Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Бардурӯғ қасам нахӯред…

Дидгоҳ 28.12.2011 09:03

tibbБисёр бад аст, вақте ки ҷомеаро фасод фаро мегирад. Манзурам на фасоди молист, балки фасоди ахлоқист, зеро дар бораи фасоди молӣ хело зиёд гуфтанд, ки як сухани муқаррарӣ ва бетаъсир шуд ва дигар ҳоҷат ба такрор надорад. Сари нуқтаи дигар бояд андешид, ки кадоме аз ин фасодҳо барои ҷомеъа хатарзотар аст ва чи оқибатҳои баде дар пай дорад? Ва оё решаи дарди ҳама бадиҳо ва нопокиҳо дар ҳамин фасодзадагии ахлоқӣ нест? Инсони огоҳу бохабар чун дардеро дармон хоҳад бахшидан, решаи дардро ҷӯё мешавад, зеро дард агар аз маншаъаш даво нашавад, боқӣ хоҳад монд ва фикр мекунам, решаи ҳама фасодкориҳои молӣ аз ҳамин ҷо сар мезанад.

Оре, аз фасоди молӣ дида, барои ҷомеа фасоди ахлоқӣ хатарноктар аст, гарчанде бархе бар ин андешаанд, ки иллати ҳама вайронии ахлоқ маҳз ҳамин фасодзадагии молӣ ва фақр аст ва то ҷое дуруст ҳам ҳаст. Вале ман ин ҷо мехоҳам чизи дигарро иброз намоям. Як фасоди ахлоқию маънавӣ аз ҳазор фасодзадагии молию иқтисодӣ бадтар аст. Чаро? Ба ин далел, ки иллати ин ҳама ришвахорию ҳаромхорӣ маҳз вайрон ва табоҳ гаштани ахлоқи ҷомеа аст. Зеро ҷомеъа ва мардуме, ки дар он дигар аз мафҳумҳои шарму ҳаё, ростӣ, росткорӣ, ору номус, поктинатӣ ва аҳду паймон маъние боқӣ намемонад, дигар баъид аст кори некеро чашмдор будан. Инро бояд фаромушт насохт, ки мафҳумҳои ростию росткорӣ ва худро аз ҳаромхорагӣ дур доштан ҷузъи асосии фарҳанги моро ташкил медоданд. Ҳатто дар гузаштагони мо чунин одати неке роиҷ будааст, ки барои амалдорон ва сохибҷоҳон дастархон мегустурданд ва зшонро зиёфат менамуданд, вале худ аз нони эшон намехӯрданд. Бадин далел, ки нони эшон на аз роҳи рехтани арақи ҷабин буд. Дар фарҳанги он мардум хӯрдани нони касеро, ки аз роҳи меҳнат ва истеҳсоли неъматҳои моддӣ набуд, ҷоиз намедонистанд. То бадин андоза гузаштагони мо ғуруру озодагӣ доштанд. Зеро мардуми озодаю поктинат дар гуруснагию азоб мурданро авлотар медонад, то аз даст задан ба молу ҳақи мардум ва корҳои ҳаром. Вале дар ҷомеъае, ки вайронию фасодии ахлоқ доман густурд ва мардумаш дуруғро ба ростӣ ва ору номусро бар беҳаёӣ тарҷеҳ доданд ва ростию адл аз байн рафт, дигар ҳар чиро мунтазир бояд буд. Аз ҳама бадтараш ин аст, ки боварию эътимод ба ҳамдигар аз байн меравад, мардум дигар ба ҳамдигар боварӣ намекунад ва дар фикри фиреби ҳамдигар мешаванд, ки ин барои ҷомеъа пайомади хубе нест. Чун мусаллам аст, ки инсонҳо барои бароварда сохтани ҳоҷатҳояшон ба ҳам ниёз доранд ва ҳама муомилаҳои бозорию пулию молӣ маҳз байни одамон сурат мегирад. Дар сурати адами эътимод латмае низ дар иқтисоди мардум ба вуҷуд меояд, зеро дар танҳоӣ ҳеҷ инсоне кореро сомон карда наметавонад. Имрӯз кам касе ёфт мешавад, ки ростиро шеваи худ қарор дода бошад. Тоҷирон барои фоида ба даст овардан аз дуруғ ҳазар намекунанд ва ҳатто қасам хӯрдан ба номи худоро бар худ раво медоранд, яъне барои онҳо фоида ба даст овардан муҳим аст, на чизи дигаре. Дигар соҳае, ки бояд онҷо ҳатман ростию адл риоят шавад ин тибб аст. Зеро сиҳати мардум ба ин соҳа сахт марбут аст. Дар сурати ғайр саломатии ҷомеъа зери суол хоҳад монд ва ин дар ҳолест, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ мубтало ба садҳо маризӣ ва хатари паҳн гаштани вирусҳои хатарнок дасту панҷа нарм мекунад. Чун дар гузоришҳои ахир оварда шудааст, аз дигар бахшҳо дида дар ин соҳа бештар фасод ҷой доштааст. Хуб мебуд ҳини қасам хӯрдан ба номи Букроти ҳаким аз осори ин бузургмард бештар огаҳӣ пайдо мекарданд ва ибрат мегирифтанд. Зеро осор ва фалсафаи ин бузургон пеш аз ҳама хидмат кардан ба мардум буд. Барои онҳо нафъ расонидан ба ҷомеа аз ҳама чиз дида азизтару муқаддас буд. Бузургоне, ки пойдевори илмҳоро ба ҷой гузоштанд, пайваста дар фикри фоида расонидан ба ҷомеаю мардум буданд, на дар пайи фоида ҷустану фиреби халқ. Ба осори Шайхур-раис ибни Сино боре муроҷиъа шавад. Вақте ки шоҳро даво бахшид, агар мисли шогирдони имрӯзааш дар пай ҳирси дунё мебуд, ҳар чизе ки аз шоҳ талаб мекард, хостааш бароварда мешуд, вале бузургону дурандешонро одат ин нест. Ба ҷои молу пул аз шоҳ иҷозаи истифода аз китобхонаи дарборро хост. Чун имрӯз худо накарда аз дасти табибони мо мисли Синои бузург коре меомад, худро ба худоию пайғомбарӣ мегумориданд. Дар ахлоқи мардум он қадар фасодзадагӣ пайдо шудааст, ки барои ба даст овардани фоида дигар аз ҳеч чиз шарм намедоранд. Ҷавонон бо ҳам бо алфози қабеҳе сухан мегӯянд ва ҳатто аз дашном додан ба модари хеш шарм намедоранд. Ин фоҷеъа аст, вақте ки ҷавонон ояндаи миллат муаррифӣ мешаванд, чунин амалеро раво медонанд. Зеро ватанро, ки барои ҳар шахс муқаддас аст, пас аз вожаи модар меоранд, ин худ гувоҳи он аст, ки модар чи неъмати бузургест. Ин ҷо мебояд ба осори гузаштагони хеш назар кард, то дар бораи модар чи гуфтаанд. Ҳанӯз мардум бар ин андешаанд, ки ҳурмати падар аз модар болотар аст. На чунин нест. Чун паёмбари акрамро аз ҳақи модар суол намуданд, он пок фармуданд; Уммука, Уммука, Уммука сумма Абука, яъне се мартаба вожаи модарро такрор намуданд, баъд падарро. Шайх Саъдӣ фармудаанд;

Гар модари хеш дӯст дорӣ,

Дашном мадеҳ бар модари ман.

Пас роҳи бурунрафт аз ин буҳрони маънавию ахлоқиро мебояд ҷустан. Устодони макотиби мутаввасита ва донишгоҳҳоро мебояд бештар сари ин нуқта андеша намоянд. Осори пурғановати гузаштагони моро, қариб ҳама панду андарз ташкил медиҳад, аз ин мерос бояд истифода намуд ва шогирдонро омӯхт. Зеро маҳз ҳамин макотиб макони таълиму тарбияанд. Мардуми Урупоро гарчанде костагии имонӣ фаро гирифта бошад, вале дар онҳо фарҳанги ростию росткорӣ, поквиҷдонӣ роиҷ аст. Мафҳумҳои дуруғу фиребу ваъдахилофию фитнаангезӣ барои он мардум бегонаанд ва маҳз сабаби пешрафту рушди онҳо дар ҳамин аст. Мардуми пешрафтаи дунё бештар сари мақсади аслӣ фикр мекунанд, на чизҳои зоҳирию шахсии инсонҳо. Ин қадар кашталкашию кашмакашие, ки устодони муҳтарам бо толибин барои пӯшидани сару либос ва барои кӯтоҳ кардани мӯйю тарошидани риши онҳо ба харҷ доданд, фикр мекунам, агар барои ислоҳи ахлоқу маънавиёти эшон мекарданд, шояд беҳбудие дар костагии ахлоқи онҳо мешуд. Бисёр бояд сари ин фасоди ахлоқию маънавӣ андешид, варна ин маризӣ шиддат хоҳад гирифт ва оқибат организми ҷомеъаро хароб хоҳад кард. Зеро Ҷалолуддини Румӣ фармуда;

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ бар ҳама офоқ зад.

Дар охир ҷоиз донистам, ки фармудаи пири машриқзамин, аломма Муҳаммад Иқболи лоҳуриро зикр намоям;

Адаб пирояи нодону доност,

Хуш он, к-ӯ аз адаб худро биёрост.

Надорам он мусалмонзодаро дӯст,

Ки дар дониш фузуду аз адаб кост.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97