"Гашти асп"-и Раҳмон ва соати путинӣ ба кор даромад

Дидгоҳ 14.01.2012 09:44

gashti_aspi_rahmon_va_soati_putiniҲанӯз якчанд рӯз барвақттар аз мавсими "Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор"* бархе аз коршиносони расонаӣ бо боварӣ мегуфтанд, ки аз тағйиротҳои кадрӣ дар мавсими имсола дигаргунии ҷиддиеро интизор нестанд. Аммо ҳукуматдорон аз мо дида хубтар дарк мекунанд, ки ҷойивазкунии кадрҳо ба мавсиме рост омадааст, ки ҳамакнун ҳар зарбаи ақрабаки соат моро сонияе ба маъракаи интихоботи Президентӣ наздик мебарад. Оғози таъинотҳо, ки ба қавле аз "Гашти асп" оғоз гардид, аз он дарак медод, ки ҳизби ҳоким барои соли нави пеш аз "Интихобот-2013" кулчақанди ҷолибе тайёр дорад.

Озод кардани Матлубхон Давлатов аз роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ба  вазифаи муовини сарвазири кишвар таъин кардани ӯ дигар моҳияти саволи №1мавсими таъинот; "Дар курсии сарвазир кӣ мешинад?"-ро аз байн бурд. Зеро эҳтимоли ғолиб ин аст, ки бори асосии кабинаи вазиронро ҳамин муовини якуми сарвазир бар дӯш хоҳад гирифт. Ва дигар дар мақоми сарвазир ҳар кӣ бошад, бок нест. Аз набзи Ҳукумат дар таъиноти якчанд муовинони вазорату кумитаҳои гуногун аз ҳисоби бонувон бармеояд, ки дар садри муовини маънавии сарвазир билохира "марворид"-е пайдо кардаанд. Интизор меравад, ки Президент масъулияти яке аз телевизионҳо "Шабакаи-1" ё "Сафина"-ро низ ба бону-журналисте бовар мекунад. Муҳтавои барномаҳои солинавии ин ду шабака бори дигар моро ноумед кард, ки дар ин телевизионҳои сартосарӣ рӯз то рӯз касбият аз байн рафта истода, ҷойи барномаҳои телевизиониро сабтҳои сатҳи DVD дар ҳоли пур кардан аст. Омадани Бахтиёр Худоёров собиқ вазири адлия, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент бошад, нишони пурқувваттар намудани ин идора мебошад.
Аммо тағйироти кадрӣ дар вазорати маориф ҷиддияте надорад. Зеро гарчанде Абдуҷаббор Раҳмонов дар марҳилаи вазнин соҳаро идора мекард, аз камбудӣ дида, комёбиҳои зиёд дошт. Бунёду азнавсозии садҳо мактаб, эҳёи мактабҳои типпи нав ва марказҳои инкишофи кӯдак аз ҳадафҳои ояндасозе буд, ки ба вақти вазирии Раҳмонов рост омад. Вале "Консепсияи миллии тарбия"-и вазир, ки аз омодагии ҷомеа 10 сол барвақтар пешкаш гардид, қабул нашуд. Ягона холи аз даст рафтаи ӯ ҳамон имконияте буд, ки аз амалӣ намудани дигар барномаҳо дида, мебоист баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгоронро дар мадди аввал гузорад. Ин заъифии вазорати мазкур сабаби асосии коҳиш ёфтани сифати таълим дар кишвар мешавад. Таъиноти нави Вазири корҳои дохила беҳтарин гашти Президент дар интихоби кадрии роҳбарияти сохторҳои қудратии кишвар унвон мешавад. Аммо ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқро мебояд, ки барои барқарор намудани имиджи касби худ шиори "Вазифаи асосии мо ҷазо додани ҷинояткор нест, балки пешгирӣ намудани ҷиноят аст"-ро рисолати касбӣ ҳисобида, аз рӯи он амал кунанд.
Дар музофот бошад гирифту гузошти мансабдорон аз курсиҳои ишғолкарда, таваҷҷуҳи мардумро он қадар ҷалб намекунад. Зеро "фигура"-ҳои дар майдон ҳузурдошта "Мирзодикак"-ро мемонанд, ки баъди аз курсӣ бардоштани онҳо дар ҷояшон қариб ягон навигарие рух намедиҳад. Ба қавле ин хабару рӯйдодҳо, ки каму беш аз ду ҳафта давом мекунад, мисли филми  "Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор" тамошогарони лаҳзаина дорад. Вале бо мурури ВАҚТ ва ба воя расидани насли нави ҷомеа ингуна филмҳо камаҳамият мешаванд. 
Аммо барои ҳокимияти иҷроия вақти ҳасос мерасад. Сиёсатмадорони нозукбин мисли Путин одатан соле пеш аз маъракаҳои интихоботи президентӣ ба ҳамраъёнашон соат туҳфа мекунанд, то аз 363 рӯзи дар пешистода омирона истифода бубаранд. Дар Тоҷикистон бошад ба фикрам дар даст соат бастан каме аз мӯд баромад, ҷойи онро вақтнишондиҳандаи "манкурт"-и мобилӣ гирифтааст. Ақрабаки вақт бошад, беист тақ-тақ дорад. Онҳое, ки ба тозагӣ ба курсиҳои мулоим такя мезананд, соат туҳфа нагирифта бошанд ҳам, боке нест. Муҳим гоҳ-гоҳ даст ба қафаси сина монда, садои ақрабаки қалби худро дарк кунанд, шуд. Вагарна дар мавсими оянда ақрабаки дил худ аз худ садо баланд мекунад; "Вақт тамом! Вақт тамом!"

Ҷамолиддини УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97