“МегаФон Тоҷикистон” – оператори расмии ярмаркаи савдои “Суғд – 2017”

Ширкатҳо 27.06.2017 11:17

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон”ба ҳайси оператори расмии мобилии Анҷумани озуқаворӣ ва анҷумани “Трансфери технологияҳо”, ки санаи 16-17 июн дар доираи ярмаркаи байналмилалии савдои “Суғд – 2017” дар вилояти Суғд доир хоҳанд шуд, баромад намуд. Оператор ҳамаи майдонҳои анҷуманро бо алоқаи босифату интернети баландсуръати мобилии 4G таъмин кард.

Ярмаркаи байналмилалии савдои “Суғд – 2017” ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ имкон медиҳад, ки дастгирии сармоягузоронро ҷалб намуда, тамосҳои муфидро дар сатҳи байналмилалӣ ба даст оваранд: дар соли 2017 барои иштирок дар чорабинӣ на танҳо корхонаҳо, фирмаҳо ва ширкатҳои Тоҷикистон, балки намояндагони доираҳои кории Федератсияи Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Хитой, Ҷопон, Ҳиндустон, Малайзия, Полша, Сербия ва давлатҳои дигар низ мароқ зоҳир намудаанд.

“МегаФон Тоҷикистон” меҳмонони анҷуманро бо алоқаи боэътимоди мобилӣ таъмин намуда, ҳамчунин дар намоишгоҳи дар чаҳорчӯбаи чорабинӣ баргузоршуда ширкат варзид. Дар стенди ширкат ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонони чорабинӣ бо хизматрасониҳои нав ва маҳсулоти нодир, ки “МегаФон Тоҷикистон” онҳоро ба мизоҷони худ пешниҳод мекунад, шиносоӣ пайдо намуданд.

 

“Ярмаркаи байналмилалии савдо – чорабинии муҳим ба ҳисоб рафта, дастгирии пурраи босифати коммуникатсиониро тақозо мекунад. Пешниҳоди алоқаи боэътимод ба иштирокчиён – вазифаи ғайриосон, вале аз нуқтаи назари техникӣ ҷолиб мебошад. Муҳандисони мо, бахусус, бинои Қасри варзиши шаҳри Хуҷандро, ки дар он анҷуман доир карда шуд, бо интернети баландсуръат таъмин намуданд. Ин ва дигар чораҳо имкон доданд, ки чорабинӣ дар сатҳи баланд доир карда шавад”, зикр мекунад роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Фирдавс ЗЕВАРОВ.

Оператор дар конфронси “Суғд – рушди шаҳрсозӣ ва урбанизатсия”, ки дар доираи анҷумани байналмилалии савдо баргузор карда шуд, ширкат намуд. Директор оид ба робита бо ҷомеаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Валентина БУТНИК бо муаррифӣ дар бораи телеком-экспедитсияи “МегаФон на высоте” зимни он баромад кард. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур аллакай якчанд сафарҳои матбуотӣ анҷом дода шуданд, ки дар ҷараёни онҳо хабарнигорон сифати алоқаи мобилии операторро озмоиш намуда, бо маконҳои тамошобоби Бадахшони Кӯҳӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд шинос гардиданд. Пас аз маълумотдиҳӣ доир ба лоиҳа намояндаи “МегаФон” ба бизнес-шарикони шакли нави ҳамкорӣ ва истифодаи муштаракаи таҷрибаи дар соҳаи пешбарии хизматрасониҳои ширкат ҳосилнамудаи “МегаФон”-ро дар ВАО пешниҳод намуд.

“Барои иштирокчиёни экспедитсия ҳар як чунин сафар эҳсосоти рангин, кашфиятҳои нав ва имкониятҳои бештари муоширатро фароҳам меорад. Табиист, ки тамоми маълумотҳои интишории мо оид ба лоиҳаҳоямон дорои хусусиятҳои мусбат мебошанд. Якҷоя бо бизнес-мизоҷон мо имкон дорем, ки барномаро боз ҳам ҷолибтару диқаатҷалбкунанда намоем, ба он ташрифи корхонаҳои бузург, ширкатҳои хурд бо бизнеси нодир ва корхонаҳои косибиро дохил карда, ҳосили фаъолияти онҳоро нишон дода, доир ба онҳо низ маълумотҳо диҳем. Маълумот оид ба ташкили алоқа барои бизнес бошад, муносибатҳоро, ки ҳангоми шиносоӣ бо мизоҷони корпоративӣ бунёд гардида буданд, пурра менамояд. Мутмаинам, ки ба чунин навъи шарикӣ бисёр ширкатҳо мароқ зоҳир хоҳанд кард”, изҳор дошт Валентина БУТНИК.

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97