормонҳояшонро худашон тавонанд, ки ҳамеша ба даст оранд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ва Устод Раббонӣ дар нимароҳи ин ормонҳо талаф шуданд ва ин талафот аз ғафлати онҳое аст, ки ҳамеша зулматро мепарастанд. Зинда бошед!

OyniholОйиниҳол Бобоназарова, раиси бунёди ҷамъиятии "Дурнамо+"

Дуруд ба ҳамаи шумо!                                                 

Воқеан рӯзномаи "Миллат" масъалаҳоеро ба миён мегузорад, ки ба миллат тааллуқ дорад ва ягон проблемаи хурду резаро ман дар рӯзномаи инҳо надидаам. Ин ки ҳамин мардум, ки имрӯз ин ҷо ҷамъ омадаанду роҷеъ ба он масъалае, ки мо доир ба он сухан мегӯем, исботи ҳамин идаъост.

Ман ҳозир ин ҷо нишастаам ва ба худ меандешам, ки агар бигӯям, ки дар зиндагӣ ду кори хуберо анҷом додаам, якеаш ҳамин буд, ки бародарамро нагузоштам, то ба ҷанги Афғонистон бибаранд. Ба муқобили ман хостанд парванда боз кунанд ва он вақт ман гуфтам, ки барои чӣ бояд тоҷик рафта тоҷикро бикушад? Алъон дар ин маҳфил нишаставу он ҳодисаро ба ёд овардам, ва ба ин корам фахр кардам ва ба худ офарин хондам.

Чанд соли пеш ҳамроҳи чанде аз бонувони маҳбубу маъруфи тоҷик барои ширкат дар Ҳамойиши занони форсизабон дар Афғонистон будем ва бону Адолат ҳам ҳамроҳи мо буд. Адолат он ҷо ба такрор мегуфт, ки ман бояд бо Раббонӣ ҳатман вобихӯрам. Аммо шароит он ҷо амн набуд, ҳар рӯз таркишҳо ба вуқуъ мепайваст ва масъулони конфронс ба мо иҷозат надоданд, то дар ёдбуди Аҳмадшоҳ Масъуд ба майдон биравем ва дар он иштирок бикунем. Дар ҳақиқат вазъият хеле ва хеле мушкил буд ва мо натавонистем, ки дар ёдбуди Аҳмадшоҳ Масъуд ширкат кунем ва бо ёрони эшон ва устоди гиромӣ Бурҳониддини Раббонӣ мулоқот кунем.  Ва имрӯз ман ташаккур мегӯям ба Адолатбону ва ба Раҳматкарим, ки имрӯз моро ин ҷо даъват карданд ва бароямон ин имкониятро фароҳам карданд, то дар маросими як солагии шаҳодати устод Раббонӣ ва гиромидошти Аҳмадшоҳи Масъуд ва мардони муборизи кишвари азизи Афғонистон ширкат намоем. Ман бояд бигӯям, ки Афғонистон барои мо ҳама вақт ватан буд. Аз вақте ки донишҷӯ будем, ва ба неку бади дунё сарфаҳм мерафтем, аллакай меҳри ин кишвар дар дили мо ҷо шуда буд. Вақте мо дар Кобул сайру гашт мекардем, як тараф ҳама хонаҳои ба хок яксон буду як тараф медидем, ки кӯдаке пойлуч дохили мағозаи китоб машғули китоб харидан буд. Ва боз медидам, ки дар кӯчаҳои ин шаҳр ягон нафар касеро дашному ҳақорат намекарданд. Аз он рӯз аст, ки ҳама вақт мегӯям, ки тавба кардам, чил сол зиёд аст, ки дар Афғонистон ҷанг асту ба замми ин мардумаш ин қадар бо одоб аст, бачаҳояшон ин қадар бо одоб ҳастанд. Вақте ки ман дар хиёбонҳои Душанбе мегардам, гӯшамро рости гап кар ҳам мекунам. Ростӣ, барои ман Афғонистон ватан аст. Ватани бисёр аламзада, ватане, ки шеърҳои бисёре дар бораи он суруда шудааст. Ман ҳар чи бисёр мехоҳам, ки он ҷо сулҳ пойдор бишавад.

Вақте ки устод Раббонӣ аввалин маротиба Тоҷикистон омад ва дар донишгоҳ сухан гуфт, он барои як умр дар хотири ман нақш баст. Баъзеҳо мегӯянд, ки барои чи Раббонӣ шикаст хӯрд? Посух он аст, барои он ки он кас дар ҳақиқат гуманист буданд. Устод Раббонӣ мегуфт,  "мо сулҳ кардем ва тоҷикон аз мо ибрат бигиред. Ман дари ҳама ҳабсхонаҳоро кушодам ва ҳама аз ҳабсхонаҳо озод шуд". Шояд то як дараҷа шикасти вай ҳам аз ҳамин буд, ки бисёр гуманист буд ва шиканҷаро намехост ва истифода аз зӯрро муносиб намедид.

Дар ҳақиқат ин ду нафар; Устод Раббонӣ ва шаҳид Масъуди сипаҳсолор ҳам файласуф, шоир ва ҳам гуманист буданд.

Бори дигар ман аз шумо хеле ифтихор дорам, ки чунин кореро анҷом додед. Ташаккур!

Rustami_vahobРустами Ваҳҳоб, шоир ва донишманд:

Салом ба ҳуззори гиромӣ ва табрик барои бародарамон, ки ҳам китоби чунин арзишманде чоп карданд ва ҳам ҷашни мавлуд доранд. Ва он ҳафе, ки ман бояд бигӯям, фикр мекунам, ки раиси муҳтарами маҷлис ба тасреҳ ишора карданд, шеъре бояд бошад, вале ман якчанд шеър дорам дар васфи Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар ҳақиқат намоди муқовимат ва мубориза ва муқаддимаи як шеърро муқаддимаи ин шеър мекунам ва баъд онро мехонам:

Он ки бо марги хеш марги ту хост,

Ҳамчунин марги бад чи тӯша гирифт.

Руҳи ту пар кашид сӯи биҳишт,

Ӯ ба қаъри ҷаҳим гӯша гирифт.

Инак он шеър:

Сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд,

Кӯлоҳ аз сар ба хок афканду фармуд;

Агар рӯзе бихоҳӣ меҳани ман,

Бимонад ин қадар бе қайди меҳан.

Биафшорам бар он чун бесутун пой,

Наҷунбам гар ҷаҳоне ҷунбад азҷой.

Пайи озодии меҳан биҷангам,

В-гар аз хуни дил созанд рангам.

Сипоҳи чашм суи он кулаҳ буд,

Ки рӯи хок мисли қурси маҳ буд.

Сипас он шермарди панҷшерӣ,

Шаҳиди сидқ, устоди далерӣ.

Ба таъзиме кулаҳ аз хок бардошт,

Ватанро гӯиё бар фарқ бигзошт.

Sayfulo_SafarovСайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ:

Салом устодон, раёсати муҳтарам ва ҳозирини азиз! Имрӯз як ҳолате аст, ки таърихро ба ёд меорем ва ифтихор аз он мекунем, ки бо онҳо чунин суҳбате доштем ва онҳоро мешинохтем, ё бо онҳо ҳамандеша будем. Ман ҳамчун як шахси ватандӯст дар солҳои пеш, тақрибан 15 сол пеш аз ин як ҳаракате оғоз карда будам, ки аз он муаллима Меҳринисо ёдовар шуданд ва ин ҳам мактаби эҷоди сулҳи Афғонистон буд. Ва дар он ҷо сафири муҳтарам оқои Ҳикмат, Шамсулҳақи Ориёнфар ва чанд нафари дигар бо мо буданд ва ҳам устод Раббонӣ ба онҳо иҷоза дода буд, ки аз мо дастгирӣ намоянд. Ва натиҷа ин буд, ки онҳо дар маҷлисҳои мо иштирок мекарданд, намояндагони Афғонистон, ки бо ҳам хело мухолиф буданд ва якдигарро бо роҳҳои гуногуни сиёсӣ дидан намехостанд, онҳоро як ҷо мешинондем ва бо онҳо суҳбатҳои сиёсӣ менамудем. Мегуфтем, ки дар Тоҷикистон сулҳ сар шуд, акнун навбати Афғонистон аст ва бо ҳамин мо якдигарро ором мекардем.

Як ҳодисаи аҷиб ҳам шуда буд, ки тасодуфан як рӯз ман дар Ҳисор будам ва омадам, ки роҳ ба хотири омадани кадом раиси ҷумҳуре банд буд. Ва ҳамон рӯз дар ҷаласа набудам, байни бародарони афғонӣ он қадар ҷанҷол шудааст, ки дигар маҷбур шудем, ки ҳамон силсила ҷаласаро хотима диҳем. Он ҷо аз ҳар тоифае; монанди коммунистҳо, муҷоҳидин ва ҳар гуна қабилаю гуруҳҳо буданд ва якдигарро чашми дидан надоштанд. Ин бисёр як ҳолати баду ноҳинҷор аст. Мо худамон ин чизро аз сар гузаронидем ва ин ҳолатро хуб медонем. Ва ман фикр мекунам, ки маҳз ҳамин хидматҳои устод Раббонӣ буд, ки ӯ ҳам барои Афғонистон ва ҳам барои Тоҷикистон хидмат кард, ва дар Афғонистон ҳам ҳамин гуна қувваҳо ба ҳам омаданд, як инсиҷоме, як ҳаракате ба вуҷуд омад. Ва хидматҳое, ки устод Раббонӣ барои мо карданд, ин буд, ки ба мо насиҳат мекарданд ва ҳатто насиҳатҳои охиронашон соли гузашта буд, ки (Абдуллои Раҳнамо, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ Афғонистон рафта буданд ва рӯзномаи "Миллат" бисёр хуб ҳам кардед, ки он паёми устодро чоп кардед, баъди ба нашр расидани он бисёриҳо ба хеле аз нозукиҳои масоили имрӯза сарфаҳм рафтанд) бисёриҳо намедонистанд, дар Тоҷикистон чи гуна муборизаҳо аст, устод Раббонӣ ба ҳамин чиз диққати роҳбарияти кишвари моро ҷалб карданд. Ва имрӯз ман аз он шодам, ки чунин як китоб ба нашр расид ва ҳама суханҳое, ки Устод гуфта буданд, дар гармогармиашон чоп шуданд ва маҳз ҳамин чиз қимати ин китобро даҳчанд мекунад ва инро як ҳодисаи таърихӣ мекунад. Бояд таъкид кунам, ки номи китоб ҳам бисёр хуб гузошта шудааст, яъне "Мардони таърихсоз". Дар ҳақиқат таърихро мардоне месозанд, ки онҳо як ҷуръате доранд, як ғояе доранд, як ҳаракате доранд. Ҳар гуна мард таърихсоз шуда наметавонад ва миллатҳоро ҳамин гуна шахсиятҳо месозанд. Гар чанде худи ин шахсиятҳо зодаи миллатҳо ҳастанд, лекин инҳо миллатро ба зинаи нави ташаккули тафаккур мебардоранд. Эҳтироми он миллатро дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мебардоранд. Бинобар ин мо аз устод Раббонӣ, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ёд мекунем, онҳоро эҳтиром мекунем. Боз дар ин ҷо акси бисёр як марди қавӣ, ҷасур ва аз шахсиятҳои муборизи Афғонистон, ки шахсан ман ҳам он қадар шинос нестам, лекин аз он чизҳое, ки дар бораи он кас хондам, дидаму шунидаам, фикр мекунам, ки метавонад хеле як мавқеъи таърихсозии дигар дошта бошад, ба шарте ки ҳамон сиёсатҳои ҳамин ду нафарро дар соҳаи сулҳу салоҳи Афғонистон ва умуман минтақа пайравӣ кунад, барои мо ва барои дигарон низ хидмат кунад.

Устод Раббонӣ чанд хусусиёти аҷоиб доштанд, якеаш ҳамин буд, ки вақте мо хостем як конфронс баргузор кунем ва он кас дар Дубай буданд, мо ба воситаи як шинос гуфтем, устодро бигӯед, ки биёянд. Устод якуним варақ барои ман матн фиристоданд ба хатти форсӣ ва мутаассифона худи он хат намондаст, лекин баргардони он дар дасти ман ҳоло ҳам ҳаст, он ҷо нақши давлати исломӣ дар Афғонистон аст. Ҳамонро мехостам, ки дар "Миллат" чоп кунед, ё дар ягон ҷойи дигар, ба ҳар ҳол он гум нашавад ва ҳамчун чизи таърихӣ боқӣ бимонад.

 Илоҳӣ шумо ҳам сад соли дигар хидмат намоед барои халқи мо, барои сулҳу салоҳ, барои миллати азизи мо. Саломат бошед!

Komil_begzodaКомил Бекзода, файласуф:

Мавлоно мегӯяд; "Як сина сухан дорам, З-он шарҳ диҳам ё не". Ин ҷуръати як сина суханро шунидан дошта бошед, бароятон мегӯям. Як сина сухан аз дидгоҳи фалсафа аст, ки ман корманди ҳамин соҳа ҳастам ва масъулият дорам, ки аз мақоми ихтисосии худам сухан гӯям, на аз мақоми сиёсат, ё на аз мақоми фарҳанг. Аҳмадшоҳ, ман хулосаи гапро гӯям, баъд шарҳашро, дар тамоми фаъолияте, ки дошт, танҳо буд. Зоҳиран гӯё, ки ҳама дар атрофи вай буданд, лекин аз дидгоҳи равоншиносӣ он кас танҳо буд. Ҳам шӯравӣ нисбат ба вай шакку шубҳа дошт, ҳам Урупо ва ҳам исломиён. Лекин худи Аҳмадшоҳ воқеъан як давлати озоди миллӣ дар шакли таҷдидшударо мехост. Лекин ҳамин назарро ҳеч гоҳе натавонист бо дигарон дар миён гузорад. Чаро ки пешопеш медонист, ки ин назари вайро ин ҷамоъаҳои бисёрададаи мутаъассибу сиёсатзадаи рӯзгор қабул надоранд. Ва ҳатто ин андеша аз он пайдо шуд, ки ман ҳамин рӯзҳо китоби устод Муъмин Қаноъат "Ёддоштҳо ва бардоштҳо" - ро хондам ва ҳамин парер рӯз ба охир расонидам. Ва устод бо ин ҳусни тафоҳуму бо ин сабру тоқату таҳаммуле, ки доранд, дар ниҳоят ба як бумбасте расиданд, ки намедонанд, ки аслан ба ин мардум чи бояд кард? Ман дар назар дорам мардуми тоҷику форсу иронро. Мисли ин аст, ки ҳама мардум ба пеш қадам зада истодаанд, мо ҳоло ҳам ба қафо қадам монда истодаем. Ҳоло ҳам орзуи империяи Касро дорему хилофати исломию коммунизми шӯравию ва аз ҳамин қабили инҳо. Лекин Аҳмадшоҳ ин чизҳоро намехост. Вай мехост, ки як давлати воқеъан милливу озод ва дар кишвари худаш мустақил барпо шавад. Анна ҳамин роз гуфта нашуд, чаро ки гуфтаашро ҳам ҳеч кас қабул намекард. Барои ҳамин ҳар касе, ки иштибоҳ кард, бояд худаш иштибоҳашро ислоҳ кунад, қоъида ҳамин аст. Мо ҳар иштибоҳи бузурге дар таърих кардем, мо, қавми мо кард. Ба ин мардум аввалин бор адолати ҷамшедиро овардем, баъд оқибат худамон онро фаромӯш кардем. Баъд тавҳиди зардуштӣ омад, дигарҳо гирифтанд ва мо онро фаромӯш кардем, империясозӣ ба мардум нишон додем, Касрову Дориюшу Дорову ғайраву ғайраҳо. Мардум аз мо ёд гирифтанд. Вале ҷаҳон тағйир хӯрдааст, агар мо дар ин адолату тавҳид, пешравҳои ҷаҳон ҳастем, акнун бояд ҳамин иштибоҳи худамонро ислоҳ кунем, мардуми имрӯза ин салоҳиятро доранд, ки тавҳидро бифаҳманд, сиёсатро бифаҳманд, кишварсозиро бифаҳманд. Яъне ки сиёсати ҷаҳон ба таҷдиди назар эҳтиёҷ дорад. Ҳамин таҷдиди назар бояд аз ҷониби мо шуруъ шавад, ки бузургтарин масъалаҳои фарҳангу сиёсату фалсафаи ҷаҳониро мо оғоз кардем, ба мардум дарс додем, акнун худи мо бояд ҳаминро ислоҳ намоем. Аз пайи дигарон рафтан, аз пай ислому шӯравию Урупо рафтан, ин кори бесамар аст, дар нисбати мардум ва халқи форсизабони ҳамин минтақа. Бо арзи ташаккур.

TOlibshoТолибшоҳ Сайидзода, директори мактаби №11

Ба номи Худо. Салом арз мекунам ҳузури якояки шумо дӯстони азизам. Ман Толибшоҳ ҳастам, яке аз мураттибони китоб. Ман ягона аз Тоҷикистон будам, ки ба ҷанозаи устоди азиз Раббонӣ рафта будам. Инро барои он намегӯям, ки Сафорати ҷумҳурии исломии Афғонистон маро дар ёдбуди устод Раббонӣ даъват накард, инро ба хотири он мегӯям, ман вақте ки Афғонистон рафтам, бори дигар шукуҳу шаҳомат ва ҷалолу мартабаи устод Раббониро дарк кардам. Вақте ки аз Кобул бозгаштам, омадам дар шаҳре, ки дар ҳудуди Соланг ҷойгир аст. Он ҷо аз як кас шунидам, ки дар Бағлон чун шом фаро мерасад, Толибон сари роҳ мебароянд. Ман бисёр мехостам, ки шом шавад ва ба Бағлон биравам ва ба дасти Толибон биафтам. Аз он мардум пурсидам, ин ҷо кӣ зиндагӣ мекунад, гуфтанд, ин ҷо нафароне ҳастанд, ки бисёр иртиботи қавӣ бо Толибон доранд. Баъд ман гуфтам, ки ана ҳамин одамҳо барои ман даркоранд. Рафтаму аз як фурӯшандаи оддии бозор пурсидам, ки устод Раббонӣ чӣ шахсияте буд? Ман интизор доштам, ки ӯ ягон ҳарфи баде мегӯяд. Гуфт; "оҳ, он ришсафеди бузурги мо буд". Ва ман гуфтам, ки ин устод Раббонӣ аҷаб одаме будааст, ки ҳама ӯро дӯст медоштаанд. Ва вақте ки устод Сайёф аз ӯ ба унвони бурҷи иззати Афғонистон ном бурд, воқеъан устод Раббонӣ бурҷи иззати Афғонистон буд. Ман аз ҷанозаи устод баргаштам ва ду рӯз баъд ба Теҳрон сафар намудам ва дар Конфронси байналмиллалии "Ҳифозаи Фаластин" ширкат намудам. Ва боиси хушӣ буд барои ман, ки ҷойи устод Раббонӣ дар ин конфронсро акси зебои ӯ ва як дастагули тару тоза оро медод. Чун устод Раббонӣ ба ин Конфронс даъватӣ буданд. Ва вақте ки Раҳбари ҷумҳурии исломии Ирон, Оятуллоҳ Хоманаӣ бисёр ба некӣ аз устод ёд намуд, инчунин раиси парлумони Малайзиё, устод Раббониро имоми бедори мусалмони ҷаҳон унвон кард ва ман мин ҳайси як тоҷик фахр намудам, ки як ҳамватани ман ин қадар ҷойгоҳи баланд дорад.

Дӯстони азиз, ҳамаи шуморо ба ҳайси мизбон ба ин маҳфил хуш омадед мегӯям. Саломат, сарбаланд ва тандурусту сиҳҳатманд бошед!

Adolati_mirzoАдолати Мирзо, сардабири  "Миллат"!

Азизи ман Хуросон аст, ин ҷо,

Сухан гуфтан на осон аст, ин ҷо.

Аз ҳузури мақдами ҳамаи шумо изҳори сипос мегӯям, ки вақти қимати худро дар ин дунёи тезу тунду зудгузар дар ихтиёри мо гузоштед ва ин ҷо омадед. Боиси бисёр таассуф аст, ки ҷойи устод Шакурӣ, муаллифи "Азизи ман, Хуросон аст ин ҷо" имрӯз дар ин маҳфил ва дар миёни мо холӣ аст. Ӯ яке аз шамъи маҳфилҳои мо буд. Ман ба хотири чӣ аз устод Шакурӣ ёд овардам, ба хотири он ки мо ба қадри ҳамаи он устодоне, ки офтоби сари куҳ ҳастанд, бирасем. Ҳар чи бештар баҳсҳои фарҳангӣ, анҷуманҳои фарҳангӣ, гуфтугӯҳои фарҳангӣ таъсис бидиҳем, то онҳоро гирди ҳам биёварем ва аз гуфтаҳову андешаҳову паёмҳои онҳо ҳар чи бештар истифода бикунем.

Андар боби китоби "Мардони таърихсоз" мехоҳам бигӯям, қадри ин китоб дар он аст, ки он бо ду ҳуруфи; барои мо азизи хати ниёкон ва хати сиррилик ба нашр расидааст. Ва ин як даричаи гуфтугӯе миёни форсзабонони минтақа, ба хусус он форсзабононе, ки дар Душанбе ба сар мебаранд ва моро чандон намешиносанд, ба хотири чеҳранамоӣ аст, то онҳо ҳар чи бештар моро ва мо якдигарро бишиносем. Вақте ки устодон ин ҷо суҳбат мекарданд, мегуфтанд, ки ба мо муяссар нашуд, ки бо устод Раббонӣ ҳамнишин ва ҳамсуҳбат бошем ва бо Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид ҳамчунин, ё ки аз устод Ато Муҳаммади Нур бехабар буданд, ки чи шахсиятест(?!). Ман хушҳол аз он ҳастам, ки ин маҳфил ин гиреҳҳоро барои мо боз намуд, ки то чи андоза мо ба ҳамдигар ниёз дорем ва чи қадар аз ҳамдигар фосила дорем. Мо иқдоми бузурге накардем. Мо қадами бисёр кучаке гузоштем, вале як даричаеро боз кардем, то бештар ба сӯи ҳамгироӣ биштобем. Мо қасд дорем, ки ин силсила чопи китобҳоро бо ҳуруфи форсӣ ва сириллик идома бидиҳем ва умедвор ҳастем, ки ин иқдоми мо аз ҷониби дигарҳо низ дастгирӣ меёбад. Дастгирӣ ба маънои он ки, масалан Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, ҳамчунин  бисёр мизҳои гирде, ки масалан роҷеъ ба сулҳи Афғонистон доштанд, инҳоро дар шакли як китоб бо ҳуруфи форсӣ мунташир бисозанд, то бештару бештар чеҳраҳои мо, назариёти мо барои ҳамдигарамон ошнотар бишавад ва дарк бишавад. Дарҳои гуфтугӯ бештар боз бишаванд. Ҳамин гуна мо мехоҳам, ки шеърҳое, ки шоирони мо иншо мекунанд, асарҳое, ки нависандагону ҳунармандони мо меофаранд ҳамин марзҳои ҷуғрофии моро ба осонӣ убур бикунанд ва дастраси тамоми форсизабонон дар кулли дунё бошанд.

Мо аз онҳое, ки заҳмат кашиданд тӯли чанд моҳ ва ин маҷмуъаро мураттаб сохтанд, изҳори ташаккур мекунем. Аз Қосимшо Искандаров, ки дар амалӣ шудани ин тарҳ ба мо бисёр кумак карданд, аз акаи Шералӣ, мудири чопхонаи вазорати маориф, ки хеле бисёр заҳматашон додем, бисёр ташаккур мекунем, ки ҳамаи ин заҳматҳои моро ба рӯи чашм гирифтанд ва ин корро дар ин рӯз барои мо муяссар карданд, ки мо барои шумо онро рӯнамоӣ кунем. Аз Толибшоҳи Сайидзода бисёр ташаккур мекунем, ки бо вуҷуди он ки мудири як мактаб ҳастанд ва бисёр як масъулияти бузурге дар назди ҷомеъаи Тоҷикистон доранд, баъди корашон фурсат ҷудо мекарданд ва меомаданд, аз мо аҳвол мегирифтанд, ки таҳиясозии китоб дар чи вазъе ҳаст. Аз Замира Сулаймонӣ, аз дӯсти бисёр ҷавони мо, ки ҳанӯз дар курсии донишгоҳ нишастаю дарс мехонанд ва аввалин бор тайп карданро аз таҳияи ҳамин китоб бо номи устод Раббонӣ шуруъ карданд ва матнҳоро бо форсӣ баргардон карданд. Ҳамин тариқ мо таҷриба кардем, ки чи гуна мо метавонем, худамон, бе кумаки дигарон ба ҳамин баҳри форсӣ раҳ пайдо бикунем. Харошидаву чангол андохта, аз бисёре аз онҳое, ки ба форсӣ тасаллут доштанд, маслиҳатҳо пурсида, мо ин марҳиларо тай намудем ва ба хусус барои Замира табрик мегӯям, ки барои тартиб додани бахши форсии ин китоб заҳмат кашиданд. Аз бародари бисёр гиромии мо Ибодуллоҳи Оқилпур, ки муҳарририи бахши форсиро ба уҳда доштанд, бидуни масалан ҳеч тамаъ ва миннат гузоштан ин корро сомон доданд, ташаккур мегӯем. Аз оқои Мансур Сайидӣ, ки дар саҳифабандӣ ва тарроҳии ин китоб ба мо кумаки бедареғ карданд, аз Рашиди Қосим, ки дар тартиб додани матни сирилик нақш доштанд, аз дӯсти русзабони мо Денис Горябин, ки дизойн ва тарроҳии ҷилди китобро анҷом доданд, ва аз ҳамаи муаллифон ва ҳамаи онҳое, ки мабодо бар асари саросемагӣ номашон аз каломам афтода бошанд, изҳори ташаккур мекунем.

Мехоҳам аз заҳматҳои Раҳматкарими азиз ёдоварӣ кунам, агарчӣ ӯ зиёд дӯст намедорад, ки чеҳранамоӣ кунад. Вале маҳз ӯ боис шуд, ки имрӯз ҳамчунин матолиби муҳим, ки ин ҷо ба аҳамияти он бародари гиромӣ Сайфулло Сафаров ба хусус таъкид карданд, ҷамъоварӣ ва дар шакли китоб аз он рӯнамоӣ шавад. Воқеан то ин ки ин мақолот дар шакли китоб шавад, ин қадар хуни ҷигар шуд, ки шояд беҳтар аз ман шоҳиди дигаре надошт, то бубинад, ки то чӣ ҳад заҳмат кашид ва ранҷ дид. Ҳатто он қадар саргарми тартиб додану ҳавои ин китобро дошт, ки аз санаи муҳимми зодрӯзаш низ фаромӯш кард. Танҳо ҳамин субҳ Суруш бо як бозии компютерӣ, ки падарашро табрик кард, ба ёдаш овард, ки имрӯз рӯзи таваллуд дорад. Раҳматкарим ҳамеша дӯст дорад, то мо дар амал нишон бидиҳем, ки мо форсизабонон чи қадар ба ҳамдигар муҳаббат ва ниёз дорем. Ва рӯнамоӣ аз "Мардони таърихсоз" намунае аз амалкардҳои мо дар ин ростост. Ва мо ният дорем, инро ба таври силсилавӣ идома бидиҳем ва мақолоти муҳимми дигареро, ки дар Тоҷикистон ва дигар ҳавзаҳои форсизабон мунташир шудаанд, дар шакли маҷмуъа дароварем ва пешкаши ҳаводорон гардонем.   

muarifi5Дарвоқеъ як нуктаи муҳим, ки мехоҳам ин ҷо зикр кунам он аст, ки вақте ин китоб таҳия мешуд ва мо мушкил мекашидем, масалан дар дуруст кардани як ҳарфи компютерӣ бо форсӣ, он қадар хиҷолат мекашидам, аз ин ки масалан, ман раиси Анҷумани байналмиллалии рӯзноманигорони форсизабон муаррифӣ мешавам, вале ин қадар форсӣ нотавон аст дар ин кишвар, дар кишваре, ки форсизабон аст ва ин қадар ин форсӣ нотавон гаштааст, ки ҳатто корҳои компютерию техникӣ ва дигарҳояш ба мушкил мувоҷеҳ аст. Аз ин рӯ аз ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд дар ин ҳамгироиву ҳамоишҳо нақш дошта бошанд, хоҳиш менамоям, ки аз марҳилаи арзи муҳаббат карданҳо ба марҳилаи амал бигузарем ва бо амал нишон бидиҳем, ки мо воқеъан ҳамгироӣ мехоҳем.

Аз бародари гиромӣ Тоҷиддин Пиров, раиси "Тоҷиксодиротбонк" бисёр миннатдорем, ки ба хотири шод кардани руҳи равони Устод Раббонӣ ва Масъуди қаҳрамон ҳиммат карданд ва толори бошукуҳи меҳмонсарои "Тоҷикистон"-ро барои баргузории ин маҳфил дар ихтиёри мо гузоштанд. 

Бори дигар аз ҳамаи шумо дӯстони азиз, изҳори ташаккур мекунам, ки маҳфили моро бо ҳузури хеш гарм ва шамъи онро чароғон сохтед. Сипос!

Қосимшо Искандаров:

Воқеан маҳфили имрӯзии мо як маҳфили бисёр хубу хотирмон буд. Бо умеди дидор дар ҳамчунин маҳфили дигари рӯнамоӣ аз ҳузури ҳамаи шумо ташаккур мекунам. То дидор!

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97