Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Мактаби умумии тоҷикӣ - 34.4%
Мактаби умумии русӣ - 11.5%
Литсейи Президентӣ - 13.1%
Литсейи Байналмиллалӣ (собиқ туркӣ) - 6.6%
Мактаб-интернати "Ҳотам ва ПВ" - 23%
Дигар - 11.5%

Донишҷӯёни Бохтар аз имкониятҳои интернет огаҳ шуданд

Ширкатҳо 22.10.2018 08:55

Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” гузаронидани дарсҳои омӯзиширо идома дода, ба сокинони вилояти Хатлон доир ба таърихи инкишофи алоқа, имкониятҳои интернет ва хусусиятҳои замимаи “МегаФон Life” маълумот мерасонанд. Донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Бохтар, ки аз ҷониби оператор даъват карда шуданд, иштирокчии вохӯрии навбатӣ гардиданд. 

Интернет ва замимаҳои сершумори мобилӣ метавонанд смартфонҳои донишҷӯёни муосирро ба як дастури нодири дарсӣ, органайзер ва “идораи кисагӣ” табдил диҳанд. Гаҷети доно метавонад дар нақши калкулятор, луғат барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва китобхона бо ҳазорҳо китобҳои овозӣ, рӯзнома бо ҷадвали дарсҳо, ҳамчунин чун воситаи пинҳонӣ (шпаргалка) бо қайдҳо аз фанни химия ё физика хизмат расонад. Замимаҳои махсус дар назорат кардани худ низ кӯмак менамоянд (масалан, имкон намедиҳад, ки ҳангоми зарурати омодабинӣ ба санҷиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ “дармонед”) ё дар вақти зарурӣ бедор менамоянд – қатъкунии бедоркунаки “зирак” дар смартфон то дами иҷро кардани вазифаи муайян ғайриимкон мегардад.

Омӯзгорони мобилӣ ба донишҷӯён на танҳо доир ба ин имкониятҳо, балки инчунин оид ба замимаи мобилии аз ҷониби худи оператор коркардшуда маълумот доданд. Бо ёрии “МегаФон Life” метавон ба дӯстон паёмакҳо навишт, чатҳои гурӯҳи ташкил намуд, табодули аксу видеоро анҷом дод. Ба ғайр аз ин, замима имкон медиҳад, ки аз хориҷа зангҳо ройгон қабул карда шуда, даъватҳо ба истифодабарандагони дигари  “МегаФон Life” дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон анҷом дода шаванд. Тавре бархе аз меҳмонон қайд намуданд, онҳо аллакай ин замимаи муфидро барои муошират бо наздикони дар Россия фаъолияткунандаи худ пайваст намуданд. 

“Мо дарсҳоро оид ба баландбардории саводнокии интернетӣ барои муштариёни синну солашон гуногун доир менамоем, вале донишҷӯён – категорияи махсус ба ҳисоб мераванд: одатан ба ин қатор истифодабарандагони пешрафтае дохил мешаванд, ки хеле зуд ҳамаи молҳою хизматрасониҳои навро аз худ мекунанд. Аз ин мо ҳам ҳавасманд гардида, ба онҳо имкониятҳои нави интернети муосирро мекушоем. Мутмаинам, бисёри иштирокчиёни дарси гузашта истифодаи замимаеро, ки мо доир ба он маълумот додем, оғоз менамоянд – ин маънои онро дорад, ки омӯхтан беҳтар бошад, ҳаёт ба сар бурдан боз ҷолибтар аст!” – мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97