Силсилаи “Биё!” дар “хит-парад”-и тарофаҳои “МегаФон Тоҷикистон” мақоми аввалро соҳиб шуд

Ширкатҳо 26.01.2018 15:40

 Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” натиҷаҳои фурӯши тарофаҳои силсилаи “Биё!”-ро дар моҳи ноябри соли гузашта ҷорӣ гардида буд, ҷамъбаст намуд. Силсилаи навро зиёда аз нисфи ҳамаи муштариёне, ки ба тарофаи нисбатан қулай гузаштанд ё бори нахустин ба шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” пайвастанд, интихоб намуданд. 

“Биё!” нахустин силсилае ба шумор меравад, ки тарофаҳои он бо таркибҳои “дар асоси манфиатҳо”-и мухталиф пешбинишудаи худ фарқ карда, онҳо дар номи бастаҳо инъикос шудаанд. Муштариёни рақамӣ, яъне истифодабарандагони фаъоли интернети мобилӣ метавонанд барои тамошои видео тариқи онлайн, муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё мессенҷерҳо, анҷомдиҳии зангҳо ё ирсоли паёмҳои матнӣ варианти муносибро интихоб намоянд. Аллакай се моҳи аввали пайвастшавиҳо аз он шаҳодат доданд, ки чунин пешниҳод ба бисёри мизоҷони “МегаФон Тоҷикистон” писанд аст.

“Ба силсилаи нав аллакай даҳҳо ҳазор сокинони ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон гузаштанд. 95% пайвастшавиҳои нав ба силсилаи мазкур бештар ба тарофаҳои дорои ҳаҷми калони трафик ва маҷмӯи хизматрасониҳо рост меояд ва чунин натиҷаҳо боиси тааҷҷуб нестанд. Бо омодакунии тарофаҳои “Биё!” “МегаФон Тоҷикистон” маълумоти марбут ба муштариёни худро ба назар гирифта таҳлил намуд. Маҳсулоти нав пурра ба манфиатҳои воқеии категорияи нисбатан зудафзоишёбандаи муштариён мувофиқат мекунад ва маъмулгардии тарофаҳои мазкур маҳз ба ҳамин вобаста буданд”, изҳор дошт иҷрокунандаи вазифаи Директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Аз қатори силсилаи номбурда тарофаи “Биё! Гап зан”, ки барои дӯстдорони муошират тариқи ҳама воситаҳои дастрас – бо ёрии алоқаи овозӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо нигаронида шудааст, серфурӯштарин тарофа гардид. Аз ҷиҳати маъмулӣ ва номдорӣ мақоми дуюмро бастаи “Гап зан”, ки имкониятҳои алоқаи маъмулии мобилӣ ва манбаъҳои интернетро дар худ муттаҳид намудааст, соҳиб шуд. Дар ҷойи сеюм тарофаи “Биё! Бубин”, ки аз ҷониби муштариёни мухталиф: дӯстдорони синамо, хонашинҳо, дӯстдорони тамошои роликҳои таомпазӣ, модарони ҷавон, ки дар дастгоҳҳои мобилии худ филмҳои тасвириро ба кӯдакони худ нишон медиҳанд ва ғайраҳо интихоб карда шуд, соҳиб гардид.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97