Фурӯшгоҳи хоси ширкати Huawei дар дили Душанбе боз шуд. Ин ширкат ҳузури худро дар Осиёи Маркази бо ифтитохи Фурӯшгоҳи хос дар пойтахти Тоҷикистон васеъ гардонид.
Рӯзи 7 апрели соли 2018 дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон ба муносибати ифтитохи нахустин фурушгохи хос (фирмави)-и ширкати Huawei ва муаррифии модели нави Huawei P Smart маросими мутантане баргузор шуд. Дар фурушгоҳи тозатаъсис навъхои васеи маҳсулоти ширкати мазкур: смартфонҳо, планшетҳо, дастгоҳҳои сайёр, роутерҳо ва дигар лавозимоти ширкати Huawei ба фуруш гузошта шудааст.
Ба гуфтаи масъулони бахши тичоратии кор бо истеъмолгарони маҳсулоти ширкати Huawei дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, “Осиёи Марказӣ яке аз бозорҳои босуръат рушдкунанда ва дорои дурнамои хуб барои истеҳсолкунандагони смартфонҳо мебошад. Мо дар Huawei дар бозори мазкур иқтидори бузургро мебинем ва барои мустаҳкамсозии мавқеи худ дар он қадамҳои ҷиддие дар пеш гирифтаем. Кушодашавии мағозаи ширкат қадами муҳим на танҳо барои худи ширкат, балки барои бозори техникаи мобилии Тоҷикистон аст. Бо ин Huawei метавонад шинохта шудан ва номгӯи маҳсулоти худро, ки дар кишвар пешниҳод шудааст, васеъ гардонад ва ҳамчунин дар соҳаи хидматрасонии истифодабарандагони таҷҳизоту дастгоҳҳо мавқеи пешбарро ишғол намояд.
Дар ин рӯз барои харидорони нахустин тахфифи 50% ба як қатор моделҳо пешкаш шуд ва соҳибони аввалини смартфонҳои Huawei P Smart селфи-триподҳоро тӯҳфа гирифтанд. Huawei P Smart, ки бо пайгирии саҳеҳи анъанаҳои муосир дар соҳаи барориши смартфонҳо коркард шудааст, таносуби хуби нарху сифатро дорад. Аломати хоси маҳсули нав – колаби хушнамо аз алюминий, лавҳи калони FullView ва камераи дучихата бо модулҳои 13 ва 2 мегапиксел мебошад. Дар айни замон ин беҳтарин пешниҳоди арзишӣ дар гурӯҳи маҳсулоти мазкур дар бозори Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Дар хотима директори иҷроияи ширкати Mobilka, дистрибютери расмии Huawei Мухсин Маликов афзуд, ба муштариёне, ки маҳсулоти Huawei-ро бевосита дар бренд-шоп, ҳамчунин дар нуктаҳои фурӯши Mobilka харидорӣ мекунанд, дистрибютор кафолати солона медиҳад, дар ҳолати зарурати таъмири телефон онҳо метавонанд ба маркази хидматрасонӣ дар Фурушгохи маркази (ЦУМ) муроҷиат кунанд.
Дар идомаи ин маросими бошукух, барои мехмонони вижаи ин маросим зиёфати хос ва барномаи консерти ичро шуд. Дар ин маросим, бо рохи куръакаши шумораи 052 барандаи аслии бозии баргузоркунандагони маросим эълон шуд. Ва ин шумора ба сардабири нашрияи “Миллат” Адолати Мирзо тааллук дошт. Вай мегуяд, танхо пас аз оне ки касе хозир нашуд, ба сахна барои гирифтани хадя биояд, билети худро дид, ки он фарди хуштолеъ махз худи уст. Ва сохиби Huawei Р-и кабуди ултрамарин гардид.
Зимнан, маҳсули нав Huawei P smart дар се ранг пешниҳод шудааст: сиёхи тирашаб, кабуди ултрамарин ва тиллои платина.
ТавсифотиPSmart:
Лавҳ
Диагонал 5.65 дм. ТасвирFHD+ 1080p. Таносуби тарафҳо 18:9
2.5Dбо канорҳои даврашуда
Хотираи амалиётӣ
3 Гб
Хотираи доимӣ
32 Гб
Протсессор
Ҳаштядроӣ Kirin 659. 4 ядро 2.36Ггтс + 4 ядро 1.7Ггтс
Камера
Дукарата 13Mп+2Mп
Низоми амалиётӣ
Android 8.0 бо рӯпӯши фирмавии EMUI 8.0
Аккумулятор
3000мАч, 5V2A
P.S.:
HUAWEI
Маҳсулот ва хидматрасонии ширкати HUAWEI дар беш аз 170 кишвар дастрас аст ва аз ҷониби сеяки аҳолии ҷаҳон истифода мешаванд. 16 маркази тадқиқотӣ дар Олмон, Ҳиндустон, Чин, Русия, ИМА ва Шветсия таъсис шудааст. HUAWEI Consumer BG (Business Group) яке аз се зерсохтори ширкатиHUAWEI мебошад, ки бо истеҳсоли смартфонҳо, компутерҳо, планшетҳо, дастгоҳҳои сайёр ва хидматрасонии нигоҳдории маълумот машғул аст. Шабакаи ҷаҳонии ширкати HUAWEI дорои таҷрибаи 30 сола дар соҳаи телекоммуникатсия мебошад ва маҳсулҳои навтарини технологиро ба истеъмолкунандагони ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд.HUAWEI Consumer BG маҳсулотро барои афроде истеҳсол мекунад, ки ба орзуҳои худ мерасанд, ба мушкилот шуҷоона тоб меоранд ва ба мақсадҳои дар пеш гузоштаи хеш ноил мешаванд.