“МегаФон Тоҷикистон” хизматрасонии пуркунии ҳисобро тавассути “Корти миллӣ” ҷорӣ намуд

Ширкатҳо 26.01.2018 15:31

“МегаФон Тоҷикистон” ва ТХҚ “Алиф Сармоя” ҷоришавии хизматрасонӣ оид ба пардохти маблағи хизматрасониҳои “МегаФон Тоҷикистон”-ро тариқи онлайн ба воситаи кортҳои “Корти миллӣ” эълон медоранд. Ба ғайр аз ин, “МегаФон Тоҷикистон” аввалин оператори Тоҷикистон аст, ки ба мизоҷон хизматрасонии онлайн-пуркунии ҳаққи хизматҳоро бо ёрии кортҳои “Корти миллӣ” пешниҳод менамояд.

“Барои мо, дар навбати аввал, қулай будани шарту шароити муштариёнамон аҳамияти калон дорад ва бинобар ҳамин мо интихоби васеи онлайн-имкониятҳои оддӣ ва қулайро пешниҳод менамоем. Акнун, ба шарофати фаъолияти муштарак бо ТХҚ “Алиф Сармоя” муштариёни мо имкон доранд, ки тавозуни худро тариқи онлайн, бе комиссия ва аз даст додани вақти зиёдатӣ пур кунанд”, қайд менамояд Иҷрокунандаи вазифаи Директори тиҷоратӣ Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Баҳри истифода аз онлайн-пардохт воридкунии рақами телефон зарур меояд. Баъдан воридкунии маълумоти корт пешниҳод карда мешавад, аз ҷумла: рақам, санаи анҷомёбии муҳлат, НННП ва CVV2 (CVC2). Барои тасдиқи пардохт лозим аст, ки рамзи як маротиба истифодашавандаи ба рақами телефон воридшуда ва ба “Корти миллӣ” вобастагардида ишора карда шавад. Ҳангоми бомуваффақона анҷом додани пардохт ба пардохткунанда ҳисобварақаи электронӣ ирсол карда мешавад. Маблағи онлайн-пардохт бояд на камтар аз 20 сомониро ташкил диҳад.

Барои пуркунии тавозун ба суроғаи зерин гузаред: http://megafon.tj/uslugi/oplata-plastikovykh-kart/

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97