Чӣ бояд кард то тоҷирону сайёҳон ин ҷо биоянд?

Дидгоҳ 04.11.2011 15:21

SaaDI_SHErozi_02Пайёми Шайх Саъдӣ ба раиси Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ, кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Мавзӯи баъдӣ, ки пас аз маҳкумияти зулму ситам ва ситойиши адлу дод Саъдӣ ба он таваҷҷӯҳ кардааст, эҳтиром ба бозаргонону туҷҷор ва риояти ҳуқуқи онҳо аст. Шоир ин гурӯҳро мояи баракат ва фаровонии молу сарват дар кишвар медонад. Ба қавли Саъдӣ танг кардани майдони фаъолияти туҷҷор ба маънии ба тангдастиву фақр кашондани мардуми кишвар аст. Аз ин рӯ, шоир ба ҳокимон ҳушдор медиҳад, ки ҳуқуқи ин гурӯҳро зоеъ накунанд, балки барои саҳлу осон кардани фаъолияти бозаргонон чораандешӣ намоянд.

Шаҳаншаҳ, ки бозоргонро бихаст,

Дари хайр бар шаҳру кишвар бибаст.

Писандидакорони ҷовидном,

Татовул накарданд бар моли ом.

Бар офоқ агар сар ба сар подшост,

Чу мол аз тавонгар ситонад гадост.

Дар идомаи ин баҳс Саъдӣ мефармояд, ки дар кишваре, ки амният ва адолати қонун вуҷуд надошта бошад, ҳеч бозаргон ва сармоядори хориҷӣ дар он ҷо сармоягузорӣ намекунад, балки сармоядорони дохилӣ низ аз он кишвар фирор хоҳанд кард.

Кай он ҷо дигар ҳушмандон раванд,

Чу овозаи расми бад бишнаванд.

Шуниданд бозоргонон хабар,

Ки зулм аст дар буми он беҳунар.

Буриданд аз он ҷо хариду фурӯш,

Зироат наёмад, раъият бисӯхт.

Ситези фалак беху бораш биканд,

Суми асби душман диёраш биканд.

Саъдӣ муътақид аст, ки дар мамлакате, ки амният ва адлу дод ҳоким бошад, сайёҳон ва гардишгарони зиёде ба он ҷо сафар мекунанд, ки манбаи даромади ҳангуфти бисёре аз кишварҳои муосир низ маҳсуб мешавад. Албатта дар замони муосир сохти таъсисоти муҷаҳҳаз барои ҷалби сайёҳон монанди; роҳ, меҳмонхона, марказҳои тафреҳӣ ва беҳдоштӣ ва ғайра низ лозим аст:

Ғарибошно бошу сайёҳдӯст,

Ки сайёҳ ҷаллоби номи накӯст.

(идома дорад)

Беҳрӯзи Забеҳулло

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97