Муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бо «Роуминги қулай» ба хориҷа мераванд

Ширкатҳо 08.06.2017 03:34

Дар оғози мавсими сайёҳӣ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба муштариён хотиррасон мекунад, ки далели пайваст будани «Роуминги қулай»-ро дар телефонҳояшон бисанҷанд. Ин амалро метавон тариқи рақамчинии дархости *992# ва пахши тугмаи даъват анҷом дод.

 «Роуминги қулай» ба таври муфид аз хизматрасониҳои стандартии роуминги байналмилалӣ бо он фарқ мекунад, ки нархгузории зангҳо ва трафики интернет дар реҷаи вақти воқеӣ сурат мегирад. Ин имкон медиҳад, ки тамоми тағйироти ҳолати тавозуни телефон зуд-зуд тафтиш карда шуда, дар сурати махсусан зарур будани алоқа бо хона гузариш ба қарз роҳ дода нашавад.

«Роуминги қулай» ба ҳамаи муштариёни «МегаФон» ба таври нобаён пайваст карда мешавад, барои ин навиштани аризаҳои махсус ё ҳозиршавӣ ба толорҳои оператори алоқа зарур намеояд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе ҳолатҳо хизматрасонӣ ғайрифаъол буда метавонад. Масалан, муштарӣ онро мустақилона қатъ менамояд. Барои ҳамин пеш аз сафар хуб мебуд дар хориҷа дастрас будан ё набудани «Роуминги қулай» тафтиш карда шавад. Ҳангоми зарурат онро метавон мустақилона – бо ёрии дархости *992*1# пайваст намуд. Барои фаъолкунии хизматрасонӣ маблағи ҳисоби муштарӣ бояд зиёда аз 3 сомониро ташкил диҳад.

«Хизматрасонии «Удобный роуминг» дар бисёр давлатҳои маъмул дар байни туристони Тоҷикистон дастрас аст. Имруз ба рӯйхати ин давлатҳо Туркия, АМА, Франсия, Олмон, Англия ва Чехия дохил мешавад. Ба ҳар сурат пеш аз анҷоми сафар тавсия медиҳам, ки муштариён ба толори наздиктарини “МегаФон” ҳозир шуда, масъалаи истифодаи алоқаи мобилиро дар шароитҳои муфидтарин бо мушовирон маслиҳат кунанд. Кормандони мо ҳамеша омода ҳастанд, ки муштариёнамонро дар роуминг бо алоқаи босифат таъмин кунанд ”, изҳор дошт директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон», Дмитрий СЕМЁНОВ.

Ёдовар мегавем, ки арзиши стандартии дақиқаи зангҳои воридотӣ дар давлатҳои маъруфтарини туристӣ (минтақаи имтиёзноки “Кишварҳои имтиёзнок”)* 2,5 сомониро ташкил медиҳад. Зангҳои содиротӣ дар кишвари иқомат 2,5 сомониро дар як дақиқа, ба Тоҷикистон бошад – 5 сомониро ташкил медиҳад. Нархи SMS-паёмаки содиротӣ ба 1 сомонӣ баробар шуда, паёмакҳои воридотӣ ройгон мебошанд.

 *Рӯйхати давлатҳои соҳибимтиёз:

Афғонистон, Британияи Кабир, Олмон, Миср, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Малайзия, А.М.А, Полинезия (Франсия), Арабистони Саудӣ, ИМА, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Франсия, Чехия, Швейтсария.

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97